Главная / Илм / Ҳуҷайра, сохт, вазифа ва таркиби он

Ҳуҷайра, сохт, вазифа ва таркиби он

Сохти ҳуҷайра. Ба монанди дигар мавҷудоти зинда бадани одам низ аз ҳуҷайраҳо иборат аст. Ҳуҷайраҳо дар байни моддаҳои байниҳуҷайравӣ ҷой гирифтаанд. Ин моддаҳо ҳамчун манбаи ғизо устувории уҷайраҳоро таъмин мекунанд. Ҳуҷайраҳо шаклу андозаю амалиёти гуногун доранд, вале аз ҷиҳати сохт ба ҳамдигар монанданд. Ҳар як ҳуҷайра аз ҷилд, ситоплазма ва ядро (ҳаста) иборат аст.

hujayrai-odamҶилди ҳуҷайра бо парда пўшида шуда, аз якчанд қабат молекулаҳо иборат аст ва табиати липидӣ (чарбӣ) дорад. Ҷилди нимгузаронандаи ҳуҷайра моддаҳоро ба таври интихобӣ мегузаронад.

Ситоплазма муҳити ниммоеъи дохили ҳуҷайра мебошад. Дар он органоидҳои ҳуҷайра аз қабили ядро, ядроча, рибосомаҳо, лизосомаҳо, митохондрияҳо, комплекси Голҷи, тўри эндоплазматикӣ, маркази ҳуҷайра ва парда ҷойгиранд.

Ҳар як органоид вазифаи муайянро ба ҷо меорад. Масалан, митохондрия манбаи нерўи ҳуҷайра аст, рибосома барои ҳосилкунии сафеда хизмат мерасонад. Ядро манбаи асосии тақсимшавии ҳуҷайра аст. Дар дохили ядро нахҳои риштамонанд — хромосомаҳо мавҷуданд. Миқдори хромосомаҳои одам дар ядрои ҳуҷайра 23 ҷуфтанд. Онҳо манбаи асосии маводи ирcӣ мебошанд.

Таркиби химиявии ҳуҷайра. Ҳуҷайра аз пайвастагиҳои гуногуни химиявӣ иборат аст, ки онҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:

1) пайвастагиҳои органикӣ;

2) пайвастагиҳои ғайриорганикӣ.

Пайвастагиҳои органикии ҳуҷайра. Пеш аз ҳама ба ин гурўҳ сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ дохил мешаванд. Ин пайвастагиҳо барои иҷроиши ин ё он вазифа нақши калон мебозанд.

tarkibi-hujayra

Сафедаҳо — моддаи асосӣ ва хеле мураккаби ҳар як ҳуҷайраанд. Дар молекулаашон пайвастагиҳои ғайриорганикӣ садҳо ва ҳазорҳо маротиба калон мебошад. Сафедаҳо сарчашмаи ҳаётанд.

Баъзе сафедаҳое ҳастанд, ки реаксияҳои кимиёвиро тезонида, вазифаи катализаторро иҷро мекунанд, онҳоро фермент меноманд.

Чарбҳо ва карбогидратҳо «масолеҳи бинокорӣ»-и ҳуҷайра буда, барои фаъолияти ҳаётии организм ҳамчун манбаи нерў хизмат мекунад.

Кислотаҳои нуклеинӣ дар ядрои ҳуҷайра ҳосил мешавад. Номи кислотаҳо аз калимаи лотинӣ (нуклеус — ядро) гирифта шудааст.

Пайвастагиҳои ғайриорганикии ҳуҷайра. Ба ин пайвастагиҳо об ва намакҳои минералӣ дохил мешаванд. Миқдори об дар ҳуҷайра аз ҳама зиёдтар буда, қариб 80%-ро ташкил ва дар ҳама равандҳои ҳаёт иштирок мекунад. Моддаҳои ғизоии маҳлул аз моддаи байниҳуҷайравӣ иборат буда, ба воситаи парда ба ҳуҷайра дохил мешаванд. Об инчунин барои аз ҳуҷайра хориҷ шудани моддаҳое, ки дар натиҷаи реаксияҳои химиявӣ ба вуҷуд меоянд, мусоидат мекунад. Намакҳои минералӣ дар ситоплазма на он қадар зиёд буда, дар ҳаёти ҳуҷайра нақши калон мебозанд. Ба ин намакҳо калий (K+), калсий (Ca+), натрий (Na+), магний (Mg+) ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Саволҳо:

  1. Кадом органоидҳои ҳуҷайраро медонед?
  2. Дар ҳуҷайраҳои одам чандто хромасома мавҷуд аст?
  3. Дар ҳуҷайра кадом моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ мавҷуданд?

Хосияти ҳаётии ҳуҷайра

Мубодилаи моддаҳо хосияти асосии ҳаётии ҳуҷайра мебошад. Дар ҳуҷайра моддаҳои ғизоӣ бо мунтазам оксиген ворид гашта, маҳсулоти таҷзия ҷудо мешавад. Ин моддаҳо дар раванди биохимиявӣ иштирок намуда, ҳосилшавии сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо ва пайвастагиҳои онҳоро, ки аз моддаҳои содда иборатанд, таъмин менамояд. Моддаҳои ҳосилшуда ба ҳуҷайраҳои муайяни организм хосанд. Мисол, дар мушакҳо сафедаҳо таҷзия шуда, кашишхўрии онҳоро таъмин менамоянд. Дар баробари таҷзияи биологӣ дар ҳуҷайраҳо пайвастагиҳои узвӣ ба амал омада, таркиби моддаҳои мураккаб соддатар мегардад.

Қариб ҳамаи реаксияи таҷзия бо иштироки гази оксиген, об ва хориҷшавии нерў ба амал меояд. Нерўи ҳосилшуда барои ҳуҷайра лозим аст. Барои ҳуҷайра сабзиш ва афзоиш хос мебошад. Дар натиҷаи тақсимшавӣ аз як ҳуҷайраи модарӣ ду ҳуҷайраи духтарӣ ҳосил мешавад. Онҳо инкишоф меёбанд ва чун ҳуҷайраи модарӣ калон мешаванд. Ҳуҷайраҳо аз якчанд соат то даҳҳо,  садҳо соат умр мебинанд. Ҳуҷайраҳои зинда омилҳои физикӣ ва химиявиро ҳис мекунанд. Онҳоро қобилияти мутаассиршавӣ (ҳаяҷонпазирӣ) меноманд. Ҳуҷайра дар зери таъсири омилҳои беруна ба ангезиш меояд. Дар он суръати синтези биологӣ, таҷзияи моддаҳо, талабот ба оксиген ва ҳарорат тағйир меёбад. Ҳамин тавр ҳуҷайраҳо вазифаи муайяни худро иҷро мекунанд.

Мисол: ҳуҷайраи ғадудҳо маҳсули гуногун ҷудо менамояд. Ҳуҷайраҳои мушак кашиш мехўрад. Дар ҳуҷайраи асаб ахбори дохилшуда паҳн мешавад. 

Муҳити дохилии организм. Бисёрии ҳуҷайраҳои бадан бо муҳити беруна алоқаманд нестанд. Фаъолияти ҳаётии онҳоро муҳити дохилӣ таъмин мекунад. Ин муҳит аз се моеъ:

байниҳуҷайравӣ, хун ва моеъи лимфа иборат аст. Ин моддаҳо аз як тараф ҳуҷайраро бо маводи барои ҳаёт зарур таъмин кунад, аз тарафи дигар маҳсули таҷзия аз ҳуҷайра хориҷ мегардад. Таркиб ва хосияти физикию кимиёвии ин моддаҳо дар ҳуҷайра нисбатан доимианд ва ин ҳолати мўътадили кори ҳуҷайраро таъмин менамояд.

Саволҳо

  1. Хосияти асосии ҳаётии ҳуҷайра кадомҳоянд?
  2. Муҳити дохилии организм чист?
  3. Ба муҳити дохилӣ кадом моддаҳо дохил мешаванд?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …