Дар Канзас ҷазо додани иштирокчиёни муқовимат бар зидди паҳн кардани ғуломдорӣ ва қатли Ҷон Браун бӯҳрони инқилобиро паст накард.
Соли 1860 Ҳизби Ҷумҳуриятхоҳон номзад ба президентии ИМА шахси дар байни халқ бо ақидаҳои демократии худ машҳур, адвокат ва узви Конгресс Авраам Линколнро (1809-1865) пешбарӣ намуд. Дар ин давра дар Ҳизби Демократӣ ҷудоӣ ба амал омада буд. Барои ҳамин он якбора ду номзадашро ба президентӣ пешниҳод кард. Ин кор дар интихобот мавқеи Ҳизби Демократиро хеле суст кард. Ҳамин тариқ, Моҳи ноябри соли 1860 президенти ИМА номзади Ҳизби Ҷумҳуриятхоҳон гузашт. Бори аввал буд, ки соҳибкорону корчалонҳо бо ҳамроҳии фермерҳою коргарон муттаҳид шуда, дар интихоботи президентӣ ғолиб баромаданд. Дар амал дар ин интихобот муқобилони ғуломдорӣ бар чонибдорони он ғолиб омаданд.
Авраам Линколн дар оилаи сафедпӯсти иёлати Кентукки таваллуд шудааст. Оилаи Линколнҳо баъди чанде аз иёлати Кентукки ба иёлати Индиана кӯчидааст. Дар овони наврасӣ ва ҷавонӣ Авраам ба кишоварзӣ ва чӯббурӣ шуғл варзидааст. Ӯ дар ҳама ҷо даҳшати ғуломдориро бо чашмони худ медид. Авраам худомӯз буд. Қобилияти фавқулодда дошт. Кори адвокатӣ ва дар ин кор адолатпеша буданаш ӯро дар байни фермерҳо, коргарон ва буржуазия зуд машҳур гардонд.