Ҳангоми навбаҳорон Шодона рехт Борон, ки гарм борид, Бар хоки нарм форид. Бедор гашт то хок, Сабзид сабза чолок. Дар дашту кӯҳу ёла Омад ба ханда лола. Сар кард нола булбул, Андохт шӯру ғул-ғул. Бар хоки нарму тасфон Пошид дона деҳқон… Борон, ки оби пок аст, Доруи ҷони хок аст.
Муфассал »Шеъри ошиқи
Зи ошиқ буданам бар ту ту шарм дорӣ чаро охир Зи интизориҳо мурдам ба назди ман биё охир Барои сухани мардум ту пеши по задӣ ишқам Ба гапи халқ надеҳ асл гӯш ба гапи ман даро охир Бигуфтӣ духтари шоҳам ту бошӣ камбағал марде Ба дарвешӣ гуноҳам чист чунин карда …
Муфассал »Шеър дар бораи шаҳри Дарё
Меравам бо cap шитобон, Сӯйи сахрову биёбон, Рузу шаб нокарда хобе, Киштхоро бидхам обе. Мекунам ман богу бустон, Ҳар куҷо бошад биёбон. Сабза то шодон барояд, Лола хандон рӯ кушояд, То ки гандум хӯша бандад. То ки мардум хуш бихандад,
Муфассал »Шеър дар бораи шаҳри Душанбе
Гулгаштҳояш – Бисёр дилкаш, Боғаш пур аз гул, Сабзу мунаққаш. Бошад фаровон Фаввораҳояш, Серун бидоранд Доим ҳавояш. Фаввораҳо не, Рангинкамонанд, Чун дар баҳорон Роҳатрасонаид. Дар кӯчаҳояш Мардум зиёд аст, Пиру ҷавонаш Хурсанду шод аст Дору дарахташ Бошад дилоро, Ҳамто набошад Гулшаҳри моро!
Муфассал »Шеърҳои беҳтарин дар васфи Падар
Падарҷон Чӣ маҳбубӣ, чӣ ҷононӣ, падарҷон! Гулӣ, ишқӣ, дилӣ, ҷонӣ, падарҷон. Ба чашми ман зи ҳар чизе ки гӯянд: – Чӣ хуб аст ин! – беҳ аз они, падарҷон. Шафиқу дилпазиру меҳрубонӣ, Рафиқи некмардонӣ, падарҷон. Дар ин даврони торикӣ ба дунё ‘Гу чун шамъи фурӯзонӣ, падарҷон. Ҳабиби мардуми аз по …
Муфассал »Шеърҳои беҳтарин дар васфи Модар
Муҳаббати модар Писар, рав, қадри модар дон, ки доим Кашад ранҷи писар бечора модар. Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад Туро беш аз падар бечора модар. Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад Зи ҷон маҳбубтар бечора модар. Нигаҳдорӣ кунад нуҳ моҳу нуҳ рӯз Туро чун ҷон ба бар бечора …
Муфассал »Шеър дар бораи кӯдакӣ
Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман шодона буд. Чунки модар падарам дар хона буд. Шаш соли умри ман дар ёди ман. Чунки онрузхо рузи шоди ман. Шодихоям хастанд пеши Назар. Хоб будам руи дастони падар. Он замон тифлаки нодон будем. Доимо …
Муфассал »БОЯД ПАСПОРТ БИГИРАМ – Шеър
Шеър дар бораи Шиноснома – паспорт Гарчи пенсионерам, Аз зиндагонӣ серам. Акнун барои симкорт, Бояд паспорт бигирам! Ин паспорти нодаркор, Дар ҳеҷ ҷо наояд кор, ВАЙБЕРУ ИМО даркор, Бояд паспорт бигирам! Сад раҳ паспортам нав шуд, Пайсаам дар гарав шуд, Агарчи сӯхт, алав шуд, Бояд паспорт бигирам! Хоҳед, ки пул …
Муфассал »Шеърҳои ошиқӣ ба забони русӣ
Вероника Тушнова — Я не помню тебя, извини Я не помню тебя, извини! Я забыл твои губы и руки. Обрываются в памяти дни, Заостряясь на вечной разлуке. Где- то в будущем, может, поймем, Как нелепо все вышло и странно, А пока что ползет день за днем, И рубцом покрывается рана. …
Муфассал »Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин
Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни китоб. Хондаму боз бихондам онро, Охираш буд «фиристед ҷавоб!» Буд вақте, ки нависандаи хат Дӯст медошт маро аз дилу ҷон. Рафт он давр, валекин мактуб Ёд овард маро з-он даврон. Хоб аз чашм париду дили …
Муфассал »