Главная / Ҷамъият / Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чист?

Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чист?

Тибқи Моддаи 16-уми Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин шарҳ дода шудааст.

  1. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – лоиҳаҳое, ки дар заминаи созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (татбиқи) онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ ва байналмилалии молиявӣ амалишавандае, ки дар доираи Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда татбиқ карда мешаванд.
  2. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур татбиқ мешаванд.
  3. Созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (татбиқи) лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки додани имтиёзҳои иловагии андозро пешбинӣ менамоянд, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Чунин созишномаҳо наметавонанд муқаррароти аз андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гиранд.
  4. Дар ҳолати бад шудани шартҳои андозбандӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,то анҷом ёфтани чунин лоиҳаҳонисбат ба онҳо шартҳои андозбандии дар лаҳзаи баимзорасонии созишномаҳои дахлдор амалкунанда истифода мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …