Главная / Илм / ЗИЁНИ КАСБӣ

ЗИЁНИ КАСБӣ

zieni-kasbiЗИЁНИ КАСБӣ, осеби касбӣ, зарари касбӣ, омилҳои гуногуни меҳнат ва муҳити истеҳсолот, ки ба саломатӣ ва қобилияти кории одам таъсири ногувор расонда, дар баъзе мавридҳо боиси бемориҳои касбӣ ё авҷи ҳар гуна бемориҳои дигар мешаванд. З. к. дар сурати номукаммалии технологияи нав, истифодаи моддаҳои заҳрнок ва риоя накардани меъёрҳои санитарию техникӣ ба амал меояд.
Ба З. к.-е, ки бинобар номукаммалии технологияи истеҳсолот ва таҷҳизот бармеояд, чангу гард, шавқун, навасон, ҳарорати баланд ва паст, рутубати нисбатан баланди ҳаво, баланд ё паст шудани фишори атмосферӣ, моддаҳои заҳрнок ва радиоактив, манбаъҳои афканишоти ионҳо, мавҷҳои электромагнитӣ, микроорганизмҳо ва ғ. мансубанд. З. к. ба ҷараёни меҳнат ва ташкилу давомоти он низ вобаста аст, мас., асабонӣ ва оташин шудан, хастагии чашм ва шунавоии ронандагон, ҳаракати паиҳаму якранг зимни кор бо конвейер, шиддати мушакҳо ё кори вазнини дастгоҳсозон ва ғ.
Омилҳои истеҳсолот, ки ба организми одам таъсири номусоид мерасонанд, ба хатарнок ва зиёновар тақсим карда мешаванд. Омилҳои хатарнок онеанд, ки ба зарбу лат ёфтани организм ва хароб гаштани саломатӣ оварда мерасонанд. Ҳангоми таъсири омилҳои зиёновар ин ё он беморӣ рух намуда, қобилияти корӣ паст мегардад. Ҳар ду омили номбурда ба се гурӯҳ – химиявӣ, физикӣ ва биологӣ ҷудо карда мешаванд.
Ба омилҳои химиявӣ бисёр моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ, ҳамчунин пайвастҳои онҳо мансубанд. Онҳо дар ҳавои коргоҳ метавонанд дар шакли аэрозол, газ ва буғ паҳн шуда, ба тавассути увзҳои нафас ба роҳи меъдаю рӯда, пӯст ва луобпардаҳо роҳ ёбанд.
Омилҳои физикӣ ҳарорати баланд ё паст, намнокӣ, ҳаракати ҳаво, якбора тағйир ёфтани фишори барометрӣ, вибратсия, ултрасадо, шӯру мағал ва ғ.-ро дарбар мегиранд.
Ба омилҳои биологӣ васоити микробиологии ҳимояи растаниҳо, антибиотикҳо, гормонҳо, микроорганизмҳо, маҳсули синтези микробиологӣ ва ғ. тааллуқ доранд. Онҳо метавонанд ҳавои корхонаро ифлос намуда, боиси сар задани бемориҳои гуногун шаванд.
З. к.-е, ки ба раванди меҳнат асос ёфтааст, асосан омилҳои номусоиди психофизиологиро дарбар мегиранд, мас., зӯр омадан бинобар бардоштани бори вазнин, ба ягон қисми бадан дуру дароз таъсир расондани ашёи атроф, зӯр омадан ба системаҳои организм (хунгардиш, роҳи садо, чашм, сомеа ва ғ.), камҳаракатӣ, кори босуръат ва ғ.
Дар мавриди наандешидани тадбирҳои зарурӣ З. к. боиси пайдоиши бемориҳои касбӣ мешавад. Таъсири З. к. ба организми инсон бо синну сол ва ҷинс вобаста аст. Чунончи, иҷрои ҳамон як кори ҷисмонӣ дар наврасон мумкин мӯҷиби тағйир ёфтани силсилаи дилу рагҳо ва нафаскашӣ гардад, вале дар одамони калонсол ягон дигаргунӣ ба вуҷуд наорад.
Нишонаҳои З. к. дар бонувон дар тағйири ҳайз, фаъолияти насловарӣ, таваллуди кӯдаки носолим ба мушоҳида мерасад. Меҳнате, ки бо бардоштани бори вазнин, хаму рост шудан, бисёр рост истодан, дар як вазъи ноқулай қарор гирифтан алоқаманд аст, хоҳ нохоҳ боиси осеби мушакҳо, асаб, ихтилоли ҳайз, вайрон кардани кӯдак, хуруҷи бемориҳои занона мешавад. Муқаррар шудааст, ки ҳассосияти занҳо ба таъсири афканишоти ионнок, майдони электромагнитӣ, радиобасомад, сурб, симоб ва ғ. ниҳоят зиёд мебошад.
Бо мақсади кам кардани З. к. ба организм, мувофиқи талабот ба роҳ мондани низоми кору истироҳат, дуруст таҷҳизонидани ҷои кор, иҷрои машқҳои ҷисмонӣ (варзиши коргоҳӣ) аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …