Главная / Гуногун / ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМЕРИКА ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМЕРИКА ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

Тараққиёти иқтисодӣ. Баъд аз ҷанги мулкӣ иқтисоди ИМА босуръат тараққӣ кард. Ин чанд сабаб дошт. Якум, сохти ғуломдорӣ дар ҷануби мамлакат барҳам хӯрд. Дуюм, муносибатҳои демократӣ дар ҷомеа бештар амри воқеӣ мегардиданд. Сеюм, бозори умумимиллӣ ташаккул ёфт. Чорум, қонун дар бораи хомстедҳо, ки соли 1862 қабул карда шуда буд, имконият дод, ки кишоварзии ИМА бо роҳи фермерӣ пеш равад ва ин роҳ комилан ғалаба кард. Панҷум, дар саноату кишоварзӣ ва нақлиёту алоқа техника ва технологияи пешқадами америкавию европавӣ васеъ ба кор бурда мешуд.

iktisodi-ima

Дар тараққиёти иқтисодии охири асри XIX – аввали асри XX ИМА афзоиши истеҳсоли чӯяну пӯлод за ангишту нафт ёрии калон расониданд. Истеҳсоли чӯян аз 7,7 миллион тоннаи соли 1870 лап соли 1913 ба 517 млн тонна, акгишт аз 33 миллион тоннам соли 1870 дар соли 1913 ба 270 миллион тонна расид.

Сифатан тағйирёбии коркарди маъдан барои пешравии сохаҳои дигари саноат заминаӣ боэътимод гузошт. Дар солҳои 70-ум ва 80-ум мошинасозӣ барои заводҳо афзуд.

Дар ин давра телефони Белл ба кор бурда мешуд, истгоҳи барқии бо бӯғ коркунандаи Эдисон ба кор даромад. Тормози ихтироъкардаи Вестингауз дар техника ва нақлиёт босамар кор мекард. Соли 1882 трамвайи аввалин ҳам ба роҳ даромад. Дар аввали асри XX заводҳои Форд автомобилҳои бисёр истеҳсол мекарданд.

Ба тараққиёти пуравҷи иқтисодӣ, аз он ҷумла, саноат ва кишоварзӣ роҳҳои оҳан ёрии калон мерасониданд. То солҳои 90-ум 4 роҳи оҳани дароз сохта шуд, ки он аз соҳилҳои Уқёнуси Ором cap шуда, то ба соҳилҳои Уқёнуси Атлантика рафта мерасид. Чунин роҳи оҳани дарози дигар то ба Канада сохта, ба истифода дода шуд. Баъди ин дарозии умумии роҳҳои оҳани ИМА ба 190 ҳазор мил расид. Ин аз дарозии роҳҳои оҳани ҳамаи мамлакатҳои Европа зиёдтар буд.

Дар 30 соли охир ба мамлакат 3 млрд доллар сармояи хориҷӣ ворид шуд. Дар ҳамин мӯҳлат ба ИМА барои зиндагонии муқимӣ 14 млн нафар муҳоҷирон омаданд. Ин ҳам барои пешравии иқтисодиёти мамлакат сабаб шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …