Главная / Без рубрики / БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ҚАДИМ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ҚАДИМ

Биёед дар Бозиҳои Олимпии қадим ширкат варзем. Маълум аст, ки Бозиҳои Олимпӣ дар баробари дигар мусобиқаҳои варзишӣ арзи ҳастӣ менамуданд. Чунин навъҳои мусобиқаҳо барои беҳтар кардани ҳолати ҷисмонии сокинони давлат барпо карда мешуданд.

Барои чӣ не? Бо тиб (хусусан бо хизмати ёрии таъҷилӣ) кор чандон хуб нест. Ана барои ҳамин лозим меояд, ки ҳама ба саломатии худ умед банданд. Аммо бе машқҳои ҷисмонӣ ва варзиш он ҳам намемонад. Ҳамин тавр не?!

younoni-qadim-varzish

Илова ба он одамони қадим, инчунин муосирон ҳам аксаран меҷангиданд. Сабабҳо барои ҷанг зиёданд. Аммо одамони оддӣ маҷбур буданд, ки ба устодони мубориза, ҷанги тан ба тан, партоб додани найза ва дар ҳолати мабод тездав табдил ёбанд.

Дар давраи падаршоҳӣ, вақте ки шикор тарзи асосии пайдо кардани ғизо гардид, ба инкишофи ҷисмонии инсон боз ҳам серталабтар муносибат мекардагӣ шуданд. Одамон ба инкишоф, пуртоқатӣ, нерўмандӣ, чолокӣ, нишонрасӣ, ҳамчунин чобукӣ мустаҳкамии рўҳ дар оила, дар қавму наслҳо таваҷҷўҳи калон зоҳир менамуданд.

Тарбия ва коркарди ин хислатҳои ҷисмонӣ бо роҳи машқҳои бисёркарата, ширкати бачаҳо ва ҷавонон дар саёҳатҳо, дар меҳнат, дар шикор бо ҳайвонот ва паррандагон, моҳидорӣ гузаронида мешуд.

Бо мурури зоҳир шудани мардонагӣ ҷавонон ба таълим ба сифати ҷанговарон ҷалб мегардиданд, ки дар ҷангҳо ширкат менамуданд.

Бачаҳои синни 7-сола ба ихтиёри мураббиён вогузор мегардиданд. Бозиҳои Олимпии якум, ки хусусияти бештари оммавӣ дошт, бо ширкати дигар халқҳо соли 776 (то солшумории нав) барпо гардид. Маҳз аз ҳамин сол рўйхати ғолибони бозӣ мудом тартиб дода мешавад.Ҷойи баргузории мусобиқа – Олимпия. Ин шаҳр дар вилояти Элидҳо, дар қисмати шимолу ғарбии нимҷазираи Пелопоннес, дар бешазори муқаддаси Алтис, дар соҳили дарёи Алфей воқеъ буд. Марказ ва муқаддасоти асосии Олимпия мақбараҳои бузурги Зевс ва Гера ба ҳисоб мераванд.

Дар водии Олимпия теппаи Хронос қад афрохтааст. Дар байни он ва дарёи Алфей майдонҳо барои майдонҳо ба давидан ба фосилаҳои мухталиф, мусобиқаи аробаҳо, партобдиҳӣ ва ҷаҳишҳо ҷойгир шудаанд, ки на шакли давра, балки росткунҷа доранд. Олимпия дар қарни II то замони мо: дар марказ – мақбараи Зевс, аз рост – май-дон, аз чап – палестра, дар ақиб – Пританейон, мақбараи Гера.

Бозиҳои Олимпии якум, ки хусусияти бештари оммавӣ дошт, бо ширкати дигар халқҳо соли 776 (то солшумории нав) барпо гардид. Маҳз аз ҳамин сол рўйхати ғолибони бозӣ мудом тартиб дода мешавад.

Ҷойи баргузории мусобиқа – Олимпия. Ин шаҳр дар вилояти Элидҳо, дар қисмати шимолу ғарбии нимҷазираи Пелопоннес, дар бешазори муқаддаси Алтис, дар соҳили дарёи Алфей воқеъ буд. Марказ ва муқаддасоти асосии Олимпия мақбараҳои бузурги Зевс ва Гера ба ҳисоб мераванд.

Дар водии Олимпия теппаи Хронос қад афрохтааст. Дар байни он ва дарёи Алфей майдонҳо барои майдонҳо ба давидан ба фосилаҳои мухталиф, мусобиқаи аробаҳо, партобдиҳӣ ва ҷаҳишҳо ҷойгир шудаанд, ки на шакли давра, балки росткунҷа доранд.

Мусобиқа бо аробаҳо (фойтун) (Пелопс ва Гипподамия) Бозиҳои олимпӣ на танҳо аҳамияти маросимӣ доштанд, балки аҳамияти башардўстона ва сиёсиро касб намуданд, чунки дар рўзҳои бозиҳо (22-юми июн) рўзи муқаддаси оштӣ эълон мегардид, ҷангҳо қатъ меёфтанд.

Оғози бозиҳо бо тантанаҳо сурат гирифта, ҷавонон ва духтарон қурбон карда мешуданд. Дар бинои Притайнеон, ки дар паҳлўи мақбараи Гера ҷойгир шудааст, оташи муқаддас афрўхта мешуд.

Афрўхта шудани оташи олимпӣ Оташи Олимпии муқаддас на танҳо дар Олимпия, балки дар дигар шаҳрҳои Эллада ҳамзамон бо қатъёбии ҷангҳо, муноқишаҳо ва ихтилофҳо хомўш карда мешуд. Пас аз чорабинии ботантана баромадҳои мусиқинавозон ва нотиқон,сипас варзишгарон шурўъ мегашт.

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …