Главная / Маданият ва санъат / Шеърҳои беҳтарин дар васфи Падар

Шеърҳои беҳтарин дар васфи Падар

Падарҷон

Чӣ маҳбубӣ, чӣ ҷононӣ, падарҷон!
Гулӣ, ишқӣ, дилӣ, ҷонӣ, падарҷон.
Ба чашми ман зи ҳар чизе ки гӯянд:
– Чӣ хуб аст ин! – беҳ аз они, падарҷон.

Шафиқу дилпазиру меҳрубонӣ,
Рафиқи некмардонӣ, падарҷон.
Дар ин даврони торикӣ ба дунё
‘Гу чун шамъи фурӯзонӣ, падарҷон.

nasihati-farzand

Ҳабиби мардуми аз по фитода,
Табиби дардмандонӣ, падарҷон.
Ба ҳар ҷое ғарибе, мустамандест.
Ту ҳозир баҳри эҳсонӣ, падарҷон.

Ту садҳо шаҳр аз ман дуру доим
Бари чашмам намоёнӣ, падарҷон.
Бувад зоҳир аз ин шодӣ, ки дорам,
Ки дар рӯҳам ту пинҳонӣ, падарҷон.

Навиштӣ рӯзу шаб дар фурқати ман,
Зи чашмон гавҳарафшонӣ, падарҷон.
Ту донӣ, умри ин дунё ду рӯз аст,
Чаро дигар парешонӣ, падарҷон.

Ба мардум хидмат афзунтар кун, ин ранҷ
Намеорад пушаймонӣ, падарҷон.
Ватанхоҳию мардумдустиро
Зи ту омӯхтам. Донӣ, падарҷон –

Бидуни чун ту мардоне муҳаққақ.
Ҷаҳон фонӣ шавад, фонӣ, падарҷон.

(Абдулқосим Лоҳутӣ)

Мероси падар

Завқ меангезадам табъи баландат, эй падар,
Шӯъла меборад нигоҳи гулписандат, эй падар.
Ҳар мукофоте, ки аз фазлу ҳунар бигрифтаӣ,
Ҷилва дорад аз забони меҳрхандат, эй падар.

Дидаам дар вақти падруду видои дӯстон,
Хотири ошуфтаву ҳоли нажандат, эй падар.
Ғусаат афзояд аз нокомии аҳли башар,
Аз ғами олам бисӯзад банд-бандат, эй падар.

Дар сафарҳо тӯшаи роҳи ҷигарбандони туст,
Ҳар дуои тозаи хотирписандат, эй падар.
Уқдаи дил мекушояд чораи тадбири ту.
Давлати сармад диҳад андарзу пандат, эй падар.

Дар мақоми одамият барнаоям аз раҳат,
Дар ҷаҳон ин аст расми арҷмандат, эй падар.
Номи некатро барам мерос бар авлоди худ.
Ҳам мабод асло сари сабзу баландат, эй падар.

 

Шеъри Падар

Чашмҳои аз муҳаббат нуршарар дорад падар,
Синаи монанди оташ шӯълавар дорад падар.
Бо нигоҳи пай барад аз ҳолати фарзанди худ,
Аз ҳама рози ниҳони дил хабар дорад падар.

Дар вуҷудаш заррае номардумӣ мавҷуд нест,
Ҷуз ҷавонмардӣ куҷо фикри дигар дорад падар.
Баҳри иқболу саодат дар набарди зиндагӣ
Аз сари ҷони азизи худ гузар дорад падар.

Дар бинои хонадон бар шаҳсутун монад ҳаме,
Рӯзгору ҳастии моро ба сар дорад падар.
Бар камоли фитрати  ӯ сар бурун орад Алӣ,
Дар ниҳодаш оламе фазлу ҳунар дорад падар.

(Алӣ Бобоҷон)

Падар Шеър

Ин қадар бошанд азизу муътабар модар – падар,
Дар азизӣ ҳар яке ширинтаранд аз ҳамдигар.
Баски маҳрумам зи хурдӣ ман зи меҳри модарӣ,
З-ин сабаб дорам падарро ман дучандон дӯсттар.

Гар падар гӯям, бибинам пегаи чашмонам ҳамон
Қомати болову шахси хоксору меҳрубон,
Баҳри фарзандони худ дилсӯзу ғамхору анис,
Ростгӯ, ҳозирҷавоб, озодаву ширинзабон.

Дар шаби танҳоиаш танҳо қалам ёри падар,
Тарҷима, ҳаҷву суруду опера кори падар.
Бо муҳаббат байни ҳар як сатр метозад мудом,
Хобро ҳаргиз надонад чашми бедори падар.

Менишастам.  Кӯдакон дар паҳлуям бозикунон,
Диктор номи падар бигрифт ногаҳ бар забон.
Гарчи хурсандӣ басо дидам ба умри худ, вале
Бори аввал ашки шодӣ гашт аз чашмам равон.

Чун кабӯтар дил тапид аз номи некӯи падар,
Пеши чашмам ҷилвагар шуд акси дилҷӯи падар.
То фишорам дасти меҳнатдӯстро фарзандвор,
Табъи болупаркушода мекашад сӯйи падар.

3-ин сабаб имрӯз ман бо хотири шод омадам,
Баҳри табрики падар бар мулки обод омадам.
Баски баҳри мурғи фӯлодии мо раҳ як қадам,
Хестам аз ҷойи худ озоду озод омадам.

(Озод Аминова)

Дубайтӣ дар васфи падар

Падар рафту ба ман панди падар монд,
Ба дил чун шӯълаи шамси саҳар монд.
Накӯ дорам, накӯ панди падарро,
Ки ҳамчун тушаи роҳи сафар монд.

(Мамадалишо Ҳайдаршо)

Падар

Падар мегуфт: «Фарзандам,
Туй бахтам, ҷигарбандам.
Самар аз умр гар хоҳӣ
Нишин пешам, шунав пандам.

Ҳамин аст орзуи ман,
Ту фахри Тоҷикистон шав.
Ту баъди ман ба ин кишвар
Нигаҳбон шав, нигаҳбон шав.

Ҳамин аст орзуи ман,
Далеру сарбаланд оӣ.
Ба некӯӣ, ба дилҷӯӣ
Ба халқи худ писанд оӣ.

Ба рӯзи шодии ёрон
Бихандӣ, базм ороӣ.
Ба рӯзи кулфати мардум
Гамӣ бошӣ, наосоӣ.

Ба ноаҳлон наомезӣ,
Ба бадкорон набахшоӣ.
Барои дӯстон, аммо,
Чу гул лабханда бикшоӣ.

Барои ҳифзи ному нанг
Ту фарзанди Ватан бошӣ.
Ба дасти дӯст гул гардӣ,
Ба душман нешзан боши.

Шавӣ бедору бо ёрон
Шиносу хешу «ман» гӯӣ.
Кушоӣ дил, кушоӣ чашм
Ватан гӯй, Ватан гӯй.

Садоят кӯҳсоронро
Биларзонад, биларзонад.
Дили меҳнатпарастонро
Бишӯронад, бишӯронад.

Нидои худшиносиат
Дили пиру ҷавон гирад.
Ватан гӯй, садои ту
Замину осмон гирад».

(Шоҳмузаффар Ёдгорӣ)

Номи падар

Падар ҳаргиз ба худ шуҳрат намекофт,

Бикард ӯ зиндагӣ бо хоксорӣ.

Ҳар он чӣ ёфт, аз обу замин ёфт,

Замин омӯхт бар ӯ бурдборӣ.

 

Ба ҷуз номаш, ки ман бо худ гирифтам,

Надорам ман аз ӯ мероси дигар.

Шавам он лоиқи номи баландаш

Барам имрӯз умри хеш бар сар.

(Саидалӣ Маъмур)

Падарам

Дасти пурмеҳри навозиш  ба сарам

Самари умраму умри писарам.

Ҳама ободии даргоҳу дарам…

Офтоби сари кӯҳу камарам,

 

Сӯзад аз баҳри ту ҷону ҷигарам,

Надарам, эй падарам, эй падарам!

 

Хона асг аз туву меҳмони манӣ,

Хотири ҷамъу парешони манӣ,

Порас абри гузар бар сари ман,

Абр не, ашк ба мижгони манӣ.

 

Шабнами субҳию файзи саҳарам,

Падарам, эй падарам, эй падарам!

 

Ҳама оғози ту оғози ман аст

Рӯҳи ту шаҳпари парвози ман аст.

Такя бар давлати меҳри ту, падар,

Такя бар давлати меҳри Ватан аст.

 

Тоҷи тиллоии давлат ба сарам,

Падарам, эй падарам, эй падарам!

(Ҳақназар Ғоиб)

Ёди падар

Ҳар гаҳ кунам ёди падар,

Бар ларза меояд дилам.

Гӯё ки ларзон мешавад

Ҳар чӯбу санги манзилам.

 

Ман ёфтам ҷоҳу ҷалол,

Ҳастам зи неъмат бениёз.

 

Ояд садои нӯшбод

Аз гирди дастархони боз.

 

Аз хони ман аммо падар

Як бурда нон нохӯрда рафт.

То ин ки ман одам шавам,

Дарду ғамамро хӯрда рафт.

 

Гар зинда мебуд ин замон

Бар душ мебардоштам.

Нуқлу навои хешро

Болои каф медоштам.

 

Ҳайҳот, ки илму амал

Қодир ба ин эъҷоз нест.

Чун умр саранҷом ёфт,

Онро дигар оғоз нест.

 

Фарзандҳо, доред азиз

Як умр гуфтори падар.

То ки нагардад як замон,

Дар зиндагӣ бори падар.

 

Бошад гаронтар, сахттар,

Зарби сухан аз зарби теғ.

Ҳарфи хушеро баҳри ӯ

Ҳаргиз мадоредаш дареғ.

 

То ки зи андоми шумо

Худро ҷавон бинад мудом.

Бовар кунад, ки дар ҷаҳон

Дорад нишоне бардавом…

Падар

Давлати ноёб ҳастед, эй падар,

Маҳзани одоб ҳастед, эй падар.

Ҳарфатон дилро ба дил пайваст боз,

Ҷавҳари камёб ҳастед, эй падар.

Мӯшикофӣ мекунед аз роҳи дил,

Чун тавону дод ҳастед, эй падар.

Чун китоби панд бошад умратон,

Пири ҳар устод ҳастед, эй падар.

Умри ман бошад агар як сафҳае,

Матлаи ҳар боб ҳастед, эй падар.

Давлати дунё ба мо ноёб не,

Давлати ноёб ҳастед, эй падар.

(Ҷонибек)

Панди падар

Падар рӯзе зи боби ҳикмату панд

Ҳадисе карду гуфто: -Эй ҷигарбанд,

Сипоси қадри инсон кори хайр аст,

Иноят бар ятимон кори хайр аст.

Ба дил нақши сатире аз мазорест,

К-аз он дастур гирам рӯзгорест.

Навишта, к-эй ҳариси ганҷи дунё,

Нигар бар санги рӯйи турбати мо.

Маноз аз ганҷу ҷою ҳашмати хеш,

Бигир аз мо сабақ бар қиёмати хеш!

(Абдулло Қодирӣ)

Бӯйи падар

Ёд омад пеши рӯ рӯйи падар,

Мисли барфи ёлаҳо мӯйи падар.

Ду равоқи чашми ӯ бар чашми ман,

Барқи чашми ман ба абрӯйи падар.

Боз гӯё мешунидӣ ҳар ду гӯш

Пандҳои ту иди некӯйӣ падар:

«Сад такопӯйн падар созад писар.

Он наарзад бар такопӯйи падар.

Ёри нонӣ сад ба ҷонат нон шавад,

Ӯ  надорад қимати мӯйн падар».

Қиблаи обову ҷаддам Каъба аст»

Қиблаи ман, дӯстон, сӯйи падар.

Хизрҷӯйҳои мо аз гумраҳист.

Як ваҷаб дар пешамон кӯйи падар.

Гар зи наздаш то ба гардун меравам.

Бар машомам мерасад бӯйи падар…

(Усмон Олим)

Падарам гуфт ба ман

Падарам гуфт ба ман.

Ҷони ман,  пораи хоки Ватан обод бикун.

Дар сари кишти падар.

Хона бунёд бикун.

 

Гар тавонӣ дари он.

Сӯйи хуршед бисоз.

То кӣ ҳар субҳ дарояд ба умед,

Зи дари ту хуршед.

Панҷаи гарм бимонад ба дару деворат,

Гармтар боз кунад оташи оташдонат.

Хонаат хонаи хуршед шавад,

Гармтар боз кунад тифлонат.

 

Нури хуршед пур аз файз кунад хонаи ту,

Ҷой гирад ба ҷаҳони дили ту.

Ҳеҷгаҳ тира нахоҳад гардид,

Баъди ин манзили ту.

 

Падарам гуфт ба ман,

Дари худ ҷониби хуршеди шарар боз бикун.

Ончуноие ки дарат боз кунӣ ҷониби дӯст.

Сӯйи хуршеди саҳар боз бикун.

 

Падарам гуфту аз ин пас боз аст,

Ҳар саҳар ҷониби хуршеди саҳархез дарам.

Гӯй ҳар субҳ ба нури хуршед.

Медарояд зи дари хонаи бахтам падарам.

(Амонбек Шоҳзода)

Падар

То дида ба дидори падар дӯхтаам ман,

Аз ташнагии меҳру ҳаё сӯхтаам ман.

Якроҳагиву якравию мардию некӣ,

Маънӣ ҳама аз гуфти ту омӯхтаам ман.

То тира набинӣ раҳи мардони раҳиро

Бо амри ту машъал ба дил афрӯхтаам ман.

Сархам набудан пеши ҳама-ҳар касу нокас

Аз гуфтаю рафтори ту омӯхтаам ман.

Дуои падар

Яке даъво кунад гӯяд, ки ӯро

Фақат дар рӯйи одам симу зар беҳ.

Дигар гӯяд даме то зиндаам ман,

Ба ман мероси бобову падар беҳ.

Яке гӯяд зи симу моли мерос

Маро касбу ҳунар, дасти ҳунар беҳ.

Яке оташ парастад ҳамчу суғдӣ,

Дигар гӯяд, ки қалбам бешарар беҳ.

  • -Маро дар ҳар қадам чун раҳкушое

Дуои хайри некӯи падар беҳ.

(Махсум Олимӣ)

 

Падарам, шаҳсутуни хонаи ман,

Дару дарвозаи кошонаи ман,

Равам аз хона бурун осуда,

Падарам, давлати шоҳонаи ман.

 

То шавад сер зи рӯят назарам,

Чеҳраи поки туро менигарам.

Ту ба ин синну руҳи нуронӣ,

Офтоби сари кӯҳӣ, падарам.

 

Пора ман аз дили бебоки туям,

Гарди домону хуни поки туям.

Ман давоми раҳи тайкардаи ту.

Умри садсола шарафноки туям…

 

Падарам, давлати болои сарам,

Падари меҳнатию барзгарам.

Шарафи Роҳатию хонаи ман,

Падарам, эй падари муътабарам.

ззатулло Ҳусайнӣ)

Нони падар

Эй бародар, хурдаӣ нони падар,

3-ин сабаб ту бош ҳамҷони падар.

Устухони ту ба меҳраш сабз шуд,

Сабз кун ту доим армони падар.

Дод бар ту нури чашми хешро,

Бош андар аҳду паймони падар.

Баҳри ту ӯ гашта буд хуни ҷигар,

Ту ҳамон тифле ба домони падар.

Дар шумори дӯстдорон донадат,

Ҷони худро соз қурбони падар…

(Абдусаттори Самеыъзод)

 

 

 

Тӯшаи меҳр

Боли парвози ман аз лонаи туст,

Падарам, лонаи давлат ба сарам,

Шӯълаи меҳраму файзи саҳарам,

Аввалии раҳбари раҳомӯзам.

Падарам, эй падарам.

Машъали бахти ман афрӯхтаӣ.

Чашм бар зиндагиам дӯхтаӣ.

Ту зи хушбахтии ман бишкуфта,

Ту зи нокомии ман сӯхтаӣ,

Падарам муътабарам.

Боли парвози ман аз лонаи туст,

Ибтидои раҳам аз хонаи туст,

Зиндагонии худ омӯхтаам,

Барге аз қиссаву афсонаи туст.

Падарам, болу парам.

Тифли дирӯзаи ту боҳунар аст,

Навниҳоли ту кунун борвар аст.

Дасти ту дард набинад ҳаргиз,

Боғи парвардаи ту пурсамар аст.

Падари пурҳунарам.

(Моҳтоа Закирова)

Падар

Туӣ нури ду чашмонам, падарҷон,

Азизу беҳтар аз ҷонам, падарҷон.

Дарахти умри ман бунёд кардӣ,

Калиди бахти хандонам, падарҷон.

Шудӣ рӯзе, ки чашмонам кушодам,

Табиби дарду дармонам, падарҷон.

Чу аз тифлӣ намудӣ баркамолам,

Ба даргоҳат хиромонам, падарҷон.

Чу модар ранҷи бисёре кашидӣ,

Ҳама он меҳнатат донам, падарҷон.

Агар пеш оядам шабҳои зулмат.

Туӣ хуршеди тобонам, падарҷон.

Намоям хизмати халқу Ватанро,

Ҳамеша ман зи виҷдонам, падарҷон.

Ғазалҳое бароят ёдгорӣ

Сароям аз дилу ҷонам, падарҷон.

(Мирзо Восеъ)

Инсони нотакрор

Зи марги нобаҳангомат, падар, бисёр месӯзам,

Ба худ мепечам аз андуҳу оташвор месӯзам.

Дар ин айёми наврӯзӣ, дили фарзанди худ сӯзӣ,

Ба мисли як чароғи лола дар кӯҳсор месӯзам.

Зи хоки сарди гӯри ту ба дил афтод як сӯзе,

Миёни оташи андуҳи одамхор месӯзам.

Ба даври хеш ҷуз торикии андуҳ намебинам,

Мисоли ахтаре дар осмони тор месӯзам.

Дили ту монд аз кору дили ман гашт ғамбемор,

Барои он дили бекину беозор месӯзам.

Фаромӯш кай шавад аз ёди ёрон ҳақталошиат,

Ҳамеша баҳрат, эй инсони некӯкор, месӯзам.

(Рафоат Сайидаҳмадова)

Падар

Зиндаам ҳар лаҳза бо бӯйи падар,

Аз ҳама рӯ оварам сӯйи падар.

Чашми маҳ равшан шавад аз офтоб,

Чашми ман пурнур аз рӯйи падар.

Зар намехоҳам, ки андар панҷаам

Зӯр дорам, зӯри нерӯйи падар.

Нақш дар санг аст андарзаш ба ман,

Қиммат аз нон панди некӯйи падар.

То калон гаштам, чу мӯри лонакаш

Дидаам, эй бас таконӯйи падар.

То шиносондам сияҳро аз сафед.

Эй дареғ, испед шуд мӯйи падар.

Хоки олам бар сарам ояд фурӯ,

По кашам гар аз сари кӯйи падар.

(Олимхон Исматӣ)

Ҳабибон

Аз навозишҳою меҳри модарам,

Рӯйи ман пардози алвонӣ гирифт.

Аз саховатмандӣ – мардии падар,

Мурғи дил парвози кайҳонӣ гирифт.

 

Бо суруди «алла»-и худ модарам

Шодии тифлона бар ман ёд дод.

Бо талошу ҷидду ҷаҳди худ падар

Ғайрате дар корзорон ёд дод.

 

Модарам бо нури чашми хирааш,

Роҳи манро дар ҷаҳон равшан намуд

Дасти шахшӯли падар пур з-обила,

Дар дили ман шавқи меҳнатро фузуд.

 

Аз падар, модар ризо гардидаам.

Шӯълаҳои меҳри онҳо дар дилам.

Ман ба ҳусни зиндагӣ дил бохта,

Бо таманнои ҳабибон зиндаам.

(Бобоҷон Нуров)

Ганҷи волоям ту бошӣ, эй падар

Нури маъвоям ту бошӣ, эй падар,

Ганҷи волоям ту бошӣ, эй падар.

Ҳар нафас, ҳар рӯзи ту Наврӯз бод,

Оламороям ту бошӣ, эй падар.

Бе ту андар зиндагонӣ ташнаам,

Оби дарёям ту бошӣ, эй падар.

Дасти ту сабз асту қалби ту сафед,

Боғу саҳроям ту бошӣ, эй падар.

Хонаам обод аз дидори туст,

Маъдани боям ту бошӣ, эй падар.

Аз ҳама давлат, ки андар олам аст,

Хубу аълоям ту бошӣ, эй падар.

Қиблагоҳи меҳрубонам, зинда бош,

Роҳи фардоям ту бошӣ, эй падар.

Панди ту волотар аз кони зар аст,

Пири хушроям ту бошӣ, эй падар.

Падарҷони азизи ман

Ба дидори ту пазмонам, падарҷони азизи ман,

Намегардӣ ту меҳмонам, падарҷони азизи ман.

Зи ту омӯхтам дарси ҳадису ояти Қуръон,

Чароғи нури имонам, падарҷони азизи ман.

Дарахти сабз бар қабри ту ҳоло сояафкан шуд,

Сафои боғу майдонам, падарҷони азизи ман.

Зи панди беназират тору пудам дошт осоиш,

Ба сар хуршеди тобонам, падарҷони азизи ман.

Ту рафтию ҷаҳон ҳусну зиёи хеш бо ту бурд,

Дурахши моҳи кайҳонам, падарҷони азизи ман.

Ба хотир мерасад гуфтори неку китфу болоят,

Шукӯҳу шавкату шонам, падарҷони азизи ман.

Навиштам ар ду-се байте ба рӯйи сафҳаи олам.

Туй оғози девонам, падарҷони азизи ман.

Зарифӣ бо дили пурдард дар ёди ту менонад,

Гулистони гулафшонам, падарҷони азизи ман.

(Исмоил Зарифӣ)

Дарси падар

Бар ҳама хурду калон имдод мекардӣ падар.

Ту ятиму бекасонро шод мекардӣ падар.

Гандумат мемонд дар саҳро агарчи нодарав,

Хирмани дармондаҳоро бод мекардӣ падар.

Дар вуҷуди тифдакони хеш бо аъмоли нек

Шеваи одамгарӣ бунёд мекардӣ падар.

Ҷела мемондам ба роҳи кабкҳо дар чашмасор,

Кабкро аз ҷанги ман озод мекардӣ падар.

То алаф рӯяд ба моли халқ дар кӯҳу даман,

Абрҳоро аз фалак фарёд мекардӣ падар.

Чакмани ту бӯи борону гиёҳу зира дошт,

Козаи худро ту атробод мекардӣ падар.

Дафтари машкқ ту буд авроқи сайту пуштаҳо,

Бо асоят гӯиё эҷод мекардӣ падар.

Ҳеҷ кас чун ту саводи кӯҳпаймоӣ надошт,

Сатри ҳар пайроҳаро азёд мекардӣ падар.

(Равшани Ҳамроҳ)

Дар ҷанозаи падар

Падарҷон, аз ғамат бо дидаи хунбор мегирям,

Ба қалби пурғаму бо синаи афгор мегирям.

Чу шамъи анҷуман бо ҳасрати бисёр мегирям,

Мисоли булбули озурда дар гулзор мегирям,

Падарҷоно, ба рӯзи мотамат ман зор мегирям.

Дареғо, аз барои мо ҳамеша меҳрубон будӣ,

Хирадманду латифу хушдилу ширинзабон будӣ,

Барои хотири мо ҷумла дар суду зиён будӣ,

Чу шамъи анҷуман андар бари мо нурфишон будӣ,

Падарҷоно, ба рӯзи мотамат ман зор мегирям.

 

Куҷо шуд он назокатҳову рафтори накӯй ту,

Куҷо шуд зеббахши маҷлиси мо лола рӯи ту,

Куҷо шуд қомати , чун кофур мӯи ту,

Куҷо шуд аз баром роҳати мо гуфтугӯи ту,

Падарҷоно, ба рӯзи мотамат ман юр мегирям.

 

Дареғо, аз миёни мо ту бо  чандин ҳунар рафтӣ,

Дареғо, чун кавокиб аз назарҳо дар саҳар рафтӣ,

Дареғо, бевасият ногаҳ аз пеши назар рафтӣ,

Дареғо, эй падар, танҳо ба роҳи пурхатар рафтӣ,

Падарҷоно ба рӯзи мотамат ман зор мегирям.

 

Намозатро бихонданд ҷумлагӣ бо расму бо ойин,

Туро бурлаид аз пеши назар бо маркаби чӯбин,

Ба сӯйи хонаи қабрат басе аз мардуми бодин,

Ниҳоламд он тани нозук миёни хок бо тамкин,

Падарҷоно, ба рӯзи мотамат ман зор мегирям.

 

Дареғо, эй падар, бурдӣ ту бо худ ҳусни дунёро,

Тароватҳои рӯзафзуни садри маҷлиси моро.

Магар аз хонаи худ беҳтар дидӣ ту уқборо,

Ки бинмудӣ тиҳӣ аз партави дидори худ ҷоро,

Падарҷоно, ба рӯзи мотамат ман зор мегирям.

 

Ба ёдам мерасад ҳар дам тиловатҳои оётат,

Дуои баъди фарзу нолаҳои дар муноҷотат.

Барои нотавонон доимо ғам хурдани зотат,

Ҳам аз ихлосу қалби пок будӣ ҳар ибодотат,

Падарҷоно, ба рӯзи мотамат ман зор мегирям.

 

Худованд аз карам созад биҳишти адн ҷойи ту,

Ҳама нозу наъими худ бубахшад аз барои ту,

Зи оби Салсабилу Кавсараш созад атои ту,

Мушарраф аз ҷамоли бемисолаш ҳам сазои ту,

Падарҷоно, ба рузи мотамат ман зор мсгнрям.

 

Бароят марсия Наққош бо хуни ҷигар гуфта,

Ба сӯзи синаву бо оҳу ашки чашми тар гуфта,

Ба алфози малеҳу хубу бо чандин ҳунар гуфта,

Ҳам аз баҳри тасаллои дили худ ин қадар гуфта,

Падарҷоно, ба рӯзи мотамат ман зор мегирям.

(Иброҳими Наққош)

Падарҷонам, куҷо рафтӣ?

Ту буди қуввати ҷонам, падарҷонам, куҷо рафтӣ?

Чароғи бахту имонам, падарҷонам, куҷо рафтӣ?

Падидӣ як даме роҳат дар ин дунёи пурҳасрат,

Ҷудо ногашта аз ғурбат, падарҷонам, куҷо рафтӣ?

Ман он фарзанди ноқобил, ки будам аблаҳу ҷоҳил,

Чаро гаштам зи ту ғофил, падарҷонам, куҷо рафтӣ?

Накардам хизматат бо ҷон, ту будӣ як дамам меҳмон.

Кунун мирам ба сад армон, падарҷонам, куҷо рафтӣ?

Бимонд ҳакки ту бар ҷонам, чунин ҳайрону сарсонам,

Чӣ гардад кандани ҷонам, падарчонам, куҷо рафтӣ?

Имомӣ, илтиҷо дорам, ба ёрии Рабби ғаффорам,

Бубахшад ҷурму кирдорам, падарҷонам, куҷо рафтӣ?

(Ғарибии Падрӯдӣ)

Падар

Эй падар, бо қомати пирона болои асо.

Дар дилат уммеди неку дар лабат мавҷи дуо,

Қоматат меларзаду бикшода ду дасти дуо,

Ҳар саҳар дар роҳи фардо мегуселонӣ маро,

Эй падарҷон, доимо бошад нигаҳбонат Худо!

Эй падар, аз кӯдакӣ дасти ману дасти ту буд,

Хандаи тифлонаи ман хандаи масти ту буд,

Пеши чашмам аз ҳама зебо қаду басти ту буд,

Дасти ман бар дасти ту, мебурдӣ манро ҳар куҷо,

Эй падарҷон, доимо бошад нигаҳбонат Худо!

Ҳар шабе то ман наоям, менишинӣ пушти дар,

Бо дуоят мерасам пеши ту ҳар гаҳ аз сафар,

Нахли умрам раста андар сояи умрат, падар.

То ту ҳастӣ, бар сари ман соябон ҳастӣ маро,

Эй падарҷон доимо бошад нигаҳбонат Худо!

(Ҳидоятулоҳ Раҳмонӣ)

Гилеми падар

Карда серам гӯшаи хони падар,

Устухонам сахт аз нони падар.

Кард мардам дар талоши зиндагӣ,

Боварии сахту имони иадар.

Гарчи дар дунё намеғунҷам дигар.

Дастаму пайванди домони падар.

Қасри шоҳаншоҳӣ аз ман дил набурд.

Чун гилеми рӯйи айвони падар.

Дар димоғам мерасад бӯйи биҳишт.

Aз нумӯи боғу майдони падар.

Осмон во мегузорад бар фалак,

Дил кунад парнози кайҳони падар.

Эй Худовандо. талабгорам зи ту,

Бод некӯ хотиру ҷони пддар.

(Абдуҳалим Самадзода)

 

Маҳбуби дилҳо

Будаӣ маҳбуби дилҳо, эй падар,

Қаҳрамону махфилоро, эй падар.

Хуфтаӣ имрӯз дар Дашти Адод,

Лек ҳастӣ бо ману мо, эй падар.

Шабчароғи синаи тори манӣ,

Ҳодиӣ бар сӯйи фардо. эй падар.

Нек донистам, ки будӣ баҳри ман

Чашмасору рӯду дарё, эй падар.

Буд андарзат бароям чун шакар

Дилкашу хубу гуворо, эй падар.

То нафас боқистт, бо ман зиндаӣ,

Ҳастӣ чун нури ҳувайдо, эй падар.

Ёдгори умри ту Шайдои туст,

Дарди ӯ созӣ мудово, эй падар.

(Мулло Қурбони Шайдо)

 

Давлати бедор

Кош бошӣ ба барам, давлати бедор, падар,

Марди пурзаҳмату нурҳикмату пуркор, падар.

Аз сари субҳ пайи хизмати мардум будӣ.

Ҷоннисори раҳи ашхоси фидокор, падар.

Ҳосили ранҷи ту чун боғу гулистон гардид,

Ошиқи сабзаю себаргаю гулзор, падар.

Шахси бадкеш зи лутфи суханат шармин буд,

Эй сахопешаю бекину накӯкор, падар.

Рафтию номи ту дар саҳфаи таърих бимонд,

Соҳиби шуҳрату ҳам дафтари ашъор, падар.

(Ҳикмат Розиқ)

 

Зиёи дил

Эй палар. эй равшании қалбу ҳам кошонаам,

Дасти ту ҳаргиз набошад дур зи рӯи шонаам!

Пеши рӯям ҷилвагар бошал қади дилҷӯи ту,

Шамъию дар пеши шамъи рӯи ту парвонаам.

Меҳри ту дар синаам чун рӯд туғён мекунад,

Гарм бошад аз шуои нури рӯят хонаам.

Аз тy дорам дар тамоми рӯи олам ифтихор,

Зинда бошӣ, рахҳнамои окилу фарзонаам.

Ман тасаввур менамоям дӯстдории туро,

Чунки хоҳӣ зиндагии шоду бедардонаам.

Хоҳамат умри дарози дар сарои рӯзгор.

Бо ту ширин аст, андар даҳр ҳар афсонаам.

Деҳ дуо ҳар субҳ бар Шаҳнозаи навроҳи худ,

То шавад саршор аз шодии дил паймонаам.

(Шаҳнозаи Суғдӣ)

 

Гулҳои савоб

Дар он чашмон, ки ин сон тӯтиёяш нест

Ва андар он на мардум мардумакҳоянд,

Падар, эй оламе бо сирати обод,

Чу дору менамоӣ сурататро банд.

Дар ин щаҳре, ки одамро набошад қадр,

Рухи одамгарӣ чун бадр бинмоӣ.

Ки то одамгарӣ ёбанд чун тилло,

Ту эъҷози шабони қадр бинмоӣ.

Ниҳоли умрат аз одамгарӣ бар дод,

Ба ин шаҳри калон орӣ варо савғот.

Барои ҳар калону хурд мебахшӣ,

Кушода хони рӯ, бо лутфҳо савғот.

Дар ин шаҳри раҳгум ҳодиву роҳӣ.

Ту имрӯз, эй падар, роҳи гузар дорӣ.

Ки то аз он суроғи роҳро донанд.

Ту гулҳои савобе раҳ ба раҳ корӣ.

 

Ба ин шаҳри надида нақши пойи Ҳизр,

Яқин донам, назири Хизр меоӣ.

Зи даргоҳи умедам хайр мехоҳам

Умелеро, ки мисли Ҳизр мепоӣ.

(Искандари Раҳмон)

 

Нони қаноат

Роҳҳои зиндагӣ дар чини ту,

Қоматат пурхам зи бори зиндагӣ.

Гардҳо дар чеҳраву рухсори ту.

Дар нигоҳат дарду доғи зиндагӣ.

Умри худро кардӣ сарфи ину он.

То надонем мо камию костӣ.

Роҳи саҳро, кори хона, боғу роғ.

Бас давидӣ, сӯхтию сохтӣ.

Дар намозат аз Худо дорӣ талаб

Файзу эҳсон, хотири ҷамъи касон.

То ки бошӣ аз шаётин дуртар.

Аз балою аз бадӣ монӣ амон.

Доимо бардошта дасти дуо

Бар раҳи неки ҳидоят мекунӣ.

То ки бошад ризқи мо поку ҳалол

Бар лаби ноне қаноат мекунӣ.

(Саъдуллоҳ Пардаев)

 

             Давлату иқболи мо

 

Раҳбару шаҳболи мо буди падар,

Давлату иқболи мо будӣ падар.

Хурраму хандону шодон доимо

Баҳри истиқболи мо будӣ падар.

Зиндагӣ, т-осуда бошад бемалол.

Парвариш бинмуди бо нони ҳалол.

Кор мекардию дар чор фасли сол,

Бехабар, к-аз ҳоли мо будӣ падар.

Бастӣ ногаҳ бегумон рахти сафар,

Кардӣ реҳлат ту ба дунёи дигар.

Дар намозам ёд орам ҳар саҳар,

Қиблаи аъмоли мо будӣ падар.

(Давлатмурод Шарифӣ)

Дарси камолот

Ҳар  баҳорон падарам дар ташвиш.

То ки дар боғ биншонад.

Рӯйи ҳавлӣ бе таманнову ҳавас

Гулу гулбуттаи нав рӯёнад.

Падарам гоҳ китоб мехонад.

Гоҳи дигар нигарам, ӯ ба намоз.

Як нафас нест бурун аз шуғле.

Умри ӯ дарси камол aсту ниёз.

Падарам буду набуди дунё.

Ҳама кораш, ки бувад тозу давс.

Беҳтарин кор дар ин олами дун

Сабз гардонидани боғи наве.

(Бибииззат Солеҳова)

 

Мероси падар

Эй падар, буду набуди сархати афсонаам.

Ифтихору муттакоям, шаҳсугуни хонаам,

Хонадорам, хонабонам, қиблагоҳам, раҳбарам.

Аз ту буд файзи ҳаётам, сарвати кошонаам.

Сояи дастат, дарағо рафт ногаҳ аз сарам,

Гашт пур паймонаи ту, пора шуд паймонаам.

Рафтани модар-палар мерос бошад гap ба кас,

Монд мерос аз ту бар ман олами фарзонаам.

Сзи торам ҷӯр буду авҷи овозам баланд.

Тори торам канда гашту мавҷи овозам шикаст.

Шоҳбайти досгонам будӣ андар ин чаҳон.

Лутфи байни зиндагонӣ дар ба рӯйи ман бибаст.

Аз барам рафтию аммо монд андар хотирам.

Панду андарзат, ки бошад раҳкушою раҳбарам,

Бо дуоят сайр дорам дар масири зиндагӣ.

Ибрати роҳи туро якумр бо худ мебарам

Дар намозат бахти  ман буд мақсади мавҷи дуо-т.

То намоял нурборон роҳи мақсуди маро.

Илтиҷо дорам зи даргоҳи Худо ин орзу.

То насиби тy бигардид чаннати дорулбаҳо.

 

Васфи падар

Агар модар сифоти ҷумла оламро сазовор аст.

Падар бо заҳмати ҷонаш ҳаётатро сабабгор аст.

Агар модар ғами худро сабук аз ашк месозад.

Падар дар дил ниҳон дорад ғами худ, гарчи саршор acт.

Кунад тифлони худро раҳнамоиву саробонӣ,

Падар бахти худододӣ ба фарзандон талабгор аст.

Ҳар он кас аз падар гирад дуои роҳи умри худ.

Ҳамеша дар паноҳи сояи алтофи Додор аст.

Насиҳат инчунин гӯям, шунав онрову панде гир;

Писар як каҷнигоҳе сӯяш андозад, гунаҳкор аст.

Агар кадри палар донӣ, писар кадри туро донад.

Касе донад агар инро, Худовандаш мададгор аст

 (Султонмуроди Одина)

 

Падарҷон

Падарҷонам, Худо ёрат, падарҷон.

Фидои чашми беморат, падарҷон.

Зи Додор илтиҷо дорам, ки дорад,

Маро бо файзи дидорат, падарҷон.

Ду дасти ман чу аз домони дунё,

Зи домони ту медорад, падарҷон.

Бупарвардӣ ту бо нони ҳалолам,

Зи ту ҷонам сафо дорад, падарҷон.

Ба дӯшат дафтари тифлони маҳтоб,

Гузашт умри сафоборат, падарҷон.

Ҳазорон дил мунаввар гашту рӯшан,

Зи нури чашми бедорат, падарҷон.

Зи инсон сохтӣ ин сон ту инсон,

Муборак касби додорат, падарҷон.

Басо бa  одам одам офаридӣ,

Бақои умри подорат, падарҷон.

Накӯиро сафо долӣ ба гуфтор.

Ба рафтору ба пиндорат, падарҷон.

Сутуни адл кардь қомататро.

Ки дунёро нигаҳ дорад, падарҷон.

Надида халқ бекорат даме ҳам,

Надида мӯр озорат падарҷон.

Ҳама дар кор будӣ, буд даркор,

Сафои дасти заркорат падарҷон.

Накардӣ хор умратро Худованд.

Насозад кошки хорат, падарҷон.

амол Насрлло)

 

Раҳнамои зиндагӣ

Нурн чашму сабри дил, хуршеди тобонам падар,

Муггакои рӯзгори нобасомонам падар.

Баҳри фарзандон шуда хуни ҷигар он некном.

Дар хаёли зинлагӣ хотирпарешонам падар.

Роҳи душвор аст баҳри одами дунёи дун.

Моҳтоби роҳи мо ҳам дар шабистонам падар.

Мӯйи cap карда сафед ин ғамгусори зинлагӣ,

Меҳрубони ман дар ин дунёи армонам падар.

Бе падар авҷу бароре нест дар тӯли ҳаёт,

Раҳнамои зиндагӣ, зеби гулистонам падар.

Ҳар гаҳе, ки хотири ӯро парешон дидаам,

Баҳри фардои писар хотирпарешонам падар.

Номи покат дар ҷаҳон машҳур мебинам мудом,

Зеби дунёи ҳама фарзанди инсонам падар.

Аз  вафою меҳри ту гӯяд Раҷабзод ин ғазал,

Булбули хушгӯйи ман дарбоғу бустонам падар.

 

Падар, маро дуо кун

 

Дар вакти навбаҳорон, падар, маро дуо кун.

Чуй файзи резаборон, падар, маро дуо кун.

Бо дидаҳои зорам ҳар лаҳза интизорам.

Чун барги сабзазорон, падар, маро дуо кун.

Ман дар ғарибиҳоям дур аз канори ёрон,

Ҳангоми базми ёрон падар, маро дуо кун.

Ин шоми мо ғарибон гӯё саҳар надорад,

Дар вақти субҳгоҳон, падар, маро дуо кун.

Сад роз дар дили ман дар махфили ғарибон,

Чун сӯзи роздорон, падар, маро дуо кун.

Ман ташнаи дуоям бо меҳру бо вафоям,

Чун меҳри дӯстдорон, падар, маро дуо кун.

Ман хоки пот ҳастам як умр, эй падарҷон.

Дар суҳбати бузургон, падар, маро дуо кун.

Аз раҳмати Худо панд дунё, ки сабзазор аст.

Дар вакти навбаҳорон, падар, маро дуо кун.

(Ибод Раҷабӣ)

 

Фироқномаи падар

Бо сактаи дил ту аз чаҳон бигзаштӣ,

Шуд ҳасрати мо, падар, ҷавон бигзаштӣ.

Гар зиндагият ба даҳр осон нагузашт,

Осон ту вале, фариштасон бигзаштӣ.

Ҳар гаҳ, падар, аз ту бо алам ёд кунем.

Дар олами хок рӯҳи ту шод кунем.

Гар сактаи дил бурд ҷавонат зи ҷаҳон,

Уммеди ҷавонии ту обод кунем.

 

Ҳоло, ки падар шудем, худ бепадарем,

Ӯ кулфати мо кашиду мо бехабарем.

Дунё, дунё, ба мо бигӯ, эй дунё.

Бо қарзи падар чӣ сон зи олам гузарем?!

 

Мехостӣ, эй падар, ки шоир бошам,

Аз табъи баланди хеш шокир бошам.

Ҳаргиз ба дилат набуд, ки аз ғусса ба ту

Maн марсиягӯйи рӯзи охир бошам.

(Аскар Ҳаким)

 

Ҷилои зиндагӣ

Ҳамчу хуршеди ғуруби шомгоҳ

Бо ду-се рӯзи ғанимат мондаат,

Зиндагониро диҳӣ рангу ҷило

Бо ҳама панди басо арзандаат.

 

Ҳаст дар ёдам зи панди гуфтаат:

«Душмани кас олами фонӣ, на дӯст».

Киштаҳои шодият рустанд, лек

Донаҳои кишти армонат наруст.

 

Дар набарди гарму сарди зиндагӣ,

Қалби ту чун рӯди деҳ дар ҷӯш буд.

То шавад пуробтар ҷӯйи ҳаёт,

Умри ту ҳамсони тарма об шуд.

 

Бо накӯхоҳии беандозаат

Дар дили мардум бимонӣ барҳаёт.

Гар чу як афсона мегардӣ тамом,

Қиматат ҳам поини афсона бод.

 

Нақши ту бо некӣ монад баъди ту,

Во дуоҳои ту покам аз гуноҳ.

Ту ғанимат дар самои умри ман,

Ҳамчу хуршеди ғуруби шомгоҳ.

(Ҳусейнбой Додобой)

 

 

Хотири сабзи падар

Дар ҷаҳоне, ки на суду на зиён хоҳад монд.

Ҳар чи кардӣ амали хайр, ҳамон хоҳад монл.

Дар сарои дудари омадану рафтани мо

Номи неки ту, падар, вирди забон хоҳад монд,

Оташи ишқи барафрӯхтаат аз сари меҳр

Дар диду дидаи мо шуълафишон хоҳад монд.

Раҳкушоии ту дар синаи кӯҳу дараҳо

Муҳри меҳри ту дар авроки замон хохад монд.

Ҷӯйҳое, ки ба азми ту пайи рӯзии халқ

Аз дили санг равон гашт, равон хоҳад монд.

Ҳар ниҳоле, ки қад афрохт зи файзи амалат,

Дар бари кӯҳу камар аз ту нишон хоҳад монд.

Хотири сабзи ту бар мазраи ёди дигарон

Ёдгори ту зи умри гузарон хоҳад монд.

Баски аз давлати рӯйи ту хуморам нашикаст,

Доғҳо дар ҷигари реш ниҳон хоҳад монд.

Нигаҳи ҳасрати ман дар ҳаваси дидани ту

То ба фардои қиёмат нигарон хохад монд.

(Ҳасани Султон)

 

Нома ба падар

Эй падар, кай мебиёй аз сафар?

Аз сафар кай мебиёй, эй падар?

Гуфта будӣ, зуд меоӣ, вале

Дер кардӣ, дер кардӣ ин қадар?!

Зуд боз о, ҷон падар, ҷонон падар!

 

Гӯшу ҳуши додарам доим ба дар,

Хоҳарам дар интизорат зортар,

Ман худам хуниндил аз дурии ту,

Модари бечораам хунинҷигар!

Зуд боз о, ҷон падар, ҷонон падар!

 

Эй барои мо зи ҷон арзандатар.

Бар Ватан боз о, ки дурӣ бас дигар!

Бе сутуни қоматат дар хонадон

Зиндагӣ моро гарон омад ба cap.

Зуд боз о, ҷон падар, ҷонон падар!

 

Дидани дидори ту армони мо,

Канда шуд дар роҳи ту чашмони мо,

Гар биёӣ, аз фараҳ гул мекунад

Хонаю бому дару айвони мо.

Зуд боз о, ҷон падар, ҷонон падар!

(Ҷӯра Ҳошимӣ)

 

Рӯзи мавлуди падар

Рӯзи мавлуд муборак, падарам,

Падари қобилу соҳибназарам.

Чун ҳумо соя фикан бар сари ман,

Бо дуоҳои ту соҳибзафарам.

Падаро, умр бубинӣ чун Хизр,

Дасти таскини ту бодо ба сарам.

Нури чашм аст агарчи фарзанд,

Падарам, хастӣ ту нури басарам.

Рохати мо бувадат арзонӣ,

Ҷон диҳам, ҷони азизат бихарам.

Мо асои дами пирии туем,

Падарам, эй падари муътабарам.

Бо қаду талъати пиронаи худ.

Солиён гард ба пеши назарам.

 

Падарҷоно, муборак зодрӯзат,

Мунаввар бод субҳу шому рӯзат.

Тиҳӣ бод аз хазон бӯстони умрат,

Бувад пургул зимистону тамузат.

 

Муборак бод чашнат, эй падарҷон,

Ба олам омадӣ фасли зимистон.

Алайҳи ин ҷахони гирдгардон

Шукуфон бошӣ монанди гулистон.

  • *

Муборак зодрӯзат, эй падарҷон,

Шудӣ тавлид айёми баҳорон.

Хама лугфу хушӣ бодо ба комат,

Ҷаҳон бодо бароят боғу бӯстон.

  • * *

Муборак солҷашнат, эй падарҷон,

Ба дунё омадӣ дар тирамоҳон.

Набинад нахли умри ту хазонро,

Бимонад ҷовидон сабзу шукуфон.

*        *        *

Падар, бо ин бузургӣ хоксорӣ,

Муборак бод мавлуде, ки дорӣ.

Ба тобистон ба дунё омадӣ ту,

Аз ин рӯ, гармдил, хуршедворӣ.

 

 

 

Дар 63-солагӣ

Бидидӣ, эй падар, синни Паямбар,

Зи лугфу қисмати Аллоҳи акбар.

Бубинӣ роҳати фарзандҳоро,

Фароғат бахшадат ин хонаву дар.

 

Муборак синни Ҳазрат, қиблагоҳам,

Туй дар зиндагонӣ Хизри роҳам.

Бихоҳам бардаму хушнуд бошӣ,

Азобу ранҷҳоятро нахоҳам.

 

Ба Рӯзи Артиши миллӣ

Падар, бодо муборак Рӯзи Артиш,

Музаффар монӣ дар майдони санҷиш,

Ба номи ту бихандад бахт ҳар ҷо,

Ба коми ту фалак ояд ба гардиш.

(Равшани Ҳамроҳ)

 

Падар

Падар, ҳастед шахси беҳтаринам,

Шумо худ қиблагоҳе дар каминам.

Шабе хобидаму хобам ҳамин аст:

Падар гӯё ки дар Арши барин аст.

Падар исми накӯ асту муқаддас,

Барои ман ҳамин унвони ӯ бас.

Падар зебандаи ҳар тӯю сур аст,

Ду рухсори падар саршори нур аст.

Чу ояд мушкиле «астағфируллоҳ»,

Забон бо зикри Аллоҳу Сабур аст.

Падар, эй ибтидои номаи ман,

Шуморо меситояд ҳомаи ман.

(Гулафзо Саидӣ)

 

Ҷони ман падар

 

Эй ганҷу давлату сару сомони ман падар,

Хун шуд дилам зи дарду ту дармони ман, падар.

Роҳи сироти мустақимам додаӣ нишон.

Баъд аз Худой қиблаи имони ман падар.

Гулҳои нозбӯй ҳама хубанду хушгиланд,

Чун чеҳраи ту, эй гули хандони ман, падар.

Яъқубро ду дида зи ҳасрат сафед гашт,

Чун гавҳари ду дида нигаҳбони ман падар.

Бар ғуссаву ғаме, ки баногаҳ расад маро,

Ҳар қиммате, ки ҳаёт, харад ҷони ман падар.

Қалбат шафиқу дидани рӯят биҳишти ман,

Шодии ту чу Кавсару Ризвони ман, падар.

Парвардгор, умри накӯяш ато намо,

Тоҷи зарину шуълаи чашмони ман падар.

(Меҳрафзои Сӯҳроб)

 

Ёде аз падар

Падар, рафтиву ёди ту ба дил монд,

Пас аз ту ҳарду пойи ман ба гил монд.

Тамоми муштаҳо, ки бидравидӣ,

Парешон дар бари зову чақил монд.

Нарафтам сарҳисоби зиндагонӣ,

Ду гови чуфтиат охир сабил монд.

Барои хотира то рӯзи маҳшар

Сари гӯри падар санге Вакил монд.

(Абдувакил Раҷабӣ)

 

                          Меҳрнома

 

Падарҷоно, чу месозам мазора,

Лаби кишту замини боғу пушта,

Хати ризқи тамоми хонавода,

Ба белу бо каланди ту навишта.

 

Туро аз файзи меҳнат ризқ афзун,

Хамеша чеҳраву хонат кушода.

Дар ин майдони разми зиндагонӣ

Наяфтӣ ту зи по, эй боирода.

 

Ба ҳар хатти ҷабину чеҳраи ту

Чи маъниҳои ҳастӣ гашта пинҳон.

Чи доғеву алам андар дили ту,

Бидонад кас, вале гуфтан-ш натвон.

 

Ба вакти фориғ аз меҳнат, падарҷон,

Варақ гардонӣ осори ниёгон.

Диҳӣ пандам, ки: «Эй ҷону ҷигарбанд,

Ба ҷуз некӣ намонад номи инсон».

(Фирӯзшоҳи Фаробӣ)

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …