Главная / Теги: Кодекси Мехнат (страница 24)

Теги: Кодекси Мехнат

Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ

moddai-137-kodeksi-mehnat

Моддаи 137-и Кодекси Меҳнат. Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифӣ (музди меҳнат) ва меъёрҳои иҷрои кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад. Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрўзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба …

Муфассал »

Хусусиятҳои танзими бамеъёргирии меҳнат

moddai-136-kodeksi-mehnat

Моддаи 136-и Кодекси Меҳнат. Хусусиятҳои танзими бамеъёргирии меҳнат Тартиби пешниҳод, баррасӣ ва мувофиқа намудани меъёрҳои меҳнат дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хизматрасонӣ (мол, кор), ки тавассути он танзими давлатии тарофаҳо (нархҳо, ҳаҷми пардохтҳо) ҷорӣ мегарданд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ муқаррар …

Муфассал »

Талабот барои таҳияи меъёрҳои меҳнат

moddai-135-kodeksi-mehnat

Моддаи 135-и Кодекси Меҳнат. Талабот барои таҳияи меъёрҳои меҳнат Ҳангоми таҳияи меъёрҳои меҳнат бояд талаботи зерин таъмин карда шаванд: – сифати меъёрҳои меҳнат, наздиккунии муносиби онҳо ба сарфи меҳнати зарурӣ; – муайян намудани меъёрҳо барои меҳнати якхела, ки дар шароити ташкилӣ ва техникии шабеҳ иҷро мегарданд; – такмили меъёрҳои меҳнат …

Муфассал »

Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат

moddai-134-kodeksi-mehnat

Моддаи 134-и Кодекси Меҳнат. Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат аз ҷониби корфармо бо иштироки намояндагони кормандон сурат мегиранд. Дар хусуси муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат кормандон бояд …

Муфассал »

Кафолатҳои давлатии ташкили бамеъёргирии меҳнат

moddai-133-kodeksi-mehnat

Моддаи 133-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳои давлатии ташкили бамеъёргирии меҳнат Кафолатҳои давлатии ташкили бамеъёргирии меҳнат аз инҳо иборатанд: – таъмини таҳияи меъёрҳои намунавии аз ҷиҳати техникӣ асосноккардашуда оид ба меҳнат аз ҷониби мақомоти давлатӣ; – назорати корфармоён оид ба таҳия, ҷорӣ ва аз нав дида баромадани меъёрҳои меҳнат.

Муфассал »

Меъёрҳои меҳнат

moddai-132-kodeksi-mehnat

Моддаи 132-и Кодекси Меҳнат. Меъёрҳои меҳнат Дар шароити шакли коллективии ташкил ва пардохти музди меҳнат, мумкин аст меъёрҳои баландтар ва маҷмўии меҳнат истифода шаванд. Ҳангоми пардохти музди меҳнати вақтбайъ ба гурўҳи алоҳидаи кормандон мумкин аст супоришҳои бамеъёргирифташуда муқаррар карда шаванд. Барои иҷрои уҳдадориҳои ҷудогона ва ҳаҷми кор корфармо метавонад меъёрҳои …

Муфассал »

Миёнаравӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ

moddai-131-kodeksi-mehnat

Моддаи 131-и Кодекси Меҳнат. Миёнаравӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ Миёнаравӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад: – иттилоотонии шаҳрвандон дар бораи имконияти дарёфти кор ва ба корфармоён дар бораи имконияти таъмин бо қувваи корӣ; – мусоидат ба …

Муфассал »

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ҳангоми бакортаъминкунӣ

moddai-130-kodeksi-mehnat

Моддаи 130-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ҳангоми бакортаъминкунӣ Корфармо ҳуқуқ дорад: – интихоби кадрҳоро ба роҳ монад; – аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумоти дақиқ, пурра ва фаврӣ оид ба ҳолати бозори меҳнат ва имконияти тайёрии касбиро дастрас намояд. Корфармо уҳдадор аст оид …

Муфассал »

Ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар самти бакортаъминкунӣ

moddai-129-kodeksi-mehnat

Моддаи 129-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар самти бакортаъминкунӣ Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба: – интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касб тариқи муроҷиати бевосита ба корфармоён, инчунин тавассути миёнаравии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ; – ҷустуҷўи мустақилонаи кор ва бакортаъминкунӣ, аз ҷумла дар хориҷа; – гирифтани машварат …

Муфассал »

Кафолатҳои давлатии бакортаъминкунӣ

moddai-128-kodeksi-mehnat

Моддаи 128-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳои давлатии бакортаъминкунӣ Давлат ба шаҳрвандон дар соҳаи шуғли аҳолӣ кафолатҳои зерин медиҳад: – ҳифз намудан аз тамоми шаклҳои табъиз ва таъмини имконияти баробар барои гирифтани касб ва кор; – тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисоси бекорон, кормандон ва шахсони камбизоат, ки ба нигоҳубини кўдакони то 3 …

Муфассал »