Главная / Чамъият / Зани урён дар кори рассомон

Зани урён дар кори рассомон

Абдукодир Рустам, донишманд ва адабиётшиноси маъруфи точик аз наккошихои Маърифат Давлатова, ки зани урёнро тасвир кардааст, химоят намудааст

Донишманди точик алайхи интикодхои шадид аз наккошдухтари 25-сола дар шабакахои ичтимои, изхор дошт, ки ин духтар чиноят ё хиёнате накарда, танхо чуръат кардааст тани нимаурёни зани точикро кашидаааст.

“Аз ин огоз кунем, ки наккоши хунар аст ва дар хунари наккоши тасвири бадани зан ва бадани нимаурёну урёни зан яке аз мавзуъхои асосист! Такрибан хеч наккоши бузургро пайдо намекунед, ки бадани урён ва ё нимаурёни занро тасвир накарда бошад. Шохкорихоеро, ки Ботичелли, Гойя, Рубенс, Модиляни, Галина Серебрякова ва садхо нафари дигар бо бадани урёни зан офаридаанд, бибинед”, — изхор доштааст Абдукодир Рустам дар сахифаи фейсбукии худ.

Ба гуфтаи у бештарини далелхои мухолифини наккошдухтар ин аст, ки гарбиён чунин осор зиёд доранд, зеро онхо аз дин бехабаранд, аз рохи рост мунхариф шудаанд, аммо мо ки точику мусалмон хастем, бояд аз чунин зухурот пешгири кунем.

“Шумо, даъвогарони мусалмонии асил ва точикияти тоза, “Маснавии маънави”-ро, ки Куръон ба пахлави (форси) хондаанд, хондаед?!  Аз ин китоб достони хотуну канизаку харро хам хондаед, албатта! Чи кадар кайф кардаед, лаззат бурдаед, хандидед! Бо бароварду фуровард ба дигарон накл хам кардаед? Ашъори хазлияи Шайх Саъдиро чи? Бале Саъдии муаллими ахлокро? Аз Мулло Абдурахмони Чомиро чи? Албатта, гурухи бузурге аз шумо китоб хонданро сарфи бехудаи умр мешуморед, вале онхое ки хануз одати китобхониро гум накардаанд, метавонанд сурог кунанду ин гуна ашъори бузургони дин ва адаби моро бихонанд.  Шояд каме чашмонашон ва хирадашон рушантар мешавад ва худашон тахаммулгаротар мегарданд”, — таъкид намудааст адабиётшиноси точик.

У афзудааст, ки осори хунари зотан чунин аст, хунар аз фарди мушаххасе сухан намегуяд, балки тип месозад, образ меофаринад.

“Хунар, ки ба кавли Хегел “дар куллаи баландии рух” офарида мешавад, ба хамин далел низ барои хамагон нест, барои хосон аст, барои касонест, ки онро мефахманд, дарк мекунанд”, — изхори бовари намудааст Абдукодир Рустам.

“Хамин тавр, шумо низ метавонед, ба ин наккошихо нанигаред. Вакте намебинедаш бароятон на ин тоблухо вучуд доранд ва на офарандаашон Маърифат Давлатова”, — пешниход кардааст донишманди точик.

Наккошихои занхои нимаурён, ки Маърифат Давлатоваи 25-сола тасвир карда дар Душанбе ба намоиш гузоштааст, боиси бахсхо дар чомеаи Точикистон гардиданд. Бисёрихои онро таклид ба гарб ва бегона барои точикон хонда, таъкид намудаанд, ки ин раванд хилофи арзишхои милли ва динии точикистониён мебошад.

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …