Моддаи 137-и Кодекси Меҳнат. Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ
- Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифӣ (музди меҳнат) ва меъёрҳои иҷрои кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад.
- Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрўзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри коркарди соатбайъ (якрўза) ё бо роҳи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрўзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри муқарраргаштаи вақт бо соат ё рўз муайян карда мешавад.