Зарба мисли дафъаи гузашта, ба ҷои дигари хонадон зада шуд. Моҳи августи соли 1999 хоҳарам Ибодат писараш Аълоҷонро хонадор мекард ва моро ба ҷашни арӯсӣ ба Панҷрӯд даъват кард. Мо бо истифода аз фурсат, ҳамаи дӯстон ва кормандони ширкатро ба ин ҷашн даъват кардем. Ман бо чанде аз дӯстон ду …
Муфассал »ОЗОД ШУДАНИ АБДУЛҲАКИМ АЗ ГАРАВГОН
Аз хастагиву бемадорӣ рӯи нимтахти офис сахт хобам бурдааст. Аз садои тақ-тақи дар бедор шудам. Дарро кушода будам, ки Исмоил аз ҳаяҷон бо садои баланд: – Абдулҳакимро милисаҳо оварданд, – гуфт. – Кай? – фикр мекардам, хоб мебинам. Мағзам ҳанӯз бедор нашуда буд. Намефаҳмидам, ин ҳақиқат аст? Ё хоб? Исмоил …
Муфассал »ГАРАВГОНГИРӢ
Ҷанги шаҳрвандӣ тақрибан шаш моҳ ба таври задухӯрди рӯёрӯй дар дохили кишвар амал карда бошад ҳам, аз соли 1992 то аввали солҳои 2000-ум аҳолии кишвар дар ҳоли муҳосира зиндагӣ мекарданд. То баргаштани мухолифон аз Афғонистон як зумра фармондеҳон бедодгарӣ мекарданд. Баъд аз оштии миллӣ ва имзои Созишномаи сулҳ, ҷангиёни мухо- …
Муфассал »ХУСУСИГАРДОНӢ
Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ хусусигардонии мулк ва корхонаҳо шурӯъ шуд. Дар Тоҷикистон ин маърака баъд аз оштии миллӣ ривоҷ гирифт. Корхонаҳо аз тариқи музоядаҳо ба фурӯш бароварда мешуданд. Созмонҳои байналмилалии молӣ ба ҳукумат фишор меоварданд, ки ҳарчи зудтар корхонаву муассисаҳои давлатиро бифурӯшад ва моликияти хусусиро ривоҷ диҳад. Ва аксаран ин …
Муфассал »ПАХТАИ МАҲИННАХ
Албатта, кишвари ҳамсоя мушкил ва мушкилсозони худашро дошт, ки имрӯзҳо ошкор шуд. Воқеаи ҷолиберо аз ин навъ бихонед. Парвариши пахтаи навъи маҳиннах фақат дар иқлими хос имконпазир аст. Ин навъ рӯзҳои офтобии бештар металабад. Нахи ин навъи пахта нисбат ба навъҳои миёнанах дарозтару зарифтар буда, муқовиматаш ба кандашавӣ низ болост …
Муфассал »ӮЗБАКИСТОН
Cолҳои аввале, ки ман ба тиҷорати пахта машғул шудам, маводи сӯхт ва нуриҳои минералиро мо аз Ӯзбакистон ворид мекардем. Ҳамин ду мавод қисми асосии ҳазинаҳои рӯён- дани пахтаро ташкил мекунанд. Дар Ӯзбакистон тавлид ва содирот асосан дар дасти давлат буд. Онҳо Вазорати махсус доштанд, ки муносиботи иқтисодии хориҷиро танзим мекард. …
Муфассал »АСАДУЛЛО
Дар робита бо Асадулло воқеаи ҷолибе иттифоқ афтода буд. Чунон ки пештар гуфтам, солҳои аввали ба тиҷорати пахта машғул шуданам, мо ҳар сол ба Ӯзбакистон ба конфронси пахта даъват мешудем. Ҳукумати он кишвар ҳар сол дар аввали мавсими пахтачинӣ, моҳи сентябр як конфронс ташкил карда, тамоми ширкатҳои пахтаро даъват мекард …
Муфассал »Ҷон номи Одам
Ҷон Стед аслан зодаи Инглис буд ва тиҷорати пахта кас- би хонаводагияш. Нақл мекард, ки бобояш корхонаи ресандагӣ доштааст. Дар аввалҳои асри бист ҳукумати инглис барномае рӯи даст гирифта буд, ки корхонаҳои ресандагиро аз кишвар берун кунад. Ӯ мегуфт ҳукумат ба соҳибони корхонаҳои ресандагӣ ва бофандагӣ ба ивази бастан ё …
Муфассал »Латифаҳои адабӣ
Мо тоҷикон хеле меҳмондӯстем. Махсусан, агар меҳмон хориҷӣ бошад, ӯро ба таври худамон хеле эҳтиром мекунем. Ин суннати ифтихории мост. Фарқе надорад, ки ин меҳмон ба меҳмондории мо чӣ гуна муносибат мекунад, барои мо суннати худамон муҳимтар аст. Ҳатто ба гӯшаи хаёламон намеояд, ки меҳмон метавонад аз ин меҳмоннавозии аз …
Муфассал »ВЕЙКФИЛД
Ман дар дунёи тиҷорати пахта бо шахсони зиёд шинос шудам ва иттифоқҳои аҷиберо шоҳид будам ва чанд ҳикоят аз онҳо меоварам, ки ба назарам аз аҳаммият холӣ нест. Истондорти сифати пахта ҷузъиёти зиёд дорад. Коршиносони тахассусӣ дар озмоишгоҳҳои махсус аз рӯи намунаҳои истондортӣ навъ, сифат ва гурӯҳи онро ташхис карда, …
Муфассал »