Главная / Илм / Хучайра, сохт, вазифа ва таркиби он

Хучайра, сохт, вазифа ва таркиби он

Сохти хучайра. Ба монанди дигар мавчудоти зинда бадани одам низ аз хучайрахо иборат аст. Хучайрахо дар байни моддахои байнихучайрави чой гирифтаанд. Ин моддахо хамчун манбаи гизо устувории хучайрахоро таъмин мекунанд. Хучайрахо шаклу андозаю амалиёти гуногун доранд, вале аз чихати сохт ба хамдигар монанданд. Хар як хучайра аз чилд, ситоплазма ва ядро (хаста) иборат аст.

hujayrai-odamЧилди хучайра бо парда пушида шуда, аз якчанд кабат молекулахо иборат аст ва табиати липиди (чарби) дорад. Чилди нимгузаронандаи хучайра моддахоро ба таври интихоби мегузаронад.

Ситоплазма мухити ниммоеъи дохили хучайра мебошад. Дар он органоидхои хучайра аз кабили ядро, ядроча, рибосомахо, лизосомахо, митохондрияхо, комплекси Голчи, тури эндоплазматики, маркази хучайра ва парда чойгиранд.

Хар як органоид вазифаи муайянро ба чо меорад. Масалан, митохондрия манбаи неруи хучайра аст, рибосома барои хосилкунии сафеда хизмат мерасонад. Ядро манбаи асосии таксимшавии хучайра аст. Дар дохили ядро наххои риштамонанд — хромосомахо мавчуданд. Микдори хромосомахои одам дар ядрои хучайра 23 чуфтанд. Онхо манбаи асосии маводи ирcи мебошанд.

Таркиби химиявии хучайра. Хучайра аз пайвастагихои гуногуни химияви иборат аст, ки онхо ба ду гурух чудо мешаванд:

1) пайвастагихои органики;

2) пайвастагихои гайриорганики.

Пайвастагихои органикии хучайра. Пеш аз хама ба ин гурух сафедахо, чарбхо, карбогидратхо ва кислотахои нуклеини дохил мешаванд. Ин пайвастагихо барои ичроиши ин ё он вазифа накши калон мебозанд.

tarkibi-hujayra

Сафедахо — моддаи асоси ва хеле мураккаби хар як хучайраанд. Дар молекулаашон пайвастагихои гайриорганики садхо ва хазорхо маротиба калон мебошад. Сафедахо сарчашмаи хаётанд.

Баъзе сафедахое хастанд, ки реаксияхои кимиёвиро тезонида, вазифаи катализаторро ичро мекунанд, онхоро фермент меноманд.

Чарбхо ва карбогидратхо «масолехи бинокори»-и хучайра буда, барои фаъолияти хаётии организм хамчун манбаи неру хизмат мекунад.

Кислотахои нуклеини дар ядрои хучайра хосил мешавад. Номи кислотахо аз калимаи лотини (нуклеус — ядро) гирифта шудааст.

Пайвастагихои гайриорганикии хучайра. Ба ин пайвастагихо об ва намакхои минерали дохил мешаванд. Микдори об дар хучайра аз хама зиёдтар буда, кариб 80%-ро ташкил ва дар хама равандхои хаёт иштирок мекунад. Моддахои гизоии махлул аз моддаи байнихучайрави иборат буда, ба воситаи парда ба хучайра дохил мешаванд. Об инчунин барои аз хучайра хорич шудани моддахое, ки дар натичаи реаксияхои химияви ба вучуд меоянд, мусоидат мекунад. Намакхои минерали дар ситоплазма на он кадар зиёд буда, дар хаёти хучайра накши калон мебозанд. Ба ин намакхо калий (K+), калсий (Ca+), натрий (Na+), магний (Mg+) ва гайрахо дохил мешаванд.

Саволхо:

  1. Кадом органоидхои хучайраро медонед?
  2. Дар хучайрахои одам чандто хромасома мавчуд аст?
  3. Дар хучайра кадом моддахои органики ва гайриорганики мавчуданд?

Хосияти хаётии хучайра

Мубодилаи моддахо хосияти асосии хаётии хучайра мебошад. Дар хучайра моддахои гизои бо мунтазам оксиген ворид гашта, махсулоти тачзия чудо мешавад. Ин моддахо дар раванди биохимияви иштирок намуда, хосилшавии сафедахо, чарбхо, карбогидратхо ва пайвастагихои онхоро, ки аз моддахои содда иборатанд, таъмин менамояд. Моддахои хосилшуда ба хучайрахои муайяни организм хосанд. Мисол, дар мушакхо сафедахо тачзия шуда, кашишхурии онхоро таъмин менамоянд. Дар баробари тачзияи биологи дар хучайрахо пайвастагихои узви ба амал омада, таркиби моддахои мураккаб соддатар мегардад.

Кариб хамаи реаксияи тачзия бо иштироки гази оксиген, об ва хоричшавии неру ба амал меояд. Неруи хосилшуда барои хучайра лозим аст. Барои хучайра сабзиш ва афзоиш хос мебошад. Дар натичаи таксимшави аз як хучайраи модари ду хучайраи духтари хосил мешавад. Онхо инкишоф меёбанд ва чун хучайраи модари калон мешаванд. Хучайрахо аз якчанд соат то даххо,  садхо соат умр мебинанд. Хучайрахои зинда омилхои физики ва химиявиро хис мекунанд. Онхоро кобилияти мутаассиршави (хаячонпазири) меноманд. Хучайра дар зери таъсири омилхои беруна ба ангезиш меояд. Дар он суръати синтези биологи, тачзияи моддахо, талабот ба оксиген ва харорат тагйир меёбад. Хамин тавр хучайрахо вазифаи муайяни худро ичро мекунанд.

Мисол: хучайраи гадудхо махсули гуногун чудо менамояд. Хучайрахои мушак кашиш мехурад. Дар хучайраи асаб ахбори дохилшуда пахн мешавад. 

Мухити дохилии организм. Бисёрии хучайрахои бадан бо мухити беруна алокаманд нестанд. Фаъолияти хаётии онхоро мухити дохили таъмин мекунад. Ин мухит аз се моеъ:

байнихучайрави, хун ва моеъи лимфа иборат аст. Ин моддахо аз як тараф хучайраро бо маводи барои хаёт зарур таъмин кунад, аз тарафи дигар махсули тачзия аз хучайра хорич мегардад. Таркиб ва хосияти физикию кимиёвии ин моддахо дар хучайра нисбатан доимианд ва ин холати муътадили кори хучайраро таъмин менамояд.

Саволхо

  1. Хосияти асосии хаётии хучайра кадомхоянд?
  2. Мухити дохилии организм чист?
  3. Ба мухити дохили кадом моддахо дохил мешаванд?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …