Главная / Гуногун / Ҷанги мулкӣ дар Канзас

Ҷанги мулкӣ дар Канзас

Соли 1850 ғуломдорон хостанд, ки ғуломдориро дар тамоми ИМА қонунӣ гардонанд. Барои ин ҳама заминҳои навро ба даст дароварда, бо ҳамин онҳо имконияти ба Шимол гурехта рафтани ғуломонро барҳам доданӣ буданд.

Дар Конститутсияи соли 1787-и ИМА мушаххасан нисбати ғуломоне, ки аз дасти ғуломдорон гурехта озод мешаванд, чизе гуфта нашудааст. Баъди қабули Конститутсияи ИМА чандин дахсолаҳо гузаштанд. Акнун гурехтани зангиҳои ғулом хусусияти оммавӣ пайдо намуд. Барои ҳамин соли 1850 плантаторҳо тавассути Конгресс қонунеро қабул карданд, ки мувофиқи он аҳолӣ ва ҳукуматдорон вазифадор буданд ғуломони гурезаро дастгир кунанд.

8be

Худи ҳамон сол Конгресс ба баъзе иёлот ҳуқуқ дод, ки масъалаи ғуломдориро худи онҳо ҳал кунанд. Яке аз ҳамин қонунҳо—билл, яъне конуни “Канзас Небраска” буд. Мувофиқи он ғуломдорӣ дар самти шимолтар аз мадори 36 то 30° дар заминҳои ғарбтари Миссисипи воқеъбуда манъ карда мешуд. Ин қонун сабабгори дар Канзас ба амал омадани ҷанги мулкӣ гардид.

Ғуломдорон дастаҳои мусаллаҳи зархарид ташкил намуда, ба Канзас ҳуҷум карда, дар он ҷо сохти ғуломдориро ҷорӣ мекарданд. Ҷавобан ба ин ҳазорон фермеру ҳунармандон ба ҷониби Канзас ҳаракат карданд, то ки заминҳон холии онро ба даст дароранд ва нагузоранд, ки ғуломдорон ин иёлатро ба иёлати ғуломдорӣ табдил диҳанд.

Ҳангоми интихоботи президентӣ дастаҳои каллабур, ки онҳоро плантаторҳо созмон дода буданд, аҳолиро тарсонда, маҷбур мекарданд, ки ба тарафдории номзади ғуломдорон овоз диҳанд.

Аксарияти аҳолии Канзас зидди ғуломдорӣ буданд. Онҳо “Кумитаи амнияти ҷамъиятӣ” ташкил карда, дар шаҳри Лоуренс мустаҳкам ҷойгир шуданд. Вале дере нагузашта дастаҳои хуб мусаллаҳбудаи ғуломдорон, ки аз иёлати Миссури ба Канзас зада даромада буданд, шаҳри Лоуренсро ба хок яксон ва муҳофизони онро қир карданд.

Ҳукумати марказӣ Канзасро баъди ин воқеа ҳамчун иёлати ғуломдорӣ шинохт. Ҷанги мулкӣ дар Канзас аз соли 1854 то соли 1856 давом кард. Он дар бораи оғози ҷанги мулкӣ дар тамоми ИМА дарак медод.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …