Главная / Гуногун / АБЎАЛӢ ИБНИ СИНО

АБЎАЛӢ ИБНИ СИНО

Яке аз  нобиғаҳои ҷаҳонии ҳамаи давру замонҳо ва халқу маконҳо олими мутабаҳҳири тоҷик Абўалӣ ибни Синост38, ки дар охири асри X – аввали асри XI зиста, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай аслан парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буда, баъди пош хўрдани давлати муқтадири Сомониён, қисмати бештари умраш дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри IX сипарӣ гардидааст.

03_rsafnqjИбни Сино гоҳе чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбусу зиндонӣ ҳаёт ба сар бурда, чун надими хоси подшоҳону ҳокимон низ рўз гузаронидааст. Аммо лаҳзае аз омўзиш ғафлат наварзида, даме ҳам аз пажўҳиш фориғ набудааст. Муҳити фарҳангии замони ў аз он ҷиҳат мумтоз аст, ки дар ватани Абўалӣ ибни Сино — Мовароуннаҳру Хуросону Эрон дар осмони илму адаб зумраи ситораҳое медурахшиданд, ки дар зоти худ ҳамто надоштанд. Офарандаи «Ҷомеъ-ус-саҳеҳ» Исмоили Бухороӣ (810—870), табибу файласуфи номӣ Закариёи Розӣ (864— 932), Устод Рўдакӣ  (858—941), Муаллими Сонӣ Абўнасри Форобӣ (873—960), риёзидону сипеҳршинос Абўмуҳаммади Хуҷандӣ (ваф. 1000), офарандаи «Шоҳнома»-и намиранда Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934—1020), олими бемонанд Абўрайҳони Берунӣ (973—1048) ва, ниҳоят, Ҳаким Умари Хайём (1048—1131) аз он қабиланд. Дар ин миён Абўалӣ ибни Сино аз сазовортарин ашхос аст.

Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагиномаи онҳо камтар чизе дақиқу равшан аст, аксари санаҳои ҳаёти Абўалӣ ибни Сино аниқ маълуманд. Ў тафсилоти саргузашти хешро ба шогирди вафодораш Абўъубайди Фақеҳи Ҷузҷонӣ имло карда, воқиъаву ҳодисаҳои 25 соли ахири умри устодашро худи Абўъубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди бевоситаи рухдодҳо буд, навиштааст. Ин имло бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Мувофиқи ҳамин ҳуҷҷат, падари Абўалӣ, ки  Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт, аслан аз аҳли Балх буд. Балх, ки чун уммулбилод, яъне модари шаҳрҳо, шуҳратёр гардида буд, чун маркази вилояти Хуросон таъаллуқ ба Сомониён дошт. Падари Абўалӣ, ки пайрави мазҳаби исмоилия буд, дар замони салтанати амири Сомонӣ Нўҳ ибни Мансур (976—997) ба Бухоро омад. Нўҳ ўро ба қарияи Ҳурмесан (Рометани имрўза)-и мавзеъи Афшанаи канори Бухоро фиристод. Абдуллоҳи Балхӣ дар Ҳурмесан ба маъмурияти мулкӣ шуғл варзида, дар девон кор мекард ва андоз ғун медошт. Абдуллоҳ дар Афшана ном деҳе дар наздикии Ҳурмесан, ки акнун ба Лағлака табдили ном кардааст, хонаю ҷой сохта, бо Ситорабону ном духтари деҳқоне хонадор шуд. Бошандагони деҳа ҳанўз ба суғдӣ гуфтугў мекарданд.

Афшана шаҳристоне буд, ки бозор, ҳисор, мадраса ва масҷиди ҷомеъ дошт, ки ба вусъати он гувоҳ аст. 18 августи соли 980 дар ҳамин оила писаре ба дунё омад, ки ўро Ҳусайн ном гузоштанд Баъди панҷ сол бародари ў Маҳмуд таваллуд шуд. Дар ин бора худи Абўалӣ Сино мегўяд: «Падарам марде аз аҳли Балх буда, дар рўзгори Нўҳ ибни Мансур аз он ҷо ба Бухоро омад ва ҳангоми сукунат дар яке аз деҳаҳои Бухоро, ки онро Ҳурмесан гўянд ва аз деҳаҳои бузурги он ҷост, ба тасарруф ва пеш бурдани корҳои девон машғул буд. Дар наздикии он (Ҳурмесан – А.А.) деҳест, ки онро Афшана гўянд. Падарам аз ҳамин деҳа модарамро ба занӣ гирифта, дар он ҷо ватандор шуд. Ман, сипас бародарам дар он ҷо аз ў зода шудем».39

Номи пурраи Абўалӣ ибни Сино чунин аст: Абўалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино. Баъдҳо ў ба тарзи кўтоҳи Абўалӣ ибни Сино ва ё Ибни Сино маъруф гардида, дар забони мардум чун Абўалӣ ва бештар Бўалӣ машҳур аст. Бўалӣ оҳанги навозиш дошта, аз муҳаббати халқ ба фарзанди нобиғаи худ дарак медиҳад. Абўалӣ ибни Сино дар  Урупо ва ҷаҳон чун Авитсенна маълуму машҳур аст.

Соли  985, вақте ки Абўалӣ ибни Сино ба панҷ медаромад, оилаи онҳо аз Ҳурмесан ба Бухоро кўчид. Ба гуфти Ҷайҳонӣ, «Бухоро шаҳрест дар замини ҳомун, биноҳои эшон аз чўб, гирдогирди он шаҳр кўшкҳо, бўстонҳо, маҳаллатҳо ва деҳҳо ба ҳам пайваста, чунон чи дарозии он дувоздаҳ фарсанг бошад дар дувоздаҳ фарсанг. Деворе ба қасабаи он кашида ва он чи ёд кардам, чунончи дар миён ҳеҷ харобӣ ва биёбоне нест» (иқтибос аз навиштаҳои   Аҳрор Мухторов).

Абдуллоҳ, ки аз одамони фозилу маърифатдўст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз 5-солагӣ то 10-солагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви арабиро омўхт, илмҳои адабиро азхуд кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу наҳв, хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арўз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Ниҳоят, Ҳусайн Қуръонро омўхтаву  ҳифз намуд, ки дар ин бора худ мефармояд: «Чун ба даҳсолагӣ расидам, Қуръону бисёре аз илми адабро аз бар кардам, ба тавре ки ин аз ман шигифтовар буд.»40 Дигар Абўалӣ лақаби «Шайх» гирифт, зеро ҳар касро, ки Қуръонро азёд мекард, сарфи назар аз синну солаш, «Шайх» мегуфтанд.

Сипас Абдуллоҳ писари худ Ҳусайнро аз мактаби ибтидойӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки асосҳои илмро ба ў омўзонданд. Писарча аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни гирову истеъдоди баланде дошт. Аз ин омўзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар ин овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки танобчӣ ва заминченкун буд, шогирд гузошт. Абдуллоҳи Массоҳ аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буда, дар Бухоро баққолӣ мекарду  сабзавот мефурўхт. Абўалӣ аз Абдуллоҳи Массоҳ дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омўхта, махсусан дар ҳисоби ҳинд моҳир шуд. Ҳамон вақтҳо Абўалӣ дар пеши Исмоили Зоҳир ба омўхтани тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад. Ин шуғли ў ду сол давом кард. Ҳамин тариқ, Ибни Сино то даҳсолагӣ хатту савод, сарфу наҳв, илмҳои адабиёт, ҳисоб, риёзиёт, ҳандаса ва Қуръонро амиқ омўхта, то дувоздаҳсолагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо намуд. Бо ҳамин, гуфтан мумкин аст, ки  таҳсили миёнаи Абўалӣ ба охир расид. Ў ҳамеша беҳтарини толибъилмон ҳисоб ёфта, шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироз ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омўхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бо далел сухан рондан хоси навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт. Ў хабар медиҳад: «Падарам аз касоне буд, ки даъвати доъии мисриёнро пазируфта буду аз ҷумлаи исмоилиён ба шумор мерафт. Ўву бародарам зикри нафсу ақлро аз эшон ба ваҷҳе, ки мегуфтанду медонистанд, шунида буданд. Гоҳо ҳар ду миёни худ музокира мекарданду ман он чиро, ки мегуфтанд, мешунидаму дармеёфтам. Дар ибтидо маро ҳам ба он ақида даъват мекарданду зикри фалсафа, ҳандаса ва ҳисоби ҳинд бар забонашон мерафт, аммо нафси ман намепазируфт».41

Маълум мешавад,   ки  бародару падари Абўалӣ бар хилофи ў, ки пайрави мазҳаби суннату ҷамоъат буд, ба мазҳаби   исмоилӣ   гаравида,   аз   таълимоти   ихвонуссафо,  яъне бародарони пок, ки рисолаҳои   онҳо дар миёнаи асри  X   (солҳои  961-962)     таълиф  гардида    буданд,баҳсҳо мекарданд.

 Яқинан, Абўалӣ ибни Сино аз таърих, таълимоти Зартушт, кеши Монӣ, саргузашти Оли Бармак, воқеъаҳои хонадони Сомонӣ, осори Форобию Балъамӣ, ашъори Рўдакию ҳамасронаш ва эҷодиёти Фирдавсӣ барин адибон огоҳ буд.

Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Абўалӣ ибни Сино аз пайи он шуд, ки маълумоти худро такмил диҳад. Вай ду бор омўзгори фалсафаро иваз кард. Он солҳо ба Бухоро, ки пойтахти Сомониён буд, аз шаҳрҳои дигари мамлакат, ҳатто аз кишварҳои гуногуни олам, олимону донишмандони зиёде меомаданд. Дар байни онҳо мубаллиғони исмоилию қарматӣ ва ҷосусон низ буданд. Дар ин  миён ба  Бухоро Абўабдуллоҳи  Нотилӣ омад, ки  тиб,  мантиқ,  ҳикмат  ва  фалсафаро  хуб медонист.  Соҳиби «Вуҷуд» ва «Илми иксир» ном асарҳо буда, мазҳаби исмоилӣ дошт. Падари Абўалӣ, ки бо ў ҳаммазҳаб буд, Нотилиро дар хонаи худ ҷой дода, Абўалиро ба вай шогирд монд. Абўалӣ    ибни Сино    нақл мекунад: «Сипас Абўабдуллоҳи Нотилӣ ба Бухоро омаду ў муддаъии фалсафа буд. Падарам вайро ба умеди он ки аз ў сабақ бигирам, дар ҳавлиямон ҷой дод… Ба хондани китоби «Исоғуҷӣ» назди Нотилӣ оғоз кардам. Чун таърифи  «ҷинс»-ро  ба  ман  гуфт:  «ҷинс лафзест,  ки  бар чизҳои бисёру гуногуннавъ далолат мекунад   ва дар ҷавоби «он чист?» гуфта мешавад», таҳқиқи онро ба ҷое расонидам,  ки  вай  монандашро нашунида  буд.  Аз  ман бисёр дар  шигифт шуда, падарамро таъкид кард, ки маро ба ҷуз илм ба коре машғул надорад. Ҳамин тариқ, чизҳои зоҳири мантиқро назди ў хондам, вале аз нозукиҳои он ўро хабаре набуд. Пас мустақилона    ба хондани  китобҳо ва мутолиъаи шарҳҳо шурўъ карда, дар мантиқ тавоно шудам. Китоби Уқлидусро42 ҳам ҳамин тариқ хондам.  Аз оғози  он  панҷ ё шаш шаклро пеши ў хонда, сипас ҳалли бақияи китобро худ ба ўҳда гирифтам. Сипас ба «Ал-Маҷастӣ»43 гузаштам. Чун аз муқаддамоти он фориғ шуда, ба шаклҳои ҳандасӣ расидам, Нотилӣ ба ман гуфт: «Худат ба хондану ҳалли онҳо бипардоз ва сипас чизи хондаатро аз пеши ман бигзарон, то дурусту нодирусти онро ошкор созам».

Он мард ба ин китоб устувор набуд, худ ба ҳалли он шурўъ кардам. Чандин шаклҳои душворе буданд, ки то ба ў нишон додаву намефаҳмондам, онҳоро намедонист».44 Нотилӣ аҷзу нотавонии худро дар назди шогирди фавқулъоддаи худ ҳис карда, матлабро ба падари Абўалӣ изҳор намуда, пирўзии шогирди муқтадири худро хоста, аз манзили онҳо баромада рафт. Ба Гурганҷ—пойтахти Хоразм, ки онро акнун Урганҷ мегўянд, рафт.

Абўалӣ то 15-солагӣ илмҳои табиъиёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ ва амалиро мустақилона омўхта, дар ҳамаи онҳо комил гардид. Ниҳоят, дар 16-солагӣ ба омўхтани илми тиб машғул шуд.

Ба Абўалӣ илми тибро Абўмансур Ҳасани Қамарии Бухоройӣ, ки  табиби дарбори Нўҳ ибни Мансур буд, таълим медод. Абўалӣ ибни Сино аввал фаро гирифтани илми тибро аз 12-солагӣ шурўъ карда буд. Вале он вақт бо маслиҳати Абўсаҳли Масеҳӣ ба давом додани он шуғл наварзид. Ниҳоят, соли 986 ба ин илм аз нав рў овард. Аллакай китобҳои олимони бузурги тибби Юнони Қадим — падари тибби ҷаҳонӣ Ҳиппократ (460—370 то мелод), ки дар Шарқи мусулмонӣ чун Буқрот машҳур аст, ва Гален (181—210), ки дар олами ислом бо номи Ҷолинус шўҳрат дорад, ба забони арабӣ баргардон шуда буданд. Ибни Сино онҳоро мустақилона, бо роҳи худомўзӣ, мутолаъа мекард. Барои ў фаро гирифтани илми тиб чандон душвор набуд. Худи Ибни Сино ба ёд меорад: «Сипас ба илми тиб рағбат кардам ва ба хондани китобҳои дар он таснифшуда рў оварам. Илми тиб аз илмҳои душвор нест. Бинобар ин, дар андак муддат дар он ба дараҷае забардаст шудам, ки донишмандони тиб илми тибро назди ман ба хондан оғоз карданд ва парастории беморонро ба ўҳда гирифтам. Дарҳои муъолиҷа, ки аз таҷриба ба даст омадааст, чунон кушода мешуданд, ки берун аз васф аст» (ҳамон ҷо). Ҳамин тариқ, Абўалӣ ибни Сино дар 16- солагӣ чун табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин, ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илоҳӣ баргашта, дар муддати якуним соли дигар ин донишҳоро ҳам мукаммал намуд.

Абўалӣ Сино шахси ниҳоят пўё, ҷиддӣ ва меҳнатдўст буд. Ақли расову қобилияти баланд боиси пешрафти илмӣ ва маънавии ў мешуданд. Кўшиш, сабру тоқат ва ҷаҳду ҷадал низ сабаб шуданд, ки пирўзиву комёбиҳои маънавии ў таъмин гарданд. Ҳангоми таҳсили илм, мегўяд Абўалӣ ибни Сино, «ягон шаб пурра нахуфтаам ва рўзона ба ҷуз омўхтани илм ба коре машғул нашудаам. Бар ман ҳама чиз ошкор гардид… Шаб ба хонаам баргашта шамъ пеши худ мениҳодам ва ба хондану навиштан мепардохтам… Дере нагузашта, ман дар ҳамаи илмҳо тавоно шудам ва ба андозаи қудрати инсонӣ аз онҳо огоҳӣ ёфтам. Ҳар чи ки дар он ҳангом омўхтам, ҳамон аст, ки имрўз медонам ва то имрўз бар он чизе наафзудааст».45

Боре, солҳои 994 —995, Абўалӣ ибни Сино китоби ҳакими Юнони Қадим Арасту (384—322 то мелод) «Мо баъд-ут-табиъат» —«Метафизика», яъне «Он чи фавқи табиъат аст»-ро, ки оид ба илоҳиёт аст, мехонд, аммо ғарази муаллиф ҳамон бар ў пўшида мемонд. Онро чиҳил бор хонду азёд кард. Бо вуҷуди ин, аз мақсади муаллиф пай набурд. Навмед шуда гуфт: «Ин китобест, ки ба ҳеч роҳ фаҳмида намешавад». Ниҳоят, рўзе, тасодуфан, аз бозор рисолаи Абўнасри Форобиро харида мехонад. Нуктаҳои борику торики асари Арасту барояш кашф мегардад. Худи Ибни Сино ҳикоят мекунад: «Рўзе аз рўзҳо, ҳангоми аср, дар миёни саҳҳофон ҳозир будам, ки даллоле дар даст муҷалладе нидо мекард. Вай онро ба ман намуду ман ба сахтӣ рад кардам, зеро боварӣ доштам, ки дар ин илм (яъне «мо баъд-ут-табиъат»—А. А.) суде нест. Он гоҳ ў ба ман гуфт: «Инро аз ман бихар! Ба ту арзон мефурўшам, ба се дирҳам, соҳибаш ба баҳои он муҳтоҷ аст». Ман онро харида дидам, ки китоби Абўнасри Форобӣ «Фӣ ағрози китоби «Мо баъд-ут-табиъат» будааст. Пас ба хона баргашта, онро бошитоб хондам ва дарҳол ғаразҳои он китоб, ки  дар дили ман маҳфуз буд, бар ман кушода шуданд. Аз он шод шудаму рўзи дигар барои сипосгузорӣ аз Худой ба тиҳидастон чизи бисёре садақа кардам».

Ба ҳамин тариқ, то 18-солагӣ Абуалӣ ибни Сино тамоми донишҳои расмӣ ва ғайрирасмии замони худро фаро гирифта, чун пешсафи бузургтарин олимони сутурги давр эътироф гардид. Шояд дар ҳамин вақт бо иродаи мардум ба ў унвонҳои Шайхурраис, яъне, ба ибораи Садриддин Айнӣ, «Саролим» ва «Ҳуҷҷат-ул-ҳақ—Ҳуҷҷати ҳақ» дода шуда бошад, ки дар тўли ҳазор соли ахир ин унвонҳо бо номи Абўалӣ ибни Сино пайваста боқист.

Шайхурраис худ эътироф мекунад: «Чун ба ҳаждаҳсолагӣ расидам, аз омўхтани ҳамаи ин илмҳо фориғ шудам. Он рўз дар илм бештар ҳифзкунанда будам, имрўз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он дар ман чизе дигаргун нашудааст». Ибни Сино ҳақ дошт, ки он вақт бигўяд:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал!

Олими забардасттарини аср, файласуфи тавоно ва пизишқи доно Абўалӣ ибни Сино беш аз ҳама ба табобати беморон шуғл меварзид.

Соли 996 подшоҳи вақт Нўҳ ибни Мансурро беморие пеш омад, ки табибон дар илоҷи он оҷиз монданд. Азбаски номи Абўалӣ ибни Сино дар байни табибон бо дониши фарох ва маҳорати волои пизишкӣ машҳур гашта буд, ўро барои муолиҷаи амир даъват намуданд. Абўалӣ амирро ҳунармандона табобат кард. Аз муолиҷаи ў амир шифо ёфт. Ин воқиъа обрўйи Ибни Синоро афзуд. Ба ў вазифае аз корҳои дарборӣ супурданд. Подшоҳ хост, ки дар подоши сиҳҳат ёфтани худ ба табиби ҷавон мукофоте арзанда бидиҳад. Аз худи навҷавони шифокор мепурсанд. Абўалӣ аз амир хоҳиш менамояд, ки ба ў танҳо иҷозат диҳад, ки дар китобхонаи амирӣ рўзе чанд ба мутолиъа машғул шавад. Хоҳиши ў пазируфта шуд. Хурсандии ў ҳадду канор надошт. Абўалӣ тамоми рўзҳоро дар китобхона гузаронда, китоб мехонд. Дар он ҷо ба китобҳое рўбарў гардид, ки на пештару на баъдан дида буд, чунон ки худаш шаҳодат медиҳад: «Вориди сарое шудам, ки  хонаҳои бисёр дошта, дар ҳар хонае сандуқҳои китоб болои ҳам чида шуда буданд. Дар як хона китобҳои илмҳои арабӣ ва шеър, дар дигараш китобҳои фиқҳ ва, ҳамин тавр, дар ҳар хонае китобҳои як илме ҷой дошт. Сипас, феҳристи китобҳои пешиниёнро мутолиъа намуда, он чиро, ки бад-он ниёз доштам, хостам. Китобҳоеро дидам, ки бисёр касон ҳатто номи онҳоро нашунидаанд ва ман ҳам онҳоро на пешу на баъди ин дидаам. Он китобҳоро хонда, судҳо бурдам ва андозаи дониши ҳар мардеро шинохтам».46 Бешубҳа, мутолиъаи чун ин китобҳо дониши Ибни Синоро боз ҳам такомул дода, худи ў ба навиштани асарҳо мустақилона шурўъ кард. Аз ҳамон вақт сар карда асарҳояшро ҳам ба арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ менавишт. Яке аз асарҳои даврони ҷавонии ў «Зафарнома» аст.

«Зафарнома» дар асл ба забони паҳлавӣ навишта шуда47, ба қавле, Ибни Сино ин пандномаро барои яке аз амирони Сомонӣ — Нўҳ ибни Мансур ва ё Мансури Дувум (997—999) аз паҳлавӣ ба форсии дарии тоҷикӣ гардонда будааст. Ин асар, ки дар шакли саволу ҷавоб таълиф ёфтааст, аз ду бахш иборат мебошад. Бахши аввал пурсишҳои вазири Анўшервони Одил (579—581) ва ҷавобҳои устоди вазири ў Бузургмеҳри Бахтаконро фаро мегирад, ки решаи паҳлавӣ дорад, яъне, манбаъи онҳо, бидуни шакку шубҳа, андарзҳои паҳлавист. Аммо бахши дувум, ки кўтоҳтар аз қисми аввал аст, аз пурсишҳои умумӣ ва посухҳои донишманди ривоятӣ Луқмони Ҳаким иборат аст, ки дар Қуръон ном бурда мешавад. Дар ҳар ду маврид ҳам саволу ҷавобҳо равшану фаҳмо ва ҷумлаҳо соддаву фасеҳ буда, сабки андарзҳои замони сосонӣ нигоҳ дошта мешавад. Анўшервон Бузургмеҳрро назди худ хонда, талаб мекунад: «Мехоҳам сухане чанд муфид дар лафзи андаку маъонии бисёр ҷамъ созӣ, чунон ки дар дунёву уқбо судманд бошад». Бузургмеҳр як сол муҳлат хоста, панду ҳикматҳоеро гирд овард, ки масоили доғи ахлоқро баён мекарданд. Онро «Зафарнома» ном гузошта, ба Анўшервон тақдим намуд. Маҷмўъа ба Анўшервон хуш омад. Фармуд, ки ин каламот ба оби зар навиштанд ва доим бо худ медошт ва онро гаштаву баргашта мехонд».

Адиби эронӣ Козими Раҷабӣ «Зафарнома»-ро соли 1938 таҳти унвони «Номаи пирўзӣ» ва соли 1954 зери номи «Пирўзинома» такроран дар Теҳрон чоп кард. Ин асар чандин бор дар Тоҷикистон низ ба табъ расидааст.

Дар «Зафарнома» ба воситаи саволҳо масъалаҳое пеш гузошта мешаванд, ки ҷавобҳои ҳикматомезу фалсафиро тақозо мекунанд. Ҷавобҳо ҷамъбасту натиҷа мебошанд ва чун андарзҳои маҳз садо медиҳанд. Ҳадафи «Зафарнома» барин асарҳо парвардани инсони аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим, аз лиҳози маънавиёт ғанӣ, хушсухан, боадаб ва зебост, ки онро ба ҳайси Инсони Комил пазируфтан мумкин аст. Он одоби шоистаро тарғиб ва ахлоқи разиларо маҳкум менамояд. Масалан:

«Гуфтам: -Аз кӣ эман бошам? Гуфт: -Аз дўсте, ки ҳосид набошад. Гуфтам: -Чи чиз аст, ки биҳиштро сазовор бошад? Гуфт: -Илм омўхтану ба ҷавонӣ ба кори ҳақ машғул будан. Гуфтам: -Кадом айб аст, ки наздики мардум муътабар намояд? Гуфт: -Ҳунари худ гуфтан. Гуфтам: -Чун дўсти ношойист падид ояд, чӣ гуна аз вай бибояд бурид? Гуфт: -Ба се чиз: ба зиёраташ кам рафтан, аз ҳолаш напурсидан ва аз вай ҳоҷат нахостан. Гуфтам: -Корҳо ба кўшиш бувад ё ба қазо? Гуфт: -Кўшиш қазоро сабаб аст. Гуфтам: -Аз ҷавонон чӣ беҳтару аз пирон чӣ некўтар? Гуфт: -Аз ҷавонон шарму далерӣ ва аз пирон донишу оҳистагӣ…Гуфтам: -Аз фармонҳо кадом фармонро хор набояд дошт? Гуфт: -Се: аввал фармони Худои азза ва ҷалла; дувум-фармони оқилон; савум-фармони падару модар… Гуфтам: Агар илм омўзам, чӣ ёбам? Гуфт: Агар хурд бошӣ, бузургу номдор гардӣ; агар муфлис бошӣ, тавонгар гардӣ ва агар маъруф бошӣ, маъруфтар гардӣ… Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки донотар кист? Гуфт: -Он ки неъмати дунё бар неъмати уқбо нагузинад… Гуфтанд: -Кадом пероҳан аст, ки ҳаргиз куҳна нагардад? Гуфт: -Номи нек… Гуфтанд: -Кадом баландист, ки аз ҳамаи пастиҳо пасттар аст? Гуфт: -Кибр».

Бо ин ҳама, «Зафарнома» ба арзиши баланди тарбиявӣ ва ахлоқӣ молик аст.

Ба Абўалӣ ибни Сино дар девони давлатӣ ҳам вазифа дода буданд. Ў бо камоли шавқ адои хизмат мекард. Аммо чунин рўзҳои гуворо дер давом накарданд. Соли 997 Нўҳ ибни Мансур аз олам даргузашт. Кўчманчиён аз чаҳор тараф ба Давлати Сомониён паёпай ҳуҷум овардан гирифтанд. Дар ҷануби мамлакат Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (998—1030) худро подшоҳи мустакил эълон карда, Ғазнинро пойтахти давлат қарор дод. Шоҳи қарахонӣ Эликхони Наср аз Ўзганд лашкар кашида, Бухороро ғасб намуд. Давлати Сомониён аз ҳам пош хўрда, соли 999 ҳукмронии Сомониён (875—999) расман ба охир расид. Китобхонаи Сомониён сўзонда шуд. Бар болои ҳамаи ин, душманону ҳосидони Абўалӣ ибни Сино туҳматҳо баста, ўро ҳатто кофиру бедин ва маҷусӣ мехонданд. Абўалӣ ибни Сино ба онҳо дар ҷавоб мегуфт:

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад!

Дар даҳр чун ман якеву он ҳам кофир?!

Пас, дар ҳама даҳр як мусулмон набувад!

Соли 1002 Абўалӣ ибни Сино, ки 22-сола буд, аз падар маҳрум гашт. Дасисаҳои атрофи ў низ авҷ гирифтанд. Барои халосӣ аз ин гирдоби бало ва дарёфти наҷот аз азобҳои рўҳӣ Ибни Сино аз Бухоро гурехт: ҳамроҳи бародараш ба корвони савдогарон пайваста, соли 1005 роҳи Хоразмро пеш гирифт.

Чаро Ибни Сино маҳз сафари Хоразмро ихтиёр кард? Аввалан, Хоразм аз воқеъаҳои мудҳиши сиёсии Мовароуннаҳру Хуросон дар канор буд. Дувум, Абўалӣ дар бораи донишпарвар ва нисбат ба аҳли илму дониш ғамхор будани амири он ҷо Алӣ ибни Маҳмуд бисёр ҳикоят шунида буд.

Дар воқеъ, суннатҳои пешини эронӣ дар Хоразм пос дошта мешуданд, илму адабиёт ва маданият дар тараққӣ буд, баҳсҳои ҷиддии илмӣ барпо мешуд, ки дар онҳо пайравони мазҳабҳои гуногун ва, ҳатто, динҳои мухталиф ширкат меварзиданд, ки аз устувор будани ақидаҳои шуъубия дар он ҷо гувоҳӣ медод. Савум, ҳанўз солҳои 998—999 Абўалӣ ибни Сино бо Абўрайҳони Берунӣ иртиботи мактубӣ дошта, бо вуҷуди ҳанўз 18-сола будан, ба саволҳои илмии ин олими варзидаи 26-сола доир ба асарҳои Арасту, оид ба фалак ва баъзе ҳодисаҳои физикию табиатшиносӣ ҷавобҳо навишта, бо далелҳо шубҳаҳои ўро рафъ менамуд. Инак, аз ин номаҳо дуто дар даст аст, ки яке саволу ҷавоби даҳ масъала ва дигаре пурсишу посухи шонздаҳ нуктаро фаро мегирад. Ҳамаи ин сабаб шуд, ки Ибни Сино ба Хоразм равад.

Ў дар либоси фақеҳӣ ба Хоразм ворид шуд.

Хоразмиён ба забони хоразмӣ гуфтугўй мекарданд, ки яке аз шохаҳои забонҳои эронӣ буд. Забони илм дар он ҷо ҳам арабӣ буд. Маҷлисҳои базму шеърхонӣ форсии   дарӣ буд. Он ҷо илму фарҳанг муътадил инкишоф меёфт. Дар Хоразм Абўалӣ ибни Сино ба ҳалқаи олимони машҳур — Абўрайҳони Берунӣ, Абўсаҳли Масеҳӣ, Абўносири Арроқ, Абулхайри Хаммор, Абдусамад ибни Ҳаким ва дигарон, ки дар дарбори Алӣ ибни Маъмун хизмат мекарданд, пайваст. Вазири Хоразмшоҳ — Абулҳасани Саҳлӣ, ки адиб, шоъир ва дўстдори илм буд, Ибни Синоро бо эҳтиром пешвоз гирифта, ба қабули подшоҳ бурд. Ба ў хона доду моҳонае муқаррар кард, ки кофӣ буд. Ба ивази некиҳои Саҳлӣ Абўалӣ ибни Сино барои ўву аҳли хонадонаш роҷеъ ба кимиё, тиб, нуҷум ва илмҳои дигар рисолаҳо навишт. Ҳамчунин, дар Хоразм ба табобати беморон машғул мешуд, дар баҳсҳои илмӣ ширкат меварзид.

Зиндагии Ибни Сино дар Хоразм тақрибан 5 сол (1005—1010) давом кард. Баъдан, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз Хоразмшоҳ талаб кард, ки  олимони Хоразм барои кор ба дарбори ў-ба Ғазнин фиристода шаванд. Ин дархостро аксар пазируфтанд. Абўалӣ ибни Сино ва устодаш Абўсаҳли Масеҳӣ, ки исавимазҳаб буд, соли 1011 аз бими Султон Маҳмуд бо роҳи биёбон ба тарафи Эрон гузаштанд. Дар биёбон, дар асари гирдбоди сахт, Масеҳӣ, ки пирамарди қариб садсола буд, ба азобу ташнагӣ тоб наоварда, ҷон ба Ҷонофарин супурд. Абўалӣ беҳолу бемадор ва яккаю танҳо ба Нисо расид. Сипас аз он ҷо ба Бовард, аз он ҷо ба Тўс, аз он ҷо ба Шаккон, аз он ҷо ба Самангон, аз он ҷо ба Бачочор ва аз он ҷо ба Ҷурҷон рафт. Мақсади аллома дидани амири Мозандарону Табаристон Қобус ибни Вушмгир (976—1012) буд, ки марде фозилу адиб буд. Ваде Қобус чун ҳоким бераҳму золим будааст. Бинобар ҳамин, мардум бар зидди истибдоди ў исён бардошта, аз сари тахт дураш карданд. Ба ҷойи ў писараш Манучеҳр ба тахт нишаст. Қобус дар зиндон мурд. Ибни Сино ўро надида, муддате ба табобати беморон машғул шуду сипас ба Деҳистон рафт. Вале дар он ҷо сахт бемор шуда, ба Ҷурҷон баргашт. Шогирди вафодораш Абўъубайди Ҷурҷонӣ соли 1012 дар ҳамин ҷой бо Абўалӣ ибни Сино пайваст.

Ҳамин гуна сарсониҳо вомедоранд, ки Бўъалӣ дар ҳасби ҳоли худ ба арабӣ қасидае гўяд, ки ин байт аз он ҷост:

Ламмо азимту фа лайсанӣ мисрун васеъӣ,

Ламмо ғалла саманӣ адимту -л – муштарӣ*.

Яъне, чу ман калон шудам, шаҳр натавонист фаро бигирадам, чун арзиши ман афзуд, талабгор нопайдо шуд.

Писари Қобус ихтиёран хутбаву сиккаро ба номи Султон Маҳмуд гузаронда, расман худро ҳокими тобеъи ў гардонд. Ибни Сино чанд вақти дигар худро ошкор накарда, ба табобату корҳои илмӣ давом дод. Баъд, аз хавфи ба дасти Султон Маҳмуд афтодан, аз он ҷо ба Рай рафт. ____________________________________

* Бузургӣ ёфтам, аммо ба шаҳре нест миқдорам,

 Гарон андар баҳо гаштам, валекин бехаридорам.

                                                          Тарҷумаи Асрори Сомонӣ.

Вақте хости Султон Маҳмудро напазируфта, аз Хоразм ба Табаристон гурехт, бо фармони Султон Маҳмуд ҳунарвари номӣ Абўнасри Арроқ, ки алломаро нағз медонист, сурати Абўалиро кашид. Аз он ҷо чиҳил нусха бардошта, ба ҳокимони гуногун фиристоданд, то ўро ёфта, ба ҳузури Маҳмуд фиристанд.

Дар наздикии Нишопур Абўалӣ ибни Сино дар Шаккон чандин бор бо сўфӣ ва орифи машҳур Шайх Абўсаъиди Абулхайр (968—1049) мулоқот орост. Манбаъҳои таърихӣ маълумот медиҳанд, ки «як рўз Шайхи мо Абўсаъид… дар Нишопур маҷлис медошт… Хоҷа Абўалӣ Сино… аз дари хонақоҳи Шайх даромад … Эшон, ҳар ду, пеш аз он якдигарро надида буданд, агарчи миёни эшон мукотибат буд. Чун Бўалӣ аз дар даромад, Шайхи мо рўй ба вай карду гуфт: «Ҳикматдоне омад».

Хоҷа Бўалӣ даромаду бинишаст. Шайх ба сари сухан шуду маҷлис тамом карду аз тахт фурў омаду дар хона шуду Хоҷа Бўалӣ бо Шайх дар хона шуду дари хона фароз карданду се шабонарўз бо якдитар буданд ба хилвату сухан мегуфтанд, ки кас надониставу ҳеч кас низ ба наздики эшон дарнаёмад, магар касе, ки иҷозат доданду ҷуз ба намозҳои ҷамоъат берун наёмаданд.

Баъд аз се шабонарўз Хоҷа Бўалӣ бирафт. Шогирдон аз Хоҷа Бўалӣ пурсиданд, ки шайхро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: «Ҳар чи ман медонам, ў мебинад». Ва мутасаввифаю муридони Шайх чун ба наздики Шайх даромаданд, аз ў савол карданд, ки ай Шайх, Бўалиро чун ёфтӣ? Гуфт: «Ҳар чи мо мебинем, ў медонад».

Солҳои 1012—1014 Абўалӣ ибни Сино дар шаҳрҳои гуногуни   Эрон—Ҷурҷону  Ҳамадон,   Нишопуру  Исфаҳон ва ғайраҳо зиста, ниҳоят дар Рай қарор гирифт. Мардум Абўалӣ ибни   Синоро аз   рўйи табобату таълифоташ шинохтанд. Дар ин ҳангом Маҷдуддавла, ки аз сабаби хурдсолӣ ба ном ҳокими Рай буд, ба касалии руҳии саръ, ки  як навъи хавосу молихўлиёст, гирифтор шуд. Кишварро аз номи ин кўдаки ҳоким модараш идора мекард, ки Зубайда ном дошту Уммулмулк, яъне модари мамлакат лақаб. Вале ўро, маъмулан Саййида, яъне соҳиба ва хонум, мегуфтанд. Ў беш аз сӣ сол ҳукм ронд.

Бо супориши Саййида Ибни Сино Маҷдуддавларо табобат карда, аз чанги бемории мудҳиш наҷоташ дод. Баъди вафоти Саййида Маҳмуди Ғазнавӣ Райро забт кард. Абўалӣ ибни Сино соли 1015 гурехта, Қазвин рафт. Муддате он ҷо истиқомат карда, сипас худро ба Ҳамадон расонд. Ҳокими ин ҷо писари дигари Сайида — Шамсуддавла гирифтори дарди қулинҷ буд. Бўалӣ ўро ҳам муъолиҷа карда, надимаш шуд. Шамсуддавла баробари шифо ёфтан ба Кирмоншоҳ лашкар кашид. Бўалӣ ҳамсафари ў буд. Вале дар  ин ҷанг аз курдҳо шикаст хўрда, ба Ҳамадон баргашт. Баъд, соли 1019, Шамсуддавла вазорати худро ба Шайхурраис супурд. Ибни Сино корҳои мамлакатро аз рўйи ақлу адл ба роҳ андохт, ки ба аҳли дарбор мақбул наафтод. Лашкариённ турк ба муқобили Абўалӣ ибни Сино шўриш барпо карданд. Ба қавли Абўъубайди Ҷузҷонӣ, «гирди хонаашро гирифтанд, ўро ба ҳабс бурда, чизу чораашро ғорат карданд; ҳар чи дошт, ҳамаро бурданду аз амир қатли ўро хостгор шуданд. Вале амир аз қатли вай худдорӣ карда, барои ризойи онҳо бо барканор кардани ў аз корҳои давлатӣ иктифо кард».

Шайхурраис дар сарои Абўсаъиди Дахлук пинҳон шуда, ба корҳои илмӣ машғул гардид. Дар ин миён Шамсуддавла балвогаронро несту нобуд карду дарди қулинҷаш аз нав авҷ гирифт. Вай Шайхурраисро ёфта, худро ба вай муъолиҷа кунонд. Кори вазорат соли 1020 дубора ба Ибни Сино баргардонда шуд.

Абўалӣ ибни Сино дар ин ҳангом, яъне соли 1020 таълифи китоби аввали «Ал-қонун»-ро, ки соли 1010 сар карда буд, ба поён расонда, таълифи «Шифо»-ро оғоз намуд ва соли 1032 тамомаш кард. Ғайр аз ин, Абўалӣ ба шогирдонаш аз рўйи китобҳои худ дарс мегуфт. Тарзи дарсдиҳии ў низ аҷиб буд: рўзҳо ба корҳои давлатӣ машғул мешуду шабҳо назди ў яке «Шифо» мехонд, дигаре «Қонун», савумин аз «Ишорату танбеҳот» сабақ мегирифт, чаҳорумӣ мусиқӣ меомўхт ва ғайра. Баъд ромишгарон ҳозир мешуданд, маҷлиси шароб ороста мегардид. Сипас ҳама хона ба хона мерафтанд.

Дар ин миён Шамсуддавла, соли 1021, вафот карду валиъаҳди ў Самоъуддавла ба Шайхурраис пешниҳод намуд, ки вазоратро бипазирад. Аммо ҷавоби рад шунид.

Соли 1023, ба туҳмати бархе душманони Шайхурраис, яке аз амирону ҳокими навҷулуси Ҳамадон Абўалӣ ибни Синоро дар қалъаи Фардаҷон зиндонӣ карданд. Ин қалъа 15 фарсах (тақрибан 60 км) дуртар аз Ҳамадон, дар сари роҳе, ки ба Исфаҳон мебурд, воқеъ гардида буд. Баробари зиндонӣ шудан Абўалӣ ибни Сино дар ҳасби ҳоли худ ба арабӣ қасидае навишт, ки ин байт аз он аст:

Духулам дар яқин тавре, ки дидӣ,

Тамоми шубҳа дар тарзи хуруҷ аст.

(Тарҷумаи Ҳасани  Наққош).

Фардаҷон аз бадтарин зиндонҳо буда, дар он ҷо беҳокимиятиву беқонунӣ, чиркиниву касалӣ, гуруснагию ташнагӣ, дуздиву ришвахорӣ дар авҷ буданд. Қариб ҳамаи зиндониён дар по кундаю дар гардан завлона доштанд. Абўалӣ ибни Сино ҳам яке аз онҳо буд. Ҷисми ў ба маҳбас буда, ақлаш, ки зиндонӣ намешавад, аз ў талаб кард, ки барояш коғазу давоту ранг диҳанд. Вай он ҷо ҳам ба кори эҷодӣ машғул шуда, асарҳои худ «Ҳай ибни Яқзон», «Саломону Абсол», «Ат-тайр», «Ал-қулинҷ» ва барои бародари худ «Ал-ҳидоя» («Раҳнамо»)-ро навишт.

Рисолаҳои «Саломону Абсол», «Ҳай ибни Яқзон», «Қадр», Тайр» ва «Ишқ» бо рамзу киноя ва тариқи тамсил эҷод шуда, дар бораи сарнавишт, таносуби ақлу ҷисм, камолоти ақл, ангезаҳои ишқ, тасвири оламҳо, кирдору атвори бошандагони оламҳо, ахлоқи ҳамида, дурўғу хиёнат, зулму ситам, ҷаҳолату худписандӣ, бухлу тамаъ ва дигар падидаҳои ахлоқи разила ва дурӣ ҷустан аз онҳо баҳс мекунанд. Инсонро дўсту ёр бояд буд гуфта, Абўалӣ ибни Сино мефармояд: «Ёр барои он бояд, то бор аз дили ёри худ бардорад; дўст аз баҳри он бошад, то ранҷ аз дўсти худ баргирад. Аммо дар ин рўзгор чунин дўсту ёр ба даст ояд?!»

Қиссаи «Саломон ва Абсол» рамзест аз нигориши Абўалӣ ибни Сино, ки маҳфуз намондааст. Вале қиссаи дигари «Саломон ва Абсол», ки машҳур аст, аз тарафи Ҳунайн ибни Исҳоқ (асри IX) ба риштаи таҳрир кашида шудааст. Мувофиқи он, дар замонҳои хеле қадим Ҳирмонус ибни Ҳароқди Сўфистифӣ дар кишвар ҳукм меронд, ки аз Рум то канори баҳр ва аз Юнон то Миср дар итоъати ў буд. Ин подшоҳ тилисме сохта буд, ки дар тўли сад қарн аз шиддати хоку борон ва оташу бод, ки аносири чоргонаанд, осебе надид. Онро Аром мегуфтанд Ҳирмонус бо занон наздик буданро намехост, аммо дар талаби фарзанд буд, ки валиаҳдаш шавад. Донишманди ҳақназаркарда Қаликурос аз нутфаи  Ҳирмонус бо тадбире фарзанд ба вуҷуд овард, писар. Ўро Саломон ном гузошт. Абсол ном духтари 18-соларо барои парвариш доя таъйин кард. Вақте кўдак аз ширхорӣ баромад, падар хост, ки ўро аз доя ҷудо созад. Вале Саломон аз Абсол ёрои ҷудоӣ надошт. Саломон ба омўхтани илму дониш пардохт. Ҳирмонус бисёр кўшиш ба харҷ дод, ки Саломонро аз Абсол дур кунад. Суде набахшид. Онҳо аз дарбори подшоҳ гурехта, дар ишқбозӣ рўз мегузарониданд. Подшоҳ ба василаи асбобҳои ҷаҳоннамои худ онҳоро ёфта, ба даргоҳи худ баргардонид. Саломону Абсол ба тазъиқи Ҳирмонус тоб наоварда, худро ба мавҷҳои домони баҳр партофтанд. Абсол ғарқ шуд. Саломон наҷот ёфт. Саломон бо дидани Зуҳра Абсолу ишқи ўро фаромўш кард. Аммо ба подшоҳӣ расида, бо адлу дод ҳукм ронд.

Мурод аз ин қисса ҷустуҷўйи ҳақикат ва дарёфти асрори ҷаҳон аст. Шоҳ рамзи хирад, Саломон ҷон, Абсол ҳавову ҳаваси нафсонӣ буда, ишқи Саломону Абсол лаззати даргузар мебошад. Аз ҳамаи ин метавон дар натиҷаи риёзату илм пок гардид. Аммо дар қиссаи «Саломону Абсол»-и Абўалӣ ибни Сино, ки  мазмуни онро Насириддини Тўсӣ овардааст, аз ин қисса дараке нест. Мувофиқи он, Саломону Абсол бародарон буда, зани Саломон ба Абсол дил баста, бо найрангҳо мехоҳад  ўро ба худ ром созад. Абсол аввал найрангҳои зани Саломонро фош карда, ниҳоят гирифтори фиреби ў мешавад. Ин зани маккора Абсолро ба хоҳари худ ақд баста, худ ба бистари арўсӣ медарояд. Абсол инро фаҳмида, ҷалои ватан мекунад. Ба кишвари Саломон душманони ғаддор ҳуҷум оварда, онро тороҷ мекунанд. Абсол ба ёрӣ мешитобад. Бисёр кишварҳоро ба зери тасарруфи Саломон, ки шоҳ буд, медарорад. Ниҳоят, зани Саломон ба ошпазу дастархондор мефармояд, ки Абсолро заҳр диҳанд. Абсол ҷон ба ҷонофарин месупорад. Саломон аз дасиса пай бурда, ба зани худ, ошпаз ва дастархондор аз ҳамон заҳр нўшонда, оламро аз шарри онҳо пок месозад. Боз ҳам адолат бар хиёнату хайр бар шар ғалаба мекунад.

Ин ҷо низ рамз бар тамоми қисса истило дорад: Саломон тимсоли нафси нотиқа ва шахсияти оқил буда, Абсол рамзи қувваҳои идроку хаёл аст. Зани Саломону ҳамдастони ў (ошпазу дастархондор) майлу хоҳишро мефаҳмонад. Ба ҷазо расидани онҳо символи кайфари бадӣ ва тантанаи адолат аст. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ рамзи муносибати қувваҳои мутақобили рўҳи инсонӣ, муборизаи ҳамешагии некӣ бар зидди бадӣ ва нақли ақли фаъол дар камоли маънавии инсон аст.

Шайхурраис дар ин зиндон чаҳор моҳ бимонд, то он ки ҳокими Исфаҳон Алоуддавла дар ҷанге ҳокими Ҳамадонро шикаст дод. Шайхурраис соли 1024 аз ҳабс баромада, ҳамроҳи шогирдаш Абўъубайди Ҷузҷонӣ, бародари худ Маҳмуд ва ду ғулом, ки бо ў буданд, дар ҷомаи сўфиён, ношиносу пинҳонӣ, худро то ба дарвозаи Исфаҳон расонд. Он ҷо надимону хосагони ҳокими Исфаҳон бо иззату икром Шайхурраисро пешвоз гирифта, ба ў сарулибосу савориҳои хос дода, то шаҳр  ҳамроҳӣ кардандаш.

Баъд аз ин ҳама саргардониҳо Абўалӣ ибни Сино барои зист аз Ҳамадон ба Исфаҳон рафта, бо эъзозу икром аз тарафи ҳокими он ҷо Алоуддавлаи Кокуя (1007-1014) пазируфта шуд. Зиндагӣ ва эҷодиёти минбаъдаи Шайхурраис дигар ба пуштибонӣ ва дастгирии ҳамин ҳоким иртибот пайдо кард. Дар Исфаҳон «Алоуддавла қарор дод, ки шабҳои ҷумъа дар ҳузури ў бо иштироки тамоми олимон аз ҳар табақае маҷлиси баҳс барпо кунанд». Шайхурраис аз ҷумлаи онҳо буда, дар Исфаҳон асарҳои худ «Шифо», «Мусиқӣ», «Лисон-ул-араб», «Ал-инсоф», «Ишороту танбеҳот», «Донишнома» ва ғайраро навишт.

Алоуддавла рўзе ба Абўалӣ мегўяд, ки «агар улуми авоил ба ибораи порсӣ будӣ, ман тавонистаме донистам», яъне агар асоси илмҳо ба забони тоҷикӣ мебуд, ман хам метавонистам, ки хонда фаҳмам. Абўалӣ ибни Сино солҳои 414—428 ҳиҷрӣ (1023—1036) махсус барои Алоуддавла «Донишнома»- ро ба забони тоҷикӣ таълиф кард.

Солҳои 1036—1037 барои Абўалӣ ибни Сино солҳои ранҷу беморӣ буданд. Алоуддавла бо мақсади забти Ҳамадон ба он ҷо лашкар кашида, Шайхурраиси беморро ҳамроҳи худ бурд. Дар роҳ бемории Шайхурраис, ки қулинҷ буд, шиддат гирифт. Ў худро дармон мекард, аммо ҳеҷ беҳтар намешуд. Ниҳоят, гуфт: «чорасозе, ки чораи ман месохт, аз чорасозӣ фурў монд; акнун дармон суде надорад». Ва ҳар   рўз  таҳорату тавба карда, дар бадали ҳар се рўз як бор Куръонро аз ёд мехонд. Ҳамчунин, аз касоне, ки ба онҳо кудурате дошта бошад, узр хоста, ғуломонашро озодӣ бахшида, молу мулкашро ба муҳтоҷон тақсим карда дод. 24 июни соли 1037 дар синни 57-солагӣ Абўалӣ ибни Сино дар Ҳамадон вафот кард, ки рўзи ҷумъаи моҳи рамазон буд. Ўро дар ҳамон ҷо ба хок супурданд. Оромгоҳаш зиёратгоҳи хосу ом гардидааст.

Абўалӣ ибни Сино аз пурмаҳсултарин олимону адибон дар ҷаҳон аст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17— 18 солагиаш, дар миёнаи солҳои 996—997, шурўъ шуда, расо чиҳил сол давом кардааст. Асарҳояшро бо насру назм, ба арабӣ ва тоҷикӣ, навиштааст. Он вақтҳо забони тоҷикии адабиро форсии   дарӣ мегуфтанд. Сабаби бисёр асарҳои илмии худро ба забони арабӣ навиштани Абўалӣ ибни Сино дар он аст, ки арабӣ мисли лотинӣ, ки дар тамоми кишварҳои насронӣ забони умумии илм буд, дар саросари олами ислом забони илмӣ шинохта шуда буд. Ҳамчунин, китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки  мафҳумҳои илмиро мефаҳмонданд, дар он забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X—XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо низ ба ин забон мегузашт.

Осори Абўалӣ ибни Сино ниҳоят зиёд аст.48 Аз рўйи тадқиқу ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саъид Нафисӣ (1896—1966), миқдори асарҳои Абўалӣ ибин Сино, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам нусахи 162 асари ў нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла, 28 асари вай ба забони модариаш тоҷикист.

Бар болои ин, як миқдор шеърҳои тоҷикии Абўалӣ ибни Сино то замони мо боқӣ мондааст.

Асарҳои Абўалӣ ибни Сино аз ҷиҳати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошанд. «Китоб-ул-инсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Ал-ҳосил ва-л-маҳсул»—20 ҷилд, «Китоб-уш-шифо» — 18 ҷилд, «Лисон-ул-араб» — 10 ҷилд, «Ал-қонун» — 5 китоб, «Наҷот» — 3 ҷилд буданд. Ин китобҳо бо «Ишороту танбеҳот», «Донишнома» ва ғайраҳо дар инкишофи илми дунё накши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд.

Тамоми асарҳои Абўалӣ ибни Синоро метавон ба чаҳор гурўҳ тақсим кард: якум – асарҳо доир ба ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ; дувум – асарҳо оид ба тиб; савум – асарҳо дар бораи илмҳои дақиқ; чаҳорум – асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат. Аммо бисёр асарҳои ў чандин илмро фаро мегиранд. Барои мисол, «Донишнома» аз қисматҳои «Мантиқ», «Илоҳиёт», «Табиъиёт», «Ҳайъат» ва «Мусиқӣ» таркиб ёфтааст. «Шифо» илоҳиёт, мантиқ, табииёт ва мусиқиро фаро мегирад.

Як ҷиҳати шигифтовар ва ҳайратангези шахсияти Абўалӣ ибни Сино он аст, ки соҳиби нерўйи фавқулодда баланди корӣ ва қувваи бемонанди ҳофиза будааст. Ў дар роҳ, ҳангоми сўҳбат, иҷрои вазифаи надимиву вазирӣ, ҳатто дар зиндону беморӣ, ба кори илмву эҷодӣ машғул мешуд. Ағлаби асарҳои худро бидуни чашмдошти музду мукофоте менавишт: гоҳе бо илтимоси ашхоси гуногуни оддӣ, гоҳе дар ҷавоби саволи касе ва гоҳе барои шогирдони худ. Ибни Сино хабар медиҳад, ки ҳанўз замони дар Бухоро буданаш дар ин кор иштиёқ доштааст: «Дар ҳамсоягии ман марде буд, ки ўро Абулҳасани Арўзӣ мегуфтанд. Аз ман хоҳиш кард барояш китобе таълифе кунам, ки ҷомеъи илмҳо бошад. Барои ў «Ал-маҷмўъ»-ро таълиф карда, ба номи вай ном ниҳодам ва дар он ҷуз илми риёзӣ дигар илмҳоро гирд овардам. Маро дар он ҳангом 21 сол буд («Ал-маҷмўъ» бо номҳои «Ал-арўзия» ва «Ҳикмати арўзия» низ маълум аст – А.А.). Инчунин, дар ҳамсоягии ман марде буд, ки ўро Абўбакри Бароқӣ мегуфтанду зодаи Хоразм буд. Ў марди доносиришт, дар фиқҳу тафсиру зуҳд ягона буда, ба ин илмҳо майл дошт. Аз ман шарҳи китобҳоро хоҳиш карду барои ў китоби «Ал-ҳосил ва-л-маҳсул» («Ҳосилу маҳсул»)-ро қариб дар 20 ҷилд тасниф кардам. Дар ахлоқ барои ў китобе таълиф кардам, ки онро китоби «Ал-бирру ва-л-исм» («Он чизе, ки иҷозат дода шудааст, ва он чизе, ки манъ аст») ном ниҳодам. Ин ду китоб танҳо назди ўсту ба ҳеҷ кас орият намедиҳад, ки аз онҳо нусха бардорад» 49.

Ҳамин тариқ, Абўалӣ ибни Сино дар Ҷурҷон барои Абўмуҳаммади Шерозӣ оид ба мантиқу нуҷум китобҳо навишта, дар ягон илм ҳамто надошт. Аммо баъзеҳо ба ин шубҳа мекарданд. Дар суҳбате аз олими забоншинос Абўмансури Ҷаббон таънае шунид, ки «ту дар забон чизе нахондаӣ». Баъди ин се сол ба омўхтани китобҳои лугат машғул гардида, се қасидаву се китоб офарид. Абўмансур он китобҳоро мутолаъа карда, аз Шайхурраис узр пурсид. Ба гуфти Ҷурҷонӣ, Абўалӣ ибни Сино «ҳар рўзе панҷоҳ варақ менавишт». Китоби «Наҷот»-ро дар роҳ гирд оварда, «Шифо»-ро, ба истиснои қисматҳои набототу ҳайвонот, ба анҷом расонд.

Боре дар Ҷурҷон аз донишмандони Шероз саволномае расид, ки аз мушкилоти як китоби Шайхурраис пурсон мешуданд. Саволномаи шерозиёнро ҳангоме ба Абўалӣ расонданд, ки  рўзи тобистон, вақти зардии офтоб, дар сўҳбате буд. Вай ба номаи шерозиён «менигаристу мардум байни худ сўҳбат мекарданд. То вақти намози бомдод Шайхурраис дар панҷоҳ сафҳа ҷавобҳоро навишта, ба дасти қосид расонд. Қосид  аз ин кор сахт дар ҳайрат монда,  ҳадис дар байни мардум қиссае шуд».

Роҷеъ ба шахсияту заковати Абўалӣ ибни Сино бисёр нақлу ривояту афсонаҳои халқӣ мавҷуданд, ки аз ақли расои ў шаҳодат дода, муҳаббати мардумро нисбат ба фарзанди нобиғаи худ ифода менамоянд. Аз ҷумла, ривоят мекунанд, ки як амири Сомонӣ рўзе, барои санҷидани Бўалӣ, мефармояд, ки дар таги чор пояи курсии вай чаҳор танга ниҳанд. Чун Бўалӣ ба курсӣ менишинад, ба осмону замин нигоҳ афканда, бо таъаҷҷуб сар меҷунбонад. Сабаби дар таъаҷҷуб афтодани ўро мепурсанд. Вай ҷавоб медиҳад: «Ба назарам, курсии ман имрўз ба миқдори пушти корде баланд гашта ва ё шифти хона ҳамин миқдор ба замин  наздик   шудааст».  Ҳамаи  ҳозирон  ба  ҳиссиёти  баланди Абўалӣ қоил шуда, ўро офарин мегўянд.

Ва Бўалӣ дар вақти гурезагиаш ба Исфаҳон меравад, ки ҳамроҳи худ ҳеҷ гуна китобе надоштааст. Талабагону олимон аз вай хоҳиш кардаанд, ки «Қонун»-ро барои хондан ба онҳо бидиҳад. Абўалӣ гуфтааст, ки ҳеҷ гуна китобе надорад, вале «Қонун»-ро метавонад аз ёд гуфта диҳад. Сипас чанд саҳифаи «Қонун»-ро аз ёд гуфтаасту онҳо навишта гирифтаанд. Баъд аз он китоби «Қонун»-ро ёфта, навиштаи худро бо он муқоиса кардаанд, ки фарқе надоштааст.

Ва ё касе ба Бўалӣ китоби худаш навиштагиро нишон додааст. Абўалӣ китобро варақ задаасту боз ба соҳибаш баргардонидааст. Рўзе ҳамон  одам китобашро  ба  подшоҳ пешкаш кардааст. Подшоҳ пурсидааст: «Ин китобро кӣ навишт?» «Ман»гуфтааст он шахс. Абўалӣ, ки дар он ҷо ҳозир будааст, «не, ин китобро шумо нанавиштаед», – гуфта, аз саҳифаи аввал то охир, нукта ба нукта, китобро аз ёд гуфта додааст. Он шахс бисёр хиҷолат кашидааст. Баъд Бўалӣ ҳакиқати воқеъаро ба подшоҳ фаҳмондааст.

Ин  навъ нақлу ривоятҳо, ки аслан  аз ҳакиқат дур нестанд, дар байни мардум хеле зиёданд.

Қаблан ишора шуд, ки соли 1012 дар Ҷурҷон Абўъубайди Абдулвоҳиди Ҷурҷонӣ бо Ибни Сино вохўрда, шогирдиву ёварии Шайхурраисро пазируфта, чун мурид дигар ҳеҷ аз ў ҷудо намешуд. Дар ҳамаи сафарҳо ҳамроҳи Шайхурраис буда, асарҳояшро ҷамъ меовард, осори нотамоми устодашро аз рўйи гуфтаҳову навиштаҳои парешони худи аллома такмил медод, ба онҳо шарҳ мебаст. Ҷурҷонӣ дебоча ва қисмати «Риёзиёт»-и китоби «Наҷот»-ро навиштааст. Қисмати «Риёзӣ»-и «Донишномаи Алоӣ» баъди марги Ибни Сино гум шуда буд. Ҷурҷонӣ қисматҳои «Риёзӣ» ва «Мусиқӣ»-ро аз «Наҷот», ки арабист, ба форсӣ баргардонда, ба «Донишнома» афзуда, онро пурра гардонд. Ҳамчунин, Ҷурҷонӣ ба китобҳои зиёди Шайхурраис шарҳҳо навиштааст. Алҳол шарҳҳои Ҷурҷонӣ ба асарҳои Ибни Сино  «Китоб-уш-шифо», «Қасидаи айния», «Ҳай ибни Яқзон», «Саломону Абсол» ва амсоли инҳо маълум аст. Ҷурҷонӣ соли 1047 дар Ҳамадон вафот карда, дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.

Шогирдони Абўалӣ ибни Сино Абўабдуллоҳи Маъсумӣ, Ибни Абўсодиқ, пайрави кеши зардуштӣ Ибни Зайла, Абдуллоҳи Ироқӣ, Абўмуҳаммади Шерозӣ, Сулаймони Димишқӣ, Баҳманёр ибни Марзбон, ки низ зардуштӣ буд, дар илмҳои фалсафа, мантиқ, ҳикмат, табииёт, риёзиёт, нуҷум, тиб, равоншиносӣ, илоҳиёт, мусиқӣ, фасоҳату балоғат ва ғайра чун олимони забардаст шинохта шудаанд.

Абўалӣ ибни Сино дар ҷаҳон, пеш аз ҳама, чун файласуф ва пизишки номӣ шинохта шудааст. Асарҳои машҳури ў дар соҳаи фалсафа ва мантиқ «Китоб-уш-шифо», «Наҷот», «Ишороту танбеҳот», «Донишнома» мебошанд, ки умдатарин масъалаҳои фалсафаро фаро мегиранд. «Китоб-ал-инфос», ки аз 20 ҷилд иборат буда, оид ба 28 ҳазор масъалаву нуктаҳои фалсафӣ баҳс мекард, боқӣ намондааст.

Осори фалсафии Шайхурраис масоъили таносуби Худо ва табиат, шаклҳои ҳастӣ, моддаву сурат, нафсу тан, сабабу натиҷа, зарурату моҳияти ҳаракат, замону макон, моҳияти зиндагӣ ва амсоли инро фаро мегиранд. Доир ба назарияи маърифат Абўалӣ Сино фикрҳои аҷоиб пеш рондааст.

Асарҳои Ибни Сино дар тўли асрҳо борҳо ба забонҳои лотинӣ, яҳудӣ, инглисӣ, олмонӣ, итолиёвӣ, фаронсавӣ, русӣ, туркӣ ва ғайра тарҷумаву нашр шудаанд. Масъалаҳои ахлоқ, ҳаёти иҷтимоъиву сиёсӣ, тарбия ва таълим дар «Рисола фӣ-л-ахлоқ», «Рисолаи илми пешину барин», «Рисола дар адли подшоҳ», «Мантиқи форсӣ», «Рисолаи тилисмоти форсӣ», «Тадбири манзил» ва амсоли инҳо низ баён шудаанд.

«Донишнома», ки  номи пуррааш «Донишномаи Алоӣ»-ст, барои Алоуддавла ба тоҷикӣ таълиф гардида, доир ба мантиқ., илоҳиёт, табииёт, ҳайат ва мусиқӣ баҳс мекунад. Абўалӣ Сино дар «Донишнома» ба ҷойи бисёр калимаву мафҳумҳои роиҷи арабӣ муродифҳои тоҷикии онҳоро ба кор бурда, барои устувор гардидани истилоҳоти илмии форсӣ хидмати арзандаеро ба ҷой овардааст. Барои намуна як миқдор истилоҳҳое зикр мешаванд, ки Абўалӣ Сино дар «Донишнома» ба кор бурдааст: ҷамъ-гирд, мизон-тарозу, ҳаракат-ҷунбиш, муҳаррик-ҷунбанда, ашё-чизҳо, шоҳид-гувоҳ, шаҳодат-гувоҳӣ, вуҷуд-ҳастӣ, ҳарорат-гармӣ, навъ-гуна, қувват-нерў, мақбул-пазиро, тарбия-парвариш, мусаллас- сесў, мураббаъ-чорсў, феъл-куниш, исм-ном, ҷисм-тан ва ғайраҳо.

Нақши Абўалӣ ибни Сино дар инкишофи илми адабиётшиносии форсу тоҷик низ бузург аст. Қисми назарраси «Ал-маҷмўъ», ки бо номи «Рисолаи ҳикмати арўз» маълум аст, ба масъалаҳои назарияи шеър бахшида шудааст. Аммо китоби «Фанни шеър», ки бахше аз «Шифо»-ст, саросар дар ин мавзўъ баҳс мекунад. Дар ин асар Абўалӣ Сино ба шарҳу тавзеҳи «Поэтика» («Фанни шеър»)-и Арасту пардохта, афкори ўро хеле инкишоф додааст. Ибни Сино ақидаи Арастуро дар бораи моҳияти шеър, навъҳову ороиш ва таъсири эмотсионалии он ба нафси инсон ва тақлид ба зиндагӣ (мимессис) буданаш пазируфта, онро «тахайюл» таъбир кардааст. Аз рўйи ин ақида, ў шеърро чун сухани хаёлангезу мавзун, баробар ва қофиядор маънидод карда, дар сиришти он маънову дониш буданро аз лавҳи хотир намеафганад ва, махсусан, арзиши зебописандӣ ва иртиботи онро бо мусиқиву рақс таъкид менамояд. Қариб тамоми суханшиносони минбаъдаи форсу тоҷик пайрави назарияи Абўалӣ ибни Сино оид ба шеър будаанд.

Абўалӣ ибни Сино чун табиатшиноси бузург дар асарҳои худ «Рисолаи кимиё», «Мақола дар бораи ҷирмҳои осмонӣ», «Мусиқӣ» ва монанди инҳо низ ба масъалаҳои фалсафаю илмҳои дакиқ дахл   кардааст.

Абўалӣ Сино бузургтарин донишманди соҳаи тиб буда, чун устоди табибони олам на фақат ба    фаъолияти рўзмарраи тиббӣ шуғл меварзид, балки дар асарҳои ҷаҳоншумули   худ   таҷрибаи   беш   аз   2000-солаи   тибби Юнони Қадим, Ҳинд, Эрон, яҳуд ва арабро ҷамъбаст кард.   Вай  асарҳои  худ  «Рисолаи  ҷавдия»,  «Рисолаи набз»  ё  «Рагшиносӣ»,  «Қурозаи  табиъиёт»,  «Ташреҳ-ул-аъзо»-ро   ба   тоҷикӣ   навиштааст.    Дар     «Рисолаи ҷавдия» усули нигоҳубини худ, ҳифзи саломатӣ, пешгирӣ кардан  аз бемориҳои зиёд, ки аломатҳояшон баён  шудаанд, хотирнишон    мегардад.  Дар    ин асар, ҳамчунин, дар бораи усули табобати моргазида, кайкгазида, резондану нест кардани ҳашарот, мор, муш ва ғайра маслиҳатҳои судбахш медиҳад.

«Рисолаи набз» ва «Давоҳои дарди дил» дар хусуси санҷиши набзи беморон, ҷигунагии беморӣ, муносибати ҷинсӣ, хусусиятҳои хоси марду зан, аз рўйи набз муайян кардани касалиҳо, иллатҳои дил ва тарзи табобати онҳо ва доруҳое, ки дар табобати дарди дил ба кор бурда мешаванд, баҳс мекунанд.

Асари дигари Абўалӣ Сино «Ал-воҳия», ки аз 149 боб иборат буда, ҳар бобаш роҷеъ ба як касалӣ ва ё гуруҳи касалиҳо баҳс мекунад. Дар он 907 навъи дору тавсиф мешавад, ки аз 709 гиёҳ ва 74 моддаи маъданӣ тайёр шуда, 94 номгўйи он доруҳое мебошанд, ки аз аъзои ҳайвонот тайёр карда мешаванд.

Хусусияти барҷастаи асарҳои тиббии Абўалӣ ибни Сино он аст, ки дар онҳо, баробари истифодаи дастовардҳои тибби пешин, таҷрибаи шахсии худи аллома ба назар гирифта шудааст. Аз ин ҷиҳат, аксарияти онҳо имрўз ҳам дар истифода мебошанд ва қимату моҳияти илмиву амалиашонро гум накардаанд.

Яке аз асарҳои машҳури тиббии Абўалӣ Сино манзумаи «Урҷуза фӣ-т-тиб» аст, ки дар ҳаҷми 1326 байти шеърӣ ба забони арабӣ таълиф шуда, бисёр нуктаҳои тибро, ки дар «Ал-қонун» мавҷуданд, ба тарзи содда, оммафаҳм ва мухтасар баён мекунад. Дар ин    асар доир ба тамоми дарду иллатҳои бадан, мизоҷ ва табъи инсон сухан меравад.

Бузургтарин асари аллома оид ба тиб «Ал-қонун» аст, ки номи пурраи он «Ал-қонун-фӣ-т-тиб», яъне «Қонун дар бораи тиб» буда, онро кўтоҳак «Қонун» низ мегўянд. «Ал-қонун» солҳои 1012—1024 ба забони  арабӣ таълиф гардида, аз панҷ китоб иборат аст. Муаллиф дар он тамоми таҷрибаҳои тибби гузаштаро ҷамъбаст карда, дар асоси санҷишу озмудаҳои шахсӣ таълимоти нави тиббии хешро эрод менамояд. Ба гуфти Ибни Сино, «тиб илмест дар бораи донистани тани инсон дар ҳоли саломатӣ ё беморӣ ва баргардонидани саломатии инсон, ки рў ба заъф овардааст». Табиби номӣ илми тибро ба ду бахш — тибби назарӣ, яъне илми усулии тиб ва тибби амалӣ, яъне тарзи табобат ҷудо мекунад. Ба тарзи дигар гўем, «Ал-қонун» асарест, ки дар бораи маҷмўъи бемориҳо, василаи табобати онҳо, вобастагии таҷрибаҳои илмӣ ва усули халқии истифодаи онҳо, тандурустӣ ва муҳофизати саломатии инсон баҳс мекунад.

 Китоби аввали «Ал-қонун» оид ба моҳият, назария ва вазифаҳои илми тиб, қисматҳои назарӣ ва амалии он, мизоҷҳои инсон ва муноснбати онҳо бо гармию сардӣ, ташреҳи узвҳои бадан, вазифаҳои аъзои бадан, набз, сабабҳои тандурустӣ ва беморӣ, таснифи касалиҳо, усулҳои умумии табобат ва ногузир будани марг баҳс мекунад. Ҳамчунин, дар бораи истеъмоли муътадили ғизо, варзиш, парвариши тифлону тарбияи наврасон сухан меравад.

Табиби бузург роҷеъ ба реҷаи рўз мувофиқи синну сол ва тоб овардан ба шароити иқлим фикрҳои аҷоиб меронад.

Тадқиқу    санҷиши 811  навъ доруи содда,    тарзи тайёр кардану хосияти онҳо, дорушиносӣ ва тарзи истифодаи доруҳо мундариҷаи китоби дувуми «Ал-қонун» аст.

Китоби савум роҷеъ ба бемориҳои гуногуни инсон аз сар то пой, варами шуш, қулинҷ, исҳол, касалиҳои чашм, бинӣ, гўш, гулў, даҳон, касалиҳои рўҳӣ ва тарзи табобати онҳо баҳс мекунад. Абўалӣ Сино пеш аз баёни бемории ҳар узв ё системаи узвҳо сохту ташреҳи онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Дар китоби чаҳоруми «Ал-қонун» аз усулу зарурати ҷарроҳӣ, шикастабандии устухонҳо, зуҳуроти таб, омос, саратон, сўхтагиҳо, захмҳо, хунравиҳо, касалиҳои рўҳӣ, бемориҳое, ки хоси ягон андому узв нестанд, касалиҳои сирояткунанда, тарзи табобати онҳо, заҳру позаҳрҳо, оростагӣ ва қубҳ сухан меравад.

Масъалаҳои дорусозӣ ва ашёи набоботу  ҳайвонот ва  маъданҳо     мавзўъи  баҳси  китоби  панҷуми «Ал-қонун» аст.

Ба гуфти Низомии Арўзии Самарқандӣ (асри XI) табибро «пас аз мутолиъаи «Ал-қонун» ҳоҷат ба дигар китобҳои тиббӣ наяфтад», ки дар асри XII ба лотинӣ, баъди як аср ба яҳудӣ тарҷума шуда, дар давоми беш аз 600 сол (асрҳои ХП—ХУШ) китоби дарсии донишгоҳҳои тиббии Аврупо будааст.

Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино, баробари файласуфи бузург ва пизишки сутург будан, дар инкишофи бисёр соҳаҳои илмҳои дақиқ, мусиқӣ ва ахлоқ низ саҳми пурарзише гузоштааст. Нақши Абўалӣ Сино дар соҳаи улуми вобаста ба забону адабиёт низ хурд нест. Вай, пеш аз ҳама, истилоҳоти илмии забонҳои арабӣ ва тоҷикиро хеле такмил дода, ба туфайли «Донишнома», рисолаҳои тоҷикӣ ва асарҳои алоҳидаи муъосирони ў собит гардид, ки забони тоҷикӣ  қодир аст маъниҳои амиқи фалсафӣ ва илмиро ифода намояд. Ҳамчунин, Ибни Сино «Лисон-ул-араб» ном асаре таълиф карда буд. ки мисли он дар луғат дида нашудааст. Асари дигари аллома «Махориҷ-ул-ҳуруф» дар бораи савтиёт (фонетика) баҳс мекунад. Рисолаҳои зиёдаш роҷеъ ба илмҳои дигари адаб ва сураҳои алоҳидаи Қуръон низ маълуманд, ки чанде аз онҳо боқӣ мондаанд, ки ба соҳаҳои забон ва адабиёт дахл   доранд.

Як нуктаро таъкид кардан лозим аст, ки дар аксари асарҳои Ибни Сино масъалаи ахлоқ, ки ба адабиёт иртиботи зич дорад, мавриди баҳс қарор мегирад. Бинобар таълимоти ахлоқии Ибни Сино, мард, пеш аз ҳама, бояд дар ислоҳи нафси худ бикўшад, хештанро солиҳу некў гардонад, покдину парҳезгор бошад, дар ахлоқу одоб, адолату мурувват, ростиву шуҷоъат намуна бошад. Ин гуна мард барои осоиш ва давом додани наслаш бояд зан бигирад; зане, ки аз ҷиҳати ақл солиму тандуруст бошад. Баъд аз оне, ки ба балоғат расиду соҳиби маълумоту касби худ гардид, мардро зарур аст, ки аввал ғами хонаву манзилро бихўрад, худу аҳли хонаводаро бо пўшоку хўрок, ки моли ҳаёт аст, таъмин намояд.

Ибни   Сино   нисбат   ба зан чунин  талабҳоро  пеш мегузорад: «Зани шоиставу некў шарики мард аст дар мулкаш ва қойими ўст дар молаш ва ҷонишини вай аст дар хонааш ва амини вай аст дар парваришу тарбияти фарзандонаш». Аз нигоҳи Ибни Сино, «беҳтарин зан занест, ки дорои сифоти зайл бошад:

  1. Хирадманд бошад.
  2. Диндор бошад.
  3. Бошарм бошад.
  4. Зираку бофатонат бошад.
  5. Дўстдору бомуҳаббат бошад.
  6. Зоянда бошад.
  7. Забондароз набошад.
  8. Итоъаткор бошад.
  9. Покдилу беғаш бошад.
  10. Дар пушти сари мард ва ҳоли ғайбати ў нигаҳдори шарафу номус бошад.
  11. Вазнину сангин бошад.
  12. Бовиқор бошад.
  13. Боҳайбат бошад.
  14. Дар мақоми хидмат ба шавҳараш такаббур наварзад, балки фурўтан бошад.
  15. Тадбири кору кирдорашро хубу некў бинамояд.
  16. Андаки шавҳарашро ба сарфаҷўйӣ зиёд кунад.
  17. Гарду ғубори ҳузну андўҳро аз дили шавҳараш ба василаи ахлоқи некў ва забонаш пок кунад ва ҳумуми шавҳарашро бо лутфи мадори худ тасаллийят диҳад».

Албатта, зани дорои чунин хислатҳо некмардро хушбахту саодатманд мегардонад.

Одамӣ муҳтоҷ аст ба вуҷуди фарзанде, ки ҳангоми дардмандиву пирӣ ба падару модар хизмат расонад, пас аз марг номи онҳоро гиромиву зинда нигаҳ дорад. Албатта, чунин фарзанд худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Фарзандро бо таълиму тарбия метавон ба ин дараҷа расонд. Барои падар фарзу қарз аст, ки ба фарзандаш номи хубу некў гузорад, илмаш биомўзонад ва касбаш ёд диҳад.

Ба фарзанд хатту савод, заруриёти диния, Қуръони маҷид, илмҳои адаб, қоидаҳои забон, суханшиносиро ҳатман ёд бояд дод. Аммо илм беохир аст. Касони толиб метавонанд тамоми умр илм омўзанд. Илм нурест, ки ба нафси кас сафо мебахшад. Хизмат ба мардум ва ҳамнавъони худ беҳтарин хислати одамист. Ба гуфти Ибни Сино, одам бояд бо тамоми қувва илм омўзад, моҳияти онро дарк намояд; илмро дар амал ба кор барад, зеро илм сабаби пешравӣ, чароғи ҷон аст, ки онро Шайхурраис ба шиша монанд мекунад, ва ҳамаи ин аз ҳикмати инсонӣ рўшнойӣ мепазирад:

Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,

Пешрафту беҳтарӣ ҷонро ҳама бо илмҳост!

Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,

Ҳикмати инсониро равған шуморидан равост.

Дар ҳақиқат, зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,

Гар шавад торик, он лаҳза ҳаётат дар фаност!

(Тарҷума аз арабӣ).

Инсон ниёзманди дўст аст; дўсте, ки мўънису ғамхор бошад. Дўст бояд мисли ойина бошад. Шахс бояд дар чунин дўст тамоми ҳунарҳо ва айбу нуқсонҳои худро бинад, бо мадади ў аз ғурур, худписандӣ, ахлоқи  ношоиста, ҳамнишини бад, кору кирдори зишту паст раҳоӣ ёбад, аз бадиҳо дур гардад. Инсони тарбиятёфта дар дўстӣ устувор, хайрандеш ва барои мардум хизматгор мешавад. Чунин шахс ҳақ дорад, ки ба сиёсату сарварии мардум ва корҳои давлатӣ шуғл варзад. Ҳидоят ба кори хайр покизатарин кори нек ва бахти баланд аст. Ягон лаззати даргузар хушбахтӣ нест. Ин аст мағзи таълимоти инсондўстонаи файласуф ва адиби бузурги тоҷик Ибни Сино.

Абўалӣ ибни Сино ба арабӣ ва тоҷикӣ шеърҳо навиштааст. Асарҳои манзуми ў ба забони арабӣ аз қасоид, қитъаҳои фалсафӣ, панду ҳикмат, танзу танқид, ишқу муҳаббат, ҳамчунин урҷузаҳо иборатанд. Урҷуза ашъорест, ки дар баҳри раҷаз эҷод гардидааст. Дар бораи «Урҷуза фӣ-т-тиб» дар боло сухан рондем, ки бо эҷоди он Бўалӣ анъанаи Устод Рўдакӣ ва Майсариро давом додааст. Манзумаи Рўдакӣ «Даврони Офтоб» илми нуҷумро бо шеър баён мекард. Майсарӣ бошад, дар замони Рўдакӣ доир ба илми тиб ба тоҷикӣ манзумае навишта буд, ки 5500 байтро фаро гирифта, имрўз ҳам боқист. Бўали Сино боз даҳ урҷузаи дигар навишта будааст, ки соҳаҳои гуногуни донишро баён мекунанд. «Қасидаи ъайния», яъне қасидае, ки қофияи  он бо ҳарфи «ъайн» тамом мешавад, мазмуни фалсафӣ дошта, дар он роҷеъ ба сайри ақл, нисбати тану ҷон су хан меравад.

Мазмуну мундариҷаи ғоявии шеърҳои тоҷикии Абўалӣ ибни Сино бо мазмуни осори илмӣ ва ашъори арабиаш робитаи ногусастанӣ доранд.

Соли 1980 дар Душанбе таҳти унвони «Авҷи Зуҳал» маҷмўъаи ашъори Абўалӣ ибни Сино ба табъ расид, ки дар он 4 ғазал, 3 қитъа, 38 рубоъӣ ва 2 фард аз шеърҳои тоҷикии Шайхурраис ҷой дода шудааст. Инчунин, дар он маҷмўъа тарҷумаи форсии   «Қасидаи ъайния» иборат аз 42 байт дар шакли маснавӣ, асли он қасида ва чанд порча шеъри арабии аллома нашр гардидааст. Мазмуни ин шеърҳоро фалсафа, ахлоқ, панд, ҳикмат, ишқ, муҳаббат, май ва танқид ташкил медиҳад. Ҷустуҷў ва дарёфти рози ашёву ҳодисаҳо, умед аз кашфи ҳақоиқи илоҳӣ ва, ниҳоят, ба хулосае омадан, ки асрори ғайб хоси Аллоҳи Таъоло буда, барои бандагон рози кашфнашавандаест, мазмуни ағлаби чунин шеърҳост.

 Абўалӣ ибни Сино бо афсўс мегўяд:

Ай кош, бидонаме, ки ман кистаме,

Саргашта ба олам аз пайи чистаме?!

Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме,

Варна ба ҳазор дида бигристаме!

Ин мазмун дар асарҳои гуногуни Шайхурраис бисёр такрор мешавад. Дар ғазале ҳам ў бо шубҳаву надомат мефаромояд:

Кас надонад, ки ман куҷо рафтам,

Худ надонам, ки ман куҷо будам!

Ҳангоми зиндагӣ ва баъди марги Ибни Сино ҳам асрҳо аҳли хурофоту тасаввуф ўро ба бединӣ айбдор мекарданд, чунки Шайхурраис нотарсона ва бериё алайҳи нодонию ҷаҳл хурўҷ мекард. Ин гурўҳҳо, ки худро донои ҷаҳон мешумурданд, аксар одамони дар ақида маҳдуд, камдониш ва дар биниш тангназар буданд. Онҳо ба алломаи замон бо чашми адоват нигариста, бар зидди ў ҳамлаҳои девонавор оварда, кофираш мегуфтанд. Ибни Сино ҳам ба онҳо дар оҳанги худашон ҷавоб мегардонд:

Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд,

Хар бош, ки ин ҷамоъа аз фарти харӣ,

Ҳар к-ў на хар аст, кофираш мехонанд!

Абўалӣ ибни Сино бо тавозўъ эътироф менамояд, ки аксари асрори оламро кашф карда бошад ҳам, дар маърифати Ҳақ натавонистааст чизеро бифаҳмад:

Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,

Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.

Дар маърифатат, чу нек фикре кардам,

Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд!

Албатта, ин эътирози аллома дуруст аст, ки ба кунҳи вуҷуди Худованд нарасидааст, зеро он аз иқтидори инсон берун ва хоси худи Парвардигор аст. Аммо дар ҳамин ҷо ҳам Абўалӣ ибни Сино ба дарки бисёр нуктаҳои борики асрори Худовандӣ расидааст. Масалан, кашф кардааст, ки Ҳақ — яъне воҷибтаъоло ҷони ҷаҳон, боису офаридгори ҷумла ҳастиҳост; ҷаҳон гўё баданест, ки ҳамаи мавҷудот, яъне одаму малоика метавонанд дарк бинамоянд, ки тамоми ҷамодоту наботот ва ҳайвоноти ҷаҳон аз унсурҳои чаҳоргона – хоку обу оташу бод сохта шудааст, ки ҳамаи инро тавҳид, яъне як будани хилқат, яъне офариниш мегўянд. Дигар ҳамаи таълимот дар бораи хилқат ва ваҳдати халлоқ-офаранда ва махлуқ-офаридашудаҳо дурўғ буда, қобили пазируфтан нест.

Ибни Сино дар як рубоъии худ мефармояд:

Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан,

Аҷносу малоика —  ҳавоси ин тан!

Аҷром — аносиру маволид — аъзо,

Тавҳид ҳамин асту дигарҳо ҳама — фан!

Фарқи ашъори Ибни Сино аз шеърҳои шоъирони дигар он аст, ки аксаран аз мазмунҳои фалсафӣ сиришта шуда, андешаҳои файласуфи ҷаҳониро роҷеъ ба нуктаҳои борики ин фан ифода намуда, дар ағлабашон ифшо нагардидани асрори Илоҳӣ таъкид мешавад. Ба рубоъии зер таваҷҷуҳ намоед:

Ай зоти ту  мар вуҷудро буда асос,

Ҷуз зоти ту нест ҳеҷ кас зотшинос!

Касро ба камолу кунҳи зотат раҳ нест,

Бар феъли ту мекунанд зоти ту қиёс!

Ба  андешаи Абўалӣ Сино, оламу ҳаводиси он ҳамеша дар гардиш буда, ободиву харобӣ доимо якдигарро метавонанд иваз кунанд:

Ҳар ҳайъату ҳар нақш, ки шуд маҳр кунун,

Дар махзани рўзгор гардад махзун.

Чун боз ҳамин вазъ шавад вазъи фалак,

Аз пардаи ғайбат оварад Ҳақ берун.

Аммо аз ин тағйироту ивазшавиҳо, ки ҳамааш дар хазинаи рўзгор маҳфуз аст, таҷриба бояд гирифт, зеро Худованд қодир аст харобиҳоро ба ободонӣ ва ободиҳоро ба вайронӣ табдил диҳад. Инро ба чашми ибратбин бояд дид.

Таълимоти ахлоқии Абўалӣ ибни Сино ба андўхтани дониш, омўхтани ҳунар, гиромидошти дўстӣ, ситоиши рафоқат, талқини адлу инсоф ва тарғиби некӣ нигаронда шудааст. Мубаллиғи бузурги ахлоқи муҳассан аз муриду  мусоҳибони худ дархост менамояд, ки  имрўз бояд кореро, ки аз дасташон меояд, анҷом диҳанд, зеро пагоҳ дер хоҳад шуд:

3-он пеш, ки  аз ҷаҳон фурў монӣ фард,

Он биҳ, ки  набоядат пушаймонӣ х(в)ард!

Имрўз бикун, чу метавонӣ, коре,

Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеч натвонӣ кард!

Панду насиҳатҳои судманди Бўалӣ Сино мисли ҳикмату андарзҳои Рўдакиву Фирдавсӣ ба арзиши баланди тарбиявӣ молик буда, ахлоқи шоистаи ҷамъиятиро тарғиб менамоянд. Дар ғазале Абўалӣ ибни Сино хислатҳои бадеро бармешуморад, ки инсони ҳақиқӣ аз онҳо бояд пок бошад, ки ҳасад, пастӣ, дурўғ, талбандагӣ, тарсончакӣ, мумсикӣ, нолидан аз рўзгор, дунёпарастӣ, аз аҷал тарсидан ва, ниҳоят, ғусса хўрдан аз наздик шудани марги худ аз он ҷумлаанд:

Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,

К-аз он шаш бувад марди озода фард:

Ҳасад бурдану сифлагию дурўғ,

Намудан ниёзу заъифию дард.

Чу ниъмат бувад, даст бар дўстон

Бибояд кушудан ба доду ба х(в) ард.

Чу шиддат бувад, роз пайдо макун,

Биҳил, то шавад рўят аз дард зард.

Саволе наярзад саросар ҷаҳон,

Чу фарҷом бошад яке оҳи сард.

Аҷал нардбоз асту мо муҳраем,

Фалак каъбатайну ҷаҳон тахти нард!

Аз рўйи фармудаи Ибни Сино, оқибатандеш ва дурустпаймон будан аз хислатҳои хуби одамист. Бинобар ҳамин, мисли он ки одам аз шакаре, ки бо заҳр омехтааст, ва ё аз пашшае, ки бар мор нишинад, аз дўсте, ки  бо душманаш ошно шуд, парҳез бояд намояд:

Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст,

Бо дўст набоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он шакар, ки  бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки  бар мор нишаст!

Ин ақида, аслан, аз таълимоти динӣ сарчашма гирифтааст, ки гуфта мешавад: дўстони Худои таъолоро дўст доред, душманонашро душман ангоред!

Абўалӣ ибни Сино ҳар қадар дўстиро ситояд, ҳамон қадар душманиро мазаммат менамояд ва дар яке аз ғазалҳои ҳасбиҳолии  арабиаш душманони худро, ки  бар зиддаш ҳамлаҳои девонавор оварда, таҳқираш мекарданд, ба сагони аккосӣ ташбеҳ медиҳад, чунки одамони солимақлу одил мебуданд, бо вай адоват намеварзиданд, зеро ақлу адолат бо ҷаҳлу адоват созгор нестанд:

Ба дилҳо ваҳм агар аз ман намебудӣ, намегуфтам

Сухан аз бахшиши айбам, намекарданд таҳқирам.

Зи тарси шери ғуррон чоҳ кованду зананд авъав,

Гирифт овози он сагҳо, валекин ман ҳамон шерам!

Пагоҳӣ ҷаста аз ҷо, каҷ назар дўзанд сўйи ман,

Зи бас бедораму шабҳо зи меҳнат дил намегирам.

Агар чашми адолат будӣ дар ҷойи адоват, пас

Намедидӣ қабеҳ он  корҳои нағзтаъсирам!

(Тарҷума аз арабӣ)

Албатта, ҷаҳони фикру андешаҳои таълимии Шайхурраис бо тарғиби дўстӣ ва танқиди душманӣ маҳдуд намегардад. Ғанимат донистани умру ба корҳои хайр сарф карданаш аз талабҳои ҷиддии дигари ўст:

Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр,

В-овард замона тоқи сармояи умр.

Аз рўйи сапедам сари пистони умед,

Бингар, ки сиёҳ мекунад дояи умр!

Услуби вижаи нигориши рубоъии мазкур дар он аст, ки суханҳои фасеҳу зебову гўшнавоз (гуҳар, пирояи умр, тоқ), маҷоз (сармояи умр, пистони умед, дояи умр) ва ғайра устодона истифода шуда, дарки матлабу маъниро сабуку равшану осон гардонидаанд, ки хоси сабки Рўдакиву саҳли мумтанеъанд.

Умуман, масъалаҳои мураккаби фалсафаву ахлоқро бо суханони ширини рўҳпарвар самимона ифода кардан маҳорати баланди шоъирии Абўалӣ ибни Синоро намоиш медиҳад. Дар рубоъии зерин ба инсонҳо панд дода мешавад, ки кас набояд побанди нафс, гирифтори ҳавову ҳавас шавад, дунёталабу ҷоҳхоҳ бошад, ки оқибат аз дўстон ҷудову ба душманон гирифтор мегардонад. Абўалии Сино на танҳо худи инсон, балки нафсро ташхисонда, онро мухотаб қарор медиҳад:

Ай нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ,

Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ!

Дунё маталаб, ҷоҳ маҷў, ишва махар,

К-аз дўст баройиву ба душман бирасӣ!

Дар байти поён тазоди аршу фарш, ки паҳнои ҷаҳонро мефаҳмонад, устодона ба кор рафтааст, яъне, кас метавонад аз хоксориву  фурўтанӣ маҳбуби дилҳо гардад:

Агар зи ҳастии худ бигзарӣ, яқин медон,

Ки аршу фарши фалак зери по тавонӣ кард!

Оҳанги навозиш аз байтҳои зерин ҳувайдост:

Рўзаке чанд дар ҷаҳон будам

Бар сари хоку бод паймудам.

Соъате лутфу лаҳзае дар қаҳр

Ҷони покизаро биёлудам.

Андешаро ба воситаи корбурди    санъатҳои баланд ифода намудан аз хусусиёти дигари сабки шоъирии  Ибни  Синост. Аз ҷумла, бунёди  қитъаи  зайл  саросар ба санъати ташхис ниҳода шудааст:

Ба ҳар диёр, ки  хашми ту корзор кунад,

Замона бар сари хунобаи ҷигар гардад.

Магар, ки баҳр ба хоки дари ту наздик аст,

Ки рўзгор аз ў дастпургуҳар гардад?!

Корзор кардани хашм ташхис ва хунобаи ҷигару сари  хунобаи  ҷигар маҷоз   буда,  дар   дохили     ташхис омадаанд.  Рубоъии зерин низ бо ташхис, суханбозӣ ва муболиғае, ки дар дохилаш тазод ҳаст, гуфта шудааст:

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,

Як мўй надонист, вале мўй шикофт.

Андар дили ман ҳазор хуршед битофт

В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.

Баъзе шеърҳои Абўалӣ ибни Сино бо камтар ороишу пероиш, вале содаву фаҳмо иншо гардида, матлаби шоъир бо калимаҳои ҳамоҳанг, маҷозҳо, сифатҳо ва истиъораҳо баён ёфтааст, ки фармону даъвати маҳзест:

Бо ҳар хасе зи рўйи ҳаво дўстӣ мадор,

Бо ҳар касе зи содадилӣ рози худ магўй!

Бо мардуми музаввири бадасли бадгуҳар

Дар кўйи мардумӣ зи пайи дўстӣ мапўй!

Гар боядат, ки кам нашавад обрўй, ту

Фармону ихтилоти фурўмоягон маҷўй!

Дар обрўй кўш, азеро ки оби рўй

Чун кам шавад, бад-ў напазиранд обрўй!

 Ин навъ шеьрҳо баёния ва хитобаҳои пандгўёну омўзгорони тамоми давру замонҳоро мемонанд:

Гумон барам, ки дар он рўзгори тира чу шаб

Бихуфт чашми мурувват, бимурд модари ҷуд.

Зи сайри ҳафт ситора дар он дувоздаҳ бурҷ

Ба даҳ-дувоздаҳ сол андар ин диёру ҳудуд

Ҳазор шахси карим аз вуҷуд шуд ба адам,

Ки як карим намеояд аз адам ба вуҷуд!

Байти аввал мағзи матлабро ифода карда, ҳафт ситора дар байти дувум ҳафт сайёраро мефаҳмонад; дувоздаҳ бурҷ дувоздаҳ бурҷи фалакист, ки рамзи дувоздаҳ моҳи ҳар сол аст; адам дар байти охирин нестист; ҳосили мақсуди шоъир он аст, ки дигар дар дунё муруввату саховат боқӣ намонда, даҳ-дувоздаҳ сол боз ҳол ҳамин аст, ки мисоли дигари асари рўзгор ба афкори мардуми рўзгор, аз ҷумла, суханвари замон, мебошад.

 Ашъори ишқиро Абуалӣ Сино аз тору пуди латофату назокат мебофад, ки рубоъии зерин гувоҳи дурустии чунин даъвост:

Ай дил, ҳама ҷоми ошиқӣ нўш чу гул,

Пайваста либоси ошиқӣ пўш чу гул!

Чун шамъ забони оташин дорад ишқ,

Зинҳор мабош пунбадаргўш чу гул!

Шеърҳои Шайхурраис миқдоран кам бошанд ҳам, дар таърихи назми форсу тоҷик мақоми арҷмандеро ишғол намуда, барои бисёриҳо сармашқи  амал қарор гирифтаанд.

Бидуни шубҳа, Абўалӣ ибни Сино аз доноёни бузургу мутафаккирони сутургест, ки бо асарҳои тиббию фалсафӣ ва адабии худ дар тўли ҳазор соли гузашта дар кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб шуҳрати бемонанд пайдо кардааст. Ў дар тиб олимест, ки таҷрибаи илми ҷаҳонии пеш аз худро ҷамъбаст намуда, барои ояндагон асарҳои арзандае ба ёдгор гузоштааст, ки шоҳроҳи минбаъдаи илмро муайян кардаанд. «Урҷуза фӣ-т-тиб» ва «Ал-қонун», ки дар таърихи илми тиб ҳамто надоранд, ҳанўз дар асри ХП аз тарафи Ҷерарди Кремонӣ (1114— 1187) ба лотинӣ баргардонда шуда буданд, ки баъдҳо Андрӣ Алпагус таҳриру ислоҳаш намуд. Соли 1279 Натан-та-Меатӣ (Ҳамматӣ) «Ал-қонун»-ро ба яҳудӣ тарҷума кард. Баъд аз ихтироъи дастгоҳи чоп «Ал-қонун» ба забони лотинӣ нахустин бор соли 1473 дар Венесия ва соли 1491 дар Неапол нашр гардид. Дар асри XV 15 бор ва дар асри XVI зиёда аз 20 маротиба чоп шуд. Аз ҷиҳати миқдори чоп «Ал-қонун» бо китоби муқаддаси масеҳиён «Библия» баробар меомад. Мукаммалтарин тарҷумаи лотинии «Ал-қонун» ба қалами Плембий мутаъаллиқ аст, ки соли 1658 дар Лвов чоп шудааст. Матни аслии арабии он соли 1593 дар Рим (Итолиё) нашр шуд. Дар як расми кандакории асрҳои миёна, ки дар Аврупо кашида шудааст, Ибни Сино тоҷ бар сар ва дар ду паҳлўяш Буқроту Ҷолинус акс ёфтаанд. «Ал-қонун» ба бисёр забонҳои дигари ҷаҳони мутамаддин гаштаю баргашта тарҷумаву нашр шудааст. Онро Данте, Леонардо да Винчи, Кант, Везалий хонда, аз он иқтибосҳо овардаанд. «Ал-қонун» дар тўли асрҳо китоби рўйимизии табибони олам буда,  ҳоло ҳам аҳамияти илмии худро гум накардааст.

Асари дигари аллома «Урҷуза фӣ-т-тиб» ба забонҳои лотинӣ, яҳудӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, руминӣ, ўзбакӣ, русӣ ва ғайра тярҷумаву чоп шудааст. Охирин тарҷумаи лотинии асар аз ҷониби Антоннус Деузингиус соли 1649 дар Нидерланд нашр шуда буд.

Асарҳои оламшумули алломаи беназири тоҷик Абўалӣ ибни Сино то ҳоло гаштаву баргашта ба забонҳои гуногуни олам тарҷумаву чоп мешаванд.

Нақши Шайхурраис дар таърихи фалсафаи ҷаҳон чунон бузург аст, ки  баъд аз Арасту (384— 322 пеш аз мелод), мувофиқи эътирофи умум, касе дар олами фалсафа монанди ў пайдо нашудааст. Олимони соҳа дар Шарқу Ғарб, минҷумла, Ибни Рушд, Умари Хайём, Муҳаммади Ҷурҷонӣ, Насириддини Тўсӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Ҷалолиддини Даввонӣ ва дигарон ба таълимоти фалсафии ў пайравӣ кардаанд. Сичери Брабантӣ (асри ХШ) асосҳои таълимоти худро аз асарҳои фалсафии Ибни Сино гирифтааст. Ҳанўз соли 1593 дар Рим тарҷумаи лотинии «Наҷот» чоп шуда буд. Соли 1951 хонум А. Гвашеи онро ба фаронсавӣ баргардондаву мунташир сохт.

Асарҳои адабии Ибни Сино низ ба бисёр забонҳо тарҷумаву нашр шудаанд.

Аз замони зиндагии Абўалӣ Сино сар карда, мухолифини  зиёди ғоявиаш алайҳи вай ҳамла мекарданд, ки донишмандони бузурге чун Имом Ғазолӣ, Фахриддини Розӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фомаи Аквинӣ ва амсоли инҳо дар он қабил буда, гувоҳ аз бузургии бениҳояти ҷаҳони андешаву бархўрди Абўалӣ ибни Сино медиҳад. Аксу минётурҳои зиёде, ки дар мамлакатҳои мусулмонӣ ва кишварҳои ғарбӣ роҷеъ ба Ибни Сино кашида шудаанд, аз шуҳрати волои ҷаҳонӣ ва муҳаббати беолойиши ҳамагонӣ ба ин нобиғамарди оламшумул дарак медиҳанд.

Дар Тоҷикистону Эрон аз хусуси ҷараёни зиндагии аллома филму намоишномаҳои зиёд офарида шуда, ашъори ў ҳамеша дар оҳангҳои халқиву «Шашмақом» суруда мешаванд. Соли 1954 бо Қарори Шўрои умумиҷаҳонии сулҳ, аз рўйи солшумории ҳиҷрӣ, ва соли 1980 бо Қарори ЮНЕСКО мутобиқи тақвими масеҳӣ, дар тамоми дунё ҷашни 1000-солагии зодрўзи Абўалӣ ибни Сино таҷлил гардида, даҳҳо кўчаву хиёбон, мактабу омўзишгоҳу донишкада, корхонаву бунгоҳи нашру табъ дар Тоҷикистону Эрон, Афғонистону Ўзбакистон, Туркияву Покистон ва кишварҳои дигар ба номи Абўалӣ ибни Сино гузошта шуданд. Дар Душанбеву Бухоро ҳайкалҳои биринҷии алломаи   беҳамто    чун   нишони ҳашамату абадият қадафроз гаштанд, ки ному мақомашро зинда медоранд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …