Шеър дар бораи Шиноснома – паспорт
Гарчи пенсионерам,
Аз зиндагонӣ серам.
Акнун барои симкорт,
Бояд паспорт бигирам!
Ин паспорти нодаркор,
Дар ҳеҷ ҷо наояд кор,
ВАЙБЕРУ ИМО даркор,
Бояд паспорт бигирам!
Сад раҳ паспортам нав шуд,
Пайсаам дар гарав шуд,
Агарчи сӯхт, алав шуд,
Бояд паспорт бигирам!
Хоҳед, ки пул бичинед,
Дар ҷамоат нишинед,
Очерадро бубинед,
Бояд паспорт бигирам!
Ҳолам агарчи шуд бад,
Ин пагоҳ дар «очерад»,
Фармонро накунам рад,
Бояд паспорт бигирам!
Фишорам ҳам боло шуд,
Ҳушам рафту беҷо шуд,
Дар гӯшам ин садо шуд:
Бояд паспорт бигирам!
Интернет арзон шуд,
Он ҷои ошу нон шуд,
Паспорт балои ҷон шуд,
Бояд паспорт бигирам!
Нанолам аз нотобӣ,
Аз бепулӣ, бехобӣ,
Баҳри интернеткобӣ,
Бояд паспорт бигирам!
Пул рафтан набошад ҷабр,
Намекунам дигар сабр,
Ба рафтан ба сӯйи қабр,
Бояд паспорт бигирам!
——-*****———–