Главная / Илм / БРОНХОЛИТИАЗ

БРОНХОЛИТИАЗ

bronholitiazБРОНХОЛИТИАЗ (Broncholitiasis; аз бронххо ва юн. lithos – санг), беморие, ки хангоми он дар чавфи бронххо санг (бронхолитхо) пайдо мешавад. Бронхолитхо, одатан, баъди аз сар гузарондани бронхаденити сили ба вучуд меоянд. Онхо чузъхои ба калтсий табдилёфтаи гуддахои лимфавии бронху шуш буда, ба сурохи бронх дар вакти некрози девораи он ворид мегарданд.
Аломатхои болинии Б. хунпартои, сурфа ва г. мебошанд (ниг. Бронхит). Баъзан дар балгам низ заррахои бронхолитхоро мушохида кардан мумкин аст. Б. гохо бидуни ягон аломат рух менамояд. Бемориро бо рохи муоинаи рентгенологии мариз, аз чумла бронхография ва бронхоскопия ташхис мекунанд. Дар мавриди бронхоскопия бронхолитхои дар рохи нафас озод чойгирифтаро ба тавассути экстракторхо дур месозанд. Хангоми ба сурохи бронх пурра ворид нашудани бронхолит ва вучуд доштани хавфи хунрави ба амалиёти чаррохи даст мезананд. Дар сурати сари вакт табобат кардани Б. фарчоми бемори хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …