Главная / Гуногун / АБДУҲАЛИМ

АБДУҲАЛИМ

Зарба мисли дафъаи гузашта, ба ҷои дигари хонадон зада шуд. Моҳи августи соли 1999 хоҳарам Ибодат писараш Аълоҷонро хонадор мекард ва моро ба ҷашни арӯсӣ ба Панҷрӯд даъват кард. Мо бо истифода аз фурсат, ҳамаи дӯстон ва кормандони ширкатро ба ин ҷашн даъват кардем. Ман бо чанде аз дӯстон ду рӯз пеш ба Панҷрӯд рафтем. Ман онҳоро барои тамошо ба Кӯли Калон бурдам.

Вақте мо аз Кӯли Калон ба нияти ҷашни арӯсӣ ба хонаи хоҳарам баргаштем, хабари шуме расид, ки Абдуҳалимро дар роҳ задаанд ва ӯро ба бемористони шаҳри Панҷекат бурдаанд. Вақте ман ба бемористон расидам, Абдуҳалим дар ҳоли беҳушӣ дар дами марг қарор дошт. Аз гуфти пизишкон, сараш сахт зарб хӯрда буд. Пизишкон ӯро ба таври фаврӣ ба ҷарроҳӣ гирифтанд ва ними шаб ба мо эълон карданд, ки кӯшишашон бенатиҷа анҷомидааст ва ӯ фавтид. Мо рӯзи дигар ӯро дар оромгоҳи деҳаи Марғедар ба хок супурдем. Ин зарбаи мудҳиш буд! Ин зарбаи ноҷавонмардона тамоми шо- диву сурурро барои солҳои зиёд аз хонадони мо рабуд. Худоё, ҳоло ҳам бо гузашти ин ҳама сол чӣ қадр сахт аст ёд овардани он воқеаи мудҳиш ва навиштани ин сатрҳо!

Ман дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса наменависам, фақат ҳамин қадар мегӯям, ки як силоҳбадасти лаъин, ки номаш гум бод (!) фақат ба хотири пеш гузаштан аз мошинаш, ӯро латукӯб карда, ба ҳамин ҳол расондааст. Баъдан қотил ба ҷазояш расид, вале ин оташи алами моро паст накард. Ҷузъиёти ҳодисаро аз он сабаб наменависам, ки хондани он барои аъзои хонадони мо хеле дарднок хоҳад буд, дар ҳоле, ки ин китоб сараввал барои онҳо навишта шудааст. Ва агар нависам, дидани ин китоб барои худам ҳам душвор хоҳад буд.

Абдуҳалим шахси орому ботамкин ва ба маънои томаш ҳалим буд. Ӯ ҳамчун бародари калонӣ дар хурдиям мӯнису ғамхор ва дар ҷавонӣ ҳамдаму ҳамрози ман будааст, мо он қадр ба ҳам наздик будем, ки ҳатто пас аз тақрибан бист сол, касе натавонист дар дили ман ҷойгузини ӯ шавад. Шояд сабаб он бошад, ки ман натавонистам ӯро раҳо кунам. Солҳои аввал ба ҷои дил, санги сарде дар сина доштам ва дунё бароям орӣ аз рангу тароват шуда буд. Ҳоло ҳам, вақте ёдаш мекунам, ҳамон ҳолат даст медиҳад. Солҳо оромиямро гум карда будам, гоҳ дар яъс будам, гоҳ дар хашм. Даркору нодаркор даъвову хархаша мекардам.

Ба ҳоли худам нигоҳ накарда, аз ҳоли падару модарам ни- гарон будам. Бо гузашти солҳо фикр мекардам, ки онҳо таскин ёфтаанд, вале ҳайҳот!

Соле пеш аз марги падарам, устод Сорбон ба хонаи падар меҳмон шуданд. Сари дастархон суҳбати ҳардуи онҳо «қӯр ги- рифт». Ману Комрон ҳам ҳузур доштем. Устод Сорбон мисли ҳар нависандае, бо кунҷкобӣ савол дода, хотироти падарамро берун мекашиданд. Падарам дар бораи ҷойҳои коркардаашон ва ҷоизаҳои гирифтаашону моҷароҳои аз сар гузарондаашон нақл мекарданд, ки аксараш барои ман ҳам нав буд. Вақте дар бораи ҷавонияшон ва нав ба кор қабул шуданашон, ки ҳар рӯз ҳашт-даҳ километр пиёда ба кор рафта меомадаанд ва аз хастагӣ дар роҳ рост истода, хобашон бурда мондааст, нақл карданд, устод Сорбон ба ваҷд омада, якбора, «ман дар бораи Шумо китоб менависам», гуфта ваъда доданд. Дар охири суҳбат падарам бо як оҳи сард гуфтанд:

– Ҳалол хӯрдам, ҳалол гаштам, намедонам, чаро худованд ин мусибатро насиби ман гардонд?!

Падарам таскин наёфта буданд, ҳоло ҳам дар сӯги Абдул- ҳалим буданд ва дар аъмоли худашон гуноҳ мекофтанд…

Устод Сорбон бо падарам қарор карданд, ки чанд бор во- хӯрда, хотираҳои падарро навишта мегиранд ва аз он китоб месозанд. Мутаассифона, бо сабаби дурии роҳ ва бемории пада- рам, Устод натавонистанд хотираҳоро аз худи падарам навишта гиранд. Баъд аз марги падарам, Устод он ваъдаро қарзи худ дониста, аз мову амакҳоям ва ҳолдонҳо мавод ҷамъ карда, дар бораи оилаи мо китобе бо номи «Кадевар» навиштанд.

Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ ва аворизу омилҳои он ҳеч касеро канор нагузошт. Одамони бегуноҳ зиёд кушта шуданд. Ба аъзои хонадони мо, ки дар ин ҷанг аз ҳеч сӯе иштирок на- карда буд, зарбаҳои паёпай ва муҳлик ворид шуд. Шумори оилаҳои дар ин ҷанг қурбонидода ҳисоб надорад. Умедворам, ки чунин бадбахтӣ дигар ҳеч гоҳ насиби мардуми кишвари азизи ман нашавад!

Вале фоҷеаҳои мудҳиши ба сари хонадони ман омада як ҳақиқатро ба ман ошкор кард, ки дар ҷомеаи гушна сер будан «ҷурм» аст. Дар ин муҳит ба муқобили бухлу ҳирсу ҳасад ҳеч чорае муассир нест. Муваффақиятҳои ман ба сари хонадони ман бало овард. Ман дарк кардам, ки агар чораи муассиртаре набинам, ин ҳамлаҳо ҳатман идома хоҳанд кард. Аз ин сабаб, тамоми наздиконро ба деҳа фиристодам. Синни фарзандони ман ба мактаб расида буд. Духтарам Манижа ду сол ва писарам Фаридун як сол дар ҳамон мактабе, ки ман хонда будам, таҳсил карданд. Мактаби деҳа шадидан таназзул карда буд ва дар он ҷо нигоҳ доштани кӯдакон ҷабр бар ояндаашон буд. Дар деҳа барои бародаронам низ шароити корӣ муҳайё набуд ва ман тасмим гирифтам дар аввалин фурсат оилаву фарзандон ва бародаронамро ба хориҷи кишвар, ба Русия бифиристам. Вақт нишон дод, ки ин тасмим дуруст будааст, зеро гаравгонгирон дар тафтишот баён карданд, ки дар давоми як сол саъй карда- анд, то ягон наздики дигари маро гаравгон бигиранд.

Ҷанги шаҳрвандӣ дарвоқеъ фоҷиаи бузурги умумимиллӣ буд, ки дилҳои захмин боқӣ гузошт. Ғайр аз ҷони ҳазорон одами бегуноҳро рабудан, хисороти маънавии зиёд ва зиёни молии чандмиллиардӣ расондан, равандҳоеро мисли маҳалгароӣ ва фасод тақвият дод ва бунёдӣ кард.

Ниҳоят, дар аввали солҳои дуҳазорум кишвар ба оромии воқеӣ расид ва мардум нафаси сабук кашиданд. Амният бар- қарор шуд, солҳои созандагӣ фаро расиданд ва ба тадриҷ обо- донии кишвар шурӯъ шуд ва ин ба ман имкон дод, ки саҳми хурди худро дар рушди кишвар гузорам, ки ҳикояи он дар қисми баъдӣ хоҳад омад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …