Моддаи 31-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Шохид
- Ба сифати шохид дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури шахсе пурсида мешавад, ки ба у ягон холати барои парванда ахамиятдошта, маълум аст. Агар шохид манбаи маълумоти баённамудаашро нишон дода натавонад, чунин маълумот далел ба хисоб намеравад.
- Шохид хукук дорад:
– ба мукобили худ, хешовандони наздикаш нишондод надихад;
– бо забони модари ё забони дигаре, ки онро медонад, баёнот дихад;
– аз кумаки ройгони тарчумон истифода барад;
– доир ба дурустии сабт кардани баёноти у дар протокол эрод гирад.
- Шохид ухдадор аст бо даъвати судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди у карор дорад, дар мухлати мукарраргардида хозир шавад ва баёноти дуруст дихад, хамаи маълумотеро, ки вобаста ба парванда ба у маълум аст, хабар дихад, ба саволхои гузошташуда чавоб дихад ва бо имзояш дар протоколи дахлдор дурустии нишондоди худро тасдик намояд.
- Хангоми пурсиши шохиди ноболиги ба синни чордах нарасида иштироки намояндаи конунии у, омузгор ё равоншинос хатми мебошад.
- Шохид огох карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани нишондоди бардуруг ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.
- Барои рад намудан ё саркаши кардан аз ичрои ухдадорихои пешбининамудаи кисми 3 хамин модда шохид тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.