Моддаи 142-и Кодекси Андоз. Лахзаи гирифтани даромад дар холатхои чудогона бо истифодаи усули кассави
- Агар андозсупоранда маблагхои пули гирад, пас лахзаи гирифтани даромад лахзаи гирифтани маблагхои пулии накд ва хангоми пардохти гайринакди бошад, лахзаи ворид гардидани маблагхои пули ба суратхисоби бонкии у ё дигар суратхисобе ба хисоб меравад, ки у ихтиёрдори карда метавонад ё хукуки аз он гирифтани маблагхои мазкурро дорад.
- Агар хисоббаробаркуни барои дастрас намудани молхо, ичрои корхо ё хизматрасонихо дар давоми зиёда аз 6мохи таквими бо усули кассави анчом дода нашавад, новобаста ба мукаррароти кисми 1 хамин модда, барои максадхои андозбанди хисоббаробаркунидар мохи пурраи таквимии охирон анчомдодашуда хисобида мешавад.
- Дар сурати бекор кардан ё пушонидани ухдадории молиявии андозсупоранда, аз чумла хангоми бахисобгирии байнихамдигари, лахзаи гирифтани даромад лахзаи бекор кардан ё пушонидани ухдадори ба хисоб меравад.