Главная / Маданият ва санъат / Шеърҳои беҳтарин дар васфи Модар

Шеърҳои беҳтарин дар васфи Модар

Муҳаббати модар

Писар, рав, қадри модар дон, ки доим
Кашад ранҷи писар бечора модар.
Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад
Туро беш аз падар бечора модар.

Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад
Зи ҷон маҳбубтар бечора модар.
Нигаҳдорӣ кунад нуҳ моҳу нуҳ рӯз
Туро чун ҷон ба бар бечора модар.

шеъри модар

Аз ин паҳлу ба он паҳлу нағалтад,
Шаб аз бими хатар бечора модар.
Ба вақти зодани ту марги худро
Бигирад дар назар бечора модар.

Бишӯяд куҳна орояд наватро,
Чу камтар коргар бечора модар.
Ғамузу дай туро соат ба соат
Намояд хушку тар бечора модар.

Агар як сурфас беҷо намоӣ,
Хӯрад хуни ҷигар бечора модар.
Барои он ки шаб роҳат бихобӣ,
Нахобад то саҳар бечора модар.

Ду сол аз гиряи рӯзу шаби ту
Надорад хобу хӯр бечора модар.
Чу дандон оварӣ, ранҷур гардӣ,
Кашад ранҷи дигар бечора модар.

Синае чун по гирифтӣ, то наяфтӣ,
Хӯрад ғам бештар бечора модар,
Ту то як мухтасар ҷоне бигирӣ,
Кунад ҷон мухтасар бечора модар.

Ба мактаб чун равӣ, то бозтардӣ,
Бувад чашмаш ба дар бечора модар,
Агар як рубъи соат дер оӣ,
Шавад аз худ бадар бечора модар.

Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё
Зи модар бештар, бечора модар.
Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,
Ки дорад як писар бечора модар.

Модар

Гӯянд, маро чу зод модар.
Пистаи ба даҳон гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гаҳвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.

Лабханд ниҳод бар лаби ман.
Бар ғунчаи гул шукуфтан омӯхт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шевае роҳрафтан омӯхт.

Як ҳарф-ду ҳарф бар забонам.
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
Пас, ҳастии ман зи ҳастии ӯст.
То ҳастаму ҳаёт дорамаш дӯст.

раҷ Мирзо)

Салом модар

Бо номи ту ин калом, модар,
Бар шири ту эҳтиром, модар!
Ҳар соату субҳу шом, модар,
Аз ҷону дилам салом, модар!

 

Ту ранҷ кашида рӯзу шабҳо,
Бӯсида маро ба шаҳди лабҳо.
Бо меҳри бузургу бо талабҳо,
Хӯрди ғами ман мудом, модар.

 

Эй модари меҳрубону дилбанд,
Ман аз ту ҳазор бор хурсанд.
Ҳаёт оташи меҳр баҳри фарзанд,
Андар дили ҳар калом модар.

 

Бо ёди муҳаббату вафоят,
Бо ҳурмати шири ҷонфизоят,
Такрор намоям аз бароят.
Сад бори дигар салом, модар!

(Аминҷон Шукӯҳӣ)

Дунёи фарзанд

Будӣ дунёи ману рафтӣ зи дунё, модарам,
Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо, модарам.
Аз канорат то шудам маҳрум дар айёми гул,
Шуд канорам аз сиришки шӯр дарё, модарам.
Дар баҳоре, ки табиат чун ҷавонӣ хандарӯст,
Гирярӯям дар ғамат дар боғи гулҳо, модарам.
Дар ҷавонӣ дасти шафқат аз сарам бардоштӣ,
Бекасам бигзоштӣ дар роҳи фардо, модарам.
Рӯхарошон сохтӣ, гесупарешон сохтӣ,
Қоматам кардӣ дуто, эй ганҷи якто, модарам.
Меҳрубониҳои дунё бо ту зери хок рафт,

 

Кас наёзад сӯйи ман дасти тасалло, модарам.
Пасту болои ҷаҳон болои ҳам ғам медиҳад,
Бо ту яксон менамуд ин пасту боло, модарам.
Ҳамчу гӯри ту динам аз орзӯҳо сард шуд,
Эй ҷаҳони содаи ишқу таманно, модарам.

Зуд рафтӣ, зуд рафтӣ аз ҷаҳони ношикеб,
Ношикебо модарам, эй ношикебо, модарам.
Рафт дар тобути ту ҳам буд, ҳам нобуди ман,
Воалам аз дасти дунёи фиребо, модарам.
Бурдӣ аз лаб хандаам, эй шӯълаи ояндаам,
Водареғо, модарам, сад водареғо, модарам!

Фарзанди ғазалгӯ

Ба кӯйи охират рафтӣ, сари кӯйи ту менолам,
Ҳама сӯйи Худо ноланд, ман сӯйи ту менолам.
Ту дар зери заминӣ, бе туам рӯйи замин холист,
Ба рӯйи ин замин дар ҳасрати рӯйи ту менолам.

Ду дастат бо ҳама раъша мададгори ҳаётам буд,
Ба ёди дасти ларзону мададҷӯйи ту менолам.
Чи суд аз кӯҳи Чилмеҳроб бе меҳроби абрӯят,
Ман аз маҳрумии меҳроби абрӯйи ту менолам.

Зи кӯҳи Осиё гар нолаҳои обшор ояд,
Фузун аз ӯ чу фарзанди ғазалгӯйи ту менолам.
Таконӯ кардӣ баҳри ман тамоми умр роҳи бахт,
Ман акнун рӯзу шаб андар такопӯйи ту менолам.

Зи ман шоиртарс будӣ, ки лафзи нобам омӯхтӣ.
Ба ёди он ҳама алфози дилҷӯйи ту менолам.
Ало модар, пиҳил кун шири покатро, ки то ҳастам.
Ҳама сӯйи Худо ноланд, ман сӯйи ту менолам.

Дар мазори модар

Ниҳодам дастаи гул ин саҳар рӯйи мазори ту,
Гуле аз орзуҳои ҷавонию баҳори ту.
Намеғунҷад ягон дар гӯшаи хобу хаёли ман,
Ки ин оромгоҳи тусту хатми рӯзгори ту.

Қарореро намедонистӣ дар рӯйи замин умре,
Чи сон дар зери хок осуд ҷони беқарори ту?
Чу дунёе, ҳамин дирӯз бар ман фогиҳа додӣ,
Ки ҳар ҷое равам, бошам ба ҷойи ёдгори ту,

Кунун имрӯз гӯратро зиёрат мекунам, модар,
Агарчи нест дигар дар раҳам чашмони ҷори ту.
Ба пои турбатат бишкаста, ҷӯйи ашк сар додам,
Ки рӯяд сабзаву гул бар мазори хоксори ту.

Бихондам сурае ҳам, то ки руҳат шод гардонам.
Ки шояд бишнавад оҳи маро Парвардгори ту.
Ту азбаски малак будӣ дар ин дунё, дар он дунё
Худо омурзгори ту, малоик низ ёри ту.
Ту бо пурсандаҳо он ҷо мадоро кун барои ман
Ба уммеде, ки оям низ рӯзе бар канори ту…

Туй модар

Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Ҷаҳони бекарони ман туи модар, туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касс беҳтар намедонад,

Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар. туӣ модар.
Зи рӯят нур меборад ба рӯйи зиндагониям.
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв.

Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.

(Лоиқ Шералӣ)

 

Модарам

Навбаҳори гулфишони дилкушоям, модарам,
Қуввати нону дилу ақли расоям, модарам.
Ман зи лутфи беканори ту расидам бар камол,
Барқи фикру равшании дидаҳоям, модарам.
Аллаҳои фораму панду насиҳатҳои ту,

Шуд суруди зиндагии бобақоям, модарам.
Дар сарат бишкуфта гулҳои сафеди орзу,
Боиси авҷи ману нашъунамоям, модарам.
Бар қади ҳамгаштаву чини ҷабинат ҷон фидо,
Аввалу анҷоми ман, субҳи сафоям, модарам.

( Наимҷон Назирӣ)

Арзи фарзанд

Модар, сари қабрат омадам боз,
Бо меҳру муҳаббат омадам боз.
То мужда зи фасли гул расонам.
Гул чинаму рӯйи қабр монам.

То пеши ту шарҳи ҳол гӯям,
Аз қисмати худ мисол гӯям.
Эй пораи қалб гуфта будӣ
В-эй чораи қалб гуфта будӣ.

То заҳри азоби дил шавад нӯш,
Ҷӯ канда зи оби ҷӯйи худ нӯш.
Хоҳӣ, ки зи ёди лавҳи мардум
Номат нашавад  дар ин замон гум,

Мебош мудом ғамбарораш,
Бардор ба дӯши хеш бораш.
Дар бар рӯҳи пастҳимматӣ нӯш,
Аз баҳри баландномӣ мекуш…
Ин панди ту гашт нарлбонам.

То ки ба баландӣ пой монам.
Бишкуфт ниҳоли орзуят.
Во гашт гирехҳ ҷустуҷӯят.
Ҳоло ҳама модарони дилбанд
Хонанд маро ба хеш фарзанд.

Гӯяд сухан, садоят ояд,
Савти нави мудаоят ояд.
Имдодгарӣ ҳанӯз моро,
Чун аввала чокдӯз моро.

Модар, ана боз омадам ман,
Бо рӯйи ниёз омадам ман.
Баргӯй чӣ кор карданамро,
Аз нав чӣ қарор карданамро…

(Ҷонибек Қувноқов)

Дуои модар

Дар зиндагонӣ раҳбарам,

Дар ташнагиҳо кавсарам.

Боли ҳумо андар сарам.

Панду дуои модарам.

 

Рахшандатар аз офтоб,

Тобанда аз моҳу шиҳоб,

Арзандатар аз сад китоб.

Панду дуои модарам.

 

Дар чорсӯям раҳнамо,

Наҷми накӯям дар само,

Дарди дилу ҷонро даво

Панду дуои модарам.

 

Пури нигоҳаш чорагар,

Аз тирадардӣ, аз хатар,

Пунту паноҳам дар сафар

Панду дуои модарам.

 

Ҳар ҷо ки бошам, бо ман аст,

Нур аст, нури равшан аст,

Ақлу хирадро ҷавшан аст,

Панду дуои модарам.

(Меҳринисо Бобобекова)

Ба хобам ой, ё модар!

Ба бедорӣ намсоӣ, ба хобам ой, ё модар!

Ба хоби дидаи дидоркобам ой, ё модар!

Сари Сарчашма ҳайрон мондаам дар ҳасрати чашмат,

Ба ёди чашмаи хушкидаобам ой, ё модар!

Намедонам, чӣ ҳарфе бурдаӣ бо хеш ногуфта,

Ҷавобе бар саволи беҷавобам ой, ё модар!

Фурӯғ аз рӯзгорам рафт бо рӯи банури ту,

Ба рӯи офтобу моҳтобам ой, ё модар!

Кӣ мегӯяд дилат дигар ба ҳоли ман намесӯзад?!

Яке бар пурсиши ҳоли харобам ой, ё модар!

Ту мегуфтӣ, рубобе зан, хамӯшиям забон ёбад.

Кунун бар хомӯшистони рубобам ой, ё модар!

Кӣ мебӯсад китоби Озарахшатро ба ҷойи ту?

Ба авроқи парешони китобам ой, ё модар!

Хоксории модар

Хоксорӣ кард модар пеши даргоҳи Худо,

Бандаворӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

Чун ниёзаш ҷоннисорӣ буд аз рӯзи азал,

Ҷоннисорӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

Дар Сари Хирман нишасту аз сари одам гузашт,

Сарсунорӣ кард модар пени даргоҳи Худо.

Ҳар нафас ҳак гуфту ҳақро бар кафи ҳақдор дод,

Ҳақгузорӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

Сад ҷаҳон уммеди ҷонпарвардро бар хок бурд,

Бурдборӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

Дӯст буду дӯст омад, дӯст монду дуӯст рафт,

Дӯстдорӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

Ман яқин дорам, барои бахти фарзандони хеш

 

Боз зорӣ  кард модар пеши даргоҳи Худо.

Озарахш, аз сабзаи хокаш расид ин ҳарфи сабз,

Зикри ёрӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

(Озарахш)

Модарҷон

Ҳарири ҷон ба роҳат густарам, фармоӣ, модарҷон.

Бад-он ҳастии зебо ҳастиям орой, модарҷон.

Нарав, сармад бимону офтобона ба рӯи мо

Дари фардову фардои дигар бикшой, модарҷон.

Кушоиш хостам дар ин гузаргоҳи гираҳбаста,

Дуо кун, эй накӯфоли муборакрой, модарҷон.

Чу бахшидан сифоти нозанини туст аз оғоз,

Ҷаҳону бевафоии варо бахшой, модарҷон.

Ба субҳи офариниш борҳо рафтиву баргаштӣ.

Ту медонӣ, ба мо баргӯй сирри ной. модарҷон.

Мусалло бофтам аз тору пуди ишқи беифшо.

Ҳидоятхоҳам, инак, қиблаам бинмой, модарҷон.

(Фарзона)

Меҳри модар

Аё модар, туӣ сарчашмаи ман,

Ки ман аз домани ту раҳ гирифтам.

Манам он кӯдаки гаҳвораи ту,

Ки аз мадҳи ту роҳи маҳ гирифтам.

 

Ниҳоли қоматам дар гулшани умр,

Зи дасти меҳрубонат парвариш ёфт.

Вуҷудам аз канори гарму нармат,

Чу кафтарбачас боли нариш ёфт.

 

Агар меҳри ту дар дунё набошад,

Ҷаҳоне ҷумлагӣ сарду хунук аст.

Агар дасти ту дар дунё набошад,

Равад меҳру муҳаббат ҷумла аз даст.

(Райҳон Одинаева)

Эй модари биҳиштӣ

Дилсӯзу меҳрубонӣ, эй модари биҳиштӣ.

Дар сарзамини меҳрам дони умед киштӣ!

Дорам умед аз ту, бахти сафед аз ту,

Охир ту ояҳое аз бахту сарнавиштӣ!

(Абдусаттори Самеъзод)

Модар

Дар барат модари ғамхораи ман,

Ҳаваси кӯдакиям меояд.

Ба навозиш бидиҳӣ таскинам,

Сари зонуи туям мебояд.

 

Ба канорат зи сафарҳои дароз

Боз баргаштаам, эй модари ҷон.

Ба бару бар дари ту орандам.

Ҳама пайроҳаву раҳҳои ҷаҳон.

 

Натавонам, ки дигар қаҳр кунам.

Ҳамчу кӯдак зи пайи қанду асал.

Ин замонам насиҳат бидҳӣ

Ҷойи он қанду асал панду масал.

 

Хул шудам модару донистам пас

Ранҷи бедории шабҳои туро.

Менавозӣ ту сарамро умре,

Мон, ки ман саҷда кунам пойи туро.

(Сурайе Ёқубова)

Туҳфа ба модар

Модарам, дар рӯзи идат ман чиро савғо кунам?

Меҳри пинҳони диламро ман чӣ сон ифшо кунам?

Гар матос туҳфа бинмоям, шавад он бенишон,

Дастаи гул ҳадя созам, тез мегардад хазон.

Пас, чиро дар рӯзи идат туҳфа бинмоям, ки он

Монад аз ман баҳри ту чун ёдгорӣ ҷовидон?

Модарам, туҳфа бар ту мекунам ашьори худ.

То ки бошад ҷовидону  ҷовидон бошад суруд.

(Раъно Сафарова)

Ганҷинаи меҳру муҳаббат

Модарам ганҷинаи меҳру муҳаббат будааст,

Нек донистам кунун ӯ ганҷи сармад будааст.

Ҳотами Той аз саҳои модараш Ҳотам бишуд.

Ҳотамии мо ҳам аз моми саховат будааст.

Модари беҳасрати ман шод буду шод зист,

Касрати шодии ӯ рӯпӯши ҳасрат будааст.

Нур меборид аз чашмони камнураш мудом,

Чашми ӯ сарчашмаи нури саодат будааст.

Аз камони қомати ӯ гири умраш ҳам биҷаст.

Як замон абрукамону сарвқомат будааст.

Баччагиро ёд орам, ашк мерезад зи чашм,

Пеши ӯ як дам нишастан ҳам ғанимат будааст…

(Аҳмадҷон Раҳматов)

Модар

Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест,

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин абгор иест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрас аз хуни дил,

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.

Ҳаёт дарди шоиронро субҳ дармону шифо.

Лек чун модар якумрӣ ҳеҷ кас бемор нест.

 

Ҳаст умре душмани ширини модар тифли ӯ,

Ҳеҷ касро инчунин ҳам душмани ғамхор нест.

Бигзарад аз баҳри шеъри хом шоир як замон.

Лек бар фарзанд чун модар касе нодор нест.

Нест шоир заррае бо он бузургӣ пеши ӯ,

Гар набошад модар, охир, шоиру ашьор нест.

Модаро, эй шоири ҳастии одам, шод бош,

Ҳеҷ як эҷод чун эҷоди ту даркор нест!

Ту меҳрӣ, ишқӣ, ҷонӣ

Мадори хонадонӣ, модари ҷон,

Ба ҳар фарзанд ҷонӣ, модари ҷон.

Касе мислат набошад ғамгусоре,

Ғами дилҳо ту донӣ, модари ҷон.

Туро рузе надидам, ёд кардам,

Бигӯ бар ман, чи сонӣ, модари ҷон?

Бибусам дасти ту, бар дида молам,

Ба мисли мағзи ҷонӣ, модари ҷон.

Ту ширинӣ, ту маҳбубӣ, вафоӣ,

ту меҳрӣ, ишқӣ, ҷонӣ, модари ҷон.

Шуда бо ин бузургӣ қоматат хам,

Сутун баҳри ҷаҳонӣ, модари ҷон.

Ватан бо ту, аё модар, азиз аст,

Ватан гӯему онӣ, модари ҷон.

Набинӣ ҳеҷ гоҳе дарду ғамро,

Бубинӣ шодмонӣ, модари ҷон.

Замин умри абад бинад, заминӣ.

Ту умри ҷовидонӣ, модари ҷон.

(Усмон Шарифзода)

Номи модар

Дилу ҷонам фидои номи модар,

Дило, фирӯз бод айёми модар.

Чу дид осори ранҷурии фарзанд,

Шакар талхӣ кунад дар коми модар.

Диҳад сарсабзиҳо шири сафедаш,

Ба пухтан  мерасонад хоми модар.

Бидидам дар амал, дар зиндагонӣ

Шуда сад панди ман дашноми модар.

Бувад баҳри сахо, дарси раҳмат

Надорад Ҳотаме инъоми модар.

Ҳамии аст аз бузургиаш ишора:

Ватан дорад муборак номи Модар.

(Латиф Одина)

Видои модар

Модари пирам магар аз зиндагӣ ранҷиду рафт.

Чун ситора як шабе андар сарам тобиду рафт.

Баъди марги ӯ надорам иштиёқи зиндагӣ,

Оҳи ҷонсӯзи маро як лаҳзае нашниду рафт.

Қиммати ӯро надонистам, вале ӯ баҳри ман.

Як ҷаҳон меҳри дидашро ноаён бахшиду рафт.

Орзуям буд рақсад рӯзи ҷашну иди ман.

Воалам, бо дард сӯи хокдон рақсиду рафт.

Аз шарори нури рухсораш дилам осуди буд.

Чун шарар дар пеши чашмам лаҳзае рахшиду рафт.

Ё магар беқадрии дунё ба чашми хеш дид.

Нобасомонии даври хешро санҷиду рафт.

Дард домангир гашту тан ба марги хеш дод,

Домани худро зи дасти зиндагӣ печиду рафт.

Зери пои худ намсозурд мури хастаро,

Каҷниҳодии фалак бо чашми ақлаш диду рафт.

Ёд кард аз чун ширу оби софи Салсабил,

Кунҷи хомӯши лаҳадро баҳри худ бигзиду рафт.

Ё биҳишти ҷовидон овард бар пеши назар,

Лаҳзаи ҷон доданаш бар рӯи мо хандиду рафт.

( Исмоил Зарифӣ)

Ду ғазал

Олиҳаи замони тифлист модари ман,

Мисли фаришта умре мезист модари ман.

Тифли сапедаро зуд бедор менамуд ӯ,

Пеш аз саҳар чу мурғон мехост модари ман.

Имрӯз ризқи моро аз осмон биҷӯяд,

Ҳангоми хушксолӣ абрист модари ман.

Бас мурдаҳо, ки дар дил гӯронду хуну борон

Бар рӯзи сахти мардум бигрист модари ман.

Ҳар қадр мехурад ғам, аз ғам намешавад сер.

Бар ошу нони дунё қаҳрист модари ман.

Шуд хоки пои фарзанд, обу адои фарзанл.

Чун рӯди нур бар мо ҷорист модари ман.

* * *

Модарам нурҳасраг аст аз ин ҷаҳони бенамак.

Резад ашки ӯ зи шоҳи мижааш чун ҷавназак.

Сӯзане аз хори саҳро то ҳанӯзаш дар дил аст.

Пои урён медавид аз пушти гову гулпарак.

То саводашро барорад модари ман аз ҳисоб,

Чӯҷаҳоро мешумурдӣ ҳар нагоҳӣ дар катак…

Гушнагиро модараш бо каркаҳо мекард орд,

Бо фиғони ховану бо нолаҳои чирчирак.

Паҳн мекард аз афсона момаш хони шаб.

Як сабад гелос меовард аз боғи фалақ.

Рафта-рафга нон бишуд арзон ба раҳни ҷони халқ,

Рафта-рафта шуд фаровон қанд аз заҳри табак.

Шуд сари сабзаш сафеду дар хаёлу хоби ӯ

Бачагии модарам то ҳол мечинад сарак.

Хумори модар

То сояи яъс аз сурудам резад,

Андуҳу алам зи тору пудам резад,

Модар, ту дили маро бишустӣ бо шир,

То ин ки сиёҳӣ аз вуҷудам резад.

 

Модар, ба мадори рафтаат сад афсӯс,

Бар сабру қарори рафтаат сад афсӯс.

Гаштаст забони фасли пойиз дароз,

Бар фасли баҳори рафтаат сад афсӯс.

 

Наҷвои гулу гиёҳро мешунавӣ,

Шаббода вазад, гули қирав медаравӣ.

Бо қомати мисли доси худ дар коза,

Эй модари ҷон, гули алав медаравӣ.

 

Эй модари ҷон, аҷал амонат бидиҳад,

Дар рӯи замин Худо маконат бидиҳад.

Дар зери фалақ соя кунӣ бар сари мо,

Ӯ роҳ ба зери осонат бидиҳад.

 

Эй модари ҷон, ту беҳабибам накунӣ.

Аз реҳлати хул ба ғам қарибам накунӣ.

Ҳастам чу гиёҳи сояпарвардаи ту.

Аз сояи хеш бенасибам накунӣ.

 

Бечораи модарам саҳар мехезад.

Аз бонги азон нагоҳтар мехезад.

Бар ҷойинамозу хонаам ҳар саҳарӣ

Аз нӯги забони ӯ шакар мерезад.

 

Аз кӯҳи Булӯр мефарояд модар,

Поҷӯру базӯр мефарояд модар.

Бар хонаи чашми ташнаю пазмонам

Чун чашмаи Нур медарояд модар.

 

Модар, ки ба ноз нарваридӣ моро,

Бо ҷони азизи худ харидӣ моро.

Бо сӯзу гудоз дар табу беморӣ

Ту аз даҳани марг кашидӣ маро

Новақт хазои бишуд баҳори модар,

Шуд водии хомӯшон диёри модар.

Ҳар вақт бигирадам хумори модар,

Гирям ба мазори хоксори модар.

 

Рафтию маро ту пир кардӣ, модар,

Мурғи дили ман асир кардӣ, модар.

Баъди сари ту ғамам бишуд овора,

Ғамҳои маро сатир кардӣ, модар.

 

Модар, модар, даме мадорат нашудам,

Як умр чароғи рӯзгорат нашудам.

Ман чирчираки пояи тобути туам,

Гаштӣ ту хазону ман баҳорат нашудам.

 

Модар, ҳаваси пири туро ёд кунам,

Фарсёди гулӯгири туро ёд кунам.

Шабҳо, ки ба рӯд шири маҳ мерезад,

Соғуи пур аз шири туро ёд кунам.

 

Оҳули ту бӯйи шир дорад, модар,

Бӯи гияҳу панир дорад, модар.

Ҳар гову бузичаат, ки ояд бегоҳ,

Бӯи камару адир дорад, модар.

 

Як сипаи чун танӯр дорам, модар,

Дид хонаи мору мӯр дорам, модар.

Эй кош даруни гӯр азобат надиҳанд,

Ман бе ту азоби гӯр дорам, модар.

 

Модар, ту ба шири додаат розӣ шав,

Бар номи ба ман ниҳодаат розӣ шав.

Не қарзи ту кард адову не карзи Худо,

Аз бачаи гӯлу содаат розӣ шав.

(Равшани Ҳамроҳ)

Ба номи модар

Ҳамефахрад ҷаҳои бо номи модар,

Тамоми одамон бо номи модар.

Ба хуни дил, ки моро парваридаст,

Дар охир пухта гардад хоми модар.

Ба пеши чашми худ осуда бинем

Дили пайваста ноороми модар.

Ҳамехоҳем рӯзи нек бинад,

Шавем мо равшании шоми модар.

Набинад ҳеҷ доғе коми покат,

Набошад ноктар аз номи модар.

Бияфрӯхт оламеро қалби Данко,

Ба одам буд ӯ инъоми модар.

Замин монанди дасти модарон аст,

Замин оромии ороми модар.

(Файз Зоҳид)

Модарам

Хуршеди анварам,

Иқболу ахтарам.

Як умр раҳбарам,

Пайваста ёварам,

Дилбанд модарам!

* * *

Нури басар туӣ,

Нону ҷигар туӣ,

Файзи саҳар туӣ,

Баҳри гуҳар туӣ,

Дилбанд модарам!

* * *

Субҳи даман туӣ,

Ҳусни чаман туӣ,

Атри суман туӣ,

Зеби Ватан туӣ,

Дилбанд модарам!

Хоҳам, ки дар ҷаҳон,

Чун шамси зарфишон,

Чун баҳри бекарон,

Бошӣ ту ҷовидон,

Дилбанд модарам!

(Усмон Назир)

Меҳр

Ёд орам модари ғамхорро,

Модари ғамхору хушгуфторро.

Ёд орам дурри маънӣ суфтанаш,

Меҳрубонона насиҳат карданаш.

Ёд орам ранҷи бисёре кашид,

Аз бароям бо дили нур аз умед.

Чашмаи баҳру саодат модар аст,

Хоки пояш тӯтиё, тоҷи сар асг.

Ҳар кӣ бошад соҳиби ақлу тамиз,

Модарашро доимо дорад азиз…

(Усмон Олим)

Модар

Туро нури басар гӯям,

Туро субҳи саҳар гӯям,

Зи рӯйи лолаҳо, модар,

Туро бӯям, туро ҷӯям.

 

Ба ду чашми назарбандам,

Ба ду абруи пайвандам,

Нигаҳ  созӣ, нигаҳ созам,

Назарҳо медиҳад фандам.

 

Ба он дастони ларзонат,

Ба он чашмони ҳайронат,

 

Фидо гирдам, аё модар,

Ба он ҳоли парешонат.

 

Ба истиқболи ту аз дар,

Барояд сад писар духтар,

Ки онҳоро туӣ сарвар,

Ҷаҳонеро туӣ модар.

(Ҳадиса Қурбонова)

Иди дилафрӯз

Боз омад рӯзи ид-иди баҳор.

Рӯзи иди модарони бахтёр,

Рӯзи иди духтарони гулузор,

Иди шодию ҷавонии диёр.

 

Рӯзи фирӯзӣ муборак, модарон!

Ин дилафрӯзӣ муборак, хоҳарон!

 

Боз ин дам кӯчаҳо пурпур шуд.

Бо тарона рақсу бозӣ ҷур шуд,

Хонаи мо гарми тӯю сур шуд,

Хотиру дилҳо ҳама масрур шуд.

 

Рӯзи фирӯзӣ муборак, модарон!

Ин дилафрӯзӣ муборак, хоҳарон!

 

Орзу дорем: Дилҳо шод бод!

Умратон бисёру пурэҷод бод!

Зиндагиро бахтатон бунёд бод!

Хонахотон доимо обод бод!

 

Рӯзи фирӯзӣ муборак, модарон!

Ин дилафрӯзӣ муборак, модарон!

(Бурҳон Фаррух)

Модар

Дар боғи умри модар,

Ғарқи гул аст олуча.

«Дили оча ба бача,

Дили бача ба кӯча».

 

Паси дари ҳамсоя,

Дили бача дар банд аст.

Чашмони оча нурнам,

Дили оча хурсанд аст.

Дили бача парвозӣ.

Муштоқи ишқу бозӣ.

Дили оча дар замин.

Аз қисмати худ розӣ.

 

Дунёи хавфу хатар

Ҳастии заҳру шакар.

Аз сари китфи писар,

Тобад ба чашми модар.

 

Гулхонаву тӯихона

Озору ранҷу роҳат…

Гул мекунад табассум,

Гирди лабони навхат.

 

Захми дили очаро,

Марҳам гули олуча.

«Дили оча ба бача,

Дили бача ба кӯча».

(Гулрухсор)

Волотар аз ҳама

Як дами ҷон костани модарон,

Беҳ зи ҳама муъҷизи пайғамбарон.

Як нигаҳи шуълавари модарон

Беҳ зи ҳама анҷумани ахтарон.

Як сухани бонамаки модарон

Беҳ зи ҳама ҳикмати дошишварон.

Як асари маслиҳати модарон

Беҳ зи ҳама доварии доварон.

Як ҳунари ҳамдамии модарон

Беҳ зи ҳама ҷодуи санъатгарон.

Як нафаси сухтани модарон

Беҳ зи ҳама сӯзи дили шоирон.

Як табутоби ҷигари модарон

Беҳ зи ҷигардории сарлашкарон.

Як мадади фотеҳаи модарон

Беҳ зи мададгории соҳибсарон.

Як қадами беамали модарон

Беҳ зи ҳама шаш ҷиҳати бекаром.

Пас, ба қадамҳои шумо, модарон,

Хок шаванд аз ҳама волотарон.

Пас, ба қадамҳои шумо, модарон,

Қавну макон бод фидо, модарон!

(Лоиқ Шералӣ)

Туҳфа

Ана, имрӯз бувад ид туро,

Модар, эй ойинаи нуру сафо.

Чӣ диҳам, то ки бувад лоиқи ту?

Чӣ кунам, то ки шавӣ шод аз ӯ?

Дил кунам туҳфа? Худ он з-они ту аст,

Ҷон диҳам? Чони ман ин ҷони ту аст.

Ё ба ту бахти фурузон бахшам?

Хонаю боғу гулисгои бахшам?

Ҳамаро ҳастӣ ту доро, модар,

Нур зи бахт аст ҳама хонаю дар.

Чӣ кунам, пас, ки бувад лоиқи ту?

Чӣ диҳам, то ки шави шод аз ӯ?

Раваму баҳри Ватан кор кунам.

Чӯли лабташна чу гулзор кунам.

Раваму қалби аду чок занам,

Байрақи шуҳра бар афлок занам.

Адаб омӯзаму мардию вафо,

Гум кунам аз ҳама ҷо макру риё.

Баҳри мардум каси даркор шанам,

Машъали раҳ ба шаби тор шавам.

Пас, ба ту туҳфа кунам, сарафроз,

Номи неку шарафу дасги дароз.

(Қутбӣ Киром)

Модарам

Аз ҳастият додӣ бақо бар рӯзгорам, модарам!

Аз меҳру ёдат доимо ман бахтёрам, модарам!

Шири сафедаг хурдаам, кайфу ҳаловат кардаам.

Завқ аз сурурат бурдаам, субҳи баҳорам, модарам!

Ман дар барат осудаам, бар синаат сар судаам.

То субҳ роҳат бурдаам,  шабзиндадорам, модарам!

Ту дар сари гаҳвораам, бинмудаӣ  наззораам,

Умре шуда овораам, сабру қарорам,  модарам!

Рӯзе баровардам забон, гаштб дучандон шодмон,

Буд орзуят дар замон авҷу барорам, модарам!

Мактаб бишуд имдодгар, омӯхтам илму ҳунар,

Ҳар рӯз мешуд бештар зӯру мадорам, модарам!

Дар хидмати мардум шудам, бедор чун анҷум шудам,

Мафтуни ҳар мавсум шудам, химматшиорам, модарам!

Дил мефурӯзам аз сухан, ҷон мефизоям дар бадан,

Таҳсинам аз коми Ватан бисёр форам, модарам!

То нур дорам дар назар, то зур дорам дар камар,

Хоҳам, ки рӯҳафзо самар ояд зи корам, модарам!

Рӯят бувад ойинаам, ёдат бувад дар синаам.

Меҳрат бувад ганҷинаам, гавҳарнисорам, модарам.

Бар навбаҳорон бингарам, бар абри найсой бингарам.

Бар зеби бӯстон бингарам, ранги ҳазорам, модарам!

Бар хониши ман гӯш кун, дил аз фараҳ  пурҷӯш кун,

Шаҳди саодат нӯт кун, эй бурдборам, модарам!

Шойиста фарзанди туям, бо умр пайванди туям.

Хушнуду хурсанди туям, миннатгузорам, модарам!

Фарҳат ба гуфтори накӯ изҳор бинмуд орзу.

Лозим шавад, дар ҳаққи ту ҷон  месупорам, модарам!

(Муҳиддин Фарҳат)

Модар

Модари ғамгусори ман,

Шодии рӯзгори ман,

Қуввати ман, мадори ман.

Боғи ману баҳори ман.

Модари ғамгусори ман,

 

Садқа шавам ба номи ту.

Лоиқи эҳтиромӣ ту,

Мақсади ту мароми ту,

Мақсади ман мароми ман.

Модари ғамгусори ман.

 

Аз ҳама кас накӯӣ ту,

Аз ҳама хубрӯӣ ту,

Чашмаи орзӯӣ ту,

Боиси обрӯӣ ту,

Модари ғамгусори ман.

 

Шамъу чароғи хонаӣ,

Шодии ин замонаӣ.

Байти хуши таронаӣ,

Барои ман ягонаӣ,

Модари ғамгусори ман.

(Гулчеҳра Сулаймонова)

Қадрат надонистам

(Дар фироқи модари меҳрубонам баъд аз 13 соли вафоташ)

Ту рафтию биҳиште аз ҷаҳонам рафт, эй модар,

Гули садбарги тар аз гулситонам рафт, эй модар,

Насими атри меҳр аз бостонам рафт, эй молар,

Шукӯҳи ошёну хонадонам рафт, эй молар,

Ҳидоятахтарам аз осмонам рафт, эй модар.

 

Ту будӣ меҳрубони ман, вале қадрат надонистам.

Ту будӣ ҷонфишони ман, вале қадрат надонистам.

Ту будӣ рӯҳу ҷони ман, вале қадрат надонистам,

Ту будӣ посбони ман, вале қадрат надонистам,

Дареғо, умри ту дар имтиҳонам рафт, эй модар.

 

Дилам хоҳад, ки дар пойи ту сар монам, куҷоӣ ту?

Кафи хоки ту куҳле бар басар монам, куҷоӣ ту?

Ба рӯйи нозанини ту назар монам, куҷоӣ ту?

Табиби ҷоннисори дарду дармонам, куҷоӣ ту?

Ҳаловат аз ҳасту ҷисму ҷонам рафт, эй модар.

 

Ба дунё омадам рӯзе, ки меҳрат бар ман афзун буд,

Ҷаҳони ман ҳамон оғуши гарму рӯйи гулгун буд,

Валекин қалби ту аз беқарориҳои ман хун буд,

Намедонам зи шодӣ ҳолати қалби хушат чун буд,

Ҳамон рӯзе, ки номат бар забонам рафт, эй модар.

 

Ҳама он ранҷу озоре зи ман дидӣ, маро бахшо.

Ҳама он сирру асроре зи ман дидӣ, маро бахшо,

Ҳама нобудакирдоре зи ман дидӣ, маро бахшо,

Сазову носазоворе зи ман дидӣ, маро бахшо,

Ки аз сар ақлу аз лабҳо баёнам рафт, эй модар.

 

Шавам бо рӯйи тира пеши Ҳақ рӯзи ҷазо ҳозир,

Биёрад номаи аъмоли ман он Холиқи нозир,

Биёяд шарми он рӯзам кунун бар гӯшаи хотир,

Набахшӣ ту гуноҳу ҳам нагардад Холиқам сотир.

Бидон, нақди ҳаёти ҷовидонам рафт, эй модар.

 

Худо рӯҳи туро ҷо дар биҳишти анбарин созад,

Анисат хуру гилмону наими дилнишин созад,

Ба хурсандн ҳамеша қалби покатро қарин созад,

Ҷамолашро мушарраф пеши чашмат баъд аз ин созад,

Бароят ин дуо андар забонам рафт, эй модар.

 

Тамоми умр Наққошат ба дидори ту пазмон аст,

Зи афъоли бадаш дар пеши рӯҳи ту пушаймон асг,

Зи чил бигзаштаву лекин ҳанӯз он тифли нодом аст,

Шунидам аз Паямбар хулд зери пот пинҳон аст,

Зи дастам суду нақди ройгонам рафт, эй модар.

(Иброҳими Наққош)

Модар

Исми модарро бигирад бар забон

Бори аввал кӯдаке гӯяд сухан.

Ҷо шавад бо меҳри модар дар дилаш

Меҳри мардум, меҳри дунёву Ватам.

 

Рози дил  ба модар навҷавон,

Нӯши ҷон дилреш кобад аз ҷаҳон.

Ӯ дуо пурсад зи модар гирди хон,

То ки ризқи хеш ёбад аз ҷаҳон.

 

Марди беморе ба вақти тобу таб

«Оча» гӯяд зери лаб бо зӯри дард.

Мебарад гӯё ки ин исми шафиқ

Аз танаш дарду зи рӯяш ранга зард.

 

Мусафеде ёди модар мекунад,

Чун аҷал ангушт сояд бар дилаш.

Зинда гашта модараш гӯё зи нав,

Гӯё ояд боз чун ҷонофараш.

 

Ҳар куҷо будам, шунидам ин сухан,

Аз забони пиру барно, марду зан.

Зинла бош, эй модар, эй парвардгор,

Чунки оламро туӣ ҷон дар бадан!

(Фатҳуллои Азиз)

Модарам

Модарам, бахту умедам, зинда бош!

Вар сарам, эй нури шедам, зинда бош!

Чун дуоят бахти ман бошад сафед.

Модари гесусафедам, зинда бош!

 

Аз ту омад бар лабам ҳарфи забон.

Аз ту ман омӯхтам пойи равон.

Чун ҳама ҳеҷ аст пеши ин ҷаҳон,

То ки ман ҳастам, бароям зинда мон!

 

Шодмонии замони шоди ман,

Мондаи чун олиҳа дар ёди ман.

Гул кунад бо рӯйи ту дар зиндагӣ

Хонаи аз ҳусни ту ободи ман.

 

Дар самои зиндагӣ истораам.

Эй ягона дар замин ғамхораам.

Бори дигар во бикун дасти дуо,

То шавад гаҳвора ин сайёраам.

(Абдулҳалим Самадов)

Васфи модар

Модари мунису ғамхор, бимирам дар ту,

Эй сароно гули бехор, бимирам дар ту.

Ҷонфидое ба мисолат ба ҷаҳон нест дигар,

Синаи меҳри бақодор, бимирам дар ту.

Сари гаҳвораи фарзанд нахусбӣ ҳама шаб,

Дигарон хобу ту бедор, бимирам дар ту.

Дур агар аз барат афтод даме фарзандат,

Чашми уммед ба раҳ чор, бимирам дар ту.

Аз сари меҳр дусад ҷони худат карда нисор.

Ҷони фарзанд харидор, бимирам дар ту.

Ҳамчу мӯе, ки дар оташ бифитад, печ хӯрӣ,

Гар шавад тифли ту бемор, бимирам дар ту.

Сӯзи хешон дигару сӯзиши модар дигар аст,

Ғамгусорию вафолор, бимирам дар ту.

Тоҷи шоҳони ҷаҳонро ҳама як тоҷ кунанд.

Арҷмандию сазовор, бимирам дар ту.

Аё модар

Ту ҷону ҳам ҷаҳони ман, аё модар, аё модар,

Ҷаҳони ҷовидон ман, аё модар, аё модар.

Дар ин дунё намонад  умри кас ҷовид, медонӣ?!

Ягона пуштибоии ман, аё модар, аё модар.

Дуоят раҳкушои бахти фарзандони фардоҳост.

Анису меҳрубони ман, аё модар, аё модар.

Насӯзад чашми ман аз дуди оташҳои ғамҳоят,

Чанори соябони ман, аё модар, аё модар.

Ба чашмам сурма созам хоки поятро азизи ҷон,

Туӣ ганҷи равони ман, аё модар, аё модар.

Ба сӯят бингарам, эй қиблаи уммедҳои дил.

Ту шамси хонадони ман, аё модар, аё модар.

Биҳишти ман ту бошӣ дар ҳама олам, намедонӣ.

«Ғазалҳои равони ман, аё модар, аё модар!»

Фидоят мекунам ҷону сари худро ба фахри беш,

Нишони рафтагони ман, аё модар, аё модар.

Аз он тарсам, ки рӯзе бе ту мемонам, намедонам.

Равӣ, ояд хазони май, аё модар, аё модар.

(Мирзому род Ҳошимзода)

Оғӯши модар

Модарам, оғӯши гармат баҳри ман кошона аст,

Сар ба зонуят гузорам, давлати шоҳона аст.

Ҳарфи некӯят бароям панду андарзи ҷаҳон,

Ҳар сухан, ҳар панди ту беҳтар зи сад дурдона аст.

Даст бикшову дуо бинмоӣ фарзандони хеш,

Ҳар дуои неки ту аз баҳри ман моҳона аст.

Оташи қалбат диҳад гармӣ ба дил, бар зиндагӣ,

Чашмаи меҳриву чашмонат чароғи хона аст.

Қоматат дар зери бори зиндагӣ мисли камон,

Дар бағал гӯё асои ту сутуни хона аст.

Нозам аз бахти баланду толеи фархундаам,

Дар барат бошам ба дил андуҳу ғам бегона аст.

Модари ҷон, то абад чун соябон бошӣ ба сар.

То абад васфат намоям, сунна ти фарзона аст.

(Илҳом Юлдошев)

Самкали фикр

Моҳтоби дар самоӣ, модарам,

Сайқали фикри расоӣ, модарам.

Бо дили саршори меҳру ҳарфи хуш,

Дар дилу дар дида ҷоӣ, модарам.

Зинда бошӣ бар сари фарзандҳо,

Сояи боли ҳумоӣ, модарам.

Ғамгусору маҳрами розам туӣ,

Захми дилҳоро давоӣ, модарам.

»Мерасад ҳарфу садоят хуш ба гӯш,

Бомдоди пурсафоӣ, модарам.

Пайраҳи иқбол бинмудӣ ба ман,

Қутби бахтам менамоӣ, модарам.

Боз фарзандат, Мазорӣ, интизор,

Кош бо субҳе биёӣ, модарам.

(Мурод Сандалии Мазорӣ)

Эҳсони модар

Лаъли хушоби Бадахшон, модарам.

Ганҷ дар кони Зарафшон, модарам.

Дасти ман бигрифтаӣ дар кӯдакӣ,

Соҳиби дунёи армон, модарам.

Аз ду пистони муборак ҷӯйи шир.

Кардаӣ баҳрам ту эҳсон, модарам.

Барниҳодӣ бар забон алфози нек,

Бо каломи шаккарафшон, модарам.

Одамиятро зи ту омӯхтам.

Эй чароғи илму ирфон, модарам.

Бо ҳидоёти туям соҳибтамиз.

Бар тани афсурдаам ҷон, модарам.

То абад дар ҳасратат Шайдои ту

Буду бошад дидагирён, модарам.

(Мулло Қурбони Шайдо)

Ду ғазал

Фарзанд бувад нишони модар,

Пайванди дилу равони модар.

Дар равзаи умр реша гирад,

Фарзанд ба боғи ҷони модар.

Сарчашмаи меҳри оламафрӯз,

Бошад ҳама з-ормони модар.

Ширин шуда коми талхкомон,

Аз шаҳду шакар, забони модар.

Дар гулшани даҳр гул нарӯяд,

Бе чеҳраи гулфишони модар.

Оғоз шавад биҳишт бар мо,

Аз кулбаю остони модар.

Ҷовид чароғи зиндагӣ нест,

Бе ҳастии ҷовидони модар.

Монанди баҳор сабз бодо,

То ҳаст ҷаҳон ҷаҳони модар.

  • • •

Сафоизиндагонӣ рӯйи модар,

Биҳишти ҷовидонӣ кӯйи модар.

Гулафшони баҳори орзуҳо

Канори дилкашу дилҷӯйи модар.

Бароям Каъбаи иқболу бахт аст,

Кунам ман саҷда ҳар дам сӯйи модар.

Надорад рангубӯ гул боғи ҳастӣ,

Набошад гар рухи хушрӯйи модар.

Ҳамеша ташнаи дидори гармаш.

Набошам сер ман аз бӯйи модар.

Ғаму дарди ҷаҳон созам фаромӯш,

Гузорам сар чу дар бозӯйи модар.

Даме, ки ҷони нокам пар кушояд,

Бихобам, кош, дар паҳлӯйи модар.

( Нуриддиии Амриддин)

 

Модяри ман

Сафои рӯзгорам, модари ман,

Ту ҳусни гулузорам, модари ман.

Ба ҳар коре маро илҳом бахшӣ,

Туй зӯру мадорам, модари ман.

Ту ҳастию маро дарду ғаме нест,

Бақои рӯзгорам, модари ман.

Ҳаётамро зи файзат тирагӣ нест,

Ту моҳи нурборам, модари ман.

Зи ту омӯхтам ҳарфу суханро,

Нахустомӯзгорам, модари ман.

Бисӯзӣ, гар маро тобу табе ҳаст,

Ҳабиби беқарорам, модари ман.

Ба пеши пойи ту ман саҷда орам,

Чу бар парвардигорам, модари ман.

(Ҳикмат Розиқ)

Модари меҳрубони ман

Махзани бардавомӣ ту, модари меҳрубони ман.

Мекунам эҳтироми ту, модари меҳрубони ман.

Сабри ману қарори ман, зӯри ману мадори ман.

Панди тую каломи ту, модари меҳрубони ман.

Ҳамрадифи баҳор ту, хокии хоксор ту,

Мақбули хосу омӣ ту, модари меҳрубони ман.

Домани сабзи ту ба ман домани бекаронияст.

Маншаи ҷузъи томӣ ту, модари меҳрубони ман.

Тансиҳатии ту талаб мекунам аз Худои худ,

Ҳастии ман низоми ту, модари меҳрубони ман

Нури ман аз лиқои туст, савти ман аз навои туст,

Шукр ба шири хоми ту. модари меҳрубони ман.

Мекунад ин талаб зи Ҳақ духти ту Шоҳнозаат,

Бод фалак ба коми ту, модари меҳрубони ман.

(Шаҳнозаи Суғдӣ)

Модар аст

Давлату дунёи мардон модар аст,

Қуввати дилҳои инсон модар аст.

Ҷумла фарзандон чу ахтар дар бараш

Дар фазо чун моҳи тобон модар аст.

Бар саховатнешаҳо устод ӯст,

Хони пур аз файзу эҳсон модар аст.

Подшоҳон ҷумла фарзандони ӯст,

Пири ҳар як марди майдон модар аст.

Қоматаш хам гашта аз андешаҳо,

Гавҳари андеша, шоёи модар аст.

Нек андешӣ агар андешаро

Дар ду дунё нури имон модар аст.

Шамсидин, бо ёди модар зинда бош,

Баҳри ту ширинтар аз ҷон модар аст.

(Ҳоҷӣ Шамсиддини  Ҳисорӣ)

Хушиҳо падида модар

Ҳама ранҷҳои дунё бари ман кашида модар,

Хушиҳо ато намуда, хушиҳо надида модар.

Сари ман ба осмонҳо зи навозишат расида,

Аҷабо, чаро ба ҷое туӣ норасида модар?

Ҳама неъмати ҷаҳонро ту ба кӯдакат хӯронда,

Агарат шудӣ муяссар, лаби нон газида модар.

Бинамудӣ парваришҳо ба ҳавас ниҳоли қомат,

Чӣ кунам, ки қомати ту ба замин хамида модар?

Ҳама умр метапидӣ зи барои кӯдаконат.

Ту кунун зи дарду иллат ба шабон тапида модар.

Ту зи синаат бақоро ба ҳама ҷаҳон чашондӣ,

Ивазаш шароби ҳасрат зи ҷаҳон чашида модар.

Раҳи кас ба сӯи чаннат шуда сар зи хоки поят,

Сазадо, ки хоки поят бикашам ба дида модар.

Нарасад ба гӯши Хушдил на садову на дуоят,

Наравад забон, ки гӯям зи чунин падида модар.

(Хушдили Абдулғафур)

Дасти дуо

Гуфтаму гӯям зи нав ҳамду саноят, модарам,

Саҷда бинмоям ба гарди хоки поят, модарам.

Ҳар гаҳе аз дил ба васфат мекунам ҳарфе бурун,

Пеши рӯ меоварам дасти дуоят, модарам.

Хома оҷиз аст, то васфи туро иншо кунад,

Мисрас бо хуни дил гӯям бароят, модарам.

Ман чӣ сон тасвир созам меҳри бепоёни ту,

Ҳам аламҳои дили обу адоят, модарам.

Фикри фарзандони худ дорӣ ба сар рӯзу шабон,

Оламе рангин ҳамеша аз сафоят, модарам.

Бе бақои ту бақос нест дар бунёди даҳр,

3-ин сабаб то ҷовидои хоҳам бақоят, модарам.

(Нурулло Порзода)

Меҳри пок

Оварад меҳрат ба дил боғу баҳор, эй модарам,

Ҳар куҷое бо ту дорам ифтихор, эй модарам.

Меҳри ту ҷӯшад ба дил чун чашмасорони диёр,

Баҳри ман як дидани рӯят баҳор, эй модарам.

 

Такядору сарпаноҳу ғамбарори мо туӣ,

Баҳри мо шабзиндадору беқарори мо туӣ.

Шаҳсутуни хонаву току равоқи мо туӣ,

Доимо мушкилкушои рӯзгори мо туӣ.

 

Гар шитобад бар замини ташналаб оби равон.

Мешитобам то ба оғӯшат манам пайванди ҷон.

Ҳастӣ дар дунё барои ман азизу меҳрубон,

Меҳри нокат дар дили ман то абад дорад макон.

(Раънои Сафарзод)

Ба модар

Эй модари як лаҳзаи ором надиҳа.

Бар Ҳақ зи қирони қадари меҳр расида.

Бо аллаи ширини ту маҳтоб бихобад.

Чун дуда ба тан тори зар аз нур танида.

Оварда ба ҷони ҳама сад роҳату шодӣ,

Бахти ҳама аз даргаҳи Яздон талабида.

Истораи афтодаи шаб нусхаи асл аст,

3-он ашки зи миҷгони ту аз ғусса чакида.

Дил баставу тан хаставу ҷон дода ба зорӣ,

Ҷону тани бемори ҷигарбанд харида.

Аз косаи заҳробаи фарзанди дидозор

Бо мшшату шукропа шакарвор чашида.

Чашмаи меҳр

Модарам, чун ту фидокору вафодор куҷосг?

Нурсафо чун дили ту чашмаи анвор куҷост?

Сари гаҳвораи ман бистару болини ту буд,

Ахтаре чун ту дар ин гунбади даввор куыост,

Гарди хоки раҳи ту давлату дунёи ман аст.

Беҳ аз инам шарафу толеи бедор куҷост?

Сӯхтӣ аз ғаму андуҳи ятимон умре,

Чун ту хуниндилу ҷонсӯзу ҷигархор куҷост?

Ҳамаи роҳату осоишат аз бахти ман аст,

Беҳтар аз ту ба ман иқболи сазовор куҷост?

Дили Ӯроқиат аз меҳри вафо саршор аст?!

(Саидҷон Ӯроқӣ)

Гули модар

Баҳорон гашту ҳамчун армуғоне

Гулу гулдаста авардам ба модар.

Худамро гул намудам, ки ба мӯям

Гулеротбаста овардам ба модар.

 

Магар модар ту то рӯйи гули ман,

Гулеро ин қадар зебо надидӣ?

Ки рӯям дидиюю бетоқатона

Ба оғӯшат маро маҳкам кашидӣ.

 

Гулам модар, гули уммеду армон

Гулам модар, гули андешаи ту.

Ба домонам бигардам ман шукуфо,

Бисабзам аз мадори решаи ту.

(Муҳаррамой Одинаева)

Модарон

Рангубори зиндагонӣ модарон,

Зиндагиро худ нишоне модарон.

Ҳамнабарди марги худ умрофарин,

Бахти моро шодмонӣ модарон.

Умрро оғоз бошадаз шумо,

Бахти моро ноз бошад аз шумо.

Ин замину офтобу осмон

Пур зи созу роз бошад аз шумо.

 

Зиндагисозу саодатофарин,

Офтоби сидраи чархи бврин.

Доимо бошед бо мо, модарон,

Аз Худо уммеди мо бошад ҳамин.

(Латофат Исломова)

Меҳроби ёд

Ҷаҳону вақт умре ҳамканорат буд, эй модар,

Хурӯши рӯд умре созгорат буд, эй модар.

Ҳамон нақше ба уммеди арӯсӣ рӯйи чодар монд,

Яқин аз ишқ нақши мондагорат буд, эй модар.

Ҳамон роҳе, ки чашмат буд сӯяш интизори ман,

Чу сатри шеъри тифли раҳгузорат буд, эй модар.

Дар он айвон, ки дилро менамуди ту нисори ман,

Ҳамон ҷо остони гулнисорат буд, эй модар.

Ки дар шохи дарахти дастпарварди гулафшонат,

Ғамафшонии айёми баҳорат буд, эй модар.

Ҳамон рӯзои, ки рӯзии маро меҷустиву аммо,

Надониста беҳии рӯзгорат буд, эй модар.

Замона сахтдил буду ту дил месохтӣ бар ман,

Чу дил мебохтам ман, бахт ёрат буд, эй модар.

Ҳамин дунё, ки меомӯхтӣ аз шаш ҷиҳат онро,

Зи дардаш ашкҳои шашқаторат буд, эй модар.

Диёрат баҳри фарзандат чӣ пешоянд хоҳад дошт?

Ту медонистаӣ, зеро диёрат буд, эй модар.

Ҳамон зоди сафар, к- аз зодгоҳам бурдаам бо худ,

Зи хони ошёни хоксорат буд, эй модар.

Беҳ аз сад ҳайкалу меҳробҳою маъбади аъло,

Ҳамин ёдат беҳии аз ёдгорат буд, эй модар.

(Парда Ҳабиб)    

Ҷоят биҳишт бошад!

Модар, маро шикастӣ, ҷоят биҳишт бошад!

Рахти сафар бибастӣ, ҷоят биҳишт бошад!

То рӯзи вонасинат будӣ маро парастор,

Акнун Худо парастӣ, ҷоят биҳишт бошад!

Ҳар ҷо, ки по гузорӣ, гулзор менамудӣ,

Ҳар ҷоӣ, ки нишастӣ, ҷоят биҳишт бошад!

Эй шоми беҳтар аз ҷоӣ, ман сарбаланд аз он,

Дар ту набуда пастӣ, ҷоят биҳишт бошад!

Ин хонаву дар аз ту мерос монда бар ман,

Ман ҳастаму ту ҳастӣ, ҷоят биҳишт бошад!

Бо марги ту Санавбар бедор гашта аз хоб,

Ҳушёр шуд зи мастӣ, ҷоят биҳишт бошад!

(Санавбар Соҳибова)

Дуои зиндагӣ

Модарам, эй модари ҷонпарварам,

пеши поят сар ниҳам, эй сарварам!

Кӯдакам ман дар нигоҳат то ханӯз,

Магузорӣ дасти шафқат бар сарам.

 

Дӯст медорам туро, то зиндаам,

Бо ҳавасҳои зиёдам зодай.

Ту бароям номи Зебо мондаӣ,

Ту ба ман зебоии худ додаӣ.

 

Раҳнамову раҳкушои ман туӣ.

Дар раҳи дури умед, эй модарам.

Гашта гесӯи сиёҳи ту сафед,

То шавад бахтам сафед, эй модарам.

 

Мепарастам ман туро, то зиндаам.

Аз ту мепурсам дуои зиндагӣ.

Модарам, бодо нигаҳбонат Худо,

Зинда бошӣ аз барои зиндагӣ.

(Зебои Хатлонӣ)

Талаби дуои модар

Аё модар, дуохоҳам,  дуохоҳ,

Дуои хайр бинмоям саҳаргоҳ.

Ки то ҳастам ба роҳи зиндагонӣ,

Бувад роҳам сафеду соф чун моҳ.

 

Дуо бинмо, ки бошам хонаобод.

Намоям бар каси муҳтоҷ имдод.

Чу гирам дасти муҳтоҷе, ятиме,

Худо розӣ шавад, халқи Худо шод.

 

Дуоям деҳ, ки бошам аз хатар дур,

Битобад бар сари ман хонаи нур.

Бигардад дӯстдорам халқи олам,

Шавам бо некномӣ шахси машҳур.

Дуоям деҳ, ки бошам рострафтор,

набинад мӯр зери поям озор.

Ба некӣ ростонам ёд оранд,

Бибошам ростиро номбардор.

 

Дуоям деҳ, ки гардад файзам афзун,

Панаҳ ёбам зи бадкирдори малъун.

Ба дасти хеш ризқи худ биёбам,

Набошам хеҷ гаҳ муҳтоҷи хар дун.

 

Дуоям деҳ, набошам номусулмон,

нагардам пойбанди макри шайтон.

Дуоям деҳ, ки аз фазли дуоят

Шавам ман посдори дину имон.

 

Дуоям деҳ, ки некандеш бошам.

Агар нӯшам, ҳама бенеш бошам.

Зи айби дигарон пӯшида чашмам,

Пайи ислоҳи айби хеш бошам.

 

Дуоям деҳ, ки беозор бошам.

Ба поку порсоён ёр бошам.

Агар посе ба ёди Ҳақ бихобам,

Дигар дар зикри Ҳақ бедор бошам.

 

Дуоям деҳ, ки илмомӯз бошам.

Ба мулку миллатам дилсӯз бошам.

Ба носи илм бар як по ситода

Ба шамъи шаб ҳаме ҳамсӯз бошам.

 

Дуоям деҳ, аё модар, дуоям,

Шавад то ки дуоят раҳнамоям.

Чароғи роҳи май гардад ҳама умр,

Бипошад нур бинам пеши поям.

(Яъқуби Ҳикматуллоҳ)

Ба рузи там иди модар

Рӯзи тавлидат муборак, модарам,

Модари фархундаю хушманзарам.

Бо дуои мову бо лутфи Худо

Соябон монӣ ба болои сарам.

Хуштарӣ ту аз хушиҳои ҷаҳон.

Беҳтарӣ аз моҳу шеду ахтарам.

Буду нобудат ба ман бахшидаӣ,

Нест ҳамсангат дигар соҳибкарам.

Бе гули рӯят шавад умрам хазон.

Модари хушсурату гулпарварам.

Зери чархи нилгун аз бахти мо

Зиидаву ҷовид монӣ, модарам.

  • • •

Муборак бод. Модар, рӯзи мавлуд,

Вуҷуди ту маро бинмуд мавҷуд.

Ба ғайр аз ту дар ин дунёи равшан

Надорад неьмати дигар маро суд.

  • • •

Муборак зодрӯзат, модари ҷон.

Ба дунё омадӣ фасли баҳорон.

Дилам хоҳад, чу гулҳои баҳорӣ

Ту умре, модаро, бошӣ шукуфон.

  • • •

Ба тобистон ба олам омадӣ ту,

Ба барги гул чу шабнам омадӣ ту.

Ҳамеша шод бод, эй модари ман.

Магар бар хурдани ғам омадӣ ту?!

  • • •

 

Ало. эй модари ман, шодмон бош,

Ба олам сарбаланду комрон бош.

Ба дунё омадӣ гар тирамоҳон,

Ба рағми тирамоҳон бехазон бош.

  • • •

 

Ту. эй модар. чу моҳе дар шабистон.

Канори ту маро бошад дабистон.

Бимон сарсабзу хуррам мисли гулҳо.

Шуди тавлид агарчи дар зимистон.

 

Ба Рӯзи модар

Муборак, Рӯзи модар, модари ман.

Туй хуршеди болои сари ман.

Маро меҳрат биҳишти нақд бошад,

Ду чашми туст ҳавзи Кавсари ман.

Ту ҳастию қадамҳои ту орад

Ҳамеша файз бар бому дари ман.

Дуои ту балогарлони роҳам,

Бувад хушнудият болу пари ман.

Бихоҳӣ бахти фарзандони худро.

Ало, эй модари бахтовари ман.

Бузургии ту дар шеърам нағунҷад

Фидои ту шавам, эй модари ман.

Эй модари ҷон, ид муборак бошад.

Бахти ту ҷавону лолазорак бошад!

Дар гирди лабат, ки сура мегардонӣ,

Гулҳои табассумат каторак бошал!

*   *  *

Фархунда бувад иди саиди модар,

Дунё баумед аз умеди модар.

Ҳар ҷо ки равам, намебарояд берун

Аз гӯши дилам гуфтушуниди модар.

(Равшани Ҳамроҳ)

Дуои модарам

Ҳар гаҳе кобам, намеёбам Шуморо, модарам,

Сӯятон ҷорӣ кунам ҳамду саноро, модарам.

Бо ҳазорон лутфу эҳсоне калонам кардаед,

Ҳамчу хуршедам бипошида шуоро, модарам.

 

Кунҷи хона, рӯйи кат бо ёди фарзандон будед,

Ҳар нафас дар зиндагонӣ бо лаби хандон будед.

Зеби хона, зеби ҳавлӣ, ҷаннати тифлон будед,

Бо табассум, бо такаллум фахри фарзандон будед.

 

Ман сахо омӯхтам аз он саҳои модарам,

Бахтро дарёфтам бо аллаҳои модарам.

Ҷаннату-л-фирдавс бодо, эй Худо, ӯро макон,

Ҳастии ман дар ду одам ни дуои модарам.

ӯҳроб Ғаффорӣ)

Надидам дар ҷаҳон, модар

Чу меҳрат ганҷи нурқиммат надидам дар ҷаҳон, модар,

Ба монанди ту боҳиммат надидам дар ҷаҳон, модар.

Ту меҳри дигаре дорӣ, ту сеҳри дигаре дорӣ,

Ба амсоли ту бошафқат надидам дар ҷаҳон, модар.

Ҳакиму нуктадонӣ ту, азизи хонидонӣ ту,

Ба монанди ту боҳикмат надидам дар ҷаҳон, модар.

Ту хушрӯиву хушбӯӣ, дилороиву дилҷӯӣ.

Ба мислат хушқаду қомат надидам дар ҷаҳон, модар.

Ту пуркориву пурборӣ, зи ҳарфи нек саршорӣ,

Чу ту пуркору пурзаҳмат надидам дар ҷаҳон, модар.

(Гулафза Саидӣ)

Дар ёди модар

Ба вақти хурдиям, модар, аз ин дунё гузар кардӣ,

Ту моёиро ятим монда парастори падар кардӣ.

Аё модар, фироқи ту маро ранҷур медорад,

Ба ёдат менарад хобам, маро хуни ҷигар кардӣ.

Ду чашми ман ба сӯйи дар, ки шояд боз меоӣ,

Вале ҳайфо, намсоӣ, ватан ҷойи дигар кардӣ.

Ас модар, басо мушкил, ки бар ёдам расад меҳрат,

Надонам аз куҷо ёбам, зи ашкам дида тар кардӣ.

Рубоӣ

Эй кош, ба мисли лолаву сабзаи тар

Аз хок бароӣ, бинамат бори дигар.

Пеши ҳама ёру ошноён боре

Гӯям ба ҳавас, ки боз омад модар.

(Матлубаи Дусталӣ)

Модарам бошад шод

Ман дар канори модар,

Авҷу барори модар.

Дар куча гирам доим

Ба пушгам бори модар.

 

Нагзорам, ки шавад хор,

Гардад ранҷуру бемор.

Бо хотири гирифта

Чашмаш ба кас шавад чор.

Мехоҳам, ки бошад шод,

Чеҳрааш бошад кушод.

Ману бародарамро

Модар кунад  раҳматбод.

(Абдувакил Раҷабӣ)

Ба модарам

Аё модар, ду чашмат дар раҳи ман.

Ту дар фикри пагоҳу бегаҳи ман.

Намедонам ту ҳоло дар чӣ ҳолӣ,

Ба дидорам ту хеле дилкашоли.

Туро ман дӯст дорам, модари ман.

Ту ҳасти ҳамчу моҳе дар сари ман.

Ту эсби хоиадонЯ, молари чон.

Ту ҳастию ҷаҳон бар мо гулистон.

Зи ту дурам пайи таҳсили дониш,

Ниҳодам пой бар майдони санҷиш;

Ки номатро кунам машҳури олам,

Ту аз дурии ман ҳаргиз махур ғам.

(Ҷумъахон Мирзозода)

Мисли модар

Мисли модар дар ҷаҳон ғамхор нест,

Дар замину дар замон пуркор нест.

Ҳар сухан сар мешавад аз «Алла»-аш,

Мисли модар шахси хушгуфтор нест.

Арчманду дилписанди гифлакон.

Нимашаб чун ӯ касе бедор нест.

Бо гули рухсор зеби одаманд,

Мисли онҳо гул дар ин гулзор нест.

Модарон ҳастанд хеле бебаҳо,

Ҷинсашон дар хеҷ як бозор нест.

(Маъмурҷон Носирӣ)

Фарзанди кобил

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад.

Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.

Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,

Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.

Сафедори баланд як навдаю сад барги тар дорад,

Писар дар кӯйи ишқ афтад, чӣ парвои падар дорад.

Агар фарзанди қобил рафта аз ҳолаш хабар гирад,

Вале фарзанди ноқобил гиребони падар гирад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …