Главная / Теги: Таърихи умумӣ синфи 8 (страница 12)

Теги: Таърихи умумӣ синфи 8

Сиёсати таҷовузкоронаи хориҷии ИМА

1372324977_vashington-20-vek

Сармоядорони Англия, Фаронса ва Германия дар охирҳои асри XIX ба хориҷа қариб 35 млрд доллар сармоя бароварданд, вале ИМА бошад. Дар ҳамин давра ба хориҷа ҳамааш 500 млн доллар бароварданд. Сабабаш он буд, ки ҳанӯз дар худи ИМА барои фурӯхтани мол имкониятҳои калон мавҷуд буданд. Аз ҳамин лиҳоз сармояро дар …

Муфассал »

Ислоҳоти аввали асри XX дар ИМА

ssha

Ҳаракати ислоҳотхоҳӣ дар ИМА дар натиҷаи норозигии доираҳои васеъи аҳолии мамлакат аз фаъолияги инҳисорҳо оғоз ёфт. Қисми пешқадами буржуазия ба сиёсати ислоҳотхоҳӣ гузашт. Ба ин роҳ номзади Ҳизби Ҷумҳуриятхоҳон Т. Рузвелт дар интихоботи президентии соли 1904 ғолиб баромад. Ӯ баъди интихобот ислоҳот гузаронд. Ин ислоҳот на ба гурӯҳҳои алоҳида, балки …

Муфассал »

Фаъолияти тресту банкҳо дар ИМА

banks

Дар охири асри XIX боигарии ИМА торафт бештар ба дасти трестҳо медаромад. Инҳисор гардидани нақлиёту роҳи оҳани мамлакат нисбат ба дигар соҳаҳо барвақттар доир гардид. Дар ин соҳа “Иттифоқҳои роҳи оҳан”-и Вандербилт, Гулда, Хатигтон ба вуҷуд омаданд. Дар солҳои 80-ум истеҳсоли пахта, равғани зағир, шароб, сурб. найшакар, гӯгирд ва тамоку …

Муфассал »

ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМЕРИКА ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

iktisodi-ima

Тараққиёти иқтисодӣ. Баъд аз ҷанги мулкӣ иқтисоди ИМА босуръат тараққӣ кард. Ин чанд сабаб дошт. Якум, сохти ғуломдорӣ дар ҷануби мамлакат барҳам хӯрд. Дуюм, муносибатҳои демократӣ дар ҷомеа бештар амри воқеӣ мегардиданд. Сеюм, бозори умумимиллӣ ташаккул ёфт. Чорум, қонун дар бораи хомстедҳо, ки соли 1862 қабул карда шуда буд, имконият …

Муфассал »

Ғалабаи Шимол бар Конфедератсияи Ҷануб

xusa-752x440-jpg-pagespeed-ic-d_azgtrtvl

Баъд аз он ки Шимол ба ҷанги инқилобӣ гузашт, Конфедератсия дар муҳорибаҳо паси ҳам шикаст мехурд. Ғалабаи охирини нисбатан калони ҷанубиҳо дар муҳорибаи назди Чанслорсвилл моҳи апрели соли 1863 доир гардида буд. Тобистони ҳамон сол дар Ҷанги мулкӣ гардиши куллӣ ба амал омад. 1 – 3 июли соли 1863 Дар …

Муфассал »

Барҳам дода шудани ғуломдорӣ дар ИМА

History of Slavery - Plantation Master at the Slave market

Соли 1862 ба сарватмандон андозҳои нав бор карда шуданд. Инчунин барои мусодираи моликияти исёнтарон қонун бароварда шуд. 20 майи соли 1862 қонун дар бораи хомстедҳо эълон гардид. Мувофиқи ин қонун ҳар як шаҳрванди ИМА ҳамагӣ 10 доллар пардохта, метавонист дар Ғарб қитъаи замини 160-акра бигирад. Баьди 5 сол ӯ соҳиби …

Муфассал »

Ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА

xusa-752x440-jpg-pagespeed-ic-d_azgtrtvl

Баъди аз дасташон рафтани мансаби президентӣ ғуломдорони Ҷануб аз нав ба мубориза бархостанд. Авраам Линколн бояд 4 марта соли 1861 ба иҷрои вазифаи президентӣ шурӯъ мекард. Вале 20 декабри соли 1860 иёлати Королинаи Ҷанубӣ аллакай дар бораи аз иттифоқ баромадани худ эълон кард. Дар ин бора боз 7 иёлати дигар …

Муфассал »

Президент интихоб шудани Авраам Линколн дар ИМА

thumb_54146_artworks_big

Дар Канзас ҷазо додани иштирокчиёни муқовимат бар зидди паҳн кардани ғуломдорӣ ва қатли Ҷон Браун бӯҳрони инқилобиро паст накард. Соли 1860 Ҳизби Ҷумҳуриятхоҳон номзад ба президентии ИМА шахси дар байни халқ бо ақидаҳои демократии худ машҳур, адвокат ва узви Конгресс Авраам Линколнро (1809-1865) пешбарӣ намуд. Дар ин давра дар Ҳизби …

Муфассал »

Ҷанги мулкӣ дар Канзас

8be

Соли 1850 ғуломдорон хостанд, ки ғуломдориро дар тамоми ИМА қонунӣ гардонанд. Барои ин ҳама заминҳои навро ба даст дароварда, бо ҳамин онҳо имконияти ба Шимол гурехта рафтани ғуломонро барҳам доданӣ буданд. Дар Конститутсияи соли 1787-и ИМА мушаххасан нисбати ғуломоне, ки аз дасти ғуломдорон гурехта озод мешаванд, чизе гуфта нашудааст. Баъди …

Муфассал »

Ташкилёбии ҳизбҳои сиёсӣ дар ИМА

ima-xix

Ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳаёти ИМА мақоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гурӯҳҳои сиёсӣ ба вуҷуд омаданд. Онҳо дар вақти интихоботи президентӣ ҳаракат мекарданд, ки барои соҳиб шудан ба ин мансаб ғолиб оянд. Дар интихоботи президентии соли 1828 плантаторҳо ва фермерҳои сершумору ҳунармандон ва як қисми коргарон барои …

Муфассал »