Главная / Биология / ДАВРИ ЯКУМИ ТАКСИМШАВИИ МЕЙОЗИ

ДАВРИ ЯКУМИ ТАКСИМШАВИИ МЕЙОЗИ

Дар профазаи 1 торхои хроматин (хромосома) дар зери микроскопи рушнои намоёнанд ва шакли спирали доранд.

Дар хамин давра, агар биноиши микроскопро калон кунем, маълум мегардад, ки хар як хромосома ду хроматин дошта онхо бо хам ба сентромерашон часпидаанд. Хромосомахои гомологи бо хам наздик ва нуктахои бо хам мувофики онхо чафс мешаванд. Дар мейоз раванди чафсшавии кисмхои бо хам мувофики хромосомахои гомологиро конюгатсия меноманд. Дар рафти конюгатсия хромосомахои гомологи, ки хар яки он аз ду хроматид иборат аст, бо хам наздик мешаванд (масофаи байни онхо аз 120 нм зиёд нест).

6-7

Албатта, хромосомахо пахлу ба пахлу нахобида, бо ёрии торхои сафедави, ки дар кисме аз онхо чойхои холи мавчуд аст, якдигарро нигох медоранд. Торхои хар ду хромосома дар шакли зирех бо хамдигар пайваст шудаанд (расми 6.6).

Бо ёрии чунин часпакхо (купрукча) хромосомахои гомологи метавонанд дуру дароз дар холати конюгатсия нигох дошта шаванд. Чуфти хромосомахои бо хам наздикшударо бивалент (аз лотини bi-дучанд) ё тетрада (юнони tеtro – чортоги) меноманд. Дар оянда дар байни хромосомае, ки бивалентро ташкил мекунад, ивазшавии кисмхои якхелаи хромосомахои гомологи, яъне генхои якхеладошта ба амал меояд. Ин равандро чилликшави меноманд (расми 6.7). Дар охири профаза дар байни хромосомахои гомологи кувваи теладиханда пайдо шуда, аввал аз кисми сентромер (кашишхуранда) ва охиста ба дигар кисмхо таъсир мерасонад. Хромосомахо танхо дар чойхои чилликшуда бо хам алокаманд мешаванд (расми 6.8)

Дар метафазаи 1 спиралшавии хромосомахо ба нуктаи баландтарин расида, онхо кутох ва гафс мешаванд. Хромосомахои якчояшуда (конюгатсияшуда) дар хати марказ чой мегиранд ва сентромерахои хромосомахои гомологи ба чонибхои мукобили кутбхои хучайра менигаранд (расми 6.8).

Бо сентромерахо торхои дук (ахроматин) пайваст мешаванд. Дар хамин давра микдори хромосомахоро дар зери микроскоп ба хисоб гирифтан нисбатан осон аст.

Дар анафазаи 1, душхои хромосомахо аз хам чудо шуда, хромосомахо ба кутбхои гуногун кашида мешаванд. Хамин тавр, дар хучайрахои духтари аз хар чуфти хромосомахои гомологи факат як хромосома чойгир мешавад. Микдори хромосомахо ду баробар кам шуда, дастаи хромосомахо гаплоиди аст. Вале дар хамин холат хар хромосома аз ду хроматин иборат буда, микдори КДН-и дучанда дорад. Хуллас, баъди таксимшавии якуми мейози дастаи хромосомахо баробар (1n, 2с) аст.

Дар телофазаи 1 дар муддати кутох пардаи ядрои пайдо мешавад. Аз сабаби он ки хромосомахои алохидаи хучайрахои духтари гаплоидианд ва микдори КДН-и дучандаи онхо нигох дошта мешавад, бинобар ин, дар (интеркинез)

байни таксимшавии якумин ва дуюмини мейози дучандшавии КДН ба амал намеояд. Хучайрахое, ки дар натичаи таксимшавии якуми мейози хосил шудаанд, бо хосият ва таркиб аз хромосомахои падари ва модари, хамчунин бо генхои худ фарк мекунанд. Масалан, хамаи хучайрахои чисми одам, аз чумла, хучайрахои аввалин (ибтидои)-и чинси, 46-хромосома доранд.

Аз ин микдор хромосома 23-то аз тарафи модар ва 23-то аз тарафи падар аст. Баъди таксимшавии якуми мейози дар сперматозоидхо ва ооситхо факат 23 хромосома чой дорад, яъне аз хар як чуфти хромосомахои гомологи яктоги. Лекин дар натичаи тасодуфан кашиш хурдани хромосомахои падари ва модари дар анафазаи I хучайрахое пайдо мешаванд, ки комбинатсияи гуногуни хромосомахои волидонро доранд. Масалан, дар яке аз ин хучайрахо мумкин аст 3 хромосомаи падари ва 20 хромосомаи модари, дар дигараш 10 хромосомаи падари ва 13 хромосомаи модари, дар сеюмаш 20 хромосомаи падари ва 3 хромосомаи модари ва гайра чойгир шавад.

Микдори эхтимолияти омезиш (комбинатся) хело зиёд аст. Агар ивазшавии (доду гирифти) хромосомахои гомологиро ба назар гирем, он гох маълум мегардад, ки хар хучайраи хосилшуда бехамтост (ягона ва такрорнашаванда), зеро дорои дастаи генхои такрорнашаванда мебошад. Хамин тавр, мейоз асоси таъгйирпазирии генотипи ва комбинативи аст.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …