Тибки Моддаи 16-уми Кодекси Андози Чумхурии Точикистон мафхуми «Лоихахои сармоягузории Хукумати Чумхурии Точикистон» чунин шарх дода шудааст.
- Лоихахои сармоягузории Хукумати Чумхурии Точикистон – лоихахое, ки дар заминаи созишномахои карзи (гранти) оид ба маблаггузории (татбики) онхо байни Чумхурии Точикистон (Хукумати Чумхурии Точикистон) ва давлатхои хоричи (хукуматхои давлатхои хоричи), ташкилотхои ватани, хоричи ва байналмилалии молияви амалишавандае, ки дар доираи Барномаи давлатии сармоягузори, грантхо ва сохтмони асосии Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдикшаванда татбик карда мешаванд.
- Лоихахои сармоягузории Хукумати Чумхурии Точикистон бо истифодаи имтиёзхои пешбининамудаи Кодекси мазкур татбик мешаванд.
- Созишномахои карзи (гранти) оид ба маблаггузории (татбики) лоихахои сармоягузории Хукумати Чумхурии Точикистон, ки додани имтиёзхои иловагии андозро пешбини менамоянд, аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд. Чунин созишномахо наметавонанд мукаррароти аз андоз аз даромад ва андози ичтимои озод намудани шахрвандони Чумхурии Точикистонро дар бар гиранд.
- Дар холати бад шудани шартхои андозбанди барои татбики лоихахои сармоягузории Хукумати Чумхурии Точикистон,то анчом ёфтани чунин лоихахонисбат ба онхо шартхои андозбандии дар лахзаи баимзорасонии созишномахои дахлдор амалкунанда истифода мешаванд.