Хатибе карехуссавт худро хушовоз пиндошти ва фарёди беҳуда бардоштӣ. Мардум қаря ба иллати ҷоҳе, ки дошт, балияташ ҳамекашиданд ва азияташро маслиҳат намедиданд. То яке аз хутабои он иқлим, ки бо ў адовате ниҳони дошт, боре ба пурсиши вай омада буд, гуфт:
– Туро хобе дидаам, хайр бод!
Гуфто:
– Чӣ дидӣ?
Гуфт:
– Чунон дидаме, ки туро овози хуш буд ва мардумон аз анфоси ту бар роҳат буданд.
Хатиб андар ин лахте бияндешиду гуфт:
– Ин муборак хобест, ки диди, маро бар айби худ воқиф гардонидӣ. Маълум шуд, ки овози нохуш дорам ва халқ аз баланд хондани ман дар ранҷ. Тавба кардам, ки аз ин пас хутба нагўям, магар ба оҳистагиӣ.
Аз сўҳбати дўсте ба ранҷам,
К-ахлоқи бадам ҳасан намояд.
Айбам ҳунару камол бинад,
Хорам гулу ёсуман намояд.
Ку душмани шухчашми нопок,
То айби маро ба ман намояд?
***
Ҳар он кас, ки айбаш нагўянд пеш,
Ҳунар донад аз ҷоҳили айби хеш.