Ҳамаи дигаргуниҳои дар муҳити зисти мо ба вуҷудояндаро ҳодисаҳои табиӣ меноманд. Онҳо ҳамеша дар натиҷаи кадом як сабаб ба вуҷуд меоянд. Тағйирёбии таркиби ҷинсу моддаҳо, табдил ёфтани як модда ба моддаи дигар ҳодисаи кимиёвӣ номида мешавад.
Оташ гирифтани сӯзишворй, занг задани мехҳои оҳанй ва ғайра намунаи ҳодисаҳои кимиёвй ба шумор мераванд.
Агар таркиби ҷисмҳо ва моддаҳо дар ҷараёни ҳодиса тағйир наёбанд, пас онро ҳодисаи физикӣ меноманд. Васеъ шудани ашё ҳангоми гарм кардан, пайдо шудани соя, ҳаракати ашё, гарм шудани ноқил ҳангоми интиқол ёфтани ҷараёни барқ ва ғайра намунаи ҳодисаҳои физикӣ мебошанд.
Дар маҷмуъ мо он ҳодисаҳоро мехоникй, барқй, магнитӣ, рӯшной меномем. Ҳодисае, ки бо ҷисмҳои табиати зинда, ки қобилияти мубодила кардан бо муҳити зистро доранд, нашъунамо карда, афзоиш ёфтанро доранд, ҳодисаҳои биологӣ номида мешаванд.
Нашъунамо ёфтани растаниҳо, ҳаёти ҳайвонот, афзоиш ва рушди онҳо ва ғайра мисоли ҳодисаҳои биологӣ шуда метавонанд.
Дар синфҳои болоӣ мо таври амиқтар ҳодисаҳои зикршуда ва илмҳо дар бораи табиатро: биология, кимиё, физика, география баррасӣ хоҳем кард. Дар параграфҳои оянда мо таври кӯтоҳ дар бораи баъзе аз онҳо таваққуф хоҳем кард.
Дар асоси таъсири мутақобилаи ҳодисаҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва астрономй ҳодисаҳои ҷуғрофӣ метавонанд пайдо шаванд.