Главная / Гуногун / БОНКДОРИИ ШӮРАВӢ

БОНКДОРИИ ШӮРАВӢ

Бояд тавзеҳи мухтасаре аз низоми бонкдории шӯравӣ бидиҳам, зеро дар марҳалаи аввали ба тиҷорат машғул шуданам, қоидаҳои он низом дар кор муассир буданд. Бо сӯис- тифода аз имконоти он, дар паҳнои Шӯравӣ кулоҳбардориҳо ва сирқатҳои азиме сурат гирифта буд.

Баъд аз инқилоби сурх, бонкҳо дар аввалин фурсат миллӣ кунонда шуда, кори бонкдорӣ дар инҳисори давлат қарор ги- рифт. Аслан, тибқи мафҳуми идеологӣ ва иқтисодии шӯравӣ муомилоти пуливу қарзӣ аз байн рафта, бояд ҷои онро тақсимот ба ивази меҳнат (заҳмат) мегирифт. Барои ба ин тарзи муноси- бат гузаштан, ҳисобдорӣ ва назорати шадид бар меҳнат ва мас- раф лозим буд. Ин назорат бояд аз сӯи бонк амалӣ мешуд. Ин буд, ки дар замони Коммунизми ҳарбӣ бонкҳо давлатӣ кунонда шуда, шуъбаҳои Бонки ягонаи давлатӣ дар минтақаҳо таъсис дода шуд. Аз байн бурдани муомилоти бонкӣ ва нест кардани муносиботи пул-мол дар натиҷаи сиёсати Коммунизми ҳарбӣ ба таварруми шадид овард.

Агроинвестбонк

Дар натиҷаи ин таҷрибаи пуч ошкор гашт, ки Коммуниз- ми ҳарбӣ сиёсати хатост ва ҳукумати Шӯравӣ Сиёсати нави иқтисодиро роҳандозӣ кард. Сиёсати нави иқтисодӣ низоми бонкиро аз нав зинда карда, имкон дод, ки хоҷагии халқ рушд кунад. Бо ба охир расидани Сиёсати нави иқтисодӣ боз ҳам низоми бонкӣ марказикунонида шуд ва Бонки воҳиди давлатӣ шуъбаҳои минтақавиро таъсис дод, ки ба муштариёни он минтақаҳо хизмат мерасонданд. Стройбонк – бонки сохтмон, масъули сармоягузорӣ дар соҳаи иншоот буд, ки дар асл як ҷузъи бонки давлатӣ буд. Муносибат бо бонкҳои хориҷӣ ба уҳдаи Внешторгбонк – бонки савдои хориҷӣ вогузошта шуда буд. Дар асл ин бонкҳо ҳам шохаҳои ҳамон бонки давлатӣ бу- данд ва тавлид, пардохт ва тамоми фаъолияти молии корхона- ву муассисаҳоро назорат мекарданд. Гардиши байнишуъбаии (МФО) ин бонкҳо ягона роҳи ҳисоббаробаркунии байни тамоми корхонаву муассисаҳои давлатӣ – муштариёни шӯравӣ буд.

Бонкҳо на ҳамеша ҷузъиёти кори соҳаҳоро ба назар меги- рифтанд, ки дар натиҷа иқтисоди кишвар торафт ақиб мемонд. Аввали солҳои 80 кӯшиши дигаргунсозии бонкҳо пеш гирифта шуд ва дар асоси шуъбаҳои минтақавии бонки давлатӣ бонкҳои соҳавӣ таъсис дода шуданд.

Промстройбонк дар соҳаи саноату сохтмон, Агропромбонк дар соҳаи кишоварзӣ, Жилсотсбонк дар соҳаи иҷтимоӣ таъсис ёфтанд, вале аз сабаби мудирияти ноуҳдабароёна, ин бонкҳо вазъро бадтар карданд. Ҳарҷу марҷи зиёд пеш омад, зеро агар қаблан муштариҳои ҳисоббаробаркун дар як бонк бошанд, акнун муштарии бонкҳои мухталиф буданд ва ҳисоббаробаркунии байни онҳо вақту заҳмати бештарро талаб мекард. Ин ҳарҷу марҷ ба низоъҳои байнисоҳавӣ ва байни муштарӣ боис шуд. Баҳсҳои доманадори идеологиву иқтисодӣ ба миён омад ва афкори умумӣ бар он шуд, ки ба иқтисоди бозорӣ бояд гузашт. Дар натиҷаи ин муборизаҳо охири солҳои 80 бонкҳои аввалини тиҷории ғайридавлатӣ таъсис ёфтанд. Ҳа- мин тавр, ҳафтод сол лозим шуд, то исбот шавад, ки ин низом қобили иҷро нест ва бонкдорӣ бозгаштро ба он тарзи коре, ки қабл аз милликунонӣ ва инҳисори давлатӣ роиҷ буд, сар кард. Вале ҳанӯз дар ташкил ва тартиби кор норасоӣ ва ноҳамоҳангӣ зиёд буд, ки ҳатто сӯистифода аз он низ зиёд шуд.

Дар давраи гузариши низоми бонкӣ гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар Русия ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ санадҳои байни- шуъбавии тақаллубӣ сохта, маблағҳои калонеро дуздиданд. Онҳо аз шуъбаи бонк дар як шаҳр ба шаҳри дигар санади тақаллубӣ мефиристоданд, аз суратҳисоби ширкат маблағҳоро гирифта, ғайб мезаданд, ки баъдан дар ҳисоббаробаркунии марҳалавӣ ошкор мегашт. Баъди ошкор шудани ин дуздиҳо бонкҳо чора дида, пеши роҳи онро гирифтанд.

Ғайр аз ин, бонкҳо ҳини кушодани ҳисоби бонкӣ ба муштарӣ дафтарчаи чек медоданд, ки исмаш Чеки маҳдуд (лимитирован- ный чек) буд. Ин дафтарча чекҳои зиёд дошт, ки муштарӣ мета- вонист ба фурӯшанда маблағи мавриди ниёзро навишта диҳад ва молро таҳвил бигирад. Фурӯшанда он чекро ба бонки худ ме- супурд ва маблағро дарёфт мекард, бонк дархости маблағро ба шуъбаи бонки муштарӣ фиристода, маблағро талаб ва ҷои онро пур мекард. Дар робита бо ин Чеки маҳдуд як кулоҳбардории ҷолибе сурат гирифта буд, ки нақлашро дар идома меоварам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …