Главная / Гуногун / Корҳо ба сабр барояду мустаъҷил ба сар дарояд

Корҳо ба сабр барояду мустаъҷил ба сар дарояд

Ба чашми хеш дидам дар биёбон,
Ки оҳиста сабак бурд аз шитобон.
Саманди бодпой аз так фурў монд,
Ҷавзи бемағзро сабукборӣ.

***
Хареро аблаҳе таълим медод,
Бар ў-бар сарф кардӣ саъй доим.
Ҳакиме гуфташ: «Эй нодон, чӣ кўшӣ,
Дар ин савдо битарс аз лавми лоим!».
Наёмузад баҳоим аз ту гуфтор,
Ту хомўшӣ биёмўз аз баҳоим.

***
Ҳар ки таамул накунад дар ҷавоб,
Бештар ояд суханаш носавоб.

Ё сухан орои чу мардум ба ҳуш!
Ё бинишин чун ҳаявонон хамўш!

Ҳар ки бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонанд, ки доност, бидонанд, ки нодон аст.

Чун дарояд беҳ аз туе ба сухун,
Гарчи беҳ донӣ, эътироз макун.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …