Бояд тавзеҳи мухтасаре аз низоми бонкдории шӯравӣ бидиҳам, зеро дар марҳалаи аввали ба тиҷорат машғул шуданам, қоидаҳои он низом дар кор муассир буданд. Бо сӯис- тифода аз имконоти он, дар паҳнои Шӯравӣ кулоҳбардориҳо ва сирқатҳои азиме сурат гирифта буд. Баъд аз инқилоби сурх, бонкҳо дар аввалин фурсат миллӣ кунонда шуда, …
Муфассал »ШУХА
Солҳои 90 дар ҳаёти кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун даврони беҳокимиятӣ ва равнақи ҷурму ҷиноят сабт шудааст. Дар паи тақсимоти амволи давлатӣ муноқишаҳои хунини зиёд рӯй доданд, ки каналҳои махсуси телевизион ва рӯзномаҳои ихтисосӣ аз онҳо гузориш медоданд. Саҳнаҳои пур- қурбониву пурхун аз филмҳои Ҳолливуд ба кӯчаҳои шаҳрҳои Шӯравии собиқ пиёда шуда …
Муфассал »ҲИКМАТ
Яке аз се нафар тоҷикбаччае, ки дар хизмати сарбозӣ бо ҳам будем, Ҳикмат ном баччаи кӯлобӣ буд ва дар қисми десантӣ (коммандо) хизмат мекард. Ҳикмат қади баланду расо дошт ва ҷисман хеле қавӣ буд. Чашмони калони барроқи сиёҳ дошт, ки нигоҳаш сӯрохкунанда буд. Мӯи сарашро пок тарошида, риши кӯтоҳ мегузошт. …
Муфассал »ОРОМИИ НИСБӢ
Силоҳдорони мухолифон ба самти Ромиту Рашт ақибнишинӣ карданд, ки як-ду моҳи дигар пайгирии онҳо ва ҷанг дар он минтақа идома ёфт. Ниҳоят қувваҳои мухолифон ва аксари мардуми Рашту қаротегиниасли сокини вилояти Қӯрғонтеппа ба Афғонистон паноҳ бурданд. Ҷангиёни онҳо ба марзҳои Тоҷикистон ҳамлаҳо мекарданд ва то солҳои 1997 марзҳои кишвар бо …
Муфассал »ИҶЛОСИЯИ XVI
Раёсати Шӯрои олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон 10 ноябри соли 1992 бо як баёнияе истеъфо дода, даъват карданд, ки ҷаласаи Шӯрои олӣ баргузор гардад ва дар он ҳайати нави ҳукумат интихоб шавад. Таҳти сарпарастии Ӯзбакистон аз 16 ноябр то 2 декабри ҳамон сол дар Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои олӣ баргузор шуд, ки …
Муфассал »ДАХОЛАТИ РУСИЯ ВА ИСЛОМ КАРИМОВ
Дар охири солҳои 80, бо сабаби буҳрони фарогир дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар байни зиёиёни рус зеҳнияте ғолиб омад, ки тамоми дороиҳои Русия барои хӯрондани ҷум- ҳуриҳои Қафқозу Осиёи Миёна сарф мешавад. Ин андеша асоси воқеӣ дошт, вале сабабаш ба заъфи мудирият вобаста буд. Мо- ликияти давлативу ҷамъиятӣ рақобат ва ангезаро, …
Муфассал »ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ
Даштҳои водии Вахшу Кӯлоб пеш аз солҳои сивуми ас- ри бист қамишзору чарогоҳ буда, заминҳояш обёрӣ нашуда ва киштукор намешудаанд. Ҳукумати Шӯравӣ барои таъмини ниёзаш ба масолеҳи кишоварзӣ тасмим гирифт ин заминҳоро ба заминҳои кишт табдил диҳад. Барои ободонии ин сарзамин мардумро аз кӯҳистони Қаротегину Кӯлоб ва Ба- дахшону Фарғонаву …
Муфассал »ДУ МАЙДОН (Озоди ва Шаҳидон)
3 марти соли 1992 Раиси Шӯрои олӣ Сафаралӣ Кенҷаев дар ҷаласаи ин ниҳод вазири корҳои дохилӣ – зодаи Бадахшон – Мамадаёз Навҷувоновро шадидан танқид карда, истеъфои ӯро талаб кард, ки ин аз тариқи телевизион намоиш дода шуд. Дар натиҷа, рӯзи 26 март ба қонуни манъи таҷаммуъ нигоҳ накарда, ҷамъияти «Лаъли …
Муфассал »ПИРӮЗИИ РАҲМОН НАБИЕВ
4 ноябри соли 1991 интихоботи Раиси ҷумҳур баргузор шуд, ки довталабони асосии он Раҳмон Набиев ва Давлат Худоназаров буданд. Дар ин интихоботи воқеан озод Раҳмон На- биев баранда шуд. Набиев собиқаи дарози роҳбарии ҷумҳуриро дошт ва маъруф буд, аз ин сабаб, нухбагони шӯравӣ – коммуни- стон ва ҳамаи онҳое, ки …
Муфассал »ВОҚЕАҲОИ СОЛИ 1991-ум
Тобистони соли 1988 конфронси 19-уми Ҳизби комму- нисти Иттиҳоди шӯравӣ як қатъномаи ислоҳотӣ қабул карда буд, ки он як қатор ислоҳоти сиёсӣ-иҷтимоӣ, аз ҷумла озодии баёнро кафолат медод. Дар асари ҳамин ислоҳот дар Тоҷикистон ҳаракатҳои мардумӣ ва расонаҳои мустақил арзи вуҷуд карда буданд. 25 феврали соли 1990 интихоботи Шӯрои олии …
Муфассал »