Главная / Илм / ДАСТ

ДАСТ

dastДАСТ, кисми бадани одам, ки чун олоти мехнат хизмат мекунад. Д. аз бозу, банди даст ва панча иборат аст. Устухони бозу тана, бандхои болои ва поёни дорад, ки ба воситаи онхо бо устухонхои китф ва банди даст пайваст мешавад. Аз пеши устухони бозу ба дарози мушакхои дусара (битсепс) ва бозу, ки хаму ростшавии дастро таъмин менамоянд, чойгир шудаанд. Банди Д. аз устухонхои соид ва оринч иборат аст. Ба ин устухонхо мушакхое, ки бозу, панча ва ангуштхоро ба харакат медароранд, пайваст мешаванд. Хамаи бофтахои Д. аз артерияи зери кулфак бо хун таъмин мегарданд. Пуст, мушак ва бандхои Д.-ро 4 асабе, ки аз бофти китф мебароянд, ба асаб таъмин мекунанд. Иллатхои асосии Д. лат хурдан, баромадан ва шикастани устухон мебошанд.
КЛ
Расми 1. Устухонхои даст (намуд аз пеш): 1 – чанбарак; 2 – интихои синагии чанбарак; 3 – шона; 4 – шохаи нулшакл; 5 – хамии банди шона; 6 – устухони бозу; 7 – чукураки иклилии устухони бозу; 8 – руймучи медиали; 9 – гаргараи устухони бозу; 10 – шохаи иклили; 11 – дунгии устухони соид; 12 – устухони соид; 13 – сараки устухони соид; 14 – устухонхои банди даст; 15 – устухонхои I – V-и панча; 16 – бугумхои ангуштон; 17 – шохаи дарафшмонанди устухони соид; 18 – устухони соид; 19 – сараки устухони соид; 20 – тегаи дунгичаи калон; 21 – чуяки байни дунгичахо; 22 – дунгичаи калон; 23 – дунгичаи хурд; 24 – сараки устухони бозу; 25 – акромион (гуррии китф).
Расми 2. Мушакхои кисми пеши соид. А – кабати боло: 1 – мушаки китфу соид; 2 – пронатори лунда; 3 – мушаки соидии каткунандаи банди даст; 4 – мушаки дарози кафи даст; 5 – мушаки оринчии каткунандаи банди даст; 6 – мушаки сатхии каткунандаи ангуштон; 7 – апоневрози мушаки дусараи бозу. Б – кабати амик: 1 – супинатор; 2 – мушаки дарози каткунандаи ангушти калон; 3 – мушаки амики каткунандаи ангуштон; 4 – мушакхои кирмшакл.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …