Аз Хазрати Абдуллох ибни Амр ибни Ос (раз) ривоят аст, ки: «Расулуллох (с) фармуданд: «Хар гох яке аз шумо дар хоб битарсад, ин дуоро бихонад, пас шайтонхо он шахсро зарару зиёне нахоханд расонид».
Дуо ин аст:
Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим
Аузу би калимотиллохи-т-томмоти мин газабихи ва азобихи ва мин шарри ибодихи ва мин хамазоти-ш-шаётини ва ай-яхзурун.
Тарчума: Ман бо калимоти томмоти Аллох панох мечуям аз хашму азоби У ва аз шарри бандагони у ва аз васвосу таъсироти шайтони ва аз ин, ки шаётин ба назди ман оянд ва маро азият кунанд.