Главная / Теги: Кодекси Мехнат (страница 10)

Теги: Кодекси Мехнат

Шартҳои пардохти музди меҳнат

moddai-277-kodeksi-mehnat

Моддаи 277-и Кодекси Меҳнат. Шартҳои пардохти музди меҳнат Шартҳои пардохти музди меҳнати кормандон аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ бо мувофиқаи корманд ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ муқаррар мегардад. Корфармо ҳуқуқ надорад, ки ҳангоми тасдиқи шарти пардохти музди меҳнат яктарафа шартҳои шартномаи меҳнатиро тағйир диҳад.

Муфассал »

Реҷаи кор

moddai-276-kodeksi-mehnat

Моддаи 276-и Кодекси Меҳнат. Реҷаи кор Соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ доранд, реҷаи кории кормандонро муқаррар намоянд, ки ҷалби кормандонро ба кор дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ мутобиқи Кодекси мазкур пешбинӣ менамояд.

Муфассал »

Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии соҳибкорони инфиродӣ

moddai-275-kodeksi-mehnat

Моддаи 275-и Кодекси Меҳнат. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии соҳибкорони инфиродӣ Соҳибкорони инфиродӣ мустақилона қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатиро бо назардошти талаботи Кодекси мазкур тасдиқ менамоянд.

Муфассал »

Муҳлати шартномаи меҳнатӣ байни соҳибкорони инфиродӣ ва кормандон

moddai-274-kodeksi-mehnat

Моддаи 274-и Кодекси Меҳнат. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ байни соҳибкорони инфиродӣ ва кормандон Соҳибкорони инфиродӣ метавонанд шартномаи меҳнатиро бо кормандон ба муҳлатҳое, ки Кодекси мазкур муайян намудааст, банданд.

Муфассал »

Соҳибкорони инфиродӣ

moddai-273-kodeksi-mehnat

Моддаи 273-и Кодекси Меҳнат. Соҳибкорони инфиродӣ Соҳибкорони инфиродӣ шахсони воқеие мебошанд, ки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешаванд.

Муфассал »

Пардохти музди меҳнати хизматчии гражданӣ

moddai-272-kodeksi-mehnat

Моддаи 272-и Кодекси Меҳнат. Пардохти музди меҳнати хизматчии гражданӣ Низоми пардохти музди меҳнати хизматчии гражданиро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ анҷом дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Муфассал »

Кафолат ва ҷубронҳо ба хизматчии гражданӣ

moddai-271-kodeksi-mehnat

Моддаи 271-и Кодекси Меҳнат. Кафолат ва ҷубронҳо ба хизматчии гражданӣ Ба хизматчии гражданӣ кафолат ва ҷубронҳои дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида татбиқ мегардад.

Муфассал »

Ҳавасмандгардонии хизматчии гражданӣ

moddai-270-kodeksi-mehnat

Моддаи 270-и Кодекси Меҳнат. Ҳавасмандгардонии хизматчии гражданӣ Барои бовиҷдонона иҷро намудани уҳдадориҳои вазифавӣ, сифати баланди иҷрои кор, аз ҷумла корҳои мураккаб ва таъҷилӣ, барои ташаббускорӣ, фаъолияти эҷодӣ ва дигар комёбиҳо дар кор хизматчии гражданӣ ҳавасманд гардонида мешавад: – пешравӣ дар хизмати гражданӣ; – ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ. Дар шартномаи коллективӣ …

Муфассал »

Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчии гражданӣ

moddai-269-kodeksi-mehnat

Моддаи 269-и Кодекси Меҳнат. Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчии гражданӣ Хизматчии гражданӣ метавонад ба ташкилоти дахлдори таҳсилотӣ бо мақсади такмили дониш, малакаю маҳорат, гирифтани касб ва ихтисос равон карда шавад. Таҳсил, азнавтайёркунӣ ва таҷрибаомўзии хизматчии гражданӣ бо назардошти таҷрибаи илмӣ дар ҳолати бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот (кор) аз ҳисоби воситаҳои …

Муфассал »

Пешравӣ дар хизмати гражданӣ

moddai-268-kodeksi-mehnat

Моддаи 268-и Кодекси Меҳнат. Пешравӣ дар хизмати гражданӣ Пешравии хизматии хизматчии гражданӣ бо роҳи ба вазифаи баландтар ё ба мақомоти болоӣ гузаронидан таъмин карда мешавад. Ҳуқуқи афзалиятнокро дар пешравии хизматӣ хизматчии граждание дорад, ки дараҷаи баланди тахассусӣ ва таҷрибаи корӣ дошта, доимо ба такмили дараҷаи тахассусӣ ва маҳорати касбии худ …

Муфассал »