Главная / Илм / АГРАНУЛОСИТОЗ

АГРАНУЛОСИТОЗ

agranulositozАГРАНУЛОСИТОЗ (Agranulocytosis; аз a – хиссачаи инкори, лот. granulum – дона ва юн. kytos – хучайра), дар хун нест ё нихоят кам шудани гранулоситхо. А. Хангоми беморихои сирояти (домана, уфу- нат, сил, варача, сурхакон), авитаминоз, касалихои хун, таъсири бевоситаи моддахои химияви (мас., буги бензол), нурхои ионнок, хассосии организми баъзе одамон ба дорувор (давохои сулфаниламиди, амидопирин, баъзе антибиотикхо ва г.) пайдо мешавад. Гохо А. дар натичаи реаксияи аллергии организм ва хосил шудани аутоантителахо бар зидди лейкоситхои хун низ ба вучуд меояд. Хангоми А.-и шадид пардахои луоби ва бодомакхо чарохат пайдо карда, таб якбора баланд (баъзан та- бларза) мешавад, бехоливу бемадори рух медихад. Дар хун адади нейтрофилхо кам мегардад. А.-и такрори бештар дар мавриди дубора кабул кардани баъзе давохо ва тамос бо моддахои химияви ба амал омада, нишонахои он гох авч мегиранд ва гохе хомуш мешаванд. А.-ро бо рохи хунгузарони, истифодаи витаминхо (В2, В6, В12), дорухои гормони, антибиотикхо ва г. табобат менамоянд.
Ад.: Гематологические болезни у детей, Минск, 1996; Справочник по гематологии, Киев, 1997; При- вес М.Г., Лысенков Н.К., Анатомия челове- ка, М., 1999.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …