АКСЕЛЕРАТСИЯ (аз acceleratio – тезондан), кадкашии босуръат ва рушди чисмонии бачагон ва наврасон. Бачагон ва наврасони имруза назар ба хамсолони солхои пешини худ то андозае кадбаланд ва калончусса (вазнинтар) мебошанд. Бачагон хар кадар калонтар бошанд, ин тафрика равшантар ба назар мерасад. Мас., охири солхои 70-уми а. 20 писарба чагони 6-сола назар ба хамсолони солхои 20-уми худ аз чихати кад ба хисоби миё- на 8 – 8,5 см дароз ва 3,5 кг вазнинтар, бачагони 15-сола мутобикан 20 см дароз ва 16 кг вазнинтар буданд. Дар кудакони имруза дандонхои шири бармахал баромада, ба дандонхои доими табдил меё- банд; устухонбанди низ пештар ба вукуъ мепайвандад. Дар натича кадкаши нисбат ба дахсолахои гузашта 2 – 3 сол пештар катъ мегардад, харчанд, ки андозаи тани инсони имруза ба хисоби миёна назар ба солхои пешин калонтар аст ва сабаби ин кадкашии босуръат дар синни томактаби ва синни мактаби мебошад. Бачагон ва наврасони имруза на факат аз хамсолони дахсолахои пешини худ баланду калонтаранд, балки таносуби андоми эшон аз камолоти шакли онхо гувохи медихад; аз чихати рушди чисмони онхо ба дарачаи калонсоли зудтар мерасанд. А. на танхо дар афзоиши босуръати андозаи тан, балки дар балогати нисбатан бармахали чинси низ зохир мегардад. Мас., синни миёнае, ки дар он хайзбинии духтарон зохир мегардад, сол ба сол кам шудааст. А.-и кадкаши ва инкишоф хамачоя ба назар мерасад, вале суръати он гуногун аст. А. дар шахрхои калон нисбатан бештар, дар шахрхои хурд ва дехот бошад, камтар аст. Дар баробари рушди бошитоби чисмони инкишофи босуръати баъзе функсияхои организм низ мушохида мешавад. Суръати кашиш хурдани дил, бузургии фишори шараён ва неруи мушакхо ба дарачаи калонсолон зудтар мерасад, нутк инкишоф меёбад. Бояд гуфт, ки далелхои зикршуда бармахал бузург шудани наврасонро ифода намекунанд. Аксуламали наврасони с-хои 2000, ки нисбатан кадбаланд ва дарачаи инкишофи чинсиашон болотар аст, ба таъсири мухит аз аксуламали хамсолони с-хои 90 фарк надорад. Ва тасдики акидае, ки гуё дар як вакт баробари рушди чисмони инкишофи рухии бачагон хам меафзояд, галат мебошад. Ин чо сабаб факат дар огохии бештар доштани бачагон ва наврасони айёми мост. Тафовути дарачаи инкишофи чисмони, аз чумла чинси, яъне калонсолии зохири ва дарачаи камолоти рухи, хусусан ичтимои, бисёр вакт боиси мочарои наврасон ва калон- солон – падару модар ва устодон мегар- дад. Дуруст ба рох мондани тарбияи чис- мони ва шахвони (сексуали)-и чавонон аз мухимтарин масъалахост, зеро ба камоло- ти нисбатан барвакти чинси нигох накар- да, аз мучомаати бармахал пешгири кар- дани онхо зарур аст (ниг. Тарбияи чинси). Оид ба сабабхои А. як катор фарзияхо пешниход шудаанд, мас., таъсири нисба- тан бошиддати нури офтоб, бехтар шудани тагзия, таъсири тагйироти электромагнити ва афканишоти иондор. Бархе аз олимон сабабхои А.-ро дар урбанизатсия (баланд шудани макоми шахрхо дар пешрафти чамъият) ва фаровон будани ангезахои гуногун, аз чумла радио, кино, телевизи- он, гурухи дигар дар кам шудани бемо- рии кудакон (махсусан дар хурдсоли) ме- донанд. Вале як фарзия дурусту дигараш нодуруст гуфтан хатост. Зеро агар дар як шароит яке аз омилхои мазкур ахамияти асоси дошта бошад, дар шароити дигар омилхои дигар мухимтаранд. Махсусан сабабхои ичтимоии А.-ро кайд кардан за- рур аст. Баланд шудани суръати А. дар гуруххои ичтимои, ки пештар дар онхо бинобар шароити бади зиндаги дарачаи рушди чисмони нисбатан паст буд, чихати хоси А. мебошад. Мас., дар солхои 60-уми а. 20 кади наврасони коргар ва хонанда- гони 17-сола ба хисоби миёна кариб ба- робар буд, хол он ки дар с-хои 80 а. 19 фарки кади онхо чанд сантиметрро таш- кил медод (мувофикан 158,3 ва 162,7 см). Дар муддати ин давр нишондихандахои мазкур дар коргарони наврас 15,2 см, вале дар хонандагон танхо 11 см зиёд шудааст. Исботи сабабхои ичтимоии А. он низ ме- бошад, ки дар вакти Чанги дуюми чахони рушду инкишофи бачагону наврасон муд- дате боздошта шуд (кад ва вазни онхо кам ва инкишофи чинсият суст гардид). Баъди анчоми чанг раванди А. баркарор шуда, инкишофи чисмонии чавонон аз дарачаи то давраи чанг пеш гузашт.
А. таъсири бад дорад (нисбатан пештар рух намудану пахн шудани баъзе беморихо, номутаносиби дар инкишофи функсияхои чудогонаи организми нав- расон ва г.). Вале ин далелхо бисёр вакт тасдик намешаванд, ё тасдик шаванд хам, ба А. вобаста нестанд. Даъвохо дар бораи таъсири мусбати А. ба тандурустии насли наврас низ чандон эътимод надоранд.
Ф. А. Шукуров, Ш. С. Анварова