Главная / Без рубрики / Вазъияти сиёсӣ адабӣ, илмӣ ва маданӣ дар асрҳои 9-10 (Иншо)

Вазъияти сиёсӣ адабӣ, илмӣ ва маданӣ дар асрҳои 9-10 (Иншо)

Нақша:
1. Вазъияти сиёсӣ
2. Вазъияти илмӣ ва маданӣ

Иншо дар мавзуи: Вазъияти сиёсӣ адабӣ, илмӣ ва маданӣ дар асрҳои ix-x

Аз асрҳои IX cар карда адабиёти тоҷик ба забоне сару кор гирифтааст, ки имрўз ҳам мардуми мо бо он гуфтугў менамояд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки забони шоирон ва адибони адабиёти классикӣ аз забони ҳозираи адабии тоҷик фарқи куллие надорад. Асоси адабиёти тоҷик маҳз дар ҳамин давраҳо гузошта шуд. Жанрҳои асосии адабиёти мо дар насру назм ба назм дароварда шудаанд. Ҳамаи ин пайвандҳо адабиёти асрҳои IX-X-ро бо тамоми давраи адабиёти минбаъдаи мо пайваст намуд.

001610045Адабиёти асрҳои IX-X аз нигоҳи иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва илмӣ дар таърихи халқи тоҷик мақоми махсус дорад. Тавре аз таърих медонем, арабҳо солҳои 636-637 Эронро забт карданд ва соли 651 Марв, соли 709 Бухоро ва соли 712 Самарқандро истило карданд. Халқҳои Хуросону Мовароуннаҳр муборизаро бар зидди арабҳо давом дода, ба ташкил ёфтани давлатҳои мустақили мутамаркази феодалии халқи тоҷик асос гузоштанд. Хусусан дар замони Сомониён, ки пойтахти он Бухоро буд, бисёр урфу одатҳо ва дигар муқаддасоти гузаштагонамон аз нав зинда карда шуд.

Дар истиқлол ва мустаҳкам гардидани давлати Сомониён саҳми Исмоили Сомонӣ хеле назаррас аст. Ў марди оқилу доно буд.

Бо ташкил ёфтани давлати мустақили мутамарказ дар асри X боис шуд, ки илму маданият низ рушду нумўъ ёбад. Дар шаҳрҳои калони Хуросону Мовароуннаҳр ва Хоразм санъатҳои гуногуни меъморӣ ва мусиқӣ рў ба тараққӣ ниҳоданд. Дар Бухорову Самарқанд ва дигар шаҳрҳо марказҳои илмию маданӣ, мактабҳо, мадрасаҳо, китобхонаву корвонсаройҳо сохта шудаанд. Ёдгориҳои он замон, хусусан оромгоҳи Исмоили Сомонӣ бар Бухоро бо ороиш ва шукўҳи худ ҳамаро мафтун мегардонад. Мадрасаҳои бисёре сохта шудаанд, ки барои рушду тараққиёти илму маданият мусоидат менамуданд. Аксари толибилмон таҳсилоти худро дар мадрасаҳо идома медоданд. Инкишофи илму адабиёт, маориф ба таъсиси бисёр китобхонаҳо сабаб шуд. Дар Бухоро, Самарқанд, Балх, Нишопур ва Рай китобхонаҳои бузург ба кор оғоз намуданд. Бузургтарини онҳо китобхонаи Сомониён буд, ки аз он Абўалӣ ибни Сино истифода кардааст.

Ривоҷу равнақи илму фарҳанг дар ин давра ба дараҷае буд, ки на танҳо дар мадрасаҳо, балки дар дўконҳо, саройҳо низ баҳсҳои илмӣ барпо мешуданд. Растаҳои китобфурўшӣ ба миён омаданд, ки мардум китобҳои даркории хешро аз он ҷо дастрас мекарданд.

Дар асрҳои IX-X дар соҳаи илми мусиқӣ низ дастовардҳои муҳиме ба даст оварда шуданд. Мутрибону созандагону навозандагон ба ширинкориву сурудани маҳзакаҳои мардумӣ оғоз менамуданд. Дар ҳамин давра пояҳои мустаҳками «Дувоздаҳмақом» гузошта шуд. Дар дарбори Сомониён дастаҳои мусиқӣ расман ҳунарнамоӣ мекарданд. Аз асри IX сар карда забони тоҷикӣ ташаккул меёфт. Дар асрҳои IX-X пояи адабиёти оламшумули тоҷику форс бо ҳамин забон гузошта шуд, ки устод Рўдакӣ, Дақиқӣ, Абўалӣ ибни Сино, Балъамӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ ва бисёр бузургони дигар онро боз ҳам суфтаю пухта намуда аз он ҳимоят кардаанд.

Инчунин кобед

Шарифбек Косимов

Беҳтарин дикторҳо – барандагони тӯйҳо дар Тоҷикистон

Барои чӣ ба шумо баранда дар туй лозим аст? Ровӣ (ё диктор) дар тӯй нақши …