Главная / Гуногун / Санъат дар асрҳои XIX-XX

Санъат дар асрҳои XIX-XX

Санъат. Аз нимаи дуюми асри XIX cap карда, санъат то соли 1918 дар Европаи Ғарбӣ ва Америка роҳи бузурги тараққиётро тай кард. Дар ин давра дар байни ҷараёнҳои гуногуни он рақобат вуҷуд дошт. Оқибат санъати демократӣ ва реалистӣ арзи вуҷуд мекунад.

Санъати рассомӣ. Ба шарофати тараққиёти босуръати санъати реалистӣ дар баъзе мамлакатҳо санъати милли хеле пеш рафт. Рассомон асарҳои реалистии шоёни тақозои замонро меофариданд. Инро мо дар мисоли Русия гуфта метавонем. Рассомони машҳури он замони ин мамлакат И. Е. Репин ва В. А. Серов обрӯи ҷаҳонӣ пайдо намуданд.

hqdefault

Дар охири асри XIX – аввали асри XX санъати рассомии Фаронса дар Европа ва Америка мавқеи пешсафро ишғол мекард. Дар давоми қариб ним аср мактаби рассомии фаронсавӣ ба ҷаҳониён як гулдастаи рассомонро тӯҳфа кард. Дар ин гулдаста Эдуард Манэ, Эдгар Дега, Камилл Писарро, Огюст Ренуар, Клод Моне, Алфред Сислей ва Пикассои ҷавон мавқеи махсус доштанд.

Дар Германия бошад, дар натиҷаи таъсири васвасаи миллатчигӣ ва никорталабии баъди ғалаба дар ҷанги солҳои 1870 – 1871 бар Фаронса санъат рӯ ба таназзул ниҳод. Вале ба ҳар ҳол дар ин мамлакат ҳам устодони забардасти санъати рассомӣ, ба монанди Вилгелм Лейбл ба воя расиданд.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …