Сояпарвардаро чӣ тоқати он, Ки равад бо муборизон ба китол. Сустбозу ба ҷаҳл мефиканад Панҷа бо марди оҳанинчангол.
Муфассал »Панҷа бо шер задану мушт бар шамшер кори хирадмандон нест.
Ҷангу зўроварӣ макун бо маст, Пеши сарпанҷа дар бағал неҳдаст
Муфассал »Ҳар ки бо бузургон ситезад, хуни худ резад
Хештанро бузург пиндорӣ Рост гуфтанд: як ду бинад луч. Зуд бини шикаста пешонӣ, Ту, ки бозӣ кунӣ ба сар бо кўч.
Муфассал »На ҳар кӣ ба сурат некўст, сирати зебо дар ўст. Кор андарун дорад на пўст!
Тавон шинохт ба як рўз дар шамоили мард. Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум. Вале зи ботинаш эман мабошу ғарра машав, Ки хусби нафс нагардад ба солҳо маълум.
Муфассал »Агар шабҳо ҳама қадр будӣ, шаби қадр беқадр будӣ!
Гар санг ҳама лаъли Бадахшон будӣ, Пас қимати лаълу санг яксон будӣ.
Муфассал »Аайби ниҳони пайдо макун
Мардумонро айби ниҳони пайдо макун, ки мар эшонро расво кунию худро беътимод. Ҳар ки илм хонду амал накард, бад-он монад, ки гов ронду тухм наяфшонд. Аз тани бедил тоат наёяд ва пусти бемағз бизоатро нашояд. Бас қомати хуш, ки зери чодар бошад, Чун боз кунӣ, модари модар бошад.
Муфассал »Ҳар ки бо бадон нишинад, некӣ набинад.
Гар нишинад фариштае бо дев, Ваҳшат омузаду хиёнату рев. Аз бадон некўӣ наёмузӣ, Накунад гург пустиндўзӣ.
Муфассал »Корҳо ба сабр барояду мустаъҷил ба сар дарояд
Ба чашми хеш дидам дар биёбон, Ки оҳиста сабак бурд аз шитобон. Саманди бодпой аз так фурў монд, Ҷавзи бемағзро сабукборӣ. *** Хареро аблаҳе таълим медод, Бар ў-бар сарф кардӣ саъй доим. Ҳакиме гуфташ: «Эй нодон, чӣ кўшӣ, Дар ин савдо битарс аз лавми лоим!». Наёмузад баҳоим аз ту гуфтор, …
Муфассал »Ҳар чӣ зуд барояд, дер напояд
Хоки Машриқ, шунидаам, ки кунад Ба чиҳил сол косае чинӣ. Сад ба рўзе кунанд дар Мардашт, Лоҷарам қиматаш ҳамебинӣ. *** Мурғак аз байза бурун ояду рўзи талабад, В-одамибачча надорад хабар аз ақлу тамиз, Он кӣ ногоҳ касе гашт, ба чизе нарасид, В-ин ба тамкини фазилат бигузашт аз ҳама чиз. Обгина …
Муфассал »Ҳар кӣ дар ҳоли тавоноӣ накуӣ накунад, дар вақти нотавонӣ сахтӣ бинад
Бадахтартар аз мардумозор нест, Ки рўзи мусибат касаш ёр нест.
Муфассал »