Главная / Ҷамъият / Кафолатҳо дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартномаи коллективӣ

Кафолатҳо дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартномаи коллективӣ

Моддаи 312-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳо дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартномаи коллективӣ

  1. Агар иҷрои шартномаи коллективӣ мушкил гардад ё бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ташкилот ё тағйир ёфтани намуди фаъолияти он идома додани амали он ғайриимкон бошад, соҳибмулк бояд ҳамаи имтиёзҳои инфиродии кормандони дар шартнома муайянгардидаро нигоҳ дорад.
  2. Дар муддати се моҳ аз рўзи гузаштани ҳуқуқи соҳибмулкии ташкилот ба соҳибмулки нав, дар байни ў ва намояндагони кормандон шартномаи коллективии нав баста мешавад ва то баста шудани он ҳамаи муқарраротҳои шартномаи коллективии қаблан амалкунанда риоя карда мешаванд.
  3. Дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилот то ба охир расидани муҳлати амали шартномаи коллективӣ соҳибмулк ё мақомоти ваколатдори таъсисдиҳандаи ташкилот уҳдадоранд, ки ба кормандон дар давоми муҳлати барҳамдиҳӣ маблағи барои ҳалли масъалаҳои инкишофи иҷтимоии коллектив, имтиёзҳои инфиродии дар шартномаи коллективӣ пешбинишударо пардохт намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …