Главная / Чамъият / КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 5, к. 1, мод. 270)

pdf
Гирифтан (скачать)

ФАСЛИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМИ   1

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ АСОСИ.. 1

Моддаи 1. Мафхумхои асоси. 1

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тандурусти. 6

БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ТАНДУРУСТИ.. 6

Моддаи 3. Принсипхои сиёсати давлати дар сохаи тандурусти. 6

Моддаи 4. Танзими давлати дар сохаи тандурусти. 7

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи тандурусти. 7

Моддаи 6. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти. 8

Моддаи 7. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи тандурусти. 8

Моддаи 8. Хамкории байниидорави ва хамохангсози дар сохаи тандурусти. 9

Моддаи 9. Хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистон дар самти хифзи саломатии ахоли. 9

БОБИ 3. НИЗОМИ ТАНДУРУСТИ.. 9

Моддаи 10. Низоми тандурусти. 9

Моддаи 11. Хукуки ташкилот ва муассисахои давлатии тандурусти. 9

Моддаи 12. Ухдадорихои ташкилот ва муассисахои давлатии тандурусти. 10

Моддаи 13. Махдудияти фаъолияти ташкилот ва муассисахои тандурусти новобаста аз шакли моликият. 10

Моддаи 14. Иштироки иттиходияхои чамъияти ва дигар ташкилотхои гайритичорати дар хифзи саломатии ахоли. 10

Моддаи 15. Масъулияти макомоти давлати оид ба хифзи саломатии ахоли. 10

БОБИ 4. МАБЛАГГУЗОРИИ НИЗОМИ ДАВЛАТИИ ТАНДУРУСТИ.. 10

Моддаи 16. Манбаъхои маблаггузории низоми давлатии тандурусти. 10

Моддаи 17. Бахисобгирии тарифхои хизматрасонии тибби. 11

Моддаи 18. Истифодаи захирахои молиявии низоми давлатии тандурусти. 11

Моддаи 19. Сугуртаи тиббии шахрвандон дар Чумхурии Точикистон. 11

БОБИ 5. ИЧОЗАТНОМАДИХИ, ИЧОЗАТДИХИ, АККРЕДИТАТСИЯ ВА АТТЕСТАТСИЯ ДАР СОХАИ ТАНДУРУСТИ.. 11

Моддаи 20. Ичозатномадихии фаъолияти тибби ва фарматсевти. 11

Моддаи 21. Додани хуччатхои ичозатдихи дар сохаи фаъолияти тибби ва фарматсевти. 11

Моддаи 22. Аккредитатсия дар сохаи тандурусти. 11

Моддаи 23. Аттестатсияи кормандони сохаи тандурусти. 11

БОБИ 6. ЭКСПЕРТИЗА ДАР СОХАИ ТАНДУРУСТИ.. 12

Моддаи 24. Экспертиза дар сохаи тандурусти. 12

Моддаи 25. Экспертизаи сифати хизматрасонихои тибби. 12

Моддаи 26. Экспертизаи корношоямии муваккати, тулони ё доими. 12

Моддаи 27. Экспертизаи коршоямии касби ва экспертизаи алокамандии бемори бо касбият. 12

Моддаи 28. Экспертизаи тиббию ичтимои. 13

Моддаи 29. Экспертизаи тиббии харби. 13

Моддаи 30. Экспертизаи судию тибби, судию рухи ва судию наркологи. 13

Моддаи 31. Экспертизаи санитарию эпидемиологи. 13

Моддаи 32. Экспертизаи маводи дорувори ва молхои тибби. 14

Моддаи 33. Экспертизаи илмии тибби. 14

Моддаи 34. Ташхиси озмоиши. 14

Моддаи 35. Ташхиси анатомии патологи. 14

БОБИ 7. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ШАХРВАНДОН, БЕМОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОХАИ ТАНДУРУСТИ.. 15

Моддаи 36. Хукуки шахрвандон ба хифзи саломати, таъмини ичтимои хангоми бемори, маъюби ва гум кардани кобилияти кори. 15

Моддаи 37. Хукуки шахрвандон ба бехбудии экологи, бехатарии санитарию эпидемиологи ва радиатсиони. 15

Моддаи  38. Хукуки шахрвандон ба табобати истирохатгохию курорти ва истифода бурдани муассисахои солимгардони  15

Моддаи  39. Хукуки шахрвандон ба гирифтани маълумот доир ба вазъи саломати ва омилхое, ки ба саломати таъсир мерасонанд. 16

Моддаи 40. Хукуки шахрвандон ба гирифтани товони зараре, ки ба саломатии онхо расонида шудааст. 16

Моддаи 41. Хукуки шахрвандон ба таъмини дорувори, кумаки ортопеди ва протези. 16

Моддаи 42. Хукуки шахрвандон барои гирифтани кумаки тибби, ортопедию протези дар мамлакатхои дигар. 16

Моддаи 43. Хукуки шахрвандон барои даст кашидан аз муоина ва табобат. 16

Моддаи 44. Хукук ва ухдадорихои шахрвандони хоричи, шахсони бешахрванд ва гурезагон дар сохаи хифзи саломати дар худуди Чумхурии Точикистон. 16

Моддаи 45. Хукуки модар ба хифзи саломати. 17

Моддаи 46. Хукуки кудак ба хифзи саломати. 17

Моддаи 47. Хукукхои бемор. 18

Моддаи  48. Хукук ва махдудиятхои фаъолияти мутахассисони тиббию фарматсевтии ташкилот ва муассисахои низоми тандурусти. 18

Моддаи 49. Ухдадорихои касбии кормандони тибби ва фарматсевти. 19

Моддаи 50. Ухдадорихои шахрвандон оид ба риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии сохаи тандурусти. 19

Моддаи 51. Ухдадорихои шахсони никохшаванда оид ба гузаштани муоинаи тиббии хатми. 19

Моддаи 52. Ухдадории шахрвандон оид ба таъмини хифзи саломатии кудакон. 20

Моддаи 53. Ухдадорихои шахрвандони мубталои беморихои сил, чузом, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, узвхои таносули ва дигар беморихои хатарнок. 20

Моддаи 54. Ухдадорихои шахсони мансабдор ва дигар шахрвандон барои мусоидат ба кормандони тиб дар расонидани кумаки тибби ва пешгирии беморихо. 20

Моддаи 55. Масъулияти корфармоён ва шахсони мансабдор барои хифзи саломатии ахоли. 20

Моддаи 56. Масъулияти кормандони тиб ва фарматсевти. 20

Моддаи 57. Интиколи коргароне, ки дар чои кор бемор шудаанд. 20

БОБИ 8. НАМУД ВА ШАКЛХОИ КУМАКИ ТИББИ.. 20

Моддаи 58. Намудхои кумаки тибби. 20

Моддаи 59. Шаклхои расонидани кумаки тибби. 21

БОБИ 9. ТАРБИЯИ КАДРХОИ СОХАИ ТАНДУРУСТИ ВА ХУКУКИ БА ФАЪОЛИЯТИ ТИББИ ВА ФАРМАТСЕВТИ МАШГУЛ ШУДАН.. 21

Моддаи 60. Тарбияи кадрхои тибби ва фарматсевти. 21

Моддаи 61. Хукуки ба фаъолияти тибби ва фарматсевти машгул шудан. 22

Моддаи 62. Танзими бархурди манфиатхо хангоми машгул шудан ба фаъолияти тибби ва фарматсевти. 22

Моддаи 63. Савганди табиби Чумхурии Точикистон. 22

Моддаи 64. Фаъолияти илми дар сохаи тандурусти. 23

Моддаи 65. Гузаронидани озмоишхои клиники ва тиббию биологи, истифодаи усулхои нави пешгири, ташхис ва табобат  23

ФАСЛИ 2. МУКАРРАРОТИ МАХСУС.. 23

БОБИ 10. ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББИ.. 23

Моддаи 66. Тартиби ташкил ва фаъолияти субъектхои фаъолияти хусусии тибби. 23

Моддаи  67. Манбаъхои маблаггузории фаъолияти хусусии тибби. 24

Моддаи  68. Шартнома ва пардохт барои кумак ва хизматрасонии тибби. 24

Моддаи 69. Хукуки субъектхои фаъолияти хусусии тибби. 24

Моддаи 70. Махдудияти субъектхои фаъолияти хусусии тибби. 24

Моддаи 71. Ухдадории субъектхои фаъолияти хусусии тибби. 24

БОБИ 11. ТИББИ ОИЛАВИ.. 25

Моддаи 72. Принсипхои фаъолияти тибби оилави. 25

Моддаи 73. Субъектхои тибби оилави. 25

Моддаи 74. Хукукхои мутахассисони тибби оилави. 26

Моддаи 75. Ухдадорихои мутахассисони тибби оилави. 26

БОБИ 12. ТИББИ ХАЛКИ.. 26

Моддаи 76. Хукуки шахсоне, ки ба тибби халки машгуланд. 26

Моддаи 77. Ухдадории шахсоне, ки ба тибби халки машгуланд. 27

Моддаи  78. Иттиходияхои чамъиятии табибони халки. 27

Моддаи  79. Хукуки фаъолият дар сохаи тибби халки. 27

Моддаи 80. Ташкил кардан ва бархам додани ташкилот ва муассисаи тибби халки. 27

Моддаи 81. Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасони ва маводи дорувории тибби халки. 28

Моддаи 82. Озмоиши клиники, бакайдгирии давлати ва талабот ба маводи дорувории тибби халки. 28

БОБИ 13. СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВИ ВА ХУКУКХОИ РЕПРОДУКТИВИИ АХОЛИ.. 28

Моддаи 83. Хифзи солимии репродуктивии ахоли дар Чумхурии Точикистон. 28

Моддаи  84. Хукукхои репродуктивии шахрвандон ва кафолати амалишавии онхо. 28

Моддаи 85. Озодии шахрвандон дар муносибатхои репродуктиви. 29

Моддаи 86. Хукукхои шахсони ба ташкилотхои хифзи солимии репродуктиви мурочиаткунанда. 29

Моддаи 87. Хукук барои кабули карори мустакилона нисбат ба хомиладоршави ва пешгирии он. 29

Моддаи  88. Хукуки наврасону чавонон ба хифзи солимии репродуктиви. 29

Моддаи 89. Хукук ба табобати безуриёти. 30

Моддаи 90. Донори ва тарзи нигохдории хучайрахои чинси. 30

Моддаи 91. Хомиладоркунии сунъи ва ё кучонидани чанин. 30

Моддаи 92. Катъи сунъии хомиладори. 30

БОБИ 14. ТАЪМИНИ МОДАРОНУ КУДАКОН БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРИ.. 31

Моддаи 93. Таъмини занони хомиладор ва кудакони навзод бо кумаки тиббию санитари. 31

Моддаи 94. Назорати таълими мехнатию истехсоли ва шароити мехнати кудакон. 31

Моддаи 95. Муоинаи тибби ва эмкунии хатмии кудакон. 31

БОБИ 15. ХИМОЯИ ГИЗОИ КУДАКОН.. 31

Моддаи 96. Муомилоти гизои кудакон ва гизои таъйиноти. 31

Моддаи 97. Махдуд кардани фаъолияти истехсолкунанда ва пахнкунандаи гизои таъйиноти. 31

Моддаи 98. Махдудиятхое, ки ба тамгакогазхои гизои таъйиноти дахл доранд. 32

Моддаи 99. Махдудиятхое, ки ба тамгакогази шишачахои шир (ширдуши), маккаку пистонакхо дахл доранд. 33

Моддаи 100. Маводи иттилооти ва маърифати дар бораи гизодихии табии (синамакони) 33

Моддаи 101. Маводи иттилооти ва маърифати доир ба гизои омехтаи кудакон, гизои омехта барои кудакони ширмаки аз яксола калон ва дар бораи шишачахои шир (ширдуши) 33

Моддаи 102. Махдудиятхо дар фаъолияти кормандони тиб, ки ба хифзи солимии модару кудак машгуланд. 33

БОБИ 16. ХИФЗИ СОЛИМИИ ЧАМЪИЯТИ.. 33

Моддаи 103. Максад ва намудхои пешгирии беморихо. 34

Моддаи 104. Ташаккули тарзи хаёти солим.. 34

Моддаи 105. Муоинахои тибби. 34

Моддаи 106. Эмкунихои пешгирикунанда, накшави ва хатми. 34

Моддаи 107. Пешгирии пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти, паразитари ва гайрисироятии оммави. 35

Моддаи 109. Чорабинихои махсуси пешгирии беморихое, ки барои атрофиён хатарноканд. 36

БОБИ 17. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИ.. 36

Моддаи 110. Таъмини амнияти санитарию эпидемиологи. 36

Моддаи 111. Бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологи. 36

Моддаи 112. Талаботи санитарию эпидемиологи. 37

Моддаи 113. Бакайдгири ва тахкики холатхои беморихои сирояти ва паразитари, беморихои касби, осеббини ва захролудшави. 37

Моддаи 114. Мониторинги санитарию эпидемиологи. 37

Моддаи 115. Мухофизати санитарии худуди Чумхурии Точикистон. 38

Моддаи 116. Чори намудани карантин хангоми пайдошавии эпидемияи беморихои сирояти. 38

Моддаи 117. Чорабинихои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизатсиони. 38

Моддаи 118. Бехатарии махсулоти хуроквори. 38

Моддаи 119. Бакайдгирии давлатии навъхои алохидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд. 38

Моддаи 120. Таъмини бехатарии радиатсиони. 39

БОБИ 18. МАВОДИ ДОРУВОРИ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАТСЕВТИ.. 39

Моддаи 121. Муомилоти маводи дорувори ва молхои тибби, танзими фаъолияти фарматсевти. 39

Моддаи 122. Фаъолияти ширкатхои фарматсевти ва намояндагии онхо. 39

Моддаи 123. Тахлили этикии маводи дорувори. 39

БОБИ 19. ДОНОРИИ ХУН ВА ЧУЗЪХОИ ОН.. 39

Моддаи 124. Фаъолияти донорони хун. 40

Моддаи 125. Гуруххои донорони хун. 40

Моддаи 126. Ташкили харакати донори. 40

Моддаи 127. Ухдадорихои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба рушди донории хун ва чузъхои он. 40

Моддаи 128. Ухдадорихои маъмурияти корхона ва ташкилотхо оид ба мусоидати донории хун ва чузъхои он. 40

Моддаи 129. Химояи хукуки донорони хун аз тарафи давлат. 40

Моддаи 130. Чорабинихои дастгирии ичтимоии донорони хун. 41

Моддаи 131. Чорахои дастгирии ичтимоии шахсоне, ки бо унвони фахрии Донори ифтихории Точикистон мукофотонида шудаанд. 41

Моддаи 132. Ухдадорихои донорони хун. 41

Моддаи 133. Ташкилотхои тандурустие, ки бо тайёр кардан, коркард, нигахдори ва таъмини бехатарии хуни донори ва чузъхои он машгуланд. 41

Моддаи 134. Тартиби иваз намудани хуни донори ва чузъхои он, дорувори аз хуни донори ва баровардани онхо аз худуди Чумхурии Точикистон. 42

БОБИ 20. ПАЙВАНДСОЗИИ УЗВ ВА (Ё) БОФТАХОИ ИНСОН.. 42

Моддаи 135. Шароит ва тартиби пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон. 42

Моддаи 136. Номгуи маводи пайвандсози. 42

Моддаи 137. Махдудсозии доираи донорхои зинда. 42

Моддаи 138. Розигии ретсипиент барои пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон. 43

Моддаи 139. Ичозат барои гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз майит. 43

Моддаи 140. Шароитхои гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз донори зинда барои пайвандсози. 43

Моддаи 141. Хукукхои донор. 43

Моддаи 142. Махдудиятхо хангоми гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз донори зинда. 43

Моддаи 143. Манъ будани фуруши узв ва (ё) бофтахои инсон. 43

Моддаи 144. Манъи ошкор намудани маълумот дар бораи донор ва ретсипиент. 43

БОБИ 21. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББИ БА ГУРУХХОИ АЛОХИДАИ ШАХРВАНДОН.. 44

Моддаи 145. Расонидани кумаки тибби ба шахрвандоне, ки тахти таъсири шуоъхои ионизатсияшуда карор доштанд. 44

Моддаи 146. Расонидани кумаки тибби ба шахрвандоне, ки дар натичаи офатхои табии зарар дидаанд. 44

Моддаи 147. Расонидани кумаки тиббию санитари ба шахрвандоне, ки ба тарбияи чисмони ва варзиш машгуланд. 44

Моддаи 148. Расонидани кумаки тибби ба шахсоне, ки озодии онхо махдуд мебошад. 44

БОБИ 22. ТАНЗИМИ МУНОСИБАТХОИ АЛОХИДА ДАР СОХАИ ТАНДУРУСТИ.. 44

Моддаи 149. Тартиби амалиёти чаррохи, гузаронидани хун ва чузъхои он ва истифодаи усулхои мураккаби ташхис. 44

Моддаи 150. Муайянкунии лахзаи фавт. Манъи эвтаназия. 44

Моддаи 151. Инъоми анатоми. 45

БОБИ 23. ХИФЗИ АХОЛИ АЗ БЕМОРИИ СИЛ.. 45

Моддаи 152. Расонидани кумаки зидди бемории сил. 45

Моддаи 153. Назорати диспансери. 45

Моддаи 154. Ташхиси хатми ва табобати мачбурии беморони сил. 45

Моддаи 155. Мушохидаи давлатии омори дар сохаи химояи ахоли аз бемории сил. 46

Моддаи 156. Хукуки шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он тахти назорати диспансери карордошта. 46

Моддаи 157. Ухдадорихои шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он тахти назорати диспансери карордошта  46

Моддаи 158. Дастгирии ичтимоии шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он тахти назорати диспансери карордошта. 47

Моддаи 159. Дастгирии ичтимоии кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок мекунанд. 47

БОБИ 24. МУКОВИМАТ БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ВА БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ.. 47

Моддаи 160. Сиёсати давлати дар самти муковимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 47

Моддаи 161. Азназаргузаронии тибби. 48

Моддаи 162. Назорати тиббии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.. 49

Моддаи 163. Хукуки шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи  норасоии масуният  49

Моддаи 164. Масъулияти шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.. 49

Моддаи 165. Манъи махдуд намудани хукуки шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.. 49

Моддаи 166. Кумаки тиббию ичтимои ва равоншиноси, инчунин чорабинихои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисахои низоми ичрои чазои чинояти. 50

Моддаи 167. Хифзи ичтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онхо. 50

Моддаи 168. Хукуки падару модароне, ки кудакони онхо мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд. 50

Моддаи 169. Хифзи ичтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошанд  51

Моддаи 170. Хукук ва масъулияти кормандони тиббии мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 51

Моддаи 171. Имтиёзхои мехнатии кормандоне, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тибби мерасонанд. 51

Моддаи 172. Хамохангсози, мониторинг ва арзёбии самаранокии муковимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 52

Моддаи 173. Хамкории байнисохави дар муковимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 52

Моддаи 174. Хукук ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии  масуният. 52

БОБИ 25. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББИЮ ИЧТИМОИ БА ШАХСОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИХОИ РУХИ.. 53

Моддаи 175. Махдуд кардани хукукхои шахсони гирифтори бемории рухи. 53

Моддаи 176. Ташхис ва табобати шахсони гирифтори беморихои рухи. 53

Моддаи 177. Намояндагии манфиатхои конунии шахсоне, ки ба онхо кумаки тиббии рухи расонида мешавад. 53

Моддаи 178. Табобати мачбурии шахсони гирифтори беморихои рухие, ки кирдори ба чамъият хавфнок содир намудаанд  54

Моддаи 179. Муоинаи тиббии рухи барои халли масъалаи муносиб будани шахрванд ба хизмати харби. 54

Моддаи 180. Хамкории муассисахои кумаки тиббии рухи бо макомоти корхои дохили. 54

Моддаи 181. Кумаки тиббии рухи ва хифзи ичтимоие, ки давлат кафолат медихад. 54

Моддаи 182. Муассиса ва шахсоне, ки кумаки тиббии рухи мерасонанд. 55

Моддаи 183. Мустакилияти табиби беморихои рухи хангоми расонидани кумаки тиббии рухи. 55

Моддаи 184. Кафолат ва имтиёзхои табибони беморихои рухи, табибони ихтисосхои дигар, хайати тибби ва дигар хайат, ки дар расонидани кумаки тиббии рухи ширкат меварзанд. 55

Моддаи 185. Асосхо барои бистари намудан дар беморхонаи беморихои рухи. 55

Моддаи 186. Ба таври таъчили дар беморхонаи беморихои рухи бистари намудани шахсоне, ки кобилияти дарк намудани кабули бошууронаи карорро аз даст додаанд. 56

Моддаи 187. Муоинаи мачбурии шахсон дар беморхонаи беморихои рухи. 56

Моддаи 188. Тартиби баррасии ариза дар бораи табобат ва муоинаи шахсон дар беморхонаи беморихои рухи. 56

Моддаи 189. Огохсози дар бораи бистари намудани шахс дар беморхонаи беморихои рухи. 56

Моддаи 190. Хукук ва ухдадорихои шахсони дар беморхонаи беморихои рухи бистаришуда. 56

Моддаи 191. Асос барои чой додани шахс дар муассисахои руху асаби макомоти хифзи ичтимоии ахоли. 57

Моддаи 192. Назорати чамъияти оид ба риоя намудани хукук ва манфиатхои конунии шахс хангоми расонидани кумаки тиббии рухи. 57

БОБИ 26. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББИЮ ИЧТИМОИ БА БЕМОРОНИ НАРКОЛОГИ.. 57

Моддаи 193. Принсипхои расонидани кумаки наркологи. 57

Моддаи 194. Намудхои кумаки наркологи ва хифзи ичтимоие, ки давлат кафолат медихад. 57

Моддаи 195. Хукукхои шахсони гирифтори беморихои наркологи. 57

Моддаи 196. Махдуд намудани хукукхои шахсони гирифтори беморихои наркологи. 58

Моддаи 197. Вазифахои муассисахои табобатию пешгирикунандае, ки кумаки беморхонавии наркологи мерасонанд. 58

Моддаи 198. Ухдадорихои кормандони тиббии муассисахои наркологи. 58

Моддаи 199. Асосхо барои бистарикунони дар беморхонаи наркологи. 59

Моддаи 200. Бакайдгири ва назорати диспансерии шахсони гирифтори беморихои наркологи. 59

Моддаи 201. Мустакилияти табибони нарколог ва беморихои рухи хангоми расонидани кумаки наркологи. 59

Моддаи 202. Муоинаи тиббии шахсони гирифтори беморихои наркологи. 59

Моддаи 203. Табобати мачбурии шахсони гирифтори беморихои наркологи. 59

Моддаи 204. Хамкорихои муассисахои наркологи бо макомоти хифзи хукук. 60

Моддаи 205. Тавонбахшии шахсони гирифтори беморихои наркологи. 60

Моддаи 206. Тартиби муайян намудани майзадаги, захрманди ё нашъаманди. 60

Моддаи 207. Мониторинг, баходихи ва тахлили вазъи нашъаманди. 60

Моддаи 208. Пешгирии вобастаги аз воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва машруботи спирти. 60

БОБИ 27. ХИМОЯИ ТИББИЮ ИЧТИМОИИ ШАХРВАНДОНИ МУБТАЛОИ ДИАБЕТИ КАНД.. 60

Моддаи 209. Асосхои сиёсати давлати ва принсипхои химояи тиббию ичтимоии шахрвандони мубталои диабети канд  60

Моддаи 210. Хукукхои шахрвандони мубталои диабети канд. 61

Моддаи 211. Низоми давлатии таъмини дастраси ба маводи дорувори барои шахрвандони мубталои диабети канд. 61

Моддаи 212. Таъмини химояи ичтимоии шахрвандони мубталои диабети канд. 61

Моддаи 213. Таъмини хукуки кудакони мубталои диабети канд ба хифзи саломати. 62

Моддаи 214. Ташхиси пешакии диабети канд. 62

Моддаи 215. Пешгирии оризахои вазнини диабети канд. 62

Моддаи 216. Фехристи давлатии шахрвандони мубталои диабети канд. 62

БОБИ 28. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ТАНДУРУСТИ.. 62

Моддаи  217. Назорати давлати дар сохаи тандурусти. 62

Моддаи 218. Назорати давлати дар сохаи фаъолияти тибби. 63

Моддаи 219. Назорати давлати дар сохаи фаъолияти фарматсевти, муомилоти маводи дорувори ва молхои тибби. 63

Моддаи  220. Назорати давлатии санитарию эпидемиологи. 63

БОБИ 29. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ.. 67

Моддаи 221. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур. 67

Моддаи 222. Аз эътибор сокит донистани баъзе санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон. 67

Моддаи 223. Мавриди амал карор додани Кодекси мазкур. 68

Кодекси мазкур муносибатхои чамъиятиро дар сохаи тандурусти ба танзим дароварда, ба татбики хукукхои конститутсионии шахрвандон ва хифзи саломати равона карда шудааст.

 

 

ФАСЛИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ АСОСИ

 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– аккредитатсия дар сохаи тандурусти – расмиёти эътирофшудаи ваколати муассисахои тандурусти оид ба амали намудани фаъолияти муайяни тибби;

– амнияти санитарию эпидемиологии ахоли – вазъи саломатии ахоли ва мухити зисти одамон, ки тавассути он таъсири зарарноки омилхои мухити зист ба инсон вучуд надорад ва шароити мусоиди фаъолияти у таъмин карда мешавад;

– амалияи хусусии тибби – фаъолият оид ба расонидани кумаки тибби аз чониби шахсони дорои тахсилоти миёна ва олии касбии тибби мутобики ихтисосашон, дар асоси ичозатномае, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дода шудааст;

– аттестатсияи кормандони сохаи тандурусти – раванди муайян намудани сатхи касбият, салохияти касби, сатхи дониш ва махорату малакаи амалии корманд;

– афканишоти иондор –  афканишоте, ки хангоми тачзияи радиоактиви, табдилёбии хастаи, боздории заррахои заряддоршудаи дар модда ба вучудомада, хангоми таъсири мутакобила бо мухит  ионхои аломатхои гуногундоштаро ба миён меоранд;

– банакшагирии оила – кобилияти шахсони алохида ва чуфтхое, ки таваллуди шумораи муайяни фарзандонро бо риояи фосилаи байни таваллуд пешбини менамоянд ва ноил мегарданд;

– бархурди манфиатхо – холате, ки дар он манфиати шахсии кормандони тиббию фарматсевти хангоми амали намудани фаъолияти кориашон бо максади гирифтани фоида тавассути ширкатхои фарматсевти ва ё намояндагии онхо метавонад боиси бевичдонона ичро гардидани фаъолиятхои касбии мутахассисони сохаи тандурусти ва бар хилофи манфиатхои бемор гардад;

– баркарорсозии тиббию ичтимои – баркарорсозии саломатии беморон бо истифодабарии мачмуи чорабинихои тибби, ичтимои ва мехнати, барои чалби беморон ба мехнат, хамрохшави ба хаёти оилави ва чамъияти;

– беморихои наркологи  – вайроншавии солимии рухи ва соматики, ки ба истеъмоли гайритиббии воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва ба онхо баробаркардашуда, машруботи спирти вобаста буда, окибати он ташаккул ёфтани вобастагии рухи аз моддахои номбаршуда ва таназзули ичтимои мебошад;

– беморихои сирояти – беморихои сироятии инсон, ки пайдоиш ва пахншавии онхо ба таъсири омилхои биологии мухити зист ба инсон (барангезандаи беморихои сирояти) ва имконоти гузариши чунин беморихо аз инсону хайвони бемор ба инсони солим вобастаги дорад;

– беморихои оммавии гайрисирояти – бемории инсон, ки пайдоиши он ба таъсири омилхои чисмони, кимиёви ва ё ичтимоии мухити зист вобаста аст;

– бемории касби – беморие, ки ба он корманд бар асари таъсири омилхои хатарнок ё зараровари истехсоли гирифтор шудааст;

– беморихои паразитари – холати сироятёби бо соддатаринхо ё сироятёби аз кирмхо, ки дар натичаи он шаклхои гуногуни чараёни сирояти инкишоф меёбанд;

– бемории сил – бемории сироятие, ки барангезандааш гурухи микобактерияхои сил буда, асосан бо катрахои оби дахон ва нафас пахн мешавад;

– бемории пайдошудаи норасоии масуният – давраи интихои сироятёби, ки онро вируси норасоии масунияти одам боис шудааст;

– безуриёти – надоштани кобилияти наслофари;

– бофта – силсилаи хучайрахо ва махсули онхо (моддахои байни хучайрави), ки аз чихати умумияти сохт, фаъолият ва инкишофи худ муттахид шудаанд (бофтаи руйпушкунанда, хун, зулола (лимфа), пайвасткунандаи асли, тагояк, устухон, мушак, асаб);

– вируси норасоии масунияти одам – вирусе, ки холати норасоии масуниятро дар организми одам ба вучуд меорад;

– воситахои худназораткуни – тести ташхиси ва асбобхое, ки имконияти мустакилона муайянкунии сатхи глюкозаро дар хун таъмин менамоянд;

– воситахои зидди хомиладори – хама гуна воситае, ки кобилияти пешгирии хомиладоршавиро дорад;

– воситахои нашъадор – маводи сунъи ё табии, шакли дорувории онхо, инчунин растанихое, ки дар конвенсияхои байналмилалии дахлдор ва Руйхати миллии воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо (минбаъд – Руйхати милли) гурухбанди шудаанд;

– гуруххои махсуси ахоли бо хатари бештари сироятёби аз вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки метавонанд бо сарчашмаи вируси норасоии масунияти одам алока дошта, хамчунин дар инкишофи эпидемия ва чорахои чавоби накши асоси бозанд, аз чумла шахсони алокаи чинсии хамчинсона дошта, шахсони фохиша ва шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазрик истеъмол мекунанд;

– гурухи зери хатар – шахсоне, ки хатари бештар гирифтор шуданро ба бемории сил доранд, аз чумла: атрофиёни бемор, мухочирони мехнати, гирифторони вируси норасоии масунияти одам, занхои фосилаи мухлати таваллудро риоя накунанда, кудакони бо ваксинаи батсиллаи Калметте -Жерен эмнашуда, махбусон, беморони гирифтори диабети канд ва газаки музмини шушхо;

– гуруххои осебпазири ахоли – гурухи ахолие, ки барои онхо бо сабаби таъсири шароити номусоиди оилави, иктисоди, ичтимои, фарханги ва мехнати хатари сироят ёфтан аз вируси норасоии масунияти одам зиёд мегардад, аз чумла мухочирони мехнати, махбусон, кудакони бесаробон, чавонони бемори дорои нишонаи беморихои бо рохи алокаи чинси сирояткунанда, шарикони чинсии шахсоне, ки воситахои нашъадорро бо усули тазрик истеъмол мекунанд;

– гигиена – илме, ки таъсири мухити зистро ба организми инсон бо максади муносиб гардонидани таъсири мусбат ва пешгирии таъсири манфи меомузад;

– гизои кудакони ширмак – гизои омехтаи кудакон ё гизои дигари барои кудакони ширмак муносиб, гизои омехта барои кудакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар;

– гизои иловаги – гизое, ки хамчун гизои иловаги ба шири модар, ба гизои омехтаи кудакон ё ба гизои омехтаи кудакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар муносиб мебошад ё ба сифати гизои мувофик пешниход карда мешавад;

– гизои таъйиноти – гизо барои кудакони ширмак, ки тавассути воситахои махсус, шишачахои ширмакони (шишачахои ширдуши), маккаку пистонак дода мешавад;

– гизои омехтаи кудакон – гизои шири ё ширмонанди хайвонот ё наботот, ки мутобики стандартхои давлати ё байналмилалии озука дар саноат истехсол гардида, онро Комиссияи байналмилали оид ба стандартхои озука барои конеъ гардонидани талаботи кудакон ба гизо аз давраи таваллуд то шаш мохи аввали хаёти онхо тасдик кардааст;

– гизои омехтаи кудакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар – гизои шири ё махсулоти ширмонанди хайвонот ё наботот, ки мутобики стандартхои давлати ё байналмилалии озука дар саноат истехсол гардида, онро Комиссияи байналмилали оид ба стандартхои озука тасдик кардааст ва хамчун гизои мувофик барои кудакони ширмаки аз шашмоха калон ва кудакони хурдсол пешниход мешавад;

– гизодихии табии (синамакони) – гизодихии табиии кудакони ширмак (тифлон) ва кудакони хурдсол;

– дезинсексия – нобуд кардани канахои бугумпо, ки интиколдихандагони барангезандахои беморихои сирояти мебошанд, инчунин дигар намуди хашароти дорои ахамияти санитарию гигиени, ки ба мехнат ва фарогати одамон халал мерасонанд;

– дератизатсия – нобуд кардани хояндагон – интиколдихандагони беморихои сирояти бо максади аз онхо хифз намудани хосил, маводи озука ва молу мулк;

– дезинфексия – нобуд кардани барангезандагони беморихои сирояти ва паразитари дар иншооти мухити зист;

– диабети канд – бемории музмине, ки ба он баландшавии сатхи глюкозаи хун бар асари норасоии инсулин хос аст;

– донори хун – шахсе, ки бо хохиши худ аз муоинаи тибби гузашта, хун ва ё чузъхои онро месупорад;

– донорхои фаъоли хун – шахсоне, ки ба муассисаи хадамоти хунгири мурочиат намуда, мунтазам (на камтар аз 3 маротиба дар як сол) хун ва чузъхои онро ба таври пулаки ё ройгон (барои хуни супоридаашон чуброни пули мегиранд ё хеч гуна фоидаи модди намегиранд) месупоранд;

– донор – шахсе, ки ягон узв ва ё бофтаи худро барои пайвандсози ба шахси дигар (ретсипиент) ихтиёран медихад;

– донорхои эхтиётии хун – шахсоне, ки ба таври муташаккилона ба донори чалб мешаванд ва ё ба таври инфироди хун ва чузъхои онро номунтазам, на бештар аз 2 маротиба дар як сол месупоранд (барои хуни супоридаашон музд намегиранд);

– донорхои карордодии хун – шахсоне, ки бо муассисаи хадамоти хунгири оид ба супоридани хун ва чузъхои он шартнома (карордод) мебанданд;

– захрманди – беморие, ки аз захролудшавии музмини организм дар натичаи суиистеъмоли маводи дорувори ва моддахои дигари ба воситахои нашъадор мансубнабуда ба вучуд омада, хусусияти вобастагии рухи ва чисмони аз онхо дорад;

– ивазкунандаи шири модар – хама гуна гизои кудаконаи ба фуруш баровардашуда ё ба тарзи дигар пешниходшаванда, ки шири модарро кисман ё пурра иваз менамояд;

– инъоми анатоми – хайрияи ихтиёрии бофтахо ва узвхои шахрванд тавассути додани васиятнома;

– карантин – чорабинихои маъмури, тиббию санитари, байтори ва дигар тадбирхое, ки ба пешгирии пахншавии беморихои сирояти нигаронида шуда, низоми махсуси хочагидори, дигар навъи фаъолият, махдудсозии харакати ахоли, воситахои наклиёт, бор, мол ва хайвонотро пешбини менамояд;

– кудакони ширмак (тифлон) – кудакони то 12 моха;

– кудакони хурдсол – кудакони аз 1 то 3 сола;

– кудаки маъюб – шахси маъюби то 18 сола;

– кумаки тибби – тадбирхои пешгирию ташхиси беморихо, захролудшави, чарохат, табобат ва баркарорсозии саломатии беморон, назорати хомиладори, кумаки момодояги ва назорати давраи баъди таваллуд;

– кумаки паллиативи – шакли расонидани кумаки тибби ба шахсони дорои беморихои табобатнашаванда бо максади сабук гардонидани вазъи саломатии онхо;

– кумаки аввалияи тиббию санитари – сатхи хизматрасонии тибби, ки дар он робитаи нахустини шахрвандони солим ва бемор бо табибон ба вукуъ меояд;

– кумаки тиббии рухи – пешгири намудани беморихои рухи, муоинаи солимии рухии шахрвандон, назорати диспансери, ташхиси носолимии рухи, табобат, нигохубин, баркарорсозии тибби ва ичтимоии шахсони гирифтори беморихои рухи;

– кумаки зидди бемории сил – мачмуи чорабинихои ичтимои, тибби, санитарию гигиени ва зиддиэпидемики, ки барои ошкор, ташхис ва табобат кардан, аз чумла ташхису табобати хатми, назорати диспансери ва тавонбахшии беморони гирифтори бемории сил, ки дар беморхона ва (ё) дармонгох бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон гузаронида мешаванд, равона карда шудаанд;

– кумаки наркологи – мачмуи чорабинихо иборат аз пешгири, назорати диспансери, ташхис, табобат, нигохубин ва баркарорсозии тиббию ичтимоии беморихои наркологи;

– коида ва меъёрхои давлатии санитарию эпидемиологи – санадхои меъёрии хукукие, ки талаботи санитарию эпидемиологиро (аз чумла меъёрхои бехатари ё безарарии омилхои мухити зист барои инсон, гигиени ва дигар меъёрхоро) муайян менамоянд ва риоя накардани онхо метавонад ба хаёти инсон, инчунин барои пайдо шудан ва пахншавии бемори тахдид намояд;

– коидахои фитосанитари – мачмуи хуччатхои меъёрии илман асоснокшуда, ки талаботро нисбат ба холати замин, чангал ва растанихо, инчунин теъдоди зараррасонхои растанихо, пахншавии бемории растанихо ва микдори алафхои бегона мукаррар менамояд;

– кобилияти наслдихи (фертили) – шумораи миёнаи кудакон, ки зан метавонад дар давоми синну соли репродуктиви таваллуд кунад;

– макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти – макоми ичроияи марказии хокимияти давлати, ки сиёсати давлатиро дар сохаи тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли амали мекунад ва ба раванди ташхис, пешгири ва табобат дар ташкилотхои сохаи тандурусти новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идорави назорат ва рохбари менамояд;

– маводи пайвандсози – узв ё бофта, ки барои пайвандсози истифода бурда мешаванд;

– марги магзи сар – пурра ва бебозгашт катъ гардидани хама вазифахои магзи сар, ки дар холати кор кардани дил ва тахвияи сунъии шуш ба кайд гирифта шудааст;

– маъюб – шахсе, ки дар натичаи нуксёбии саломати бо кохиши устувори вазифахои организм аз бемори, чарохат, иллати чисмони ва зехни боиси махдуд шудани фаъолияти хаёти гардидааст ва ба хифзи ичтимои ниёз дорад;

– маъюби  – дарачаи махдудияти фаъолияти хаётии инсон дар натичаи нуксёбии саломати бо кохиши устувори вазифахои организм;

– махфият – махрамияти нигох доштани далели ба муассисаи тибби ташриф овардан, вазъи саломати ва маълумоти дар бораи шахсият гирифташуда;

– машварати табибон (консилиум) – машварати гурухи табибон барои муайян намудани вазъи вазнини саломатии бемор, ташхиси бемори, муайян намудани усулхои табобат ва лахзаи марг;

– майзадаги – бемории наркологи, ки хусусияти истеъмоли давомдори машруботи спирти дошта, бо зухуроти вобастагии рухи ва биологи аз машруботи спирти, тагйирёбии таъсири он, пайдоиш ва инкишофи таназзули рухи ва соматикии машруботи спирти сурат мегирад;

– меъёрхои гигиени – тавассути тадкикот мукаррар намудани нишондихандахои имконпазири нихои ё хадди акали теъдоди ва (ё) сифатие, ки омили мухити зистро аз нигохи бехатари ва (ё) безарари ба инсон тасниф мекунад;

– моддахои психотропи – маводи сунъи ё табии, шакли дорувории онхо, ки дар конвенсияхои байналмилалии дахлдор ва Руйхати милли  гурухбанди шудаанд;

– муассисаи тибби – шахси хукукие, ки новобаста аз шакли моликият бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо пешгири, ташхис, табобат ва баркарорсозии саломатии ахоли машгул мебошад;

– маводхои дорувории тибби халки – маводи аз наботот, хайвонот, маъданхо ва дигар маводи барои пешгири, ташхис, табобат ва солимгардони истифодашаванда, ки ба фасли махсуси Фехристи давлатии дорувории Чумхурии Точикистон дохил карда шудаанд;

– муомилоти гизои кудакон – фаъолияти макомоти давлати, инчунин корхонаю муассиса ва ташкилотхо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки гизои таъйинотиро истехсол ва коркард менамоянд, нигох медоранд, интикол медиханд, мефиристанд, мефурушанд, таксим мекунанд, нобуд месозанд, воридоту содирот менамоянд;

– мухити зисти инсон – мачмуи иншоот, зухурот ва омилхои мухити зист (табии ва сунъи), ки шароити фаъолияти хаёти инсонро муайян менамоянд;

– муассисахои беморихои рухи – беморхонахои рухи ва руху асаб, марказхои беморихои рухи ва руху асаб, хучраи табиби беморихои рухии марказхои саломатии шахрхо ва нохияхо, ки дар хамкории зич бо шабакаи муассисахои кумаки аввалияи тиббию санитари ва хифзи ичтимои ба шахсони гирифтори бемории рухи кумаки тиббии махсусгардонидашударо мерасонанд;

– мухофизати санитарии худуд – мачмуи чорабинихое, ки барои пешгирии воридшави ва пахншавии барангезандагони беморихои карантини ва дигар беморихои сирояти ба худуди кишвар, ки аз чониби хадамоти сархади, муассисахои махаллии тибби ва хадамоти санитарию эпидемиологи анчом дода мешаванд;

– муассисаи хусусии тибби – муассисаи тиббие, ки молу мулки он аз моликияти хусуси ё  моликияте, ки дар асоси шартномаи ичора истифода мешавад, иборат аст;

– мутахассисони тибби оилави – табиби оилави ва хамшираи шафкати тибби оилави;

– муассисахои наркологи – беморхонахо ва марказхои наркологи, шуъбахои тавонбахши ё марказхо барои расонидани тавонбахшии тиббию ичтимои ба беморони наркологи, хучрахои наркологи дар марказхои саломатии нохияви ва шахри, ки дар хамкории зич бо хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитари, кумаки тиббии махсусгардонидашударо ба шахсони гирифтори беморихои наркологи мерасонанд;

– носолимии (бемории) рухи – вайрон шудани фаъолияти муътадили рухии инсон, ки дар пастшавии кобилияти акли ва тагйирёбии возехи тафаккур ифода меёбад;

– назорати давлати дар сохаи тандурусти –  мачмуи чорабинихое, ки ба санчиши риоя ва ичрои талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ва хамчунин ба огохонидан, пешгири ва бартараф намудани хукуквайронкунихо дар сохаи тандурусти равона гардидаанд;

– нашъаманди – беморие, ки аз захролудшавии музмини организм дар натичаи суиистеъмоли воситахои нашъадор, ки дар конвенсияхои байналмилалии дахлдор ва Руйхати милли гурухбанди шудаанд, ба вучуд омада, хусусияти вобастагии рухи ва чисмони аз онхо дорад;

– омилхои мухити зист  –  омилхои биологи  (заррамавчудотхо, соддатаринхо, бактерияхо, паразитхо, замбуругхо, моддахои сафедадор ва вирусхо), кимиёви ва чисмони (садо, ларзиш, ултрасадо, инфрасадо, афканишоти гарми, ионикунанда, гайриионикунанда ва дигар афканишот), ичтимои (гизо, таъминоти об, шароити маиши, мехнат, истирохат) ва дигар омилхои мухити зист, ки ба инсон ва (ё) вазъи саломатии насли оянда таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд;

– пайвандсози – пайванд сохтани узвхо ё бофтахо бо максади пайваст кардани онхо дар дохили як организм (аутотрансплантатсия) ё аз як организм ба организми дигар (гомотрансплантатсия) пайванд намудан бо максади начот додани хаёти инсон ё баркарорсозии фаъолияти организми у;

– пешгири – мачмуи чорабинихои тибби ва гайритиббие, ки пешгири аз  пайдошавии бемори, авчгири дар мархилаи аввали бемори ва назорати оризахои бавучудомада, зарар дидани узвхо ва бофтахоро дар бар мегиранд;

– ретсипиент – шахсе, ки бо максади табобат ба у ягон узв ё бофтаи дигари инсон ё организм (донор) пайванд карда мешавад;

– саломати – холати бехбудии пурраи чисмони, рухи ва ичтимои, набудани бемори ва нуксонхои чисмони;

– сирояти вируси норасоии масунияти одам – бемории музмине, ки сабабгори он вируси норасоии масунияти одам аст;

– синну соли репродуктиви – синну соли кобили таваллуд (15 – 49  солаги);

– солимии репродуктиви – холати бехбудии комили чисмони, рухи ва ичтимои вобаста ба хамаи масъалахое, ки ба узвхои репродуктиви ва кобилияту чараёни он алокаманданд;

– субъектхои фаъолияти хусусии тибби – муассисахои хусусии тибби ва шахсони вокеии ба амалияи хусусии тибби машгулбуда, ки фаъолияти хусусии тиббиро амали мегардонанд;

– таквими миллии эмкуни – санаде, ки мухлат ва тартиби эмкунии пешгирикунандаи шахрвандонро аз беморихои сирояти мукаррар менамояд;

– табобати мачбури – табобате, ки дар асоси аризаи шахс, коллективхои мехнати, ташкилотхои давлатию гайридавлати ё бо ташаббуси макомоти корхои дохили тибки мукаррароти Кодекси мазкур дар асоси хулосаи комиссияи макомоти ваколатдори тандурусти, бо карори суд дар шуъбахои махсусгардонидашудаи муассисахои тибби ва бо речаи мукарраршудаи нигох доштан ва табобати мехнати гузаронида мешавад;

– табиби оилави – мутахассиси дорои тахсилоти олии касбии тибби ё аз руи ихтисоси «тибби оилави» бозомузонидашуда, ки хуччати тасдиккунанда (диплом ва ё сертификат) дорад;

– табиби халки – шахсе, ки шаходатномаи табиби халки дошта, солимгардонии ахоли, пешгири, ташхис ва табобатро бо усул ва маводхои дорувории тибби халки амали мегардонад;

– тандурусти – низоми тадбирхои хусусияти сиёси, иктисоди, хукуки, ичтимои, фарханги ва тибби дошта, ки ба пешгири ва табобати беморихо, нигохдории гигиени ва санитарии чамъияти, нигохдори ва тахкими солимии чисмони ва рухии инсон, инчунин нигохдории хаёти фаъоли дарозумри ва расонидани кумаки тибби ба у дар холати аз даст додани солими равона карда шудааст;

– ташкилотхои зидди бемории сил – ташкилотхои тиббие, ки кумаки зидди бемории силро мерасонанд ва пешгирии онро анчом медиханд, аз чумла ташкилотхои махсуси зидди бемории сил, шабакаи муассисахои кумаки аввалияи тиббию санитари, муассисахои зидди бемории сили низоми корхои ислохи, муассисахои таълимии тахсилоти касбии миёна, оли ва баъдидипломии тиббии дорои сохторхои дахлдор, муассисахои санитарию эпидемиологи ва байтори;

– тибби оилави – самти кумаки аввалияи тиббию санитари чихати расонидани кумаки бисёрсохавии аввалиндарача ба ахоли аз чониби мутахассисони тибби оилави бо максади пешгирию табобати беморихо дар холатхои таъхирнопазир;

– тибби халки – бахши сохаи тандурусти, ки дар он усулхои солимгардонии ахоли, пешгирии беморихо, ташхис ва табобат ба дониш, малака ва тачрибаи аз даврахои кадим бадастомада асос ёфта, бо анъанахои халки мукарраргардида, истифода мешаванд;

– узв – чузъи бадан, ки сохти муайян ва таъйиноти махсус дорад (дил, гурда, чигар, шуш, гадуди зери меъда, устухонхо, магзпардаи сахти сар ва шохпардаи чашм);

– фаъолияти хусусии тибби – фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки оид ба расонидани кумак ва хизматрасонии тибби ба ахоли тибки шартнома, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– хизматрасонии тибби – кумаки тиббие, ки аз руи намуди муайяни бемори ва дар хачми муайян расонида мешавад;

– хуни донори – хуне, ки аз донор гирифта шуда, бо максади истифодабари дар табобати беморон, коркарди чузъхои хун, тайёр намудани дорувори ва истифодаи онхо бо максади илмию тадкикоти равона мегардад;

– хулосаи санитарию эпидемиологи – хуччати тасдиккунандаи мутобикати (номутобикатии) омилхои мухити зист, фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият, мол, кор, хизматрасони, инчунин лоихаи санадхои меъёри, лоихахои сохтмони иншоот, хуччатгузории истифодабари ба коида ва меъёрхои давлатии санитарию эпидемиологи;

– хомиладоркунии сунъи – хомиладоркунии тухмхучайра берун аз бадан ва кучонидани чанини таксимшудаистода ба ковокии бачадон;

– хукуки репродуктиви – хукуки шахрвандон оид ба хифзи солимии репродуктиви ва озодии кабули карор вобаста ба таваллуди кудак ё даст кашидан аз он, инчунин истифодаи кумаки тиббию ичтимои, иттилооти ва машварати дар ин соха;

– чорабинихои санитарию зиддиэпидемики – чорабинихои ташкили, маъмури, мухандисию техники, тиббию санитари, байтори ва дигар чорабинихое, ки барои бартараф ё кам кардани таъсири зараровари мухити зист ба инсон, пешгирии пайдоиш ва пахншавии беморихои сирояти ва беморихои оммавии гайрисирояти нигаронида шудаанд;

– шакли фаъоли бемории сил – шакли бемории сил, ки нишонахои фаъоли он дар натичаи гузаронидани тадкикоти клиники, озмоишгохи, рентгенелоги, генетики, бактериологи, ситологи, гистологи, лапораскопи ва бронхоскопи мукаррар гардидааст;

– шакли гузарандаи бемории сил – шакли беморие, ки бо сабаби хорич намудани микробактерияхои сил ба мухити атроф хатар дорад;

– шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам шудаанд (шахсони хомили вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният);

– шахсони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният – шахсони  дорои зухуроти клиникии бемори, ки барои онхо иллатнокии амики низоми масуният аз таъсири вируси норасоии масунияти одам хос аст;

– шароити мусоиди фаъолияти хаёт – холати мухити зисте, ки дар он хатари таъсири зараровари омилхои мухити зист ба инсон (шароити безарар) чой надорад ва имконияти баркарорсозии фаъолияти вайроншудаи узвхои инсон вучуд дорад;

– шаходатномаи табиби халки – хуччат оид ба сатхи тахсилот, тахассус ва такмили ихтисос, ки аз тарафи муассисахои тахсилоти тибби, инчунин ташкилотхои сохаи тандурусти дода мешавад;

– эпидемия – дарачаи шиддатнокии чараёни эпидемикие, ки мубталои оммавии ахоли ё гуруххои алохидаи онро ба беморихои сирояти инъикос намуда, аз сатхи беморихои маъмулан дар ин худуд кайдшаванда ба таври назаррас бештар мебошад;

– эмкунии пешгирикунанда – ба организми инсон гузаронидани дорувории иммунобиологи бо максади тобовар гардонидани он ба беморихои сирояти;

– экспертизаи сифати хизматрасонихои тибби – мачмуи чорабинихои ташкили, тахлили ва амали, ки барои баровардани хулосаи мутобикати сатхи сифати хизматрасонии тиббии расонидашуда тибки стандартхои дар сохаи тандурусти тасдикшуда, амали карда мешаванд;

– экспертизаи санитарию эпидемиологи – фаъолият оид ба муайян намудани мутобикати (номутобикатии) хуччатхои лоихави ва дигар хуччатхо, иншооти фаъолияти хочагидори ва дигар намуди фаъолият, махсулот, кор ва хизматрасони ба коида ва меъёрхои давлатии санитарию эпидемиологи.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тандурусти

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тандурусти ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ТАНДУРУСТИ

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …