Шоҳид

Моддаи 31-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Шоҳид 

  1. Ба сифати шоҳид дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахсе пурсида мешавад, ки ба ӯ ягон ҳолати барои парванда аҳамиятдошта, маълум аст. Агар шоҳид манбаи маълумоти баённамудаашро нишон дода натавонад, чунин маълумот далел ба ҳисоб намеравад.
  2. Шоҳид ҳуқуқ дорад:

– ба муқобили худ, хешовандони наздикаш нишондод надиҳад;

– бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки онро медонад, баёнот диҳад;

– аз кӯмаки ройгони тарҷумон истифода барад;

– доир ба дурустии сабт кардани баёноти ӯ дар протокол эрод гирад.

  1. Шоҳид ӯҳдадор аст бо даъвати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир шавад ва баёноти дуруст диҳад, ҳамаи маълумотеро, ки вобаста ба парванда ба ӯ маълум аст, хабар диҳад, ба саволҳои гузошташуда ҷавоб диҳад ва бо имзояш дар протоколи дахлдор дурустии нишондоди худро тасдиқ намояд.
  2. Ҳангоми пурсиши шоҳиди ноболиғи ба синни чордаҳ нарасида иштироки намояндаи қонунии ӯ, омӯзгор ё равоншинос ҳатмӣ мебошад.
  3. Шоҳид огоҳ карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  4. Барои рад намудан ё саркашӣ кардан аз иҷрои ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда шоҳид тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …