Моддаи 120-и Кодекси оила. Тагйир додани андозаи алименти мукаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент
- Агар хангоми набудани созишномаи тарафхо оид ба пардохти алимент баъди тибки тартиби суди мукаррар намудани андозаи алимент вазъи модди ва оилавии алиментдиханда ё алиментгиранда тагир ёфта бошад, суд хукук дорад бо талаби хар яки онхо андозаи мукарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдихандаро аз додани он озод намояд. Хангоми тагйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он суд метавонад инчунин хар гуна манфиати дигари кобили таваччухи тарафхоро ба инобат гирад.
- Агар мукаррар гардад, ки шахси ба балогатрасидаи кобили амал нисбати шахси барои додани алимент ухдадоршуда касдан чиноят содир кардааст ё хангоми рафтори ношоистаи аъзои болиги кобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиги кобили амал рад намояд.