Главная / Ҷамъият / Лаҳзаи гирифтани даромад дар ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ

Лаҳзаи гирифтани даромад дар ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ

Моддаи 142-и Кодекси Андоз. Лаҳзаи гирифтани даромад дар ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ

  1. Агар андозсупоранда маблағҳои пулӣ гирад, пас лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи гирифтани маблағҳои пулии нақд ва ҳангоми пардохти ғайринақдӣ бошад, лаҳзаи ворид гардидани маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби бонкии ў ё дигар суратҳисобе ба ҳисоб меравад, ки ў ихтиёрдорӣ карда метавонад ё ҳуқуқи аз он гирифтани маблағҳои мазкурро дорад.
  2. Агар ҳисоббаробаркунӣ барои дастрас намудани молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо дар давоми зиёда аз 6моҳи тақвимӣ бо усули кассавӣ анҷом дода нашавад, новобаста ба муқаррароти қисми 1 ҳамин модда, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳисоббаробаркунӣдар моҳи пурраи тақвимии охирон анҷомдодашуда ҳисобида мешавад.
  3. Дар сурати бекор кардан ё пўшонидани ўҳдадории молиявии андозсупоранда, аз ҷумла ҳангоми баҳисобгирии байниҳамдигарӣ, лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи бекор кардан ё пўшонидани ўҳдадорӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …