Главная / Гуногун / ДАХОЛАТИ РУСИЯ ВА ИСЛОМ КАРИМОВ

ДАХОЛАТИ РУСИЯ ВА ИСЛОМ КАРИМОВ

Дар охири солҳои 80, бо сабаби буҳрони фарогир дар Иттиҳоди Шӯравӣ, дар байни зиёиёни рус зеҳнияте

ғолиб омад, ки тамоми дороиҳои Русия барои хӯрондани ҷум- ҳуриҳои Қафқозу Осиёи Миёна сарф мешавад. Ин андеша асоси воқеӣ дошт, вале сабабаш ба заъфи мудирият вобаста буд. Мо- ликияти давлативу ҷамъиятӣ рақобат ва ангезаро, ки омилҳои асосии рушди иқтисод ҳастанд, аз байн бурда, кишварро ба рукуд оварда расонда буд. Тағйироти андаке дар соҳаи иқтисод метавонист кишварро аз буҳрон наҷот диҳад, ки намунаашро имрӯзҳо дар мисоли Чин мебинем.

Ислом Каримов ва Елсин

Ин зеҳният аз тарафи носиюналистҳои рус зиёд тарғиб мешуд ва ба афкори умум сироят кард. Нухбагони рус зери таъсири зиёиён ва афкори умум ба қарори шитобкорона ома- данд, ки дар марҳалаи буҳронии кунунӣ бояд бори сангини ҷумҳуриҳо аз дӯши Русия холӣ карда шавад. Муҳтавои ин афкор дар навиштаи Солженитсин «Чӣ тавр Русияро обод кунем?» дарҷ шудааст. Ӯ дар ин манифести худ ҷумҳуриҳои Осиёи Ми- ёнаро «зершиками Русия» ва «бори сангин» меномад. Ӯ мегӯяд, «агар дар тӯли даҳсолаҳо Русия манбаъҳои ҳаётии худро ба
ҷумҳуриҳо дода бошад, аз ҷудо шудани онҳо мо ҳеч чизро аз даст намедиҳем, балки қувватамонро сарфа мекунем».

Қарори таҷзияи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ аз сӯи са- рони се кишвари славянӣ – Русия, Укроин ва Белорус гирифта шуд. Ҷудоихоҳие, ки одатан имперотуриҳо аз он ҳарос доранд, аз сӯи худи марказ пеш гирифта шуд. Сарзамине, ки Русияи подшоҳӣ зиёда аз сад сол қабл, бо гаронтарин қимат ба даст оварда буд ва ҳукумати болшавикӣ низ қисми боқимондаи онро ба кишвари худ ҳамроҳ карда буд, ба ҳамин содагӣ аз дасти Кремлин рафт. Баъд аз гузаштани ин ҳама сол зиёиёну нухба- гони рус ин халқҳоро ҳатто ҳампаймони худ намедонистанд.

Дар ҷумҳуриҳо пас аз ҷунбуҷӯле, мубориза барои қудрат дар байни гурӯҳҳо сар шуд. Кишварҳои хориҷӣ майдонро холӣ ёфта, ба дахолат ва пиёдакунии нақшаҳои худ оғоз карданд. Нухбагони рус ба зудӣ иштибоҳи худро дарк карданд, ки ҷавоб додани ҷумҳуриҳо фақат халос шудан аз «бори сангин» нест, балки дар таги бинияшон имкони пайдо шудани абарқудратҳои дигар ва мафкураҳои барои кишварашон хатарнок ҳам ҳаст.

Дар масъалаи Тоҷикистон, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва муваффақиятҳои ба даст овардаи он нухбагони русро зуд ба ҳуш овард, гарчанде ки Ҳизби исломӣ аввал дар Русия таъсис ёфта буд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як шуъбаи он буд. Онҳо дарк карданд, ки пайдо шудани исломи сиёсӣ дар фазои ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, ногузир дар Русия «асари домино»-ро ба бор меорад. Бахусус, ки дар ҷумҳуриҳои му- сулмони дохили Русия, аз қабили Тотористону Чеченистон бе ин ҳам ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ боло мегирифтанд. Ин буд ки Русия тасмим гирифт дар ҷанги дохилии Тоҷикистон дахолат кунад ва аз ба қудрат расидани исломиён пешгирӣ кунад. Замони пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ҷумҳуриҳо тамоми молу мулки дар қаламравашон буда, аз ҷумла артишро миллӣ карданд. Вале Тоҷикистон аз сабаби ҳарҷу марҷҳои рухдода натавонист артиши дар қаламраваш бударо миллӣ кунад, он ҳанӯз ҳам дар ихтиёри истифода аз ҳамин қувва, Маскав дар Тоҷикистон таъсири бузург дошт. Пас аз омӯзиши вазъ, Елтсин – Раиси ҷумҳури вақти Русия ба чунин қарор омад, ки дар тасмимгирӣ бештар ба мавқеи Ислом Каримов – раиси ҷумҳури онвақтаи Ӯзбакистон такя кунад, зеро манфиатҳои онҳо ба ҳам мувофиқ омада буд.

Ислом Каримов дар марҳалаи пошхӯрии Шӯравӣ аллакай гурги болондидае дар сиёсат буд. Пештар аз ҳама «боди фано»-и Шӯравиро дарк кард ва аввалин шуда, аз байни роҳбарони ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ худро Раиси ҷумҳур эълон кард ва зимоми қудратро муҳкам ба даст гирифт.

Вақте дар Тоҷикистон нооромиҳо сар шуданд, фурсатро мувофиқ ёфта, даст ба кор шуд. Аввал хост бо «клан»- и шимол ба тавофуқ бирасад, ки муваффақ нашуд. Шимолиҳо сазовори боварияш нашуданд, маҷбур шуд, ки ҷиноҳи ҷанубии эътилофи «коммунистгароён»-ро дастгирӣ карда, аз ба қудрат расидани миллатгароён ва исломиён пешгирӣ кунад, то баъдан ҳама хостҳояшро бароварда созад.

Мехост дар марҳалаи аввал як ҳамсояи дастнигар ва ҳалқа- баргӯш дошта бошад, дар мақомҳои калидии кишвари мо ода- мони худашро ҷой кунад ва дар аввалин фурсат ин сарзаминро ба кишвари худ ҳамроҳ гардонад. Махсусан, қисми шимолии Тоҷикистон барояш бисёр муҳим буд, зеро роҳҳои оҳану автомо- билгарди байни вилоятҳои Фарғонаву Қӯқанду Намангон ва ди- гар қисматҳои кишвараш аз ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон мегузашт. Ҳадафаш бо шиорҳои Бозор Собир ҳамсон буд. Барои машрӯъият бахшидан ба нақшааш, ҳамон назарияи мағорзадаи пантуркистии як будани халқи тоҷику ӯзбакро рӯйи даст ги- рифт. Тибқи ин назария, халқе бо номи тоҷик вуҷуд надошта, ин ду як халқанд, ки қисме бо таъсири ҳамсоягони эронии худ, ки муқими ин сарзамин буданд, забони форсиро ёд гирифта ва дар рӯзгорашон истифода мекунанд. Дар асл ин чизи наве на- буда, ҳамон ҳарфҳои пучи пантуркистони аввали қарни 20 буд, ки ҷавоби сазоворашро зиёиёни тоҷик мисли устодон Айниву Ғафуров дода буданд.

Бо Маскав ҳам гапро пазонд. Хости русҳо соҳиби Бадахшон – минтақаи истротежик шудан буд, ки инро барояшон замонат дод ва онҳоро тарафи худ кашид.

Ҷиноҳи ҷанубии эътилофи коммунистонро ба қудрат овард, ва одамонашро ба мақомҳои калидӣ таъин ва ба амалӣ кардани нақшаҳои нопоки худ оғоз кард.

Корро дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) барои тарғиби ба Ӯзбакистон пайвастан оғоз кард. Аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, ки дар Бадахшон Шӯрои давлатӣ таъсис дода ша- вад, ки дар ин ҳол Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Тоҷикистон табдил мешуд, то ба Русия пайвастанаш кори як раъйпурсӣ бишавад (ҳамон коре, ки солҳо баъд Путин дар Крим анҷом дод). Хушбахтона, тираш хок хӯрд, роҳбарияти навинтихоби ҷумҳурӣ аз иҷрои ин нақ- шаҳои нопоки ӯ пешгирӣ кард.

Воқеан, он солҳо Тоҷикистон дар арафаи пошхӯрӣ қарор дошт. Ғайр аз душмани қавии хориҷӣ, душманони дохилӣ низ доштем, ки ин равандро тақвият медоданд. Роҳбари вақти ви- лояти Ленинобод Ҳомидов дар ноҳияи Айнӣ, дар роҳи ягонаи байни Хуҷанду Душанбе пулро тарконда, вилояти Ленинободро аз Тоҷикистон ҷудо карданӣ шуд. Маҳмуд Худойбердиев бо ёрии Ислом Каримов ба шимоли кишвар ҳамлаи мусаллаҳона таш- кил кард. Фармондеҳони мухолифон дар минтақаи Қаротегин Ҷумҳурии исломии Ғарм ташкил карданд. Бадахшон дар асо- рати фармондеҳон – зодагони онҷо буд.

Роҳбари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи хеле вазнин ва тақдирсоз бо рисолати сангин сари кор омада буд. Кишварҳои дахил ғаразҳои худро доштанд ва дар пушти гурӯҳҳои шибҳинизомӣ меистоданд. Ин гурӯҳҳо худсариву нофармонӣ мекарданд ва ба истилоҳи имрӯза, ба кишвар хатари «сурияшавӣ» таҳдид мекард. Мақомоти қудратӣ фалаҷ шуда, аз ӯҳдаи таъмини амният намебаромаданд. Киш- вар артиш надошт, ки роҳбарияти нави ҷумҳурӣ бо такя ба он пеши роҳи нобасомониҳоро гирад. Тибқи муоҳидаи Бишкек, ки нӯҳуми сентябри соли 1992 аз сӯи сарони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ имзо шуда буд, тамоми амволи манқулу ғайриманқули дар ҳудуди ҷумҳуриҳо буда, моликияти ҷумҳуриҳо дониста шуд. Вале Раиси ҷумҳур Набиев аз миллӣ кунонидани ҷузъу томҳои артиши Шӯравӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон буд, бо баҳонаи харҷи онро пардохта натавонистани буҷаи кишвар, даст кашида буд.

Барои хунсо кардани чолишҳо, ҳукумати нав маҷбур буд ба ҳамин гурӯҳҳои шибҳинизомӣ такя кунад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷое бо ҷанги тан ба тан, ҷое бо мудирият, ҷое бо гузашт якпорчагии хоки кишварро ҳифз кард, Тоҷикистонро ба истиқлоли воқеӣ расонд ва номи худро дар қатори номи қаҳрамонони миллат сабт намуд. Ӯ дар тӯли солҳои 90 тавонист артишро аз сифр бисозад, Вазорати корҳои дохиливу Кумитаи давлатии амнияти миллиро барқарор кунад ва пояҳои аслии таъмини истиқлоли кишварро таҳким бахшад.

Соли 1999 бо қарори Шӯрои олии кишвар барои ҳамин хизматҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Вале Ислом Каримов вақте ба мақсадҳои нопокаш нара- сид, дар солҳои баъдӣ ҳар душмание, ки аз дасташ омад, кард. Низоми раводид ҷорӣ кард, роҳҳоро баст, сарҳадро минкорӣ кард, Маҳмуд Худойбердиевро мусаллаҳ карда, ба шимоли кишвар ворид намуд, бо истифода аз тамоми имконот номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилал сиёҳ мекард, ба тамо- ми тарҳҳои созандаи мо, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун мухолифат мекард… Амалҳои душманонаи Ислом Каримов зидди Тоҷикистон ва хисороти расондаи ӯ бесобиқа аст, ки таҳқиқи алоҳида мехоҳад. Ин китоб бештар хосияти хотиравӣ дорад ва аз ин сабаб, баҳои ҳаққонии аъмоли ӯро ба вақти дигар ё муаллифони донотар вомегузорем.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …