Главная / Гуногун / ВЕЙКФИЛД 

ВЕЙКФИЛД 

Ман дар дунёи тиҷорати пахта бо шахсони зиёд шинос шудам ва иттифоқҳои аҷиберо шоҳид будам ва чанд ҳикоят аз онҳо меоварам, ки ба назарам аз аҳаммият холӣ нест.

Истондорти сифати пахта ҷузъиёти зиёд дорад. Коршиносони тахассусӣ дар озмоишгоҳҳои махсус аз рӯи намунаҳои истондортӣ навъ, сифат ва гурӯҳи онро ташхис карда, гувоҳнома содир мекунанд, ки дар асоси он пахта нархгузорӣ ва хариду фурӯш мешавад.

wakefield-inspection-servicesШиркатҳои махсус ҳастанд, ки пешаашон ҳамин аст. Онҳо дар хариду фурӯши пахта дохил нестанд, фақат аз пахта намунабардорӣ карда, онро ташхис мекунанд ва гувоҳномаи сифат медиҳанд. Одатан, ин ширкатҳо дар дунёи пахта маъруф ва муътамад ҳастанд.

Аслан, дар дунё солона 23 миллион тон нахи пахта истеҳсол мешавад, ки онро дар тойҳои 200-килоӣ бастабандӣ мекунанд. Ин ҳаҷм тақрибан муодили 120 миллион той мешавад. Намунабардорӣ аз даҳ дарсади ҳамин миқдор той сурат мегирад, ки вусъати кори ин ширкатҳоро нишон медиҳад.

Яке аз калонтарин ва маъруфтарин ширкатҳои ин соҳа шир- кати инглисии Wakefield Inspection Services аст, ки дар кулли кишварҳои пахтасодиркунанда, аз ҷумла дар кишвари мо ҳам намояндагӣ дорад.

Рӯзе дар шаҳри Ливерпул ҳамоиши солонаи ширкатҳои пахта баргузор шуд, ки ман ҳам дар он иштирок доштам. Ин ҳамоиш тибқи суннатҳои қадимии бозаргонони пахта, ки аз сарватмандтарин ашхоси дунё буданд, баргузор мешуд. Масалан, яке аз суннатҳояш ин будааст, ки солиёни зиёд ба ин ҳамоиш занҳоро роҳ намедодаанд. Вале солҳое, ки ман дар он иштирок кардам, аллакай занҳо на фақат иштирок мекарданд, балки ширкатҳои зиёди тиҷории пахтаро сардорӣ низ мекарданд.

Чизи ҷолиби дигар, ки дар замони иштироки ман ҳанӯз вуҷуд дошт, ин буд, ки дар даромадгоҳи толори ҳамоиш дарбоне бо либосҳои зардӯзӣ ва асои заркӯб меистод. Вақте иштирокчиён бо навбат барои дохил шудан ба дами дар меомаданд, ӯ аз рӯйхат номашонро ёфта, асояшро ду бор ба замин кӯфта, бо садои баланд ба аҳли толор номи шахс ва ширкаташро эълон мекард. Хандаовар он буд, ки ӯ номи мо ва ширкатҳоямонро талаффуз карда наметавонист ва боиси шӯхиву хандаи ҳамагон мегашт.

Дар ин толори бузург барои чандсад нафар мизҳои даҳкасӣ мегузоштанд ва дар рӯи ин мизҳо номи меҳмононро навишта мемонданд ки ҳар кас ба ҷои муқарраршуда менишаст.

Аввалин касе, ки суханронӣ мекард, аз ҳукумати Инглистон буд, баъд се-чор нафар аз сарони ширкатҳои бузург сухан карда, пешбинияшонро дар бораи бозор арз мекарданд. Вақти сухан- ронии онҳо меҳмонони ҳар миз байни худ шарт мебастанд, ки ӯ чанд дақиқа суханронӣ мекунад ва касе, ки вақти аз ҳама наз- дикро гӯяд, баранда шуда, ҷоиза мегирифт. Ин ҳам яке дигар аз суннатҳои ин ҳамоиш буд.

Он сол дӯсти азизам Ҷон маро бо молики ширкати Вейкфилд шинос кард. Номи пурраи ӯ Питер Вейкфилд буд. Ӯ худро ба ман Питер муаррифӣ кард. Дар сари миз ҷойи ман дар канори ҷаноби Вейкфилд буд. Бори аввал ба ӯ «мистер Вейкфилд» гуфта муроҷиат кардам. Ӯ муаддабона, «Peter, please», яъне ба ман Питер гуфта муроҷиат кунед, гуфт.

Ман тибқи одоби панҷрӯдӣ ҳеч наметавонистам ба чунин инсони бузург, ки ба сол ҳам аз ман бузургтар буд, Питер гуфта, муроҷиат кунам. Дафъаи дигар ҳамон тавр «мистер Вейкфилд», гуфта муроҷиат кунам, аслан таваҷҷуҳ накард. Чун ҳама хомӯш буданд, беэътиноии ӯ диққати ҳамаро ҷалб кард ва ман сурх шудам.

– Питер гӯй, – ба ёрии ман шитофт Ҷон.

Базӯр худро маҷбур карда:

  • Питер, – гуфтам, боз ҳам бештар сурх шуда.
  • Yes, dear (бале, азизам), – бо табассуми фарох ба ман рӯй овард мистер Вейкфилд.

Ин ҳодиса дар зеҳни ман ҳикояи «Қозизодаи румӣ ва Мавлоно Ҷомӣ»-ро зинда кард ва ман дидам, ки фурӯтанӣ ба шахс мезебад, чӣ басо шахс мартабаи баланд дошта бошад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …