Моддаи 132-и Кодекси Меҳнат. Меъёрҳои меҳнат
- Дар шароити шакли коллективии ташкил ва пардохти музди меҳнат, мумкин аст меъёрҳои баландтар ва маҷмўии меҳнат истифода шаванд.
- Ҳангоми пардохти музди меҳнати вақтбайъ ба гурўҳи алоҳидаи кормандон мумкин аст супоришҳои бамеъёргирифташуда муқаррар карда шаванд. Барои иҷрои уҳдадориҳои ҷудогона ва ҳаҷми кор корфармо метавонад меъёрҳои хизматрасонӣ ё меъёрҳои шумораи кормандонро муайян намояд.