Главная / Биология / ДАВРИ ЯКУМИ ТАҚСИМШАВИИ МЕЙОЗӢ

ДАВРИ ЯКУМИ ТАҚСИМШАВИИ МЕЙОЗӢ

Дар профазаи 1 торҳои хроматин (хромосома) дар зери микроскопи рўшноӣ намоёнанд ва шакли спиралӣ доранд.

Дар ҳамин давра, агар биноиши микроскопро калон кунем, маълум мегардад, ки ҳар як хромосома ду хроматин дошта онҳо бо ҳам ба сентромерашон часпидаанд. Хромосомаҳои гомологӣ бо ҳам наздик ва нуқтаҳои бо ҳам мувофиқи онҳо ҷафс мешаванд. Дар мейоз раванди ҷафсшавии қисмҳои бо ҳам мувофиқи хромосомаҳои гомологиро конюгатсия меноманд. Дар рафти конюгатсия хромосомаҳои гомологӣ, ки ҳар яки он аз ду хроматид иборат аст, бо ҳам наздик мешаванд (масофаи байни онҳо аз 120 нм зиёд нест).

6-7

Албатта, хромосомаҳо паҳлў ба паҳлў нахобида, бо ёрии торҳои сафедавӣ, ки дар қисме аз онҳо ҷойҳои холӣ мавҷуд аст, якдигарро нигоҳ медоранд. Торҳои ҳар ду хромосома дар шакли зиреҳ бо ҳамдигар пайваст шудаанд (расми 6.6).

Бо ёрии чунин часпакҳо (кўпрукча) хромосомаҳои гомологӣ метавонанд дуру дароз дар ҳолати конюгатсия нигоҳ дошта шаванд. Ҷуфти хромосомаҳои бо ҳам наздикшударо бивалент (аз лотини bi-дучанд) ё тетрада (юнонӣ tеtro – чортогӣ) меноманд. Дар оянда дар байни хромосомае, ки бивалентро ташкил мекунад, ивазшавии қисмҳои якхелаи хромосомаҳои гомологӣ, яъне генҳои якхеладошта ба амал меояд. Ин равандро чилликшавӣ меноманд (расми 6.7). Дар охири профаза дар байни хромосомаҳои гомологӣ қувваи теладиҳанда пайдо шуда, аввал аз қисми сентромер (кашишхўранда) ва оҳиста ба дигар қисмҳо таъсир мерасонад. Хромосомаҳо танҳо дар ҷойҳои чилликшуда бо ҳам алоқаманд мешаванд (расми 6.8)

Дар метафазаи 1 спиралшавии хромосомаҳо ба нуқтаи баландтарин расида, онҳо кўтоҳ ва ғафс мешаванд. Хромосомаҳои якҷояшуда (конюгатсияшуда) дар хати марказ ҷой мегиранд ва сентромераҳои хромосомаҳои гомологӣ ба ҷонибҳои муқобили қутбҳои ҳуҷайра менигаранд (расми 6.8).

Бо сентромераҳо торҳои дук (ахроматин) пайваст мешаванд. Дар ҳамин давра миқдори хромосомаҳоро дар зери микроскоп ба ҳисоб гирифтан нисбатан осон аст.

Дар анафазаи 1, дўшҳои хромосомаҳо аз ҳам ҷудо шуда, хромосомаҳо ба қутбҳои гуногун кашида мешаванд. Ҳамин тавр, дар ҳуҷайраҳои духтарӣ аз ҳар ҷуфти хромосомаҳои гомологӣ фақат як хромосома ҷойгир мешавад. Миқдори хромосомаҳо ду баробар кам шуда, дастаи хромосомаҳо гаплоидӣ аст. Вале дар ҳамин ҳолат ҳар хромосома аз ду хроматин иборат буда, миқдори КДН-и дучанда дорад. Хуллас, баъди тақсимшавии якуми мейозӣ дастаи хромосомаҳо баробар (1n, 2с) аст.

Дар телофазаи 1 дар муддати кўтоҳ пардаи ядроӣ пайдо мешавад. Аз сабаби он ки хромосомаҳои алоҳидаи ҳуҷайраҳои духтарӣ гаплоидианд ва миқдори КДН-и дучандаи онҳо нигоҳ дошта мешавад, бинобар ин, дар (интеркинез)

байни тақсимшавии якумин ва дуюмини мейозӣ дучандшавии КДН ба амал намеояд. Ҳуҷайраҳое, ки дар натиҷаи тақсимшавии якуми мейозӣ ҳосил шудаанд, бо хосият ва таркиб аз хромосомаҳои падарӣ ва модарӣ, ҳамчунин бо генҳои худ фарқ мекунанд. Масалан, ҳамаи ҳуҷайраҳои ҷисми одам, аз ҷумла, ҳуҷайраҳои аввалин (ибтидоӣ)-и ҷинсӣ, 46-хромосома доранд.

Аз ин миқдор хромосома 23-то аз тарафи модар ва 23-то аз тарафи падар аст. Баъди тақсимшавии якуми мейозӣ дар сперматозоидҳо ва ооситҳо фақат 23 хромосома ҷой дорад, яъне аз ҳар як ҷуфти хромосомаҳои гомологӣ яктогӣ. Лекин дар натиҷаи тасодуфан кашиш хўрдани хромосомаҳои падарӣ ва модарӣ дар анафазаи I ҳуҷайраҳое пайдо мешаванд, ки комбинатсияи гуногуни хромосомаҳои волидонро доранд. Масалан, дар яке аз ин ҳуҷайраҳо мумкин аст 3 хромосомаи падарӣ ва 20 хромосомаи модарӣ, дар дигараш 10 хромосомаи падарӣ ва 13 хромосомаи модарӣ, дар сеюмаш 20 хромосомаи падарӣ ва 3 хромосомаи модарӣ ва ғайра ҷойгир шавад.

Миқдори эҳтимолияти омезиш (комбинатся) хело зиёд аст. Агар ивазшавии (доду гирифти) хромосомаҳои гомологиро ба назар гирем, он гоҳ маълум мегардад, ки ҳар ҳуҷайраи ҳосилшуда беҳамтост (ягона ва такрорнашаванда), зеро дорои дастаи генҳои такрорнашаванда мебошад. Ҳамин тавр, мейоз асоси таъғйирпазирии генотипӣ ва комбинативӣ аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …