Искандари румиро пурсиданд: «Диёри Машриқу Мағриб ба чӣ гирифтӣ, ки мулуки пешинро хазоин ва умру лашкар беш аз ин будааст ва чунин фатҳе муяссар нашуд?»
Гуфто:
– Ба авни худои азза ва чалла ҳар мамлакатеро, ки гирифтам, раияташ наёзурдам ва номи подшохон чуз ба накўӣ набурдам.
Бузургаш нахонанд аҳли хирад,
Ки номи бузургон ба зиштӣ барад.
***
Ин ҳама ҳеҷ аст чун мебигзарад,
Бахту тахту амру нахю гиру дор
Номи неки рафтагон зоеъ макун,
То бимонад номи некат ёдгор.