Главная / Гуногун / ВЕЙКФИЛД 

ВЕЙКФИЛД 

Ман дар дунёи тичорати пахта бо шахсони зиёд шинос шудам ва иттифокхои ачиберо шохид будам ва чанд хикоят аз онхо меоварам, ки ба назарам аз ахаммият холи нест.

Истондорти сифати пахта чузъиёти зиёд дорад. Коршиносони тахассуси дар озмоишгоххои махсус аз руи намунахои истондорти навъ, сифат ва гурухи онро ташхис карда, гувохнома содир мекунанд, ки дар асоси он пахта нархгузори ва хариду фуруш мешавад.

wakefield-inspection-servicesШиркатхои махсус хастанд, ки пешаашон хамин аст. Онхо дар хариду фуруши пахта дохил нестанд, факат аз пахта намунабардори карда, онро ташхис мекунанд ва гувохномаи сифат медиханд. Одатан, ин ширкатхо дар дунёи пахта маъруф ва муътамад хастанд.

Аслан, дар дунё солона 23 миллион тон нахи пахта истехсол мешавад, ки онро дар тойхои 200-килои бастабанди мекунанд. Ин хачм такрибан муодили 120 миллион той мешавад. Намунабардори аз дах дарсади хамин микдор той сурат мегирад, ки вусъати кори ин ширкатхоро нишон медихад.

Яке аз калонтарин ва маъруфтарин ширкатхои ин соха шир- кати инглисии Wakefield Inspection Services аст, ки дар кулли кишвархои пахтасодиркунанда, аз чумла дар кишвари мо хам намояндаги дорад.

Рузе дар шахри Ливерпул хамоиши солонаи ширкатхои пахта баргузор шуд, ки ман хам дар он иштирок доштам. Ин хамоиш тибки суннатхои кадимии бозаргонони пахта, ки аз сарватмандтарин ашхоси дунё буданд, баргузор мешуд. Масалан, яке аз суннатхояш ин будааст, ки солиёни зиёд ба ин хамоиш занхоро рох намедодаанд. Вале солхое, ки ман дар он иштирок кардам, аллакай занхо на факат иштирок мекарданд, балки ширкатхои зиёди тичории пахтаро сардори низ мекарданд.

Чизи чолиби дигар, ки дар замони иштироки ман хануз вучуд дошт, ин буд, ки дар даромадгохи толори хамоиш дарбоне бо либосхои зардузи ва асои заркуб меистод. Вакте иштирокчиён бо навбат барои дохил шудан ба дами дар меомаданд, у аз руйхат номашонро ёфта, асояшро ду бор ба замин куфта, бо садои баланд ба ахли толор номи шахс ва ширкаташро эълон мекард. Хандаовар он буд, ки у номи мо ва ширкатхоямонро талаффуз карда наметавонист ва боиси шухиву хандаи хамагон мегашт.

Дар ин толори бузург барои чандсад нафар мизхои дахкаси мегузоштанд ва дар руи ин мизхо номи мехмононро навишта мемонданд ки хар кас ба чои мукарраршуда менишаст.

Аввалин касе, ки суханрони мекард, аз хукумати Инглистон буд, баъд се-чор нафар аз сарони ширкатхои бузург сухан карда, пешбинияшонро дар бораи бозор арз мекарданд. Вакти сухан- ронии онхо мехмонони хар миз байни худ шарт мебастанд, ки у чанд дакика суханрони мекунад ва касе, ки вакти аз хама наз- дикро гуяд, баранда шуда, чоиза мегирифт. Ин хам яке дигар аз суннатхои ин хамоиш буд.

Он сол дусти азизам Чон маро бо молики ширкати Вейкфилд шинос кард. Номи пурраи у Питер Вейкфилд буд. У худро ба ман Питер муаррифи кард. Дар сари миз чойи ман дар канори чаноби Вейкфилд буд. Бори аввал ба у «мистер Вейкфилд» гуфта мурочиат кардам. У муаддабона, «Peter, please», яъне ба ман Питер гуфта мурочиат кунед, гуфт.

Ман тибки одоби панчруди хеч наметавонистам ба чунин инсони бузург, ки ба сол хам аз ман бузургтар буд, Питер гуфта, мурочиат кунам. Дафъаи дигар хамон тавр «мистер Вейкфилд», гуфта мурочиат кунам, аслан таваччух накард. Чун хама хомуш буданд, беэътиноии у диккати хамаро чалб кард ва ман сурх шудам.

– Питер гуй, – ба ёрии ман шитофт Чон.

Базур худро мачбур карда:

  • Питер, – гуфтам, боз хам бештар сурх шуда.
  • Yes, dear (бале, азизам), – бо табассуми фарох ба ман руй овард мистер Вейкфилд.

Ин ходиса дар зехни ман хикояи «Козизодаи руми ва Мавлоно Чоми»-ро зинда кард ва ман дидам, ки фурутани ба шахс мезебад, чи басо шахс мартабаи баланд дошта бошад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …