Главная / Гуногун / Хатиб -Аз сухбати дусте ба ранчам

Хатиб -Аз сухбати дусте ба ранчам

Хатибе карехуссавт худро хушовоз пиндошти ва фарёди бехуда бардошти. Мардум каря ба иллати чохе, ки дошт, балияташ хамекашиданд ва азияташро маслихат намедиданд. То яке аз хутабои он иклим, ки бо у адовате нихони дошт, боре ба пурсиши вай омада буд, гуфт:

17188– Туро хобе дидаам, хайр бод!
Гуфто:
– Чи диди?
Гуфт:
– Чунон дидаме, ки туро овози хуш буд ва мардумон аз анфоси ту бар рохат буданд.
Хатиб андар ин лахте бияндешиду гуфт:
– Ин муборак хобест, ки диди, маро бар айби худ вокиф гардониди. Маълум шуд, ки овози нохуш дорам ва халк аз баланд хондани ман дар ранч. Тавба кардам, ки аз ин пас хутба нагуям, магар ба охистагии.

Аз сухбати дусте ба ранчам,
К-ахлоки бадам хасан намояд.
Айбам хунару камол бинад,
Хорам гулу ёсуман намояд.
Ку душмани шухчашми нопок,
То айби маро ба ман намояд?

***
Хар он кас, ки айбаш нагуянд пеш,
Хунар донад аз чохили айби хеш.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …