Главная / Илм / ДАСТ

ДАСТ

dastДАСТ, қисми бадани одам, ки чун олоти меҳнат хизмат мекунад. Д. аз бозу, банди даст ва панҷа иборат аст. Устухони бозу тана, бандҳои болоӣ ва поёнӣ дорад, ки ба воситаи онҳо бо устухонҳои китф ва банди даст пайваст мешавад. Аз пеши устухони бозу ба дарозӣ мушакҳои дусара (битсепс) ва бозу, ки хаму ростшавии дастро таъмин менамоянд, ҷойгир шудаанд. Банди Д. аз устухонҳои соид ва оринҷ иборат аст. Ба ин устухонҳо мушакҳое, ки бозу, панҷа ва ангуштҳоро ба ҳаракат медароранд, пайваст мешаванд. Ҳамаи бофтаҳои Д. аз артерияи зери қулфак бо хун таъмин мегарданд. Пӯст, мушак ва бандҳои Д.-ро 4 асабе, ки аз бофти китф мебароянд, ба асаб таъмин мекунанд. Иллатҳои асосии Д. лат хӯрдан, баромадан ва шикастани устухон мебошанд.
КЛ
Расми 1. Устухонҳои даст (намуд аз пеш): 1 – чанбарак; 2 – интиҳои синагии чанбарак; 3 – шона; 4 – шохаи нӯлшакл; 5 – хамии банди шона; 6 – устухони бозу; 7 – чуқураки иклилии устухони бозу; 8 – рӯймӯчи медиалӣ; 9 – ғарғараи устухони бозу; 10 – шохаи иклилӣ; 11 – дӯнгии устухони соид; 12 – устухони соид; 13 – сараки устухони соид; 14 – устухонҳои банди даст; 15 – устухонҳои I – V-и панҷа; 16 – буғумҳои ангуштон; 17 – шохаи дарафшмонанди устухони соид; 18 – устухони соид; 19 – сараки устухони соид; 20 – теғаи дӯнгичаи калон; 21 – ҷӯяки байни дӯнгичаҳо; 22 – дӯнгичаи калон; 23 – дӯнгичаи хурд; 24 – сараки устухони бозу; 25 – акромион (ғуррии китф).
Расми 2. Мушакҳои қисми пеши соид. А – қабати боло: 1 – мушаки китфу соид; 2 – пронатори лӯнда; 3 – мушаки соидии қаткунандаи банди даст; 4 – мушаки дарози кафи даст; 5 – мушаки оринҷии қаткунандаи банди даст; 6 – мушаки сатҳии қаткунандаи ангуштон; 7 – апоневрози мушаки дусараи бозу. Б – қабати амиқ: 1 – супинатор; 2 – мушаки дарози қаткунандаи ангушти калон; 3 – мушаки амиқи қаткунандаи ангуштон; 4 – мушакҳои кирмшакл.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …